×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 77 "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 18.06.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 723 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308, аз 18.06.2008 № 395)

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлати, тартиб додани системаи буҷету гурӯҳбандии он, ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои марказонидашудаи маблағҳои пулиро муайян намуда, муносибатҳои молиявию байнибуҷетиро танзим мекунад. Қонун ҳамчунин нақши мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар иштирокчиёни просеси буҷетро дар бобати таҳия, баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, тасдиқ, назорати иҷрои онҳо ва ҷавобгариро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлати муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 2. Мафҳумҳо ва истилоҳоти асоси, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳо ва истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:

молияи давлати - маҷмӯи муносибатҳои пулии вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи захираи маблағҳои пули, ки тавассути буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли ва фондҳои мақсадноки давлати ҷамъ карда мешавад ва аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

буҷети давлати - захираи асосии маблағҳои пули мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъовари, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пули тартиб гардида, дар шакли қонун қабул ва амали карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташударо иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани хароҷоти ҷори беподошу бебозгашт дода мешаванд;

мусоидати молияви (субвенсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқи беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти муайяни мақсаднок дода мешаванд;

кӯмаки молияви (субсидия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, мутобиқи шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

фондҳои мақсадноки давлати - фонди маблағҳои пулие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо ё бо роҳи ҷудо кардани маблағ аз намудҳои мушаххаси даромад барои амали гардонидани ин ё он мақсад истифода мешавад, ташкил меебад;

қарзгири - маблағҳое, ки мутобиқи шартнома гирифта ба ҳамон андоза ва бо фоиз ё бе фоиз аз истифодаи он баргардонида мешаванд ва ё маблағҳое, ки аз рӯи онҳо ба қарздиҳанда фоиз дода мешавад ё дигар пардохти ба қарзгири мансуб анҷом мегирад;

ӯҳдадории буҷети - мутобиқи қонун (қарор) дар бораи буҷет ва феҳристи ҷамъбастии буҷет дар давоми мӯҳлати муқаррар гардида иҷро намудани ӯҳдадори оиди хароҷоти маблағи буҷети дахлдор, ки мақомоти иҷрокунандаи буҷет қабул кардааст;

грантҳо - маблағҳое, ки аз ҷониби мақомоти идоракунии давлати ё мақомоти идоракунии давлатии кишварҳои хориҷи ва ё аз ташкилотҳои байналмилалии молияви беподош ва бидуни қабул кардани ӯҳдадори оиди ҷуброни онҳо барои дастгирии самти алоҳидаи сиёсати иқтисоди дода мешаванд:

сармоягузори (инвеститсия) - маблағҳое, ки барои сохтмон, хариди воситаҳои асоси ва қоғазҳои қиматнок, пурра кардани захираи молҳо истифода мешаванд;

интиқоли маблағ (трансфертҳо) - маблағҳои буҷети, ки барои маблағгузории пардохтҳои ҷорию асосии аҳоли дар шакли нафақа, стипендия, ёрдампули, ҷубронпули ва дигар пардохтҳои иҷтимои, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин маблағҷудокуни барои пардохти хароҷоти корхонаҳо, ташкилотҳои хусусии ғайритиҷорати, ки ба аҳоли, мақомоти идораи давлати хизмат мерасонанд ва дар бобати маблағҳои мазкур ҳеҷ гуна ӯҳдадори оиди пардохт пеш намеояд;

ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлати - хизмати давлати, ки ба шаҳрвандон беподошу бебозгашт бо роҳи маблағгузори аз сатҳҳои мухталифи системаи буҷетии Чyмҷypии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлати ба андозаи ҳадди ақали имконпазиру муайян дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад ва ба он давлат кафолат медиҳад;

ҳадди ақали таъминоти буҷети - арзиши ҳадди ақали имконпазири хизмати давлати ва ҳокимияти маҳалли, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлати ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоби ҳар сари аҳоли аз маблағҳои буҷети дахлдор дастрас мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

просеси буҷет - фаъолияти мақомоти иҷроияи давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни просеси буҷет оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлати, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои ҳуқуқи ба тартиб дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ - барномаи сесолаи даромадҳо ва хароҷоти давлатӣ мебошад, ки бо он даромадҳои андозию ғайриандозӣ ва грантии буҷети давлатӣ, даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ бо хароҷоти муттаҳидшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобиқи фаслу категорияҳои гурӯҳбандии иқтисодӣ, секторҳои гурӯҳбандии функсионалӣ ва ихтиёрдорӣ асосии маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ якҷоя карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

аудити дохилӣ дар соҳаи молиёти давлатӣ - ин фаъолияти воҳидҳои аудити муассисаҳои буҷетӣ оид ба тадқиқи идоракунии сарфакорона ва самарабахши молиявӣ ва риояи қонунгузории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

ихтиёрдори асосӣ - мақомоти ҳокимият ва идораи давлатиест, ки маблағҳои буҷети давлатиро ихтиёрдорӣ карда, дар байни ташкилотҳои тобеъи худ тақсим мекунад. Ихтиёрдори асосӣ ҳамчунин ташкилоти муҳими буҷетии соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

ихтиёрдор - мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва ё ташкилоти буҷетӣ, ки маблағҳои буҷетиро аз ихтиёрдори асосӣ мегирад ва ҳуқуқи тақсим ва назорати истифодаи маблағҳои буҷетиро ба ташкилотҳои тобеъи худ дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви, Қонун дар бораи назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ II. СИСТЕМАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 4. Системаи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи молияи давлати соҳаи муайяни муносибатҳои молияви аст, ки дар просеси он маблағҳои пули ташкил ва истифода бурда мешаванд. Системаи молияи давлати ҳамчунин шаклу усулҳои ташаккул, тақсим ва истифодаи маблағҳои пулии давлатиро муайян мекунад.

Системаи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муносибатҳои молиявии зерин иборат мебошад:

- системаи буҷети давлати;

- қарзи давлати;

- фондҳои мақсадноки давлати;

Моддаи 5. Сохтори системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷетҳои сатҳҳои зерин иборат мебошад:

- сатҳи якум - буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати;

- сатҳи дуюм - буҷетҳои маҳалли.

Ба буҷетҳои маҳалли буҷетҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилояти, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурияви ва ҷамоатҳо мансуб мебошанд.

Моддаи 6. Шаклҳои ҳуқуқии буҷетҳо

Буҷети давлати дар шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви барраси карда, тасдиқ менамояд.

Буҷетҳои маҳалли дар шакли санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва қабул мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Дар сурате, ки Қонуни мазкур танзими муносибатҳои муайянро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви вогузошта бошад, пас нисбати ҳокимияти маҳалли муносибатҳои дахлдор дар асоси санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди буҷетҳои маҳалли ба низом дароварда мешаванд мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 7. Буҷети солона

Буҷети солона барои як соли молияви тартиб дода мешавад. Вай ба соли тақвими (календари) мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад.

