×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 61 "Дар бораи хизмати дипломатӣ"

Санаи амалкуни: 21.11.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1173 аз эътибор соқит дониста шуд.    

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Ин Қонун асосҳои ҳуқуқи, тартиби ташкил ва фаъолияти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми хизмати дипломати

1. Хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намудҳои хизмати давлати буда, татбиқи фаъолияти сиёсати хориҷи, таъмину ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилали амали намуда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқи, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва усулҳои маъмули ҳуқуқи байналмилали асос меёбад.

2. Хизмати консулии Ҷyмҳyрии Тоҷикистон як қисми хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Оинномаи консули, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 2. Системаи мақомоти хизмати дипломати

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷyмҳypии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилали (намояндагиҳои хориҷи), намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорати корҳои хориҷи, ки дар қаламрави Ҷyмҳypии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани фаъолияти Вазорат таъсис дода шудаанд, системаи мақомоти хизмати дипломатиро ташкил медиҳанд.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали ҷори намуда, системаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари менамояд.

Моддаи 3. Вазифаҳои хизмати дипломати

Вазифаҳои асосии хизмати дипломати иборатанд аз:

- таҳия намудани пешниҳодҳо перомуни назарияи умуми ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Президенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш кардани онҳо;

- таҳия намудани пешниҳодҳо барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал ҷори намудани ташаббусҳои Президент;

- татбиқ намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумак расондан ба амали кардани сиёсати хориҷии иқтисоди;

- таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, бехатари, тамомияти арзи ва дахлнопазирии сарҳадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои сиёси, тиҷоратию иқтисоди ва монанди инҳо дар арсаи байналмилали тавассути воситаҳои дипломати;

- ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандону шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- амали намудани муносибатҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати бо мақсади таъмини пеш бурдани сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали;

- таҳлил кардани маҷмӯи проблемаҳои байналмилали, сиёсати хориҷию дохилии кишварҳои хориҷи, фаъолияти ташкилотҳои байналмилали;

- таъмин намудани мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилоот, ки барои татбиқи сиёсати хориҷию дохили зарур аст;

- иҷро намудани вазифаҳои дигар тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 4. Доираи фаъолияти хизмати дипломати

Тибқи вазифаҳои ба зиммаи хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда вай фаъолияти зеринро иҷро мекунад:

- муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали таъмин менамояд;

- пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои муносибат бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали таҳия мекунад ва онҳоро мувофиқи тартиботи муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мекунад;

- гузаронидани гуфтушунидҳо ва имзо намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали ташкил мекунад;

- таҳияи пешниҳодот оиди хулосаҳо, тасдиқ, иҷро, боздошт ва бекор кардани амали шартномаҳои байналмилали, инчунин ҳамроҳшави ба онҳо ва ворид намудани пешниҳодот ба баррасии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар таҳияи пешниҳодҳо оиди мутобиқсозии қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунад;

- дар коркарди сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дифоъ ва бехатарии он, вусъати равобити тиҷоратию иқтисоди ва молияви, табодули илмию техники, фарҳанги ва амсоли инҳо бо кишварҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали ширкат мекунад;

- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои байналмилали, конфронсҳо, форумҳо таъмин намуда, ба баланд шудани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилали дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонию минтақави мусоидат мекунад;

- манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилали дар соҳаи истифодаи оқилонаи муҳити зист, аз худ кардани заҳираҳои Уқёнуси ҷаҳони ва омӯзиши фазои кайҳон таъмин менамояд;

- дар табодули ҳайатҳои байнидавлати дар сатҳи баланду оли аз рӯи ташрифот ширкат намуда, назорати риоя намудани имтиёзоту масуниятҳои дипломатиро ҷори мекунад;

- барои барқарор кардани робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муносибатҳои хориҷии он кӯмак мерасонад;

- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он кори консулиро ташкил медиҳад;

- ба инкишофи ҳамкориҳо бо ҳамватаноне, ки дар хориҷ зиндаги мекунанд, кӯмак мерасонад;

- фаъолияти системаи ягонаи давлатии бақайдгири, ҳисоб ва нигоҳ доштани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;

