ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 92, аз 12.05.2007 № 259, аз 31.12.2008 № 463, аз 29.12.2010 № 658, аз 25.03.2011 № 701)
Қонуни мазкур қоидаҳои умумии ҳимоя ва дастгирии давлатӣ, инкишофи озоди соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шаклу усулҳои ҳавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Мақсади Қонуни мазкур аз амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои озодона истифодабарии қобилияту амволи худ барои фаъолияти соҳибкорие иборат мебошад, ки онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо муқаррар кардаанд.
Моддаи 2. Доираи татбиқи Қонун
Қонуни мазкур дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ, сарфи назар аз матлабу мақсади фаъолияти онҳо, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон амал мекунад.
Моддаи 3. Қонунунгузорӣ дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии сохибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳоте, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд
Соҳибкорӣ - фаъолияти мустақилона ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқарарнамудаи қонун бақайдгирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фуруши мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ равона карда шудааст.
Хориҷ карда шуд .
Иҷозатнома (литсензия) - ҳуҷҷатест, ки барои амалӣ гардонидани намуди муайяни фаъолият ба мӯҳлати дар он зикргардида аз тарафи мақоми ваколатдор ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода мешавад.
Хориҷ карда шуд .
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
- муаяйн кардани принсипҳои умумӣ, самтҳои афзалиятнок ва тарзҳои ҳимояву дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- муқаррар намудани тартиби таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкили фаъолияти онҳо дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои давлатии равнақу ривоҷи соҳибкорие, ки аз ҳисоби буҷет ва фондҳои махсуси давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;
- пешниҳоди таклифҳо оиди имтиёзҳо барои субъекти соҳибкорӣ аз рӯи андози давлатӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тамоми масъалаҳоро дар соҳаи ҳимояву дастгирии соҳибкорӣ мутобиқи салоҳияти худ ҳаллу фасл намуда, аз ҷумла барои ҳимояву дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд .
Моддаи 6. Шаклҳо ва намудҳои фаъолияти соҳибкори (Қонун аз 25.07.2005 № 92)
Ҳама гуна шаклҳои соҳибкории дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида аз тарафи давлат эътироф ва иҷозат дода мешаванд.
Соҳибкорӣ дар доираҳои муқаррарнамудаи қонунҳо бо таври зайл амалӣ мегардад:
- бо истифодаи меҳнати кироя;
- бе истифодаи меҳнати кироя;
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ.
Соҳибкорӣ метавонад дар шаклҳои зерин амалӣ шавад:
cоҳибкории инфиродӣ - фаъолияти мустақилонаи шахси воқеие мебошад, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз номи худ ва таваккалона бо масъулияти амволии худ, ба гирифтани фоида (даромад) равона карда шудааст;
соҳибкории шахси ҳуқуқӣ - фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи ташкилотест, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, истеҳсол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ равона карда шудааст.
Ҳамаи субъектҳо дар амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқй баробар доранд.
Фаъолияти соҳибкори ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
1) соҳибкории хурд;
2) соҳибкории миёна (Қонун аз 25.07.2005 № 92).
3) соҳибкории калон .
Моддаи 7. Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ
Ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда метавонанд:
- шахси воқеъӣ, яъне шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
- шахси ҳуқуқӣ - ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайри тиҷоратӣ, инчунин ташкилотҳои хориҷие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Моддаи 7(1). Субъектҳои соҳибкории хурд
Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуле дохил мешаванд, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи иштироки давлат аз 25 фоиз зиёд намебошад ва ба меъёрҳои зерин мутобиқ аст:
- андозаи даромади умумии онҳо дар аввали соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд набошад ;
- шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ на зиёдтар аз 30 нафар, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ то 50 нафар бошад.
Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғул мебошанд, дохил карда намешаванд:
- истеҳсоли молҳои зераксизӣ;
- таҳвили алюминийи аввалия;
- фаъолият дар соҳаи истифодабарин қаъри замин;
- фаъолияти бонкӣ (ё барои машғул шудан бо намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ) ва суғуртавӣ;
- фаъолияти вобаста ба идоракунии фондҳои инвеститсионӣ;
- фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок.
Дар ҳолати зиёд шудани яке аз меъёрҳои пешбининамудаи моддаи мазкур имтиёзҳои барои субъектҳои соҳибкории хурд муайянкардаи қонунгузорӣ ба субъектҳои соҳибкории хурд татбиқ карда намешаванд .
Моддаи 7(2). Субъектҳои соҳибкории миёна ва калон
Ба субъектҳои соҳибкории миёна соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки мутобиқи меъёрҳои зерин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, дохил мешаванд:
- агар андозаи даромади умумии онҳо дар аввали соли андоз бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 миллион сомонӣ зиёд набошад ;
- агар шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ аз 30 то 100 нафар, вале барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз 50 то 200 нафар бошад.