Моддаи 8. Принсипҳои системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ягонагии системаи буҷети давлати;

- тафриқаи даромаду хароҷот байни сатҳҳои системаи буҷет;

- инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷетҳо;

- баробарии (мувозинати) буҷетҳо;

- истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷети;

- пардохти пурраи хароҷоти буҷетҳо;

- ошкоро будани буҷетҳо;

- эътиборнокии буҷетҳо;

- таъиноту мақсаднокии муайяни маблағҳои буҷети.

Моддаи 9. Гурӯҳбандии буҷетҳо

Гурӯҳбандии буҷетҳо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани даромаду хароҷот, манбаъҳои маблағгузории касри буҷетҳо мебошад, ки барои тартиб додану иҷрои онҳо истифода бурда мешавад ва қиёспазирии нишондиҳандаҳои буҷетҳои сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Низом ва тартиби гурӯҳбандии буҷетии даромаду хароҷоти давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад.

БОБИ III. ДАРОМАДҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 10. Даромадҳои буҷети ҷумҳурияви

Даромадҳои буҷети ҷумҳурияви аз даромадҳои андозу ғайриандоз, инчунин аз воридоти маблағҳои беподош иборат мебошанд.

Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:

- андозҳои умумидавлати ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, ки феҳристу меъёри онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Таносуби тақсими андозҳои мазкур дар байни буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви муқаррар мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:

- даромад аз хизмати пулаки, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати ва ташкилотҳои буҷетии тобеи мақомоти мазкур расонида мешавад;

- фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон тибқи меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- даромад аз фурӯши захираву пасандозҳои давлати, фоизи сармоягузории давлати, суди (дивиденди) саҳмия аз дороии молияви;

- воридоти маблағи бо тартиби ҷазоҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба фоидаи давлат ситонидашаванда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ҳамчунин ба даромади буҷети ҷумҳурияви аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷети тааллуқ доранд:

- грантҳо ва дигар маблағҳои беподош, ки аз шахсони воқеи, ҳуқуқи, ташкилотҳои байналмилали, ҳукуматҳои кишварҳои хориҷи ворид мешаванд;

- маблағе, ки дар натичаи ҳисоббаробаркунии байни буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли ба вуҷуд меояд;

- маблағҳое, ки аз истифода ва фурӯши амвол ворид мешаванд, ҳамчунин қарзгирии давлатии дохили ва беруни, ки дар буҷети ҷумҳурияви берун аз даромад ҳамчун манбаи маблағгузории қасри буҷет истифода мешаванд.

Моддаи 11. Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлати

Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлати аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташкил меёбанд:

- андозу боҷҳои махсуси мақсаднок ва ҳатми, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- маблағҳои ихтиёран супурдаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

- маблағҳои буҷети давлати;

- фоида аз фаъолияти соҳибкори, ки фонди дахлдор ҳамчун шахси ҳуқуқи амали мегардонад;

- даромадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлати дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви алоҳида, аз рӯи меъёрҳои муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ҷамъовари ва назорати пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети фондҳои мақсадноки давлати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308).

Моддаи 12. Даромадҳои буҷетҳои маҳалли

Даромадҳои буҷетҳои маҳалли аз даромадҳои андозу ғайриандоз, инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошанд.

Ба даромадҳo аз андоз дохил мешаванд:

- андозҳои маҳалли ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети маҳаллӣ, ки феҳристи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда барои буҷетҳои маҳалли мувофиқи тартибе, ки Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви муқаррар кардааст, ҷудо карда мешавад;

- боҷи давлати, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви ба буҷети ҷумҳурияви ворид карда мешавад.

Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:

- даромад аз буҷети ҷумҳурияви, ки дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), қарзи буҷети ё дар шакли дигар ба буҷети маҳалли ворид мешавад;

- даромад аз хизмати пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои идории буҷети мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- воридоти маблағ аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла ҷаримаҳо, пеня ва фоизҳо барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, барқарор намудани зарари дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ расонидашуда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

БОБИ IV. ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 13. Асос ва принсипҳои ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ягонаи сохт, шакл ва роҳу воситаҳои фаъолият, меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлати ва таъминоти буҷети, хароҷоти маблағ барои хизматрасонии давлати, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, асос меебад.

Моддаи 14. Хароҷоти ҷори ва асосии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти иқтисоди ба хароҷоти ҷори ва хароҷоти асоси тақсим мешавад.

Хароҷоти ҷори - кисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъолияти ҷории мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фондҳои мақсадноки буҷети муқаррар гардида барои дастгирии сатҳҳои дигари системаи буҷети давлати, соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот бо тариқи росонидани кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), кӯмаки молияви(субсидия) истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ба хароҷоти ҷори инчунин хароҷоте, ки мувофиқи гурӯҳбандии буҷетҳо ба хароҷоти асоси дохил нашудааст, мансуб мебошад.

Хароҷоти асоси - кисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъолияти маблағгузории навовари (инноватсиони) муқаррар гардидааст. Ба хароҷоти асоси дохил мешаванд:

- хароҷоте, ки тибқи барномаҳои сармоягузории тасдиқшуда барои маблағгузории шахсони ҳуқуқии амалкунанда ё нав таъсисёфта таъин шудааст;

- маблағҳое, ки ҳамчун кредити буҷети барои маблағгузори ба шахсони ҳуқуқи дода мешаванд;

- хароҷоте, ки ба таъмири асоси ва хариди воситаҳои асоси вобаста мебошад;

- хароҷоте, ки иҷрои он ба афзоиши амволи мутаносибан ба моликияти ҷумҳурияви ва коммунали мансуб буда, оварда мерасонад;

- хароҷоти дигар, ки тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетҳо ба хароҷоти асоси дохил шудааст.

Дар таркиби хароҷоти асоси тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани буҷети кофи имконпазир мебошад.

