×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 68 "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"

Санаи амалкуни: 29.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 991 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КООПЕРАТИВҲОИ ИСТЕҲСОЛИ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 660)

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба ташкил, фаъолият ва қатъ шудани фаъолияти кооперативҳо дар соҳаи истеҳсол, коркард, фурӯши маҳсулоти саноати, кишоварзи ва маҳсулоти дигар, иҷрои корҳо, савдо, хизматрасонии маиши ва намудҳои дигари хизмате, ки Қонун манъ накардааст, ба танзим медарорад.

Моддаи 2. Мафҳуми кооперативи истеҳсоли

Кооперативи истеҳсоли (артел) - иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият барои фаъолияти якҷояи истеҳсоли ё дигари хоҷагидори мебошад, ки ба иштироки шахсии меҳнати ва тарзи дигари иштирок, инчунин аз ҷониби аъзо (ииттирокчиён)-и он муттаҳид сохтани аъзоҳаққии саҳмии амволи асос меебад. ҳуҷҷатҳои таъсисии кооперативҳои истеҳсоли (минбаъд кооператив) иштироки шахси ҳуқуқиро дар фаъолияти он пешбини карда метавонад.

Кооператив шахси ҳуқуқи - ташкилоти тиҷорати мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузори дар бораи кооперативҳо

Қонунгузори дар бораи кооперативҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждани, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Фаъолияти кооператив

Кооператив метавонад, ба ҳамаи намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул шавад.

Мақсад ва навъи фаъолияти кооперативро аъзои кооператив муайян менамоянд.

Ба намудҳои алоҳидаи фаъолияте, ки барои он гирифтани иҷозатнома (литсензия) зарур аст, кооператив танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома машғул шуда метавонад.

Намудҳои фаъолияте, ки кооператив ба он машғул шуда метавонад, дар оинномаи он нишон дода мешавад.

Муносибати давлат, мақомоти давлати ва ҳокимияти маҳалли давлати кооперативҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 5. Принсипҳои асосии таъсис ва амали кооперативҳо

Кооператив дар асоси принсипҳои зёрин таъсис меебад ва амал мекунад:

ихтиёри будани узвият дар кооператив;

ёрии ҳамдигари ва таъмини нафъи иқтисоди барои аъзои кооператив, ки дар фаъолияти истеҳсоли ва дигар фаъолияти хоҷаги иштирок менамоянд;

тақсими фоида ва зарари кооператив дар байни аъзои он бо назардошти иштироки шахсии меҳнатии онҳо ё иштироки онҳо дар фаъолияти хоҷагии кооператив;

дар фаъолияти хоҷагии кооператив маҳдуд кардани иштироки шахсоне, ки аъзои он нестанд;

идораи фаъолияти кооператив дар асосҳои демократи (як узви кооператив - як овоз дорад);

барои ҳамаи аъзои он дастрас будани иттилоот дар бораи фаъолияти кооператив.

БОБИ II. ТАЪСИСИ КООПЕРАТИВ

Моддаи 6. Тартиби таъсиси кооператив

Кооператив танҳо дар асоси қарори муассисони (иштирокчиёни) он ташкил карда мешавад. ҳуҷҷати таъсисии кооператив оинномаи тасдиқнамудаи маҷлиси умумии аъзои кооператив мебошад.

Моддаи 7. Оинномаи кооператив

Оинномаи кооператив бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

1) номи фирмавии кооператив;

2) маҳалли ҷойгиршавии кооператив;

3) тартиби идоракунии фаъолияти кооператив;

4) тартиб ва шартҳои дохилшави ба кооператив, асосҳо ва тартиби қатъ кардани узвият дар кооператив;

5) андозаи аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив;

6) таркиб ва тартиби аъзоҳаққии саҳмиро супурдани аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои риоя накардани ӯҳдадори оид ба супурдани аъзоҳаққии саҳми;

7) андоза ва шартҳои масъулияти иловагии (субсидиарии) аъзои кооператив барои карзҳои он;

8) хусусият ва тартиби иштироки шахсии меҳнатии аъзои он дар фаъолияти кооператив ва масъулияти онҳо барои риоя накардани ӯҳдадори оид ба иштироки шахсии меҳнати;

9) тартиби тақсими фоида ва зиёни кооператив;

10) ҳайат ва салоҳияти мақомоти идоракунии кооператив ва тартиби қарор қабул намудани он, аз ҷумла оид ба масъалаҳое, ки доир ба онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад;

11) тартиб ва шартҳои азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии кооператив;

12) ному насаб, санаи таваллуд, ҷои истиқомат, шиноснома ё ҳуҷҷати онро ивазкунандаи аъзои кооператив, ки Оинномаро тасдиқ кардаанд ва аъзои раёсати кооператив.