- ба фаъолияти намояндагиҳои дипломати ва консулии хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда, дар доираи салоҳиятҳои худ назорати фаъолияти муассисаҳои ба онҳо хизматкунандаро назорат менамояд;

- бо роҳҳои дипломати кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмин кардани сулҳи байналмилали, амнияти минтақавию умумиҷаҳони татбиқ мекунад;

- ба паҳн кардани иттилоот дар бораи сиёсати хориҷию дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи он, ҳаёти иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангию маънавии кишвар мусоидат мекунад;

- дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷи, намояндагиҳои хориҷии он, намояндагиҳои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои тобеи онро бо мутахассисон таъмин мекунад, тайёр ва такмили дониши кадрҳои хизмати дипломати ва баланд бардоштани тахассуси онҳоро ташкил мекунад;

- бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъияти оид ба масъалаҳои дар салоҳияти худ буда ҳамкори мекунад;

- ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма дар хусуси вазъи байналмилали ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад;

- фаъолияти алоқаи мустақили дипломатию номарасониро таъмин карда, шабақаи хусусии телекоммуникатсионии худро истифода мебарад, инчунин мувофиқи тартиботи муқарраргардида маводро ба табъ мерасонад;

- ташкили системаи бехатарии мақомот ва муассисаҳои худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таъмин мекунад;

- корҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон пешбини шудаанд, иҷро мекунад.

БОБИ 2. СОХТОРИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 5. Ташкили хизмати дипломати

1. Ташкил кардани хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъсис додани системаи ягонаи хизмати дипломати ба амал бароварда мешавад.

2. Таъсис додани Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ кардани сохторҳои Вазорат ва намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ ва сохтори намояндагиҳои дипломати ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷyмҳyрии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 6. Ташкили фаъолияти хизмати дипломати

Ташкили фаъолияти хизмати дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷyмҳypии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 7. Маблағгузори ва таъмини моддию техникии хизмати дипломати

1. Маблағгузори ва таъмини моддию хоҷагии фаъолияти мақомоти хизмати дипломати мувофиқи тартиботе, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, аз ҳисоби буҷети давлати ба вуҷуд оварда мешавад.

2. Тартиби соҳиби кардан, истифода бурдан ва дар ихтиёри худ доштани амволи ғайриманқулу дигар молҳо дар қаламрави ҷумҳури ва хориҷа бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 8. Ташкили алоқа ва бойгони дар системаи хизмати дипломати

1. Хизмати дипломати дар фаъолияти худ шабақаи мустақили телекоммуникатсия ва хадамоти шахсии номарасонии худро истифода мебарад.

2. Бо мақсади нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва маводи барои иҷрои вазифаҳо ва пешбурди фаъолияти хизмати дипломати зарур бойгонии хизмати дипломати ташкил карда мешавад. Дар бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

БОБИ 3. КАДРҲОИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 9. Ҳайати кадрҳои хизмати дипломати

Ба ҳайати кадрҳои хизмати дипломатии Ҷyмҳypии Тоҷикистон кормандони зерин дохил мешаванд:

- кормандоне, ки ба таври доими вазифаҳои расмии дипломатиро ишғол намудаанд;

- кормандоне, ки ба таври доими вазифаҳои расмии маъмурию техникиро ишғол кардаанд;

- кормандоне, ки барои кор ба ташкилотҳои байналмилали ва ё барои таҳсил дар донишгоҳҳои оли, аспирантура ва докторантура аз тарафи Вазорати корҳои хориҷи равон карда шудаанд;

- кормандони мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансабҳои бо иҷрои вазифаҳою фаъолиятҳои хизмати дипломати алоқадоштаро ишғол намудаанд;

- кормандони хизмати дипломати, ки барои кор ба дигар мақомоти давлати, муассисаҳою ташкилотҳо, инчунин ба муассисаҳои илмию таълимии оли гузаронида шудаанд.

Моддаи 10. Кормандони хизмати дипломати ва вазифаҳои дипломати

1. Кормандони хизмати дипломати (кормандони дипломати) шахсоне мебошанд, ки дар мақомоти хизмати дипломати соҳиби мансабҳои дипломати мебошанд.