Гурӯҳҳои хароҷоти ҷори ва асосии буҷетҳо мутобиқи гурӯҳбандии иқтисодии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 15. Шаклҳои хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти буҷети давлатии Чyмҷypии Тоҷикистон дар шаклҳои зайл ба амал бароварда мешавад:

- маблағҷудокуни аз буҷет барои таъмини фаъолияти ташкилоти буҷети;

- маблағ барои пардохти мол (кор, хизматрасони), ки шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоси шартномаҳои давлати ва маҳалли иҷро мекунанд;

- интиқоли маблағ (трансфертҳо) ба аҳоли;

- маблағҷудокуни аз буҷет барои иҷрои ваколатҳои алоҳидаи идораи давлати, ки вазифаи амали гардонидани онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395):

- маблағҷудокуни аз буҷет барои ҷуброни хароҷоти иловаги, ки вобаста ба қабул кардани қарор аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати пеш меояд ва дар натиҷа ба афзоиши хароҷот ё кам шудани даромади буҷет оварда мерасонад;

- кредити буҷети ба шахсони ҳуқуқи, аз ҷумла қарзи андозбанди, пардохтҳои мӯҳлатдор, дароз кардани мӯҳлати супоридани андозу пардохтҳо ва дигар ӯҳдадориҳо;

- мусоидати молияви (субвенсия), кӯмаки молияви (субсидия) ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

- маблағгузории сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии амалкунанда ва аз нав таъсисёфта;

- қарзи буҷети, кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), кӯмаки молияви (субсидия) ба сатҳҳои дигари системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлати;

- қарздиҳи ба давлатҳои хориҷи;

- маблағ барои хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзи ва пардохти фоизи онҳо, аз ҷумла барои иҷрои кафолати давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 16. Хароҷоти буҷети ҷумҳурияви

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви танҳо хароҷоти амалҳои зайл маблағгузори мешавад:

- таъмини фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлати, хароҷоти дигар оиди идоракунии умумидавлати аз рӯи феҳристе, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви муайян карда мешавад;

- фаъолияти системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амали гардонидани фаъолияти байналмилали, таъмини молиявии иҷрои шартномаҳои умумидавлати ва шартномаҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молияви, ҳамкории байналмилалии фарҳанги, илми-иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, ҳақи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилали, дигар хароҷот дар соҳаи ҳамкории байналмилали, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви муайян карда мешаванд;

- мудофиа ва таъмини бехатарии давлат;

- тадқиқоти бунёди ва дастгирии пешрафти илми-техники;

- дастгирии давлатии нақлиёт;

- бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулода ва офати табии;

- ташаккули моликияти ҷумҳурияви ва маблағгузории муассисаҳое, ки дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлати мебошанд ва ба моликияти давлати мансубанд;

- хизматрасони ва пардохти қарзи давлати;

- ҷуброни хароҷоти фондҳои мақсадноки давлати оиди пардохти нафақа ва кӯмакпули, дигар пардохтҳои иҷтимои, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд;

- пурра кардани захираи давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, захираи моддии давлати;

- гузаронидани интихоботу раъйпурси;

- барномаҳои умумиҷумҳуриявии сармоягузори;

- таъмини иҷрои қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлати, ки ба афзоиши хароҷоти буҷет ё камшавии даромади буҷет оварда мерасонанд;

- таъмини иҷрои ваколатҳои алоҳидаи давлати, ки амали гардонидани онҳо ба сатҳи дигари ҳокимият вогузор шудааст;

- дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- ҳисобдории расмии омор;

- хароҷоти дигар.

Моддаи 17. Хароҷоти фондҳои мақсадноки давлати

Маблағҳои фондҳои мақсаднокии давлати танҳо барои иҷрои амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд ва мутобиқи буҷети фондҳои мазкур, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви тасдиқ гардидааст, истифода мешаванд.

Моддаи 18. Хароҷоти буҷетҳои маҳалли

Аз ҳисоби буҷетҳои маҳалли танҳо хароҷоти амалҳои зайл маблағгузори мешавад:

- таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- ташаккули моликияти коммунали дар маҳал ва идоракунии он;

- ташкил, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф, тандурусти, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмони, матбуоти даври ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- инкишофи хоҷагии манзилию-коммунали;

- сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳо, ки аҳамияти маҳалли доранд;

- ободони ва кабудизоркуни дар маҳал;

- ташкили истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;

- ташкили хизматрасонии нақлиётии аҳоли ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- ҳифзи табиат дар маҳал;

- амалигардонии барномаҳои мақсадноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- хизматрасонии қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти он (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- кӯмаки молиявии беподош ба аҳоли;

- гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Маблағгузории амалҳои дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки ба масъалаҳои ахамияти маҳалли дошта мансуб буда, аз ҷониби мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 19. Хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли хароҷоти амалҳои зайл якҷоя маблағгузори мешавад:

- дастгирии давлатии соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзи, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ;

- таъминоти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;

- таъминоти бехатарии зидди сӯхтор;

- фаъолияти илми-тадқиқоти, таҷрибави-конструктори, лоиҳакаши-муҳаққиқи, ки пешрафти илми-техникиро таъмин менамояд;

- таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳоли;

- таъмини ҳифзи табиат, ҳифз ва такрористеҳсоли захираҳои табии, фаъолияти обӯҳавошиноси (гидрометеорологи);

- таъмини пешгири ва бартараф кардани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офати табии;

- инкишофи инфрасохтории бозор;

- таъмини фаъолияти воситаҳои ахбори умум;

- кӯмаки молияви ба дигар буҷетҳо;

- хароҷоти дигар, ки дар ихтиёри муштараки мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Тақсим ва вобаста кардани хароҷоти дар моддаи мазкур номбаршуда байни буҷетҳои сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати мутаносибии мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода шуда, бо Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

Тартиби мутобиқсозии тақсимот ва вобаста кардани хароҷоти дар ихтиёри муштарак мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

БОБИ V. БАРОБАРИИ (МУВОЗИНАТИ) БУҶЕТҲО

Моддаи 20. Барзиёдии (профисити) буҷет

Барзиёдии даромад ва грантҳои буҷет нисбати хароҷоти он барзиёдии (профисити) буҷет мебошад.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли имкон дорад бо барзиёди (профисит) таҳия ва тасдиқ карда шаванд.

Моддаи 21. Қасри буҷет ва манбаъҳои маблағгузории он

Барзиёдии хароҷоти буҷет нисбати даромади он қасри буҷет мебошад.

Дар ҳолати қабули буҷет барои соли навбатии молияви бо барзиёдии хароҷот нисбати даромад, қонун (қарор) дар бораи буҷети далхлдор манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети мазкурро тасдиқ мекунад.

Хароҷоти ҷории буҷетҳои маҳалли аз маҷмӯи даромадҳои буҷетҳои мазкур зиёд шуда наметавонад.

Маҷмӯи касри буҷети ҷумҳурияви аз маҷмӯи маблағгузории буҷети ва хароҷоти пардохти қарзи давлати зиёд шуда наметавонад.

Маҷмӯи касри буҷетҳои маҳалли аз се фоизи маҷмӯи даромади онҳо, ба истиснои кӯмаки молияви аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд шуда наметавонад.