Оинномаи кооператив дорои маълумотҳои дигаре буда метавонад, ки барои фаъолияти он зарур аст.

Номи фирмавии кооператив бояд номи он ва ибораҳои "кооперативи истеҳсоли" ё "артел"-ро дошта бошад.

Кооператив бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 660).

Моддаи 8. Таъсиси кооператив ҳангоми азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзи

Аъзои (иштирокчии) ташкилоти кишоварзи бо розигии молик ҳақ доранд дар бораи нигоҳ доштани шакли мавҷудаи хоҷагидори бо мутобиқ намудани он ба қонунгузории ҷори ё дар бораи аз нав ташкил додан ва дар заминаи он таъсис додани як ё якчанд кооператив бо тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур қарор қабул кунанд.

Ҳангоми дар натиҷаи азнавташкилдиҳи таъсис ёфтани якчанд кооператив объектҳои инфраструктураи истеҳсоли (устохонаҳо, гаражҳо, хушккунакҳо, хирманҳо, анборҳо ва ғайра), ки аз хизмати онҳо ҳамаи аъзои (иштирокчиени) кооперативи азнавташкилёбанда истифода мебурданд, тақсим карда намешаванд. Рӯйхати ин объектҳо бо қарори маҷлиси умумии аъзои (иштирокчиёни) кооперативи азнавтаъсисебанда муайян карда мешавад. Арзиши объектҳои мазкур аз арзиши амволе, ки аз рӯи саҳми амволии аъзои (иштирокчиёни) кооперативи азнавтаъсисебанда тақсим карда мешавад, бароварда шуда, ин объектхо тақсимнашаванда эълон карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои зерин, ки онҳо мумкин аст, ба ифодаи арзиши тақсим карда шаванд:

1) агар бинобар дур будани кооператив аз объектҳои инфраструктураи истеҳсоли истифода бурдани объектҳои мазкур аз ҷиҳати иқтисоди мувофиқи мақсади онҳо набошад;

2) агар кооператив чунин объектҳои инфраструктураи истеҳсоли дошта бошад ва барои истифодаи объектҳои умумии инфраструктураи истеҳсоли зарурат набошад.

Агар аз 51 фоизи маблағи умумии саҳми амволии узвият, ба объектҳои тақсимнашавандаи инфраструктураи истеҳсоли рост ояд, бо розигии дигар кооперативҳои таъсисёфта ба фонди саҳми яке аз кооперативҳои истеҳсоли дода мешавад ва ин кооператив ҳуқуқ дорад, ки объектҳои мазкурро ба фонди тақсимнашавандаи худ дохил кунад, ба шарте, ки:

1) кооперативҳои боқимонда бо розигии онҳо ба сафи аъзои муттаҳидшудаи кооператив қабул карда шаванд;

2) ба ин аъзои муттаҳидшуда имконияти истифодабарии объектҳои мазкур дар асоси шартнома таъмин карда шаванд.

Дар сурати кооперативҳои боқимонда ба сафи аъзои муттаҳидшудаи кооператив дохил шуданро нахоҳад, арзиши саҳми онҳое, ки ба арзиши объектҳои тақсимнашавандаи инфраструктураи истеҳсоли баробар аст, ҷуброн карда мешавад ё бо қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив ин объектҳои тақсимнашавандаи инфраструктураи истеҳсоли барои идоракунии эътимоднок ба кооперативи дахлдор супорида мешаванд.

Кооператив дар асоси шартнома метавонад аз объектҳои инфраструктурии истеҳсоли, иншоотҳои дохилихоҷаги ва байни хоҷагии мелиоративи, шабакаҳои роҳ, газ, барқ, алоқа ва дигар коммуникатсияҳо, ки дар мувозинаи вазорату идораҳо ва дигар моликон мебошанд, истифода барад.

Моддаи 9. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои) кооперативҳо

Кооперативҳо ҳақ доранд дар асоси шартнома ба иттиҳодия (ассотсиатсия, иттифоқ)-и кооперативҳо бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, муаррифи ва ҳифзи манфиатҳояшон, фароҳам овардани шароит барои фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии кормандонашон, таъмини хизмати иттилооти, ҳуқуқи ва ғайраҳо муттаҳид шаванд.

Ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо оиннома ва шартномаи таъсисии он мебошад.

Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои) кооперативҳо ташкилоти ғайритиҷорати буда, ба фаъолияти соҳибкори танҳо барои амали намудани мақсадҳои оинномавии худ машғул шуда метавонанд.

Ваколати иттиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, инчунин масъулияти он дар ҳуҷҷатҳои таъсисиаш муайян карда мешавад.

Аъзои идтиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо мустақилият ва ваколати шахси ҳуқуқи будани худро нигоҳ медоранд.

Иттиҳодияи (ассосиатсия, иттифоқи) кооперативҳо барои ӯҳдадориҳои аъзоёни худ ҷавобгар намебошад.

Аъзои иттиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои он бо тартиби пешбинишудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо ҷавобгарии иловагиро ба зимма доранд.

Тартиби ташкили идтиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии он, ҳайат ва ваколати мақомоти идоракунии онҳо, муносибатҳои иттиҳодияи (ассотсиатсия, иттифоқи) кооперативҳо ва аъзои онҳо, дигар масъалаҳои ташкил ва фаъолияти онро ҳуҷҷатҳои таъсисиаш муайян менамоянд.

БОБИ III. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ КООПЕРАТИВ

Моддаи 10. Узвият дар кооператив

Шумораи аъзои кооператив набояд аз 5 нафар кам бошад.

Ҳар шахси воқеии ба синни 16 расидае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи кооператив аъзоҳаққии саҳмиро супоридааст, узви кооператив шуда метавонад.

Шахси ҳуқуқи дар фаъолияти кооператив ба воситаи намояндаи худ мувофики талаботи оинномаи кооператив иштирок менамояд.

Шумораи аъзои кооперативе, ки аъзоҳаққии саҳмиро супоридаанд, вале бо меҳнати шахсии худ дар фаъолияти он иштирок наменамоянд, аз 25 фоизи шумораи умумии аъзои кооперативи бо меҳнати шахсии худ дар фаъолияти он иштироккунанда зиёд буда наметавонад.

Аъзои кооператив, ки ба синни нафака расидаанд ё бо сабаби аҳволи саломатиашон ба нафақа баромадаанд ё берун аз кооператив ба вазифаи интихоби гузаштаанд, ё ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат даъват шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи кооператив узвияти худро дар он метавонанд нигоҳ доранд.

Дар сурати вафоти узви кооператив ворисони ӯ метавонанд ба узвияти кооператив қабул гарданд, агар дар оинномаи кооператив ҳолати дигар пешбини нашуда бошад. Дар акси ҳол кооператив ба ворисон арзиши саҳми узви вафоткардаи кооперативро медиҳад.

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои узви кооператив

Узви кооператив ҳуқуқ дорад:

1) дар фаъолияти истеҳсоли ё фаъолияти дигари хоҷагидории кооператив иштирок намояд;

2) ба мақомоти идоракунии кооператив интихоб намояд ва интихоб шавад;

3) дар бораи фаъолияти кооператив иттилооти пурра гирад;

4) қисми фоида ва даромадҳои дигареро, ки дар байни аъзои кооператив тақсим карда мешаванд, гирад;

5) аз имтиезу афзалиятҳое, ки кооператив барои аъзои худ пешбини намудааст, истифода барад;

6) бо хохиши худ аз кооператив хориҷ шуда, маблағи дар ҳамин Қонун ва оинномаи кооператив пешбинишударо гирад;

7) ба ҳаққи меҳнат, истироҳат, суғуртаи иҷтимои ва таъминоти иҷтимои;

8) барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намояд. Узви кооператив метавонад дорои ҳуқуқҳои дигаре бошад, ки ҳамин Қонун, санадҳои қонунгузори ва оинномаи кооператив пешбини намудаанд.

Моддаи 12. ӯҳдадории узви кооператив узви кооператив ӯҳдадор аст:

1) талаботи оинномаи кооперативро риоя намояд;

2) қарорҳои мақомоти идоракунии кооперативро иҷро намояд;

3) аъзоҳаққии саҳмиро супорад;

4) дар фаъолияти кооператив бо меҳнати шахсии худ иштирок намояд;

5) оид ба ӯҳдадориҳои кооператив бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун ва оинномаи кооператив масъулияти иловаги (субсидиари) дошта бошад;

6) коидаҳои тартиботи дохили, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро риоя намояд;

7) сирри тиҷоратии кооперативро фош накунад.