Шахсоне, ки хизматрасонии техникиро иҷро мекунанд ва фаъолияти хизмати дипломатиро таъмин мекунанд, ба кормандони хизмати дипломати тааллуқ надоранд.

2. Номгӯи мансабҳо ва теъдоди кормандони мақомоти хизмати дипломати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузори ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Барои кормандони хизмати дипломати, ки дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали кор мекунанд, мансабҳои зерин муқаррар карда мешавад:

а) Сафири фавқулодда ва мухтор, Намояндаи доими дар назди ташкилоти байналмилали;

б) Консули генерали;

в) Мушовир-фиристода (муовини Сафири фавқулодда ва мухтор ва ё Намояндаи доими дар назди ташкилоти байналмилали);

г) Мушовир;

д) Консул;

е) Котиби якум;

ё) Ноиби консул;

ж) Вакили консули;

з) Котиби дуюм;

и) Котиби сеюм;

к) Атташе (вобаста).

БОБИ 4. АДОИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 11. Таъйинкуни ба вазифаҳои дипломати

1. Ба вазифаҳои дипломати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти оли ва қобилияти зарури барои кор дар хизмати дипломатиро доранд, таъйин карда мешаванд.

2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷиро бо фармон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад, ки он дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

3. Сафирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин гардида, аз вазифа озод карда мешаванд.

4. Муовинҳои Вазири корҳои хориҷи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин карда мешаванд ва аз мансаб озод карда мешаванд.

5. Таъйин намудан ба дигар вазифаҳо ва озод кардан аз дигар вазифаҳои хизмати дипломати аз ҷониби Вазири корҳои хориҷи сурат мегирад.

6. Корманди хизмати дипломати баъди кор дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба вазифае таъйин карда мешавад, ки он баробари вазифаи ишғолнамудаи ӯ дар хориҷа мебошад, ба шарте, ки агар ӯ мавриди ҷазои интизоми, ки дар моддаи 25 Қонуни мазкур пешбини карда шудааст, қарор нагирифта бошад.

Моддаи 12. Тағйири вазифаҳо ва таъйинкунии кормандони хизмати дипломати ба вазифаҳо

1. Ба вазифаи дигар гузаронидани кормандони хизмати дипломати мутобиқи зарурати хизмати, бо дарназардошти дараҷаи ихтисос, тайёрии касби, принсипҳои ротатсия ва тахассуси кадрҳо ба амал бароварда мешавад.

Ба вазифаҳои ҳоли таъйин кардани кормандон мувофиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Дар давраи кор дар муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст танҳо як маротиба вазифаи корманди хизмати дипломатиро баланд бардошт, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар муддати истиқомати ӯ дар хориҷа аз рӯи зарурати хизмати дароз карда шавад.

Кормандони хурди дипломати (атташеҳо, котибони сеюм)-ро ҳангоми кор дар муассисаҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст то мансаби котиби дуюм баланд бардошт.

Моддаи 13. Ротатсияи кормандони хизмати дипломати

1. Дар системаи хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ротатсияи кормандони хизмати дипломати амал мекунад. Дар доираи ротатсия кормандони хизмати дипломати бо назардошти тайёрии касби ва тахассусашон ба намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷа ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали ба кор фиристода мешаванд, инчунин онҳо ҳам дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар намояндагиҳои он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

2. Муддати кори кормандони хизмати дипломати дар сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷи ва кори онҳо дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на бештар аз ду солро ташкил диҳад.

3. Муддати кори муттасили кормандони хизмати дипломати дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали набояд аз се сол зиёд бошад.

Аз рӯи зарурати хизмати ва бо ризоияти корманди хизмати дипломати муддати мазкур мумкин аст аз ҷониби Вазири корҳои хориҷи як бор ва ба муддати то як сол дароз карда шавад.