Воридоти даромад аз манбаъҳои маблағгузории қасри буҷетҳои маҳалли танҳо барои хароҷоти маблағгузори равона карда мешавад ва истифодаи он барои маблағгузории хароҷоти хизматрасони ва пардохти қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мань аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ба манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети ҷумҳурияви мансубанд:

а) манбаъҳои дохили:

- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои қарзи бо асъори милли мегирад;

- вомбаргҳои (заёмҳои) давлати, ки дар шакли қоғазҳои қиматнок бо асъори милли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

- қарзҳои буҷети, ки аз сатҳҳои болоии системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд;

б) манбаъҳои беруни:

- вомбаргҳои (заёмҳои) давлати, ки дар шакли қоғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

- қарз аз кишварҳои хориҷи, бонку ширкатҳо, ташкилоти байналмилалии молияви ва ғайрирезидентҳо, ки бо асъори хориҷи гирифта мешавад.

БОБИ VI. ҚАРЗИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 22. Қарзи давлати, таркиб ва шаклҳои он

Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шахсони воқеи ва ҳуқуқи, кишварҳои хориҷи, ташкилотҳои байналмилалии молияви, дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилали иборат мебошад.

Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва бе ягон шарту шароит аз ҳисоби маҷмӯи амволе, ки моликияти давлатиро ташкил медиҳад, таъмин карда мешавад.

Ҳуқуқи қарзгирии давлатии дохили ва беруни, таркиб, тартиби хизматрасони, баҳисобгири ва бақайдгири, таҷдиди сохтори он, додани қарз ба давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

БОБИ VII. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИБУҶЕТИ

Моддаи 23. Acocҳои муносибатҳои байнибуҷети

Муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки давлати муносибатҳои байнибуҷети мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Муносибатҳои байнибуҷети ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

- ба сатҳҳои муайяни системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим ва вобаста кардани хароҷоти буҷетҳо;

- дар асоси доими тафриқа додан ва аз рӯи меъёрҳои муваққати тақсим намудани даромадҳои танзимкунанда байни сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баробарии ҳуқуқи буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлати (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- баробар кардани сатҳи ҳадди ақали таъминоти буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- баробарии тамоми буҷетҳо дар муносибат бо буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 24. Шаклҳои кӯмаки молияви ба буҷетҳои маҳалли

Кӯмаки молияви ба буҷетҳои маҳалли дар шаклҳои зерин расонида мешавад:

- кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - барои баробар кардани ҳадди ақали таъминоти буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағгузории ҳадди ақали стандартҳои давлатии иҷтимои, ки масъулияти маблағгузории онҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- мусоидати молияви (субвенсия) - барои маблағгузории хароҷоти алоҳидаи мақсаднок;

- қарзи буҷети - барои пур кардани тафовути муваққатии хазинави, ки дар ҷараёни иҷрои буҷетҳои маҳалли ба вуҷуд меояд;

- шаклҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст.

Тартиби расонидани кӯмаки молияви, андозаи он аз рӯи шаклҳои дар зербандҳои 1-2 кисми якуми моддаи мазкури ҳамин Қонун нишон додашуда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви муайян карда мешавад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки барои бартараф кардани тафовути хазинави ба буҷетҳои маҳалли қарзи муваққати (ссуда) ҷудо намояд, ки дар давоми соли молиявии ҷори баргардонида мешавад.

БОБИ VIII. ПРОСЕСИ БУҶЕТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 25. Системаи мақомоте, ки дар coҳаи молия ва буҷет салоҳият доранд

Ба системаи мақомоте, ки дар соҳаи молия ва буҷет салоҳият доранд дохил мешаванд:

- мақомоти молияви;

- мақомоти танзими пулию қарзи;

- мақомоти назорати молиявии давлати.

Мақомоти мазкур вазифаҳои ба худ хос дошта, дар доираи салоҳияти ба онҳо дода шуда амал мекунанд.

Сохтори мақомоти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Мақоми танзими пулию қарзи ва асъори Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Мақомоти назорати молиявии давлати ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395):

- мақомоти назорати молиявии давлати;

- мақоми назоратии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

Ба амал баровардани баъзе салоҳиятҳо дар соҳаи молия ва буҷет мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ба мақомоти дигари ҳокимият ва идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади хизматрасонии буҷети маҳалли ва идоракунии маблағҳои буҷети мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шӯъбаҳои молия ва хазинадори ё дигар мақомоти молиявиро таъсис медиҳад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 26. Иштирокчиёни просеси буҷет

Дар просеси буҷет иштирок мекунанд:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти ҳокимияти қонунгузори (намояндаги);

- мақомоти ҳокимияти иҷроия;

- мақомоти танзими пулию қарзи ва асъори;

- мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- фондҳои мақсадноки давлати;

- ихтиёрдори асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- ташкилотҳои буҷети, корхонаҳои ягонаи (унитарии) давлати ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои қарзи, ки бо маблағҳои буҷети фаъолият мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- мақомоти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо салоҳиятро дар соҳаи идораи молия, буҷету ва андоз вогузоштааст.

Моддаи 27. Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунро дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви қабул мекунад;

- назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи маблағҳои буҷетро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барраси менамояд;

- бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додан ё гирифтани қарзи давлати ризоят медиҳад;

- ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузаштаи молияви тасдиқ мекунад;

- ваколатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур, қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва буҷет муайян намудаанд, амали менамоянд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ваколатҳоро нисбати фондҳои мақсадноки давлати низ амали мегардонад.

Моддаи 28. Салоҳияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395)

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395):

- мустақилона буҷети маҳаллиро тасдиқ намуда, иҷрои онро назорат ва ҳангоми зарурат ба он тағйироту иловаҳо ворид менамояд;

- ба мақомоти болои нишондиҳандаҳои буҷети тасдиқ намудаи Маҷлиси вакилони халқро барои ба таркиби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани онҳо хабар медиҳад;

- маблағи буҷетро аз рӯи моддаҳои хароҷот тақсим намуда, барои истифодаи самарабахши маблағҳои мазкур ҷавобгар мебошад;

- ҳисоботро оид ба иҷрои буҷети маҳалли дар соли гузаштаи молияви тасдиқ мекунад;

- ваколатҳои дигарро мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амали мегардонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 29. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- татбиқи сиёсати ягонаи молияви, андозситони, буҷети ва пулию қарзиро таъмин менамояд;

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви, масъалаҳои андозаи имконпазири касри буҷети давлати ва манбаи ҷуброни онро бо ҳуҷҷату асноди зарури ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иҷрои буҷетро таъмин менамояд;

- оиди лоиҳаи қонунҳое, ки дар онҳо хароҷот аз ҳисоби маблағи буҷети давлати ҷуброншаванда пешбини мегардад, ба истиснои лоиҳаи қонунҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаро дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод менамояд;

- ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба додан ё гирифтани қарзи давлати мегирад;

- афзалияти қарзгирии давлати ва қарзгирии кафолатноки давлатиро муайян намуда, тартиби идораи қарзгирии мазкур ва ба анҷом расонидани онро таъмин менамояд;

- ҳисоботро оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузаштаи молияви барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тартиби ташкил ва барҳамдиҳии фондҳои мақсадноки давлати, идораи фаъолияти онҳо, баррасии ҳисоботи онҳоро муайян менамояд;

- лоиҳаи қонунҳоро оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Чyмҷypии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви таҳия намуда, бо ҳуҷҷату асноди зарури ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди молия ва буҷет муқаррар намудаанд, амали менамояд.