Субъектҳои соҳибкории калон соҳибкорони инфиродӣ ва шахсоки ҳуқуқие эътироф карда мешаванд, ки яке аз меъёрҳои фаъолияти онҳо аз ҳадди ниҳоии меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми якуми моддаи мазкур зиёд бошад.
Шумораи миёнаи солонаи кормандони субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи дастурамали тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори омори давлатӣ муайян карда мешавад .
БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ СУБЪЕКТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
Моддаи 8. Асосҳои умумии бақайдгирии давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ
Субъекти фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад .
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ҳангоми бақайдгирии давлатии субъекти ҳама намудҳои соҳибкорӣ нисбат ба шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои иловагӣ гузоранд .
Рад кардани бақайдгирии давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ танҳо дар ҳолатҳои ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мувофиқ набудани фехристи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар онҳо овардашуда мумкин аст.
Uайриқонунӣ рад намудан ё худ саркашӣ кардан аз бақайдгирии давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 9. Хориҷ карда шуд
Моддаи 10. Хориҷ карда шуд
Моддаи 11. Қатъи фаъолияти соҳибкорӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад қатъ ёбад:
- бо қарори муассисони он ё мақоми шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ чунин ваколат дорад, аз ҷумла бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ барои он таъсис шуда буд, ноил шудан ба мақсадҳои таъсиси он, ё аз ҷониби суд беэътибор дониста шудани бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ бо сабаби роҳ додан ба қонунвайронкунӣ ҳангоми таъсиси он;
- бо қарори суд дар сурати бидуни иҷозатнома (литсензия) фаъолият кардан, дигар қонунвайронқуниҳо, ё дар сурати татбиқи мунтазами фаъолияте, ки хилофи мақсадҳои оинномавии шахси ҳуқуқӣ мебошад;
- дар ҳолати гузаштани мӯҳлати эътибори иҷозатнома (литсензия) ё патент;
- бо сабаби муфлис эътироф шудан.
Талаби қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкориро тибқи асосҳои дар ҳамин модда зикргардида мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ба суд пешниҳод намояд.
Бо қарори суд мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони он ё мақоми дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо барҳамдиҳии он ваколатдошта гузошта шавад.
Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ аст ва чун кооперативи матлубот ё фонди ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, бо сабаби муфлис эътироф шудан мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
Муқаррароти бо сабаби муфлисшавӣ барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба муассисаҳо дахл надорад.
Дар мавриди қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ, шахси ҳуқуқӣ вазифадор аст, мувофиқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни барҳамдиҳиро гузарад.
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ ХОҶAГИДОРИИ СОҲИБКОР
Моддаи 12. Баамалбарории фаъолияти хоҷагидории соҳибкор
Соҳибкор метавонад ҳамагуна фаъолияти хоҷагидориро мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба амал барорад, агар онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накарда бошад.
Соҳибкор молҳои (корҳои, хизматрасониҳой) истеҳсолнамуда ва ба дастовардаашро мустақилона ба муомилот мебарорад.
Супоришҳои давлатиро соҳибкор дар асоси шартнома иҷро мекунад.
Моддаи 13. Самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ
Соҳибкор бо назардошти манфиатҳои худ ва ҷомеа фаъолияти хешро бояд бо самтҳои зерин сафарбар намояд:
- бо мақсади кам кардани бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои иловагии корӣ дар саноат, сохтмон, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо, махсусан соҳаи хизматрасонӣ тадбирҳо андешад;
- ба кори ташкили истеҳсолот, махсусан оид ба коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, сохтмон ва ба бозори дохилию хориҷӣ баровардани он чораҳои зарурӣ бинад;
- меъёрҳои амалкунандаи экологӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳолати санитарӣ, саломатии ахолӣ, техникаи бехатарӣ ва стандартҳоро риоя намояд;
- ба молҳои истеҳсоли хориҷӣ бо назардошти афзалиятҳои ниcбии мамлакат ва истифодаи самараноки захираҳои табии маҳаллӣ рақобат ба вуҷуд оварад;
- аз дастовардҳои навини илму техникаи ҷаҳонӣ, омӯзиши дигар забонҳо, истифодаи усулҳoи ҳозиразамони маркетинг, менечмент, инчунин татбиқи технологияи навтарин воқиф бошад.