4. Муддати кори муттасили шахсони ба вазифаи дипломати мутобиқи банди 3 моддаи 11 Қонуни мазкур таъйингардида дар намояндагиҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5. Татбиқи ҷазои интизоми нисбати кормандони хизмати дипломати тибқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 14. Маҳдудияти хизмати якҷояи хешовандон дар хизмати дипломати

Дар сохтори хизмати дипломати ба шахсоне, ки бо якдигар хешони наздик ҳисоб меёбанд (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, фарзандхондаҳо, инчунин бародарон, хоҳарон, падару модар ва фарзандони зан ва ё шавҳар), иҷозати кор кардан дода намешавад, агар кори онҳо бо тобеияти бевосита ва ё таҳти назорати якдигар алоқа дошта бошад.

Моддаи 15. Аттестатсияи хизмати

1. Кормандони хизмати дипломати дар муддати се сол як маротиба аз аттестатсияи хизмати мегузаранд.

2. Тартиби гузаронидани аттестатсияи хизмати аз рӯи Низомнома дар бораи аттестатсияи кормандони хизмати дипломати, ки аз тарафи Вазири корҳои хориҷи тасдиқ карда мешавад, муқаррар мешавад.

Моддаи 16. Бозхонди кормандони хизмати дипломати

1. Кормандони хизмати дипломати, ки дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали кор мекунанд, ҳангоми содир намудани кирдорҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё кишвари муқим барои онҳо ҷавобгари муқаррар намудааст, ҳамчунин дар ҳолатҳои содир намудани кормандон ва ё аъзои оилаи онҳо рафторҳои ношоям ё амалҳое, ки ҳангоми иҷрои минбаъдаи ваколатҳои хизмати мумкин аст ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, онҳо метавонанд пеш аз мӯҳлат ба Ҷyмҳypии Тоҷикистон бозхонда шаванд.

2. Қисми аввали моддаи мазкур кормандонро аз зумраи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад, ки дар ҳайати маъмурию техники ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали вазифа доранд.

Моддаи 17. Тайёрии касби ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони хизмати дипломати

1. Кормандони хизмати дипломати бо ризоияташон метавонанд ба таври муваққат ба муассисаҳои олии таълими, муассисаҳои илмии Ҷyмҳypии Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳо барои тайёрии касби ва таҷрибаомӯзи, баррасии илмии проблемаҳои муҳимми байналмилали фиристода шаванд.

2. Бо ба итмом расидани давраи таҷрибаомӯзи ва ё сафари маъмурии илми корманди хизмати дипломати ба вазифае таъйин мешавад, ки аз вазифаи собиқи ӯ то давраи фиристоданаш ба муассисаҳои таълимию илми пасттар нест.

БОБИ 5. РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 18. Номгӯи рутбаҳои дипломати

Бо назардошти вазифа ва дараҷаи ихтисос ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои зерини дипломати дода мешавад:

а) Атташе (вобаста);

б) Котиби сеюм;

в) Котиби дуюм;

г) Котиби якум;

д) Мушовири дараҷаи II;

е) Мушовири дараҷаи I;

ё) Фиристодаи фавқулодда ва мухтори дараҷаи II;

ж) Фиристодаи фавқулодда ва мухтори дараҷаи I;

з) Сафири фавқулодда ва мухтор.

Моддаи 19. Тартиби додани рутбаҳои дипломати

1. Рутбаҳои дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи I ва II бо пешниҳоди Вазири корҳои хориҷ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Рутбаҳои дигари дипломати аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷyмҳypии Тоҷикистон дода мешаванд.

2. Рутбаи дипломатии корманд, чун қоида, ба вазифаи ишғолнамудаи корманд дар хизмати дипломати бояд мувофиқ бошад ва ё бояд бо назардошти савияи ихтисос ва тайёрии касбии корманд як дараҷа баланд ва ё паст бошад.

Кормандони хизмати дипломатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷи ва кормандоне, ки рутбаҳои дипломатии Сафири Фавқуллода ва Мухтор, Фиристодаи Фавқуллода ва Мухтори дараҷаи I ва II доранд ва ба сохторҳои давлати гузаронида шудаанд, изофапули барои рутбаи дипломати дар ҳаҷми 30 фоизи маоши вазифави аз рӯи мансаби ишғолнамудаашон мегиранд.

Кормандони хизмати дипломатии намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали изофапули барои рутбаи дипломати дар ҳаҷми 15 фоизи аз моҳона тибқи вазифа мегиранд.