Моддаи 30. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395):

-қоидаҳои умумии ташкили муносибатҳои молиявию буҷетии маҳаллиро муқаррар намуда, кредити буҷетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро идора мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- лоиҳаи буҷети маҳаллиро барои соли навбатии молияви ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод мекунад;

- оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқ дар бораи буҷети маҳалли таклифҳо пешниҳод менамояд;

- иҷрои буҷети маҳалли, аз ҷумла ҷамъоварии даромадҳоро назорат менамояд;

- қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро идора мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- ваколатҳои дигарро, ки санадҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян кардаанд, амали мегардонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 31. Салоҳияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самтҳои асосии сиёсати молиявию буҷети ва андозро муайян карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молияви ва лоиҳаи фондҳои мақсадноки давлатиро бо мақомоти дахлдор таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- роҳбарии методиро дар соҳаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлати ва идораи он амали мегардонад;

- феҳристи ҷамъбастии буҷети ҷумҳуриявиро тартиб медиҳад;

- дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия мекунад;

- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи қарзгирии дохилии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарту қоидаҳои бароришу ҷобаҷокунии вомбаргҳои (заёмҳои) давлатиро тайёр карда, ҳамчун бароришгари (эмитенти) қоғазҳои қиматноки давлати фаъолият мекунад ва барориши қоғазҳои қиматноки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба қайд мегирад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии молияви амали мегардонад;

- барномаи қарзгирии давлатии берунии ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр карда, оиди ҷалб намудани захираҳои қарзии хориҷи чораҳои зарури меандешад, барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди кафолати қарзҳо таҳия намуда, тартиби додани кафолатро муайян мекунад;

- роҳбарии методиро оиди ҳисобдории муҳосибавию ҳисоботи шахсони ҳуқуқи сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли дигарро пешбини накарда бошад, ба роҳ мемонад;

- ҳисоботро оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- намудҳои ҳисобдори ва ҳисобот, тартиби таҳияи онҳоро оиди иҷрои буҷетҳои сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хapoҷоти ташкилотҳои буҷетиро муайян менамояд;

- буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиботи муқаррар кардаи Қонуни мазкур иҷро намуда, назорати пешаки ва ҷории иҷрои онро амали мегардонад ва бо маблағҳои буҷети ҷумҳурияви амалиёт мегузаронад;

- ҳуқуқ дорад аз ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдору қабулкунандагон ҳисоботро дар бораи истифодаи маблағҳои буҷети ҷумҳурияви, маълумоти дигарро оиди маблағгири, пулгузарони, баҳисобдарори ва истифодаи маблағҳои мазкур талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- аз бонкҳои ваколатдор оиди гузаронидани амалиёт бо маблағҳои буҷети ва фондҳои мақсадноки давлати маълумот талаб менамояд;

- ба ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдору қабулкунандагон буҷети, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва дигар ташкилотҳои қарзи оиди бартараф кардани норасоиҳои ошкоршуда дар соҳаи қонунгузории буҷетию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мефиристад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёри қабул мекунад, ки риояи онҳо барои тамоми мақомоти идораи давлати ва субъектҳои хоҷагидори ҳатми мебошад;

- аз мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлати барои таҳияи дурнамо ва лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарури мегирад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- дар доираи меъёри (лимити) маблағҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви тасдиқ кардааст ва мувофиқи тартиботи муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро таъмин менамояд;

- бо супориш ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқи дар доираи меъёри (лимити) тасдиқшудаи маблағҳо кафолати давлати медиҳад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- вазъи молиявии маблағгирандагони буҷети, аз ҷумла қарзгирандагону кафолатгирандагонро тибқи муқаррароти қонун месанҷад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308);

- маблағгирандагони буҷетиро аз мавқеи риояи шартҳои гирифтани маблағ ва самаранокии истифодаи онҳо тибқи муқаррароти қонун месанҷад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308);

- фаъолияти низоми аудити дохилиро дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, мақсаду принсипҳои ягона ва вазифаҳои аудити дохилӣ дар муассисаҳои буҷетӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- таҳлилҳои иқтисодиро оид ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла оид ба воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- барориши вомбаргҳои (заёмҳои) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои давлати ва ягонаро (унитариро) ба қайд мегирад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур, қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузоштааст, иҷро мекунад.

Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти назорати давлатии молияви

Салоҳияти мақомоти назорати давлатии молияви дар Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Моддаи 33. Ташкилоти буҷети

Ташкилоти буҷети - ташкилоте мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амали гардонидани вазифаҳои идоракуни, иҷтимои, фарҳанги, илмию техники ва дигар вазифаҳои хусусияти ғайритиҷорати дошта таъсис дода мешавад ва фаъолияти он на камтар аз 70 фоиз аз ҳисоби буҷети дахлдор ё буҷети фонди мақсадноки давлати маблағгузори карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Даромадҳои ташкилоти буҷети, ки аз ҳисоби буҷет ва фондҳои мақсадноки давлати, ба даст оварда мешаванд, инчунин аз фаъолияти соҳибкори, аз ҷумла даромад аз хизматрасонии пулаки, даромадҳои дигар аз истифодаи моликияти давлати ё коммунали, ки бо ҳуқуқи идораи оперативи ба ташкилоти буҷети вобаста карда шудааст ё фаъолияти дигар дар сметаи даромаду хароҷот пурра инъикос меёбанд.

Ташкилоти буҷети маблағҳои буҷетро ба воситаи ҳисобҳои хусусии ташкилоти буҷети, ки аз ҷониби мақомоти хазинадори идора мешаванд, истифода мебарад.

Ташкилотҳои буҷети барои амалҳои зайл вазифадор мебошанд:

- сари вақт пешниҳод кардани дархости буҷети ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар бораи ҳуқуқи гирифтани маблағи буҷети шаҳодат медиҳанд;

- истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети;

- сари вақт ва пурра баргардонидани маблағҳои буҷети, ки ҳамчун қарзи бозпас додашаванда гирифта шудаанд;

- сари вақт ва пурра баргардонидани фоиз аз истифодаи маблағҳои буҷети;

- сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботу маълумоти дигар оиди истифодаи маблағҳои буҷети.

БОБИ IX. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ БУҶЕТҲО

Моддаи 34. Асосҳои тартиби таҳияи лоиҳаи буҷети давлати

Таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ва Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҳуқуқи истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Лоиҳаи Буҷети давлати дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои иқтисодиёт, баланси ҷамъбасти молияви ва бо назардошти фароҳам овардани ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлати дар асоси меъёрҳои хароҷоти маблағ барои хизматрасонии давлати, дигар меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.