Узви кооператив вазифадор аст, ӯҳдадориҳои дигареро, ки ҳамин Қонун, санадҳои қонунгузори ва оинномаи кооператив пешбини намудаанд, иҷро намояд.

Моддаи 13. Қатъи узвият дар кооператив

Ҳар узви кооператив ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив узвияти худро бо роҳи ихтиёри баромадан аз кооператив қатъ намояд. Дар ин сурат ба ӯ бояд арзиши саҳм пардохта шавад, ё мутобиқи саҳми ӯ амвол дода шуда, инчунин маблағҳои дигари дар оинномаи кооператив барояш пешбинигарднда пардохта шавад.

Саҳмпули ё амволи узви хориҷшавандаи кооператив пас аз анҷоми соли молияви ва тасдиқи мувозинаи муҳосибавии кооператив дода мешавад.

Узвият дар кооператив дар чунин ҳолатҳо қатъ мегардад:

1) вафоти узви кооператив ё фавтида эълон намудани у;

2) ба дигар шахс додани саҳмпулии худ;

3) аз кооператив баромадан;

4) барҳам додани хоҷагии деҳқони (фермери) ва ё шахси ҳуқуқие, ки узви кооператив мебошад;

5) аз кооператив хориҷ кардан.

Узви кооперативро бо қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив дар ҳолатҳои зерин аз кооператив хориҷ кардан мумкин аст:

1) рӯёнидани маблағи карзи шахсии узви кооператив дар назди кооператив аз ҳисоби саҳми ӯ танҳо дар сурати нокифоя ва қобили қабул набудани амволи дигари он барои пардохти чунин қарз;

2) дар сурати мунтазам иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки тибқи оинномаи кооператив ба зиммааш вогузор гардидаанд;

3) бо сабаби узви кооперативи ба ҳамин кооператив монанд будани ӯ;

4) дар дигар ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун ва оинномаи кооператив пешбини кардааст.

БОБИ IV. ИДОРАКУНИ ДАР КООПЕРАТИВ

Моддаи 14. Мақомоти идоракунии кооператив

Мақомоти идоракунии кооператив инҳоянд:

1) Маҷлиси умумии аъзои кооператив;

2) Шӯрои нозирони кооператив;

3) Мақомоти иҷроияи кооператив;

4) Комиссияи тафтишоти (ревизор)

Моддаи 15. Маҷлиси умумии аъзои кооператив

Маҷлиси умумии аъзои кооператив мақоми олии кооператив мебошад.

Ба салоҳияти истисноии маҷлиси умумии аъзои кооператив дохил мешавад:

1) қабул ва тағйири оинномаи кооператив;

2) қабул ва хориҷ кардани аъзои кооператив;

3) таъсис додани Шӯрои нозирон ва қатъ намудани ваколати аъзои он;

4) тасдиқи Дастури маҷлиси умумии аъзои кооператив;

5) таъсис додан ё қатъ намудани ваколати мақоми иҷроияи кооператив;

6) муқаррар намудани фондҳои тақсимнашаванда ва захираҳои кооператив ва тартиби истифодаи онҳо;

7) муқаррар намудани коидаҳои тартиботи дохилии кооператив, тартиби пардохти музди меҳнати аъзо ва кормандони кирояи кооператив;

8) таъсис ва барҳам додани филиалҳо ва намояндагиҳои кооператив;

9) ҳалли масъалаи иштироки кооператив дар ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷаги, инчунин дохил шудан ба иттиҳодия (ассотсиатсия, иттифоқ)-ҳои кооперативҳо;

10) ҳалли масъалаҳо оид ба супоридани аъзоҳаққии саҳмии иловаги;

11) тасдиқ намудани ҳисоботи солонаю тавозуни муҳосибавии кооператив ва тақсим кардани фоидаю зиёни он;

12) қабул кардани қарори азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии кооператив;

13) шунидани ҳисоботи раёсати (раиси) кооператив;

14) интихоби комиссияи тафтишотии (ревизор) кооператив ва қатъ намудани ваколати аъзои он.

Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умуми тибқи оинномаи кооператив мумкин аст ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста шавад.

Агар дар маҷлиси умуми зиёда аз нисфи аъзои кооператив иштирок дошта бошанд, он комилҳуқуқ ҳисоб мешавад.

Ҳар узви кооператив ҳангоми қабули қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив як овоз дорад.

Маҷлиси умумии аъзои кооператив аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои кооператив қарор қабул мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд.