3. Рутбаи дипломати дар шаҳодатномаи хизмати ва дафтарчаи меҳнати қайд карда мешавад.

Моддаи 20. Муддати додани рутбаҳои дипломати

1. Барои кормандони хизмати дипломати муддатҳои зерини қарор гирифтан дар рутбаҳои дипломати муқаррар гардидааст:

а) барои атташе (вобаста), котиби сеюм, котиби дуюм - ду сол;

б) барои котиби якум, мушовири дараҷаи II - се сол.

Муддати қарор гирифтан дар рутбаҳои дипломати аз мушовири дараҷаи I боло муқаррар карда намешавад.

2. Ба муддати дар рутбаҳои дипломати қарор гирифтани кормандони хизмати дипломати дохил карда мешаванд:

а) хизмат дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷи ва муассисаҳои тобеи он;

б) хизмат дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷyмҳypии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали;

в) хизмат дар намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) хизмат дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иҷрои вазифаҳо ва фаъолиятҳои хизмати дипломати алоқа доранд;

д) хизмат дар вазоратҳои корҳои хориҷии собиқ ИҶШС ва ҷумҳуриҳои шурави;

е) хизмат дар ташкилотҳои байналмилали, агар корманд ба ҳайати кадрҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шавад;

ё) фаъолияти илмию таълими дар муассисаҳои олии таълими ва илмии Вазорати корҳои хориҷи;

ж) баланд бардоштани дараҷаи тахассус дар муассисаҳои таълимию илми бо роҳҳати Вазорати корҳои хориҷи;

з) таҳсили кормандон дар муассисаҳои олии таълими, аспирантура, докторантура ва муассисаҳои илми, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷи ба таври муваққат равон карда шудаанд.

Моддаи 21. Пеш аз мӯҳлат додани рутбаи дипломати, паст кардан, маҳрум сохтан аз рутбаи дипломати

1. Дар баъзе ҳолатҳо, ҳангоми ба даст овардани муваффақиятҳои шоён дар кор ва ё хизматҳои махсус рутбаҳои кормандони хизмати дипломати мумкин аст пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати дар банди 1 моддаи 20 Қонуни мазкур муқарраргардида (пеш аз мӯҳлат додани рутба) ва ё бидуни риоя намудани навбат (ба таври ғайринавбати додани рутба) баланд бардошта шавад.

2. Дар ҳолати аз ҷониби кормандони хизмати дипломати, инчунин ашхоси аз Вазорати корҳои хориҷи озодгардида содир намудани амалҳое, ки барои онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари муқим ҷавобгариро пешбини намудаанд, рутбаи дипломатии онҳо мумкин аст паст карда шавад.

3. Рутбаҳои дипломати умрбод дода мешаванд. Аз рутбаи дипломати маҳрум намудани кормандони хизмати дипломати танҳо бо ҳукми суд барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин сурат гирифта метавонад.

БОБИ 6. ҲУҚУҚҲО, ӯҲДАДОРИҲО, ҲАВАСМАНДКУНӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои кормандони хизмати дипломати

1. Вобаста ба иҷрои ваколатҳои худ кормандони хизмати дипломати ҳуқуқ доранд:

а) аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки аз ҷониби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, истифода баранд;

б) дар барраси ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои вазифаҳо ва фаъолияти хизмати дипломати алоқа доранд, иштирок кунанд;

в) тибқи тартиботи муқарраргардида иттилоот, хуҷҷатҳо ва маводро, ки барои иҷрои вазифаҳои хизмати заруранд, дарёфт намоянд;

г) ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба инкишофи минбаъда ва такмили фаъолияти мақомоти хизмати дипломати таклифҳо пешниҳод намоянд;

д) ба пешрави дар хизмати дипломати бо назардошти сатҳи маълумот, тайёрии касби ва тахассуси;

е) ба такмил ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси худ, аз ҷумла рафтан ба сафарҳои хизмати ба хориҷи кишвар;

ё) дигар ҳуқуқҳоро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, истифода намоянд.