Ҷараёни таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ аз ду марҳила иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395):

- таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ;

- таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ.

Корҳои вобаста ба таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Мақсади таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ фароҳам овардани имкониятҳо оид ба идоракунии захираҳои молиявии давлатӣ мувофиқи мақсадҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мебошад. Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлати бобати таҳияи лоиҳаи буҷети давлати барои соли навбатии молиявӣ ҳамчун замина хизмат мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ба номгӯи маълумот барои таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ва барномаҳои дахлдори миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатӣ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395):

- пешбинии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда;

- самтҳои асосии сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се соли оянда;

- пешбинии тавозуни ҷамъбастии молиявӣ барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда бо ҳаҷми ниҳоии маблағгузории муайяншудаи давлатии соҳаҳо (бахшҳо);

- барномаи суроғавии инвеститсионӣ барои се соли минбаъда бо ҳаҷми ниҳоии дахлдори маблағгузорӣ;

- сохтори қарзи давлатӣ, барномаи давлатии қарзгирии дохилӣ ва берунӣ барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор масъул мебошанд, барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатиро, ки аз ҷониби роҳбарони ин мақомот ба имзо расидааст, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардан, барномаҳои соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Дар рафти таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумотҳои барои ӯ заруриро талаб намояд ва гирад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барномаҳои соҳавии (бахшии) давлатии хароҷот лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатиро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатиро то 1 июл тасдиқ ва нашр намуда, онро барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Барои тартиб додани лоиҳаи Буҷети давлати ҳуҷҷату маводи зерин тайёр карда мешаванд:

- дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви;

- самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз, пулию қарзи ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дурнамои баланси ҷамъбасти молияви барои соли навбатии молияви;

- барномаи маблағгузории мақсаднок;

- нақшаи инкишофи сектори давлати;

- сохтори қарзи давлати, барномаи қарзгирии давлатии дохили ва беруни;

- барномаи кафолати давлати;

- ҳисоби зарари буҷети давлати аз ҳисоби имтиёзҳо дар соҳаи андоз;

- ҳисоби иҷрои тахминии буҷет дар соли ҷории молияви;

- ҳуҷҷату маводи дигар, ки Қонуни мазкур пешбини намудааст.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои буҷети оид ба тартиб додани лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молияви низомнома тартиб медиҳад, ки дар он сиёсати андозу буҷет, самтҳои асосии даромаду хароҷоти буҷет, ҷадвали омода сохтани он ва қоидаҳои пешниҳод намудани ҳисобу асосноккунии буҷетҳо муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 35. Тартиби таҳияи буҷети ҷумҳурияви

Мақомоти идораи давлати, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидори, ки ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури масъуланд, ба Вазорати молия нишондиҳандаҳои муфассали истеҳсоли молҳоро (кор, хизматрасониро) барои соли ҳисоботи ва давраи пеши назар, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷети ҷумҳурияви лозиманд, пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия қоидаи таҳияи маълумотро барои тартиб додан ва пешниҳод намудани сметаи муассисаҳои буҷети муқаррар менамояд. ҳуҷҷатҳое, ки муассисаҳои буҷети пешниҳод менамоянд, бояд чунин маълумотро дарбар гиранд:

- лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои соли ояндаи буҷети аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо, бандҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷети;

- лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои давраи миёнамӯҳлат аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷети;

- маълумот оиди шабакаи муассисаю ташкилот, мансабҳо (доими ва муваққати) ва ҳайате, ки барои онҳо пешбини кардани маблағ лозим меояд;

- шарҳу асосноккунии ҳисобот, ки ба Вазорати молия имкон медиҳад, таклифҳои оид ба буҷетҳо ҷамъбаст ва таҳлил намояд;

- таклифҳо оиди тартиб додани барномаҳои сармоягузории давлати барои давраи миёнамӯҳлат, алоҳида барои ҳар сол.

Вазорати молия ҳамаи ҳисобҳои воридот ва пардохтҳои буҷетиро таҳлил намуда, ба муассисаҳои буҷети ислоҳҳои заруриро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ҳаҷми зарурии қарзгири ва манбаъҳои имконпазири гирифтани онро муайян мекунад.

Дар ҳолати рӯи додани мухолифат байни Вазорати молия ва вазорату идораҳо, дигар муассисаҳои буҷети оиди тартиб додани лоиҳаи буҷет, Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 36. Тартиби таҳияи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати

Буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати аз ҷониби мақомоте, ки фондҳои мазкурро идора менамояд, мутобиқи низомнома ва мӯҳлати муқаррар намудаи Вазорати молия тартиб дода мешаванд;

Дар ҳолати рӯи додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоте, ки буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 37. Тартиб додани буҷетҳои маҳалли

Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи талаботи Қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Барои тартиб додани буҷетҳои маҳалли мақоми молияи маҳалли масъул мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

БОБИ X. ПЕШНИҲОД, БАРРАСИ ВА ТАСДИҚИ БУҶЕТҲО

Моддаи 38. Тартиби пешниҳоди буҷетҳои маҳалли

Лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молия раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурияви пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳалли бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:

- нишондиҳандаҳои даромаду хароҷот барои соли навбатии молияви ва давраи миёнамӯҳлат;

- ҳисоби маблағи зарурии кӯмаки молияви (дотатсия) ва мусоидати молияви (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳурияви ҷудо карда мешаванд.

Шарҳу асосноккунии ҳисобҳо ба Вазорати молия имконият медиҳанд, ки таклифҳои оиди буҷетро ҷамъбаст ва таҳлил намояд.

Дар мавриди рӯи додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди тартиб додани лоиҳаи буҷети маҳалли, Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят ва шаҳр ба мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия нишондиҳандаҳои даромаду хароҷоти буҷетҳо ва ҳисобҳоро оиди онҳо мувофиқи талаботу қоидаҳои пешбини намудаи моддаи мазкур пешниҳод менамоянд.

