ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 687) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми чоруми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Кооператив бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.".
2. Қисми сеюми моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад.".
3. Дар қисми дуюми моддаи 28:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои "акти супоридан ва ё тавозуни ҷудокунӣ" ба калимаҳои "санади супурдан ё баланси тақсимот" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии кооператив қарор қабул намудааст, тасдиқ гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои бақайдгирии давлатии кооперативи навтаъсис ва ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...