Моддаи 14. Маҳдудкунии дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ
Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ корҳои зайл манъ аст:
- ба соҳибкорон додани дастур дар бораи таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба истеъмолкунандагони муайян;
- муқаррар намудани нархҳо ба молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) фурухташавандаи соҳибкорон аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани андозаи нархи фурӯш ё дараҷаи баландтарини даромаднокӣ, ғайр аз ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда.
Моддаи 15 . Тартиби пешниҳод кардани ҳисобот
Субъекти соҳибкорӣ мутобиқи тартибу мӯҳлати дар санадҳои ҷории меъёрию ҳуқуқӣ пешбинишуда ҳисоботи заруриро оид ба омор, муҳосиба, андозсупорӣ ва дигар ҳисоботдиҳиро ба мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ мегардонад ва пешниҳод менамояд.
Моддаи 16. Имтиёзҳо ҳангоми аидозбандии субъекти соҳибкорӣ
Дар мавридҳое, ки пешниҳоди имтиёзҳои иловагӣ оид ба андозу боҷҳо нисбати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ, сохторҳои ёрирасони онҳо (фондҳои рушди соҳибкорӣ, ширкатҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ) талаб карда мешавад, ҳисоббаробаркуниҳои дахлдори даромад ва зарари давлатӣ аз ин корҳо амалӣ гардонида мешавад.
Чунин ҳисоббаробаркунии асоснок доир ба дастгирии соҳибкорӣ барои даровардани тағйирот ба қонунгузории ҷории андоз асос шуда метавонад.
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои субъекти фаъолияти соҳибкорӣ
Субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳамагуна корхонаю ташкилотеро, ки хилофи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, таъсис диҳад;
- пурра ё қисман аз амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият алоқаманданд, тибқи тартиботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад, ё ба он соҳиб шавад;
- бо амволи худ ва амволи бо роҳи қонунӣ ба даст овардааш, дар фаъолияти субъектҳой соҳибкории хоҷагидори дигар иштирок намояд;
- дар асоcи шартнома аз амволи шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрванд истифода барад;
- ҳар миқдор кормандонро дар асоси шартнома киро намояд ва аз кор ҷавоб диҳад;
- намудҳо, системаҳо, ҳаҷми музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади коргарони кирояро муқаррар намояд;
- барномаи фаъолияти хоҷагиро тартиб диҳад, таҳвилдиҳандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолиро интихоб намояд, барои эҳтиёҷи давлат корҳо, хизматрасониҳоро дар асоси шартнома ба анҷом расонад;
- нарх, арзиш ва тарифҳой молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) фурӯхташавандаро, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти зиддиинҳисорӣ пешбинӣ шудаанд, мустақилона муқаррар намояд;
- ҳисобҳои бонкӣ кушояд, ҳар гуна амалҳои ҳисобу китоб, қарздиҳӣ ва пули нақдиро анҷом диҳад;
- фонди (даромад) аз фаъолияти соҳибкориро, ки баъди пардохти андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ боқи мондаасг, озодона ихтиёрдорӣ намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи давлатии таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода барад;
- ҳар гуна даромади аз рӯи ҳаҷм номаҳдуд гирад;
- бо тартиби муқарраршуда аз болои амал ва ё беамалии мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, инчунин аз шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии онро поймол месозанд, калимаҳои "аз ҷумла оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиши фаъолияти онҳо шикоят намояд ;
- бо тартиби барои шахсони ҳуқуқӣ муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамчун иштирокчии робитаҳои берунии иқтисодӣ амалиёти асъориро ба амал барорад;
- ба дигар амалҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ба шарте, ки ин амалиёт хилофи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
Нисбати қарори маҳдуд намудани ҳуқуқ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Дар мавриди хусусигардонии иншоотҳои сохтмонӣ (ҳамчунин сохтмонҳои нотамом), ба ин объектҳо ҳуқуқдор шудани соҳибкор бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин объектҳо бо истифодаи доимии қитъаи замине, ки ин нуқтаҳо дар он ҷойгиранд, ба ихтиёри соҳибкор мегузарад.
Фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудааст, ба собиқаи корӣ ворид карда мешавад.