Моддаи 39. Тартиби пешниҳоди лоиҳаи буҷети давлати

Вазорати молия дар асоси таклифҳои оид ба буҷет пешниҳод гардида лоиҳаҳои буҷети давлати, буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро барои соли навбатии молияви тартиб медиҳад ва онро то 20 сентябри соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда лоиҳаи пешниҳод гардидаи буҷети давлати, буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро барраси менамояд ва қарори дахлдор қабул мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 ноябри соли равон лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли навбатии молияви барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 40. Ҳуҷҷатҳo ва маводе, ки баробари лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлати ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд

Баробари ирсол шудани лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷату маводи зерин низ пешниҳод мешаванд:

- ҷамъбасти тахминии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта;

- дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви;

- самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз барои соли навбатии молияви;

- дурнамои баланси ҷамъбастии молияви барои соли навбатии молияви;

- лоиҳаҳои барномаҳои мақсадноки умумиҷумҳурияви, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд;

- ҳисобу китоб аз рӯи моддаҳои гурӯҳбандии буҷети ҷумҳурияви, қисм ва бандҳои гурӯҳбандии вазифавии буҷет барои соли навбатии молияви;

ҳисобҳо вобаста ба ихтиёрдорони асосӣ ва ихтиёрдорони маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- лоиҳаи барномаи қарзгирии давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба давлатҳои хориҷи додани қарз дар соли навбатии молияви;

- лоиҳаи сохтори қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи қарзгирии дохили, ки барои пардохти қасри буҷет пешбини шудаанд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди боздоштани амал ё бекор кардани қонунҳое, ки дар онҳо хароҷоти маблағ аз ҳисоби буҷети давлати пешбини мегардад;

- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

Дар баробари ирсоли лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ба Маҷлиси намояндагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои зайлро низ пешниҳод менамояд:

- дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395);

- дар бораи буҷети фондҳои мақсадноки буҷети.

Моддаи 41. Фонди хароҷоти пешбининашуда

Фонди хароҷоти пешбининашуда ҳар сол ба ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳурияви дохил карда мешавад. Андозаи фонди хароҷоти пешбининашуда ҳангоми тартиб додани буҷети харсола муайян карда мешавад.

Тақсим ва истифодаи маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табии, паҳншавии касалиҳои сирояти ва дигар ҳолатҳои пешбининашуда, ки дар буҷети ҳарсола дар назар дошта нашудаанд, сарф мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хароҷоти фонди пешбининашуда маълумот медиҳад.

Моддаи 42. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2 фоизи даромади буҷети давлати муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳурияви дохил мешавад.

Маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд.

Моддаи 43. Фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395)

Фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахлдор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ба фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ихтиёрдори менамоянд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Тартиби истифодаи маблағҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар маҳалҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 44. Асосҳои барраси ва тасдиқи буҷетҳо

Тартиби баррасии лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ва тасдиқи онро Қонуни мазкур муайян мекунад.

Тартиби баррасии лоиҳаи қарор дар бораи буҷети маҳалли ва тасдиқи онро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Лоиҳаи қонун дар бораи буҷети фондҳои мақсадноки давлати баробари Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ва дар доираи ҳамин Қонун барраси гардида, тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди андозситони барои барраси ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори то қабули қонун (қарор) дар бораи буҷет барои соли навбатии молияви пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 45. Оқибати қабул нашудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли равон қабул нашудааст, мавриди амал қарор дода намешавад ва маблағгузории хароҷот мутобиқи муқаррароти моддаи 48 Қонуни мазкур сурат мегирад.

Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидаанд, метавонад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи маблағгузории хароҷот аз буҷети давлати дар семоҳаи якуми соли навбатии молияви қабул намояд.

Моддаи 46. Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви

Лоиҳаи қонунҳо оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки мавзӯи танзими Қонуни мазкур мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии маблағгузорӣ ба андозаи зиёда аз 10 фоизи таъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи буҷети иловагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии маблағгузорӣ ба андозаи то 10 фоизи таъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ бе тағйири касри буҷет қарор қабул намояд, ки он ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро бо тартиби ғайринавбати дар давоми 15 рӯз барраси менамоя.

Агар лоиҳаи Қонун оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви дар мӯҳлати муқаррар гардида қабул нашавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки хароҷоти буҷети давлатиро таносубан бо қабули қарори дахлдор оиди масъалаҳои мазкур кам ё зиёд намояд, дар сурате ки агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлати дар соли ҷори тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

БОБИ XI. ИҶРОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 47. Тартиби тасдиқ кардани сметаи хароҷот

Баъди тасдиқи буҷети давлати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд, аз хусуси маблағҳои барояшон тасдиқшуда хабар медиҳад ва мувофиқи хабарномаи мазкур вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо сметаи хароҷоти худро мувофиқи гурӯҳбандии буҷети барои ҳар се моҳ тасдиқ ва ба Вазорати молия барои иҷро пешниҳод менамоянд. Тартиб ва тасдиқи сметаи хароҷотро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Моддаи 48. Иҷрои буҷети давлатии тасдиқнашуда

Дар мавриди буҷети давлатии соли навбатии молиявиро то 31 декабр тасдиқ накардани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети соли нави молияви мувофиқи хароҷоте, ки дар Қонуни буҷети давлатии соли гузашта тасдиқ шудааст, танзим мегардад.

Дар ҳолати пешбини намудаи қисми якуми моддаи мазкур, Вазорати молия ба вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети барои хароҷот ба миқдори аз дувоздаҳ як ҳиссаи хароҷоти соли буҷетии гузашта барои ҳар моҳи пурра маблағ медиҳад. Маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, хизматрасонии қарз ва фоизи он пурра иҷро карда мешавад.

Маблағҳои воридшуда, дигар воридот, хароҷоти давраи пеш аз қабули буҷети давлати сурат гирифта аз тарафи Вазорати молия баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви танзим карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди тасдиқ нашудани буҷети давлати буҷетҳои маҳаллиро бо риояи шартҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи мазкур пешбинишуда иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 49. Ваколату масъулияти вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети оиди иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети маблағҳояшонро мувофиқи сметаҳои тасдиқшуда харҷ менамоянд. Маблағгузории ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба воситаи хазинадории маркази ва шӯъбаҳои маҳаллии он сурат мегирад.

Вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети ҳуқуқ доранд, дар доираи маблағҷудокуни барои хар се моҳ ӯҳдадории пардохти қабул намоянд, ба истиснои ӯҳдадориҳои пардохти муомилоте, ки иҷрои онҳо вақти зиёдро талаб мекунад.

Роҳбарони ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ барои вайрон кардани идоракунии сарфакорона ва самарабахши молиявӣ ва риоя накардани талаботи ҳисоботдиҳии идоракунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Ташкилотҳои буҷети ҳуқуқ надоранд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати зиёда аз маблағҳои тасдиқ кардан Қонун дар бораи Буҷети давлати, ӯҳдадори қабул намоянд.

Моддаи 50. Аз нав тақсим кардан ва маҳдуд намудани маблағҳои ҷудокардашудаи буҷети дар ҷараёни иҷрои буҷет

Хароҷоти тасдиқшудаи буҷетҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетиро дар ҳолатҳои пешбини намудаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тағйиру тақсим кардан мумкин аст.