2. Кормандони хизмати дипломати ҳақ надоранд, ки:

а) бо дигар фаъолиятҳои пардохтшаванда машғул шаванд, ба ғайр аз фаъолияти омӯзгори, илми ва эҷоди;

б) ба фаъолияти соҳибкори шахсан ва ё тавассути ашхоси боваринок бипардозанд;

в) бе иҷозати роҳбарият мукофотҳо, рутбаҳои фахри ва ё махсуси кишварҳои хориҷи, созмонҳои байналмилалию хориҷиро қабул намоянд.

3. Кормандони хизмати дипломати дар давраи кор дар хориҷа ҳуқуқ доранд аз имтиёзот ва масуниятҳо, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали барои кормандони хизмати дипломати муқаррар гардидаанд, истифода баранд.

Моддаи 23. ӯҳдадориҳои кормандони хизмати дипломати

1. Ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ кормандони хизмати дипломати ӯҳдадоранд:

а) Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд;

б) риоя ва ҳифзи ҳуқуҳою манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва шахсони юридикиро дар соҳаи муносибатҳои байналмилали таъмин намоянд;

в) ҳифзи моликияти давлатиро ҳам дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи он таъмин кунанд;

г) вазифаҳо ва фаъолиятҳоеро, ки ба зиммаи онҳо вогузошта шудааст, софдилона иҷро намуда, ба таври сазовор Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо дигар кишварҳою ташкилотҳои байналмилали муаррифи намоянд;

д) фармонҳою супоришҳои роҳбарони мақомоти хизмати дипломатиро, ки дар доираи салоҳиятҳои онҳо содир шудаанд, иҷро намоянд;

е) интизоми меҳнати, инчунин меъёрҳои этикаи дипломатиро риоя кунанд;

ё) дараҷаи касбию ихтисосии худро баланд бардоранд;

ж) ӯҳдадориҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудаанд, иҷро намоянд.

2. Кормандони хизмати дипломати дар давраи кор дар хориҷа ӯҳдадоранд, ки қонунҳо, қоидаҳо, анъанаҳо ва одатҳои кишвари муқимро эҳтиром кунанд.

Моддаи 24. Ҳавасмандкунии кормандони хизмати дипломати

1. Барои кормандони хизмати дипломати намудҳои зерини ҳавасмандкуни муқаррар карда шудаанд:

а) баланд бардоштани вазифа;

б) пеш аз мӯҳлат додани рутбаи дипломати;

в) додани рутбаи дипломати;

г) мукофотҳои пули;

д) мукофотонидан бо ҳадяҳои арзишнок.

Кормандони хизмати дипломатиро инчунин бо мукофотҳои дигар, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи пешбини кардаанд, ҳавасманд намудан мумкин аст.

2. Барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони хизмати дипломати метавонанд ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари карда шаванд.

Моддаи 25. Ҷавобгарии кормандони хизмати дипломати

1. Кормандони хизмати дипломати дар ҳолати вайрон кардани ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

2. Нисбати кормандони хизмати дипломати чунин ҷазоҳои интизоми татбиқ карда мешаванд:

а) танбеҳ;

б) огоҳсози дар бораи ба хизмат мувофиқ набудан;

в) ба муддати як сол таъхир андохтани додани рутбаи навбатии дипломати ва ё таъйин намудан ба вазифаи баландтар;

г) паст кардани вазифа ва ё рутбаи дипломати;

д) аз хизмат озод кардан.

3. Барои содир намудани амале, ки дар худ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии дигар дорад, ҷавобгарии интизоми муқаррар намудан мумкин нест.

БОБИ 7. КАФОЛАТҲО ВА ҶУБРОНКУНӢ, ТАЪМИНИ МОДДИЮ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 26. Кафолатҳо ва ҷуброни кормандони хизмати дипломати дар аснои кор дар хориҷа

1. Бо назардошти мушкилоти адои хизмат ва хатарҳои алоқаманд ба он, инчунин хусусиятҳои хоси кишвари хориҷи ба кормандони хизмати дипломати ва аъзои оилаи онҳо таъминоти моддию иҷтимои фароҳам оварда мешавад.

Истиқомат кардан дар хориҷа ба кормандони хизмати дипломати ва аъзои оилаҳои онҳо набояд ягон зараре расонад.