Оинномаи кооператив метавонад масъалаҳоеро муайян кунад, ки қарори оид ба ҳалли онҳо бо аксарияти кулли овозҳо ё якдилона қабул карда шавад.

Тартиби даъват ва гузаронидани маҷлиси навбати ва ғайринавбатии аъзои кооперативро оинномаи кооператив муайян менамояд.

Моддаи 16. Маҷлиси вакилони кооператив

Кооперативҳое, ки зиёда аз 300 нафар аъзо доранд, бо қарори маҷлиси умумии худ маҷлиси вакилони кооперативро таъсис дода, шумораи вакилонро ба маҷлиси вакилон муайян менамоянд. Шумораи вакилони интихобшуда ба маҷлиси вакилон набояд аз 100 нафар кам бошанд. Қарорҳои маҷлиси вакилон ба овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони иштирокдошта қабул карда мешавад.

Ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун ва оинномаи кооператив оиди маҷлиси умуми ба маҷлиси вакилон низ татбиқ мешаванд.

Меъёр ва шумораи умумии вакилон охири ҳар соли молияви вобаста ба шумораи умумии аъзои кооператив муқаррар карда мешавад.

Вакилон ба таври овоздиҳии кушода ё махфи дар асоси оинномаи кооператив дар маҷлиси бахшҳои истеҳсолии (сех, бригада, ферма ва ғайраҳо) кооперативҳо интихоб карда мешаванд.

Вакил наметавонад ваколати худро ба дигар аъзои кооператив вогузор намояд.

Моддаи 17. Шӯрои нозирони кооператив

Дар кооперативе, ки зиёда аз панҷоҳ нафар аъзо дорад, мумкин аст аз ҳисоби аъзои кооператив Шӯрои нозирон ташкил карда шавад, ки он ба фаъолияти мақомоти иҷроияи кооператив назорат мекунад.

Аъзои Шӯрои нозирон дар маҷлиси умумии аъзои кооператив интихоб карда мешаванд. Теъдод, мӯҳлати амал ва салоҳияти Шӯрои нозиронро оинномаи кооператив муайян мекунад. Шӯрои нозирони кооператив аз ҳайати худ раиси Шӯрои нозиронро интихоб менамоянд. Аъзои Шӯрои нозирон дар як вақт узви раёсат ё раиси кооператив буда наметавонад.

Аъзои Шӯрои нозирони кооператив ҳақ надоранд аз номи кооператив амал намоянд.

Тибқи оинномаи кооператив ба салоҳияти Шӯрои нозирон назорати қарорҳои маҷлиси умумии аъзои кооператив вогузор шуда метавонад.

Моддаи 18. Мақомоти иҷроияи кооператив

Роҳбарии ҷориро оид ба фаъолияти коооператив мақомоти иҷроияи кооператив амали менамояд.

Мақомоти иҷроияи кооператив раёсат ё раиси он мебошанд.

Раёсати кооперативро раиси раёсат сарвари мекунад, ки маҷлиси умумии аъзои кооператив ӯро аз ҳисоби аъзои кооператив интихоб менамояд.

Дар кооперативҳои дорои камтар аз бист нафар аъзо вазифаҳои раёсат ба зиммаи раиси кооператив вогузор карда мешавад.

Узви раёсати (раиси) кооператив аз ҳисоби аъзои кооператив дар маҷлиси умумии аъзои кооператив интихоб мегардад.

Теъдоди аъзои раёсат, инчунин мӯҳлате, ки дар давраи он раёсати (раиси) кооператив интихоб мегарданд, бо оинномаи кооператив муайян карда мешавад.

Раёсати (раиси) кооператив ба маҷлиси умумии аъзои кооператив ва Шӯрои нозирони кооператив ҳисоботдиҳанда мебошад.

Баррасии тамоми масъалаҳои фаъолияти кооператив салоҳияти раёсати (раиси) кооператив мебошад, ки тибқи ҳамин Қонун ва оинномаи кооператив ба салоҳияти истисноии маҷлиси умумии аъзои кооператив ё Шӯрои нозирони кооператив вогузор нашудаанд.

Раёсат дар маҷлисҳои худ қарорҳо қабул мекунад.

Агар дар маҷлиси раёсат на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат ҳузур дошта бошанд, он комилҳуқуқ ҳисоб мешавад.

Қарори раёсат бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсати дар маҷлис ҳузурдошта қабул мегардад.