Тартиби баҳисобгирии собиқаи корӣ ва пешбурди дафтарчаи меҳнатии соҳибкорй инфиродиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 18. ӯҳдадориҳои субъекти фаъолияти соҳибкорӣ
Соҳибкор ӯҳдадор аст, ки:
- мутобиқи қонунгузории меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартнома (қарордод) ва ҳамчунин бо талаби коллективҳои меҳнатӣ шартномаи коллективӣ бандад;
- барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии худ монеъ нашавад;
- ба коргарони кироя на камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маош диҳад;
- оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарӣ ва техникаи бехатарӣ, тозагиву беҳдошти истеҳсолот, инчунин болоравии иқтисодиёт дар асоси қоидаву меъёрҳои ҷорӣ тадбирҳо андешад;
- пардохти саривақтии андозҳо ва дигар ӯҳдадориҳои молиявии худро дар назди давлат ба иҷро расонад;
- дар бораи муфлисшавии худ ва имконнопазир будани адои ӯҳдадориҳо дар назди қарздиҳандагон арз намояд;
- барои фаъолият дар соҳаҳое, ки тибқи cанадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) талаб карда мешавад, иҷозатнома (литсензия) гирад;
- талабҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро риоя намояд.
Моддаи 19. Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ
Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад .
Моддаи 20. Нархгузории молҳой истеҳсолнамудаи субъекти фаъолияти соҳибкорӣ
Субъекти фаъолияти соҳибкорӣ моли (кори, хизматрасонии) худро, чи истеҳсоли худӣ ва чи моли аз дигар ҷой харидаашро бо нархи (арзиши, тарифи) мустақилона муқаррарнамудаи худ ё бо нархи шартномавӣ мефурӯшад.
Муқаррар кардани нархи давлатии мол бо мақсади роҳ надодан ба баландшавии инҳисории нархи он бо тартиби пешбининамудаи қонугузории зиддиинҳисорӣ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 21. Санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ
Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъекти фаъолияти соҳибкорӣ (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) тибқи шартномаи байни соҳибкор ва ташкилоти аудиторӣ сурат мегирад.
Мутобиқи талаботи мақомоти андоз ҳангоми пешниҳод намудани ҳисобот соҳибкор метавонад хулосаи аудиториро истифода барад.
Талаб кардани маълумоти бонкӣ оиди муомилоти бонкии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ, суратҳисобҳо ва маблағҳо танҳо тибқи қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти бонкӣ сурат гирифта метавонад , .
Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад .
қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум хориҷ карда шуд .
БОБИ IV. ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
Моддаи 22. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Давлат набояд монеаи фаъолияти субъекти соҳибкорӣ шавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд чун шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу масъулияти баробар доранд.
Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкор бо роҳҳои зерин ҳимоя карда мешаванд:
- имконияти озодона анҷом додани ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ тибқи тартиби муайяншуда ба ғайр аз намудҳои фаъолияте, ки дар асоси иҷозатнома (литсензия) анҷом дода мешаванд;
- тартиби соддакардашудаи бақайдгирии субъекти соҳибкорӣ;
- бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳдуд кардани санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешаванд;
- шикоят кардан ба суд аз болои амал ё беамалии мансабдорони мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкориро халалдор мекунанд;
- танҳо бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар кардани номгӯи корҳое (хизматрасониҳое, молҳое), ки барои соҳибкорӣ манъ ё маҳдуд шудаанд;
- бо дигар воситаҳое, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ дорои ҳуқуқи дар мақомоти судӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти дигари давлатӣ ҳимоя кардани манфиату ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ мебошад.
Мақомоти ваколатдор дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки нисбати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ роҳ дода мешаванд, дар бораи тамоюли рушди соҳибкорӣ саривақт ба мақомоти дахлдор маълумот медиҳад, таҷрибаи фаъолияти сохторҳои соҳибкориро ҷамъбаст мекунад.
Мақомоти мазкур аз тарафи мақомоти нозир дар китоби cанҷишҳо дуруст қайд намудани санҷишҳои субъекти соҳибкориро назорат мекунад. Ҳангоми зарурат дар назди мақомоти дахлдор масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро мегузорад.
Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дахолат ба корҳои дохилии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ манъ мебошад.
Моддаи 23. Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат дар шахси мақомоти ваколатдор тибқи салоҳияти онҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилӣ-ҳуқуқӣ, молиявию қарздиҳӣ, моддию техникии соҳибкорӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба амал бароварда мешавад .