2. Кормандони хизмати дипломати ва аъзои оилаи онҳо бо хизматрасонии тиббии муносиб таъмин карда мешаванд.

3. Корманди хизмати дипломати, ки дар муассисаҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали кор мекунад ва аъзои оилаи он, ки ҳамроҳаш зиндаги мекунанд, ба пардохти хароҷоти сафар ба ҳарду тараф, ки бо рафтани корманди хизмати дипломати ва аъзои оилаи он ба кишвари муайяншуда алоқа дорад, ҳуқуқ доранд. Вай инчунин ба рухсатии ҳарсолаи асоси ва иловагии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда ва рухсатии бепул ҳуқуқ дорад.

4. Ҳангоми омадани корманди хизмати дипломати ба ҷои хизмат ба ӯ пули харҷи роҳ дар ҳаҷми як маоши вазифави, ки барои корманди хизмати дипломати муқаррар гардидааст, дода мешавад.

5. Корманди хизмати дипломати дар хориҷа бояд бо назардошти аъзои оилаи он, ки ҳамроҳаш зиндаги мекунанд, мавқеи мансаби ишғолнамудаи он ва вазъи маҳалли бо манзили истиқоматии хизмати таъмин карда шавад.

6. Дар ҳолати низоҳои мусаллаҳона ё дохили ва ё дар холатҳои таҳдид ба амнияти намояндагиҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали ва ҳайати кормандони онҳо, хамчунин дар ҳолатҳои офатҳои табии ва дигар вазъиятҳо дар мавқеи воқеъгардидаи муассисаҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилали, Вазорати корҳои хориҷи чораҳои заруриро барои таъмини бехатари, ҳимояи кормандони хизмати дипломати ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта меандешад.

Зараре, ки ба корманди хизмати дипломати ва ё аъзои оилаи он дар вақти истиқоматашон дар хориҷа, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ва ё дигар иқдомоти бо ин алоқаманд расонида шудааст, бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.

7. Муқаррароти моддаи мазкур ҳамчунин коргарони хизмати дипломати ва ашхосеро, ки хизматрасонии техникии мақомоти хизмати дипломатиро ба ҷо меоранду ба ҳайати кормандони хизмати дипломати тааллуқ надоранд, дар бар мегирад.

Моддаи 27. Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломати

Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломати мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 28. Музди меҳнати кормандони хизмати дипломати

1. Музди меҳнати кормандони хизмати дипломати, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонида мешавад.

2. Музди меҳнати кормандони хизмати дипломати ва ашхосе, ки хизматрасонии техники ва фаъолияти мақомоти хизмати дипломатиро дар хориҷа таъмин мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба эътибор гирифтани шароити иҷтимоию иқтисоди ва моддию маишии кишвари муқим муайян карда мешавад.

3. Кормандони хизмати дипломати мувофиқи банди 2 моддаи 19 Қонуни мазкур изофапули барои рутбаи дипломати, инчунин маблағ дар ҳаҷми 20 фоизи маоши вазифави барои донистани забонҳои хориҷи мегиранд.

4. Ба кормандони хизмати дипломати маблағ барои дарёфт намудани либосу анҷом дода мешавад. Миқдор ва даврияти додани маблағ барои либосу анҷом аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 29. Таъминкуни бо нафақа ва ҳимояи иҷтимоии кормандони хизмати дипломати

Таъминкуни бо нафақа ва ҳимояи иҷтимоии кормандони хизмати дипломати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

БОБИ 8. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 30. Кать гардидани муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломати

1. Барои катъ гардидани хизмати дипломати инҳо асос шуда метавонанд:

а) аризаи хатти оиди бо хоҳиши худ аз кор рафтан;

б) расидани корманди хизмати дипломати ба синни ниҳоии барои хизмати дипломати муайяншуда, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

в) ба таври ошкоро пешкаш кардани маълумоти дуруғ аз ҷониби корманди хизмати дипломати дар хусуси даромадҳою амволи худ;

г) маҳрумшави аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) асосҳои дигар, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудаанд.

2. Озод кардани корманди хизмати дипломати аз ҷониби шахси ваколатдор, ки ҳуқуқи таъйин намудан ба вазифаи дипломатиро дорад, ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 31. Мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 61