ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 12, мод. 827)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1574, аз 17.12.2025 № 2218)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кормандони хизмати дипломатӣ - хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти хизмати дипломатӣ мансабҳои дипломатӣро ишғол менамоянд;
- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд - кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- коркунони техникии хизмати дипломатӣ - шахсоне, ки мансабҳои маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд;
- ҳайати хизмати дипломатӣ - кормандон ва коркунони техникии хизмати дипломатӣ;
- аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ - ҳамсар, фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандоне, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ маъюб шудаанд;
...