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:
- такмили базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои инкишофи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фароҳам овардани шартҳои имтиёзноке, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мешуморад;
- ташкил кардани шароити мусоиди андозбандӣ, гумрукӣ ва сармоягузорӣ;
- барқарор намудани тартиби соддакардашудаи андозбандӣ, бақайдгирии соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ё патент ба фаъолияти онҳо, сертификатсиякунонии маҳсулоти истеҳсол ва ё воридкардаи онҳо ва пешниҳоди ҳисоботи оморию муҳосибӣ;
- додани қитъаи замин ва амволи давлатӣ бо шарту тартиби соддакардашуда;
- дастгирии фаъолияти берунии иқтисодии соҳибкорӣ инчунин мусоидат ба пешрафти алоқаи тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, истеҳсолӣ ва иттилоотии онҳо бо давлатҳои хориҷӣ;
- мусоидат ба ташкили фондҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқӣ онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо, таъмини ҳисоботдиҳии онҳо ;
- мусоидат ба рушди соҳибкории инноватсионӣ, аз ҷумла тавассути муқаррар намудани низоми махсуси ташкилию ҳуқуқӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои технологӣ ;
- ҷорӣ намудани барномаҳои магистрии идоракунии соҳибкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади тайёр намудани соҳибкорони касбии дорои дониши муосири иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ;
- такмили донишу малакаи касбии субъектҳои соҳибкории хурд бо роҳи ташкили машварат ё курсҳои кӯтоҳмуддат дар соҳаҳои маориф, молия, омор ва андоз тибқи барномаҳои таълимии мақомоти ваколатдори давлатии дастгирии соҳибкорӣ ;
- фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди фарҳанги андозсупорӣ, таблиғи ғояҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони пешсаф ;
- дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муҳити соҳибкорӣ муайян намудани роҳҳои минбаъдаи инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакат .
Моддаи 24. Барномаҳои давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ дар он ҳаҷми маблағгузориҳои буҷетиро, ки барои амалигардонии барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ ҷудо карда мешаванд, алоҳида пешбинӣ мекунад.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутобиқи ҳаҷми маблағгузориҳои буҷетии ҷудокардашуда, чораҳои аниқ ва барномаҳои мақсадноки дастгирии соҳибкориро таҳия мекунанд .
Барномаҳои давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд ва онҳо бояд ба радифи барномаҳои давлатӣ бо назардошти ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, татбиқи сиёсати мухоҷират, ҳалли проблемаҳои экологӣ, инчунин барҳамдиҳии оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда дохил шаванд.
Моддаи 25. Суғуртаи давлатии субъекти соҳибкорӣ
Суғуртаи давлатии фаъолият ва амволи субъекти фаъолияти соҳибкорӣ тибқи тартиби муқаррнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 26. Дастгирии давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иттилоотӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва идораҳое, ки барои ташаккул ва истифодаи манбаъҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба субъекти фаъолияти соҳибкорӣ фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилоотй иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оморӣ, истеҳсолию техникӣ ва дигар иттилоотҳо дар асоси шартнома амал мекунанд.
Барои надодани иттилоотӣ дастраси умум аз манбаъҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 27. Дастгирии фаъолияти иқтисодии хориҷии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ
Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ чораҳоро барои васеъ намудани иштироки ҳама шаклҳои соҳибкорӣ дар муомилоти содиротию воридотӣ, намоишу ярмаркаҳои байналхалқӣ, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба амал мебароранд.
БОБИ V. Хориҷ карда шуд
Моддаи 28. Хориҷ карда шуд
Моддаи 29. Хориҷ карда шуд
БОБИ VI. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ МОНЕАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
Моддаи 30. Асосҳои умумӣ ва ҷавобгарӣ барои монеаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ
Амали мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори он, ки боиси имконнопазирии анҷомдиҳии фаъолияти озоди соҳибкорӣ, маҳдудияти ҳаҷми вай, паҳн намудани соҳаҳои шаклҳои алоҳидаи он ва дигар соҳаҳои соҳибкорӣ мешаванд, чунин мақомот ва шахсони мансабдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Тамоми зарарҳои дар натаҷаи монеаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкории субъекти хоҷагидорӣ расонидашуда, аз рӯи даъвои субъекти номбурда ба пуррагӣ, аз ҷумла даромадҳои гирифтанашуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешаванд.
Моддаи 31. Масъулият барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ
Дар ҳолати аз тарафи мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори он вайрон шудани тартиботи муқарраршудаи санҷиши соҳибкорӣ (дар мавридҳои набудани зарурати гирифтани ҳуҷҷатҳо, барӯйхатгирии арзишҳои моддӣ, боздоштани истеҳсолот, тартиб додани маълумотҳо ва баёнотҳои иловагӣ, пешниҳод намудани дархостҳои беасос ва дигар мавридҳо) ба ҳаҷми зарарҳое, ки бояд ҷуброн шаванд, маблағи подошпулиҳо ба кормандони корхона барои тайёр кардани маводи санҷиш, музди меҳнат барои вақти маҷбуран бозиcтодани истеҳсолот, фурсати мусоиди аз даст рафта, ки дар ин вақт субъекти хоҷагидор ҳангоми фуруши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) метавонист даромад ба даст орад, дохил шуда метавонанд.
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қoнуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Мавриди амал карор додани Қoнуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 46