Раиси раёсат (раиси кооператив) чунин ваколатҳо дорад:

- аз номи кооператив бидуни ваколатнома амал мекунад;

- амволи кооперативро ба ҳадде, ки ҳамин Қонун пешбини намудааст, идора намуда, аз номи кооператив ваколатнома медиҳад, аз ҷумла бо ҳуқуқи ба каси дигар ваколат додан;

- дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредити суратҳисобҳо мекушояд;

- қарорҳои раёсатро имзо мекунад;

- кормандони кирояро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад, ки иҷрои он барои аъзои кооператив ва кормандони кироя ҳатми мебошад.

Аъзои кооператив ва кормандони кироя метавонанд аз рӯи қарор ва амалҳои мақомоти иҷроияи кооператив ба маҷлиси умумии кооператив ё суд шикоят намоянд.

Моддаи 19. Комиссияи тафтишотии (ревизор) кооператив

Барои назорат кардан ба фаъолияти молиявию хоҷагии кооператив маҷлиси умумии аъзои кооператив комиссияи тафтишотиро дар ҳайати на камтар аз 3 нафар аъзои кооператив ва дар сурати аз 20 нафар кам будани аъзои кооператив ревизорро интихоб менамояд.

Аъзои комиссияи тафтишотии (ревизор) кооператив аъзои Шӯрои нозирон ва мақомоти иҷроияи кооператив шуда наметавонанд.

Комиссияи тафтишотии (ревизор) кооператив ҳолати молиявии кооперативро аз рӯи ҷамъбасти кори соли молияви тафтиш менамояд. Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии кооператив бо супориши маҷлиси умумии аъзои кооператив, Шӯрои нозирони кооператив ё бо талаби на камтар аз 10 фоизи аъзои кооператив, инчунин бо ташаббуси комиссияи тафтишоти (ревизор) гузаронида мешавад.

Комиссияи тафтишот (ревизор) натиҷаи тафтишро ба маҷлиси умумии аъзои кооператив ва Шӯрои нозирони кооператив пешкаш менамояд.

Барои тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии кооператив мақомоти иҷроияи кооператив ё Шӯрои нозирони кооператив метавонанд аудити берунаро сафарбар намоянд.

Тафтиши фаъолияги молиявию хоҷагии кооператив аз тарафи аудити беруна бо талаби на камтар аз 10 фоизи аъзои кооператив сурат гирифтанаш мумкин аст.

БОБИ V. АМВОЛИ КООПЕРАТИВ

Моддаи 20. Амволи кооператив

Кооператив ҳақ дорад соҳибмулки ҳама гуна амвол бошад, ба ғайр аз амволе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлати ҳисоб меёбад.

Сарчашмаҳои ташкилебии амволи кооператив инҳо мебошанд:

1) аъзоҳаққии саҳмии кооператив;

2) фоидаи аз фаъолияти кооператив бадастомада;

3) қарз, амволе, ки аз тарафи шахси воқеи ва ҳуқуқи тӯҳфа карда шудааст;

4) дигар манъбаҳое, ки Қонун манъ накардааст.

Амволе, ки моликияти кооператив аст, мутобиқи оинномаи кооператив ба саҳми аъзои он тақсим карда мешавад.

Саҳм ҳиссаи узви кооператив дар амволи кооператив мебошад ва бо фоиз ба ҳисоб гирифта мешавад.

Узви кооператив ҳуқуқ дорад ҳангоми барҳам хӯрдани кооператив саҳми худро талаб намояд.

Кооператив ҳуқуқ надорад, ки саҳмия (аксия) барорад.

Моддаи 21. Аъзоҳаққии саҳмии кооператив

Аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив сармояи ибтидоии кооперативро ташкил дода, барои пӯшонидани хароҷот ҷиҳати таъсис ва ташкили фаъолияти он таъин мешавад.

Пул, қоғазҳои қимматнок, мол, ҳуқуқҳои амволи, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуқуқ ба натиҷаи моликияти зеҳни ва амволи дигар аъзоҳаққии саҳмии кооператив шуда метавонад.

Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 660).

Таркиб ва андозаи аъзоҳаққии саҳми, инчунин тартиб, усул ва мӯҳлати ворид шудани онро оинномаи кооператив муайян мекунад.

Бо қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив аз ҷониби аъзои кооператив супоридани аъзоҳаққии саҳмии иловаги пешбини шуда метавонад.

Аъзоҳаққии саҳмии дохилшавии узви нави ба кооператив қабулшавандаро созишномаи ӯ бо кооператив муайян намуда, он дар протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив ба қайд гирифта мешавад.

Аъзоҳаққии саҳмии узви кооперативро ба гарав мондан мумкин аст. Тартиби ба гарав мондан ва рӯёнидан аз ҳисоби он бо қонунгузории граждани муайян карда мешавад.

Ба аъзои кооператив дафтарчаи аъзоги дода мешавад, ки дар он андозаи аъзоҳаққии саҳмии ҳатми ва мӯҳлати пардохтани он, ҳаҷми аъзоҳаққии саҳмии иловаги, шакли аъзоҳаққии саҳми (пул, замин, амвол), андозаи саҳми афзоянда ва санаҳои додани он, ҳаҷми пардохти арзиши аъзоҳаққи ва санаи ин пардохтҳо нишон дода мешавад.

Моддаи 22. Додани саҳми узви кооператив ба аъзои дигари он ва шахсони сеюм

Аъзои кооператив ҳуқуқ дорад, ки саҳми худ ё кисми онро ба дигар узви кооператив диҳад, агар оинномаи кооператив тартиби дигареро пешбини накарда бошад. Дар чунин ҳолат аъзои дигари кооператив барои харидани аъзоҳаққии саҳми (кисми он) ҳуқуқи афзалиятнок дорад.

Агар узви кооператив дар мӯҳлати як моҳ пас аз огоҳ ёфтан ё дигар мӯҳлате, ки оинномаи кооператив пешбини намудааст, аз ҳуқуқи афзалиятноки худ истифода набарад, саҳм мумкин аст ба шахси сеюм фурӯхта (дода) шавад.

Додани саҳм (кисми он) ба шаҳрвандоне, ки узви кооператив намебошанд, танҳо бо ризояти кооператив имконпазир аст. Саҳм (қисми он) бо тартиби пешбининамудаи оинномаи кооператив дода мешавад.

Шахси узви кооператив набуда, ки ба ӯ саҳм (қисми он) дода шудааст, бо хоҳиши ӯ бояд ба узвияти кооператив қабул карда шавад.

Моддаи 23. Фондҳои кооператив

Тибқи оинномаи кооператив мумкин аст муқаррар карда шавад, ки қисми муайяни амволи кооператив фондҳои тақсимнашаванда буда, барои мақсадҳои муайян кардаи оинномаи кооператив истифода шаванд.

Қарори таъсис додани фондҳои тақсимнашавандаро, агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбини нагардида бошад, аъзои кооператив якдилона қабул мекунанд.

Амволе, ки фонди тақсимнашавандаи кооперативро ташкил медиҳад, ба саҳми аъзои кооператив дохил карда намешавад. Аз амволи номбаршуда аз рӯи ӯҳдадориҳои шахсии аъзо рӯёнидан мумкин нест.

Кооператив ҳуқуқ дорад фондҳои захирави ва фондҳои дигари хилофи қонун набудаи моддию молиявиро, ки барои фаъолияти истеҳсолию хоҷаги ва рушди иҷтимоии он заруранд, ташкил диҳад.

Моддаи 24. Тақсими фоида ва зиёни кооператив

Фоидаи кооператив вобаста ба натиҷаҳои сол муайян карда мешавад. Фоидае, ки баъд аз супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми боқи мемонад, дар ихтиёри пурраи кооператив монда, аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив ба мақсадҳое, ки оинномаи кооператив пешбини намудааст, равона карда мешавад.

Фоидаи кооперативи дар байни аъзои кооператив, ки ба иштироки шахсии меҳнати он асос меёбад, ба андозаи саҳми онҳо тақсим карда мешавад. Дар байни аъзои кооператив, ки бевосита бо меҳнати шахсиаш дар фаъолияти кооператив иштирок наменамоянд, фоидаи кооператив мутаносибан ба андозаи аъзоҳаққии саҳмии онҳо тақсим карда мешавад. Бо қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив қисми фоидаи кооператив мумкин аст дар байни кормандони кирояи онҳо тақсим карда шавад.

Тартиби тақсими фоидаро оинномаи кооператив пешбини менамояд.

Зиёни кооператив, ки аз рӯи мувозинаи муҳосибави муайян карда мешавад, дар байни аъзои кооператив мувофиқи андозаи музди меҳнати аъзои кооператив тақсим карда мешавад.

Зиёни кооператив аз ҳисоби фонди захирави, кам кардани саҳмпулии афзоянда ё аз ҳисоби аъзоҳаққии саҳмии иловагии гузошташуда ҷуброн мешавад.

Моддаи 25. Масъулияти кооператив ва аъзои он оид ба ӯҳдадориҳои кооператив

Кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ҳамаи амволе, ки дар соҳибмулкии он мебошад, масъулият дорад.

Кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои узви худ ҷавобгар намебошад.

Аъзои кооператив оид ба ӯҳдадориҳои кооператив танҳо дар ҳолати пешбининамудаи оинномаи он масъулияти иловаги (субсидиари) доранд.

Узви кооператив, ки ба кооператив пас аз таъсисёбии он дохил шудааст, оид ба ӯҳдадориҳое, ки баъд аз дохилшавии ӯ ба кооператив ба миён омадаанд, масъулият дорад.

Рӯёнидан аз ҳисоби саҳми узви кооператив аз рӯи қарзи шахсии ӯ мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ва оинномаи кооператив танҳо дар сурати нокифоя будани амволи дигари ӯ барои пардохти чунин қарз мумкин мебошад. Масъулият дар байни аъзои кооператив мутаносибан ба андозаи саҳмҳои онҳо тақсим карда мешавад.

Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив ва кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.

БОБИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 26. Ҳисобот дар кооператив

Кооператив ӯҳдадор аст, ки дар бораи фаъолияти худ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузори ҳисобот диҳад.

Ҳисоботи солона ва мувозинаи муҳосибавии кооперативро маҷлиси умумии аъзои кооператив баъди онро тафтиш кардани комиссияи тафтишоти тасдиқ намуда, ба мақоми андоз ва мақоми омори давлати пешниҳод менамояд.

Мӯҳлат ва шакли пешниҳоди ҳисоботи муҳосибавиро мақоми андоз ва мақоми омори давлати мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Моддаи 27. Муносибатҳои меҳнати дар кооператив

Муносибатҳои меҳнатии аъзои кооператив бо Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив, муносибатҳои меҳнатии кормандони кироя бошад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба танзим дароварда мешавад.

Кооператив шакл ва низоми музди меҳнати аъзо ва кормандони кирояро мустақилона муайян менамояд. Андозаи ҳадди баланди музди меҳнати аъзои кооператив ва кормандони кирояи он маҳдуд карда намешавад. Ҳамзамон шумораи кормандони кироя дар давраи ҳисоботи набояд аз 25 фоизи шумораи аъзои кооператив зиёд бошад.

Кооператив мустақилона намудҳои ҷавобгарии интизомиро барои аъзоёнаш муайян менамояд. Ҷазои интизоми ба раиси кооператив, аъзои Шӯрои нозирон ва аъзои комиссияи тафтишоти танҳо бо қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив дода мешавад.

Аъзои кооператив, ки дар фаъолияти он шахсан иштирок менамоянд ва кормандони кироя мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи иҷтимои ва таъминоти иҷтимои ҳуқуқ доранд.

Шароити меҳнат, вақти кори ва истироҳати дар кооператив мутобиқи қонунгузории меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилии кооператив, инчунин шартномаи меҳнати (қарордод) муайян карда мешавад.

Кооператив метавонад барои аъзои худ имтиёзу афзалиятҳо, дар навбати аввал харидани молҳои истеҳсолнамудаи ӯ, кор, хизмат, истифодаи амволи кооператив, гирифтани кӯмаки иҷтимои аз кооперативро пешбини намояд.

Моддаи 28. Азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии коооператив

Кооператив бо қарори маҷлиси умумии аъзои он метавонад ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.

Ҳангоми азнавташкилдиҳии кооператив санади супурдан ё баланси тақсимот тартиб дода мешавад, ки дар онҳо тартиби гузариши ӯҳдадориҳои кооперативи азнавташкилшаванда нисбати ҳамаи кредиторҳо ва қарздорон ифода меебад. Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии кооператив қарор қабул намудааст, тасдиқ гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои бақайдгирии давлатии кооперативи навтаъсис ва ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 660).

Кооператив бо қарори якдилонаи аъзои он метавонад ба ширкат ё ҷамъияти хоҷаги табдил дода шавад.

Кооператив бо қарори суд дар сурати бидуни иҷозатнома (литсензия) фаъолият кардан, ба фаъолияти манъкардаи Қонун машғул шудан, дар ҳолати якчанд маротиба ё дағалона вайрон кардани Қонун, инчунин муфлисшави барҳам дода мешавад. Тартиби барҳамдиҳии кооперативҳоро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари амалкунанда муайян менамоянд.

Амволи боқимондаи кооперативи барҳамхӯрда баъди қонеъ намудани талаботи кредиторон дар байни аъзои он мувофиқи саҳмашон тақсим карда мешавад.

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 68