Дар доираи сметаи вазорату муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷети такроран аз рӯи моддаҳои хароҷот ва ба ҳар се моҳ тақсим кардани маблағ бо иҷозати Вазорати молия сурат мегирад. Аз нав тақсим кардан набояд аз даҳ ду ҳиссаи ҳаҷми маблағгузориҳои моддаи тағйирёбанда ва семоҳа зиёд бошад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

- дар ҳолати ошкор шудани далелҳои истифодабарии маблағҳои як моддаи сметаи хароҷот барои хароҷоти моддаи дигар, вайрон кардани талаботи идоракунии сарфакорона ва самарабахши молиявӣ ва ҳисоботдиҳии идоракунӣ то пурра бартараф намудани ҳолатҳои вайронкориҳои ошкоршуда амалиёти хароҷотиро аз рӯи моддаи дахлдор боздорад ё маблағгузории хароҷотро ба андозаи маблағи вайронкориҳои ошкоршуда кам намояд;

- дар ҳолати гузаштани мӯҳлати даъвои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории муассисаҳои буҷетӣ маблағгузории моддаҳои хароҷотро, ки аз рӯи онҳо қарзҳои мазкур ба вуҷуд омадаанд, ба андозаи ҳамин қарзҳо кам намояд;

- дар мавридҳои пешбининамудаи қонун, дар ҳолати тағйирёбии ваколатҳои ихтиёрдори асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ ё зиёд гардонидани андозаи касри солонаи буҷет ё ин ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро муваққатан боздорад, ҳаҷми маблағҷудокуниҳоро кам намояд ё вақти ҷудо намудани онҳоро тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Дар мавриди аз нав ташкил додан ё барҳам хӯрдани ташкилотҳои буҷети, Вазорати молия ба буҷет дар доираи маблағҳои барояшон пешбинишуда тағйироти дахлдор ворид месозад.

Моддаи 51. Иҷрои буҷетҳои маҳалли

Тартиби иҷрои буҷети маҳалли ба иҷрои буҷети ҷумҳурияви монанд мебошад. Масъулияти иҷрои буҷети маҳалли ба зиммаи мақоми молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 52. Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати

Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Масъулият барои иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати ба зиммаи роҳбарони мақомоте гузошта мешавад, ки идораи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро ба зимма доранд.

Моддаи 53. Ҷамъбаст ва таҳлили иҷрои буҷети давлати

Вазорати молия баъди ҷамъбасту таҳлили ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи буҷети давлати дар ҳар се моҳ бо ҷамъбасти афзоянда гузориш пешниҳод менамояд. Дар гузориш бояд чунин маълумот бошад:

- маълумоти ҳисоботи дар бораи вазъи макроиқтисоди ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқоисаи ҳаҷми даромадҳои воқеи ва тасдиқшуда, ҳаҷми хароҷоти воқеи ва тасдиқшуда, грантҳо, қаср ва қарзи гирифташудаи буҷети давлати бо шарҳи фарқи байни нишондиҳандаҳои тасдиқшуда ва воқеи;

- тадбирҳо оиди таъмини иҷрои буҷети давлати дар давраи боқимонда.

Дар асоси натичаи ҷамъбасту таҳлили иҷрои буҷет дар соли ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазъияти нави иқтисоди мувофиқ намудани соли молиявии ҷори тибқи моддаи 46 Қонуни мазкур қарор қабул мекунад ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моддаи 54. Анҷоми соли буҷети

Ҳуқуқи маблағгузории хароҷоти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви пешбини шуда 31 декабри соли буҷетии равон қатъ мегардад.

Ҳамаи маблағҳои дар суратҳисобҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети мавҷуда, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд, 31 декабри соли равон бояд ҷамъбаст карда, ба ҳисоби ягонаи хазинадори гузаронида шаванд, дар сурате ки агар Вазорати молия қарори дигар қабул накунад. Мақомоти молияи маҳалли ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки давлати бо чунин тартиб суратҳисобҳои ташкилоту муассисаҳоеро, ки аз буҷетҳои маҳалли, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати маблағгузори мешаванд, ҷамъбаст менамоянд.

БОБИ XII. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИ

Моддаи 55. Назорати давлатии молияви, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амали менамоянд

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395)

Назорати давлатии молиявиро мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хазинадории маркази ва шӯъбаҳои он, мақомоти молиявии ҳокимияти маҳалли, ихтиёрдорони асосӣ ва ихтиёрдорони маблағҳои буҷети амали менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308), аз 18.06.2008 № 395).

Шакл ва тартиби аз ҷониби мақомоти дахлдор амали гардонидани назорати давлатии молиявиро Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷyмҳypии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадори", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308).

БОБИ XIII. ҲИСОБОТ ДАР БОРАИ ИҶРОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 56. Ҳисоботи марҳилави дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молия барои вазорату идораҳо, дигар ташкилотҳои буҷети, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуҷҷатҳои меъёрии дастури, ки риояи қоидаҳои стандартии баҳисобгирию ҳисобдор ва тартиб додани ҳисоботро талаб менамоянд, таҳия ва нашр мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети ба Вазорати молия мутобиқи мӯҳлати муқарраркардаи вазорати мазкур ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои сметаи даромаду хароҷот, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳалли пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Вазорати молия аз рӯи натичаҳои иҷрои буҷети давлати ва буҷети ҷумҳурияви ҳисоботи семоҳаро бо ҷамъбасти афзоянда таҳия менамояд. Мақомоти молияи маҳалли ҳисоботи дахлдорро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳалли тайёр мекунанд. ҳисоботи семоҳа бо ҷамъбасти афзоянда аз ҷониби Вазорати молия ва мақомоти молияи маҳалли мутаносибан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли пешниҳод карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли ҳисоботи семоҳаро тасдиқ карда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли пешниҳод менамоянд. ҳисоботи семоха аз ҷониби мақомоти дахлдор дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду мохи баъди ба охир расидани семоҳаи мазкур нашр мешавад.

Моддаи 56(1). Ҳисоботдиҳии идоракунӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395)

Роҳбарияти ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ ӯҳдадоранд, ки оид ба истифодаи маблағҳои ба онҳо додашуда дар назди мақомоте, ки ба зиммаи онҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои молиявӣ ва идоракунӣ, аз ҷумла татбиқи барномаҳо ҷавобгариро вогузор намудааст, ҳисобот диҳанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Моддаи 57. Ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири молия дар охири соли молияви дар бораи ҷамъбасти сол ва тайёр кардани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати, буҷети фондҳои мақсадноки давлати, фармон мебарорад.

Дар асоси фармони мазкур ҳамаи маблағгирандагони буҷети ҳисоботи солонаро дар бораи даромаду хароҷот тайёр мекунанд.

Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети ҳисоботи солонаи ташкилотҳои идориро муқоиса карда, қарори дахлдор мебароранд ва ҳисоботи ҷамъбастии солонаро то якуми марти соли равони молияви ба Вазорати молия пешниҳод менамоянд.

Ҳисоботи иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро мақомоти идоракунии фондҳои мазкур тартиб дода, то 1 марти соли равони молияви ба Вазорати молия пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия дар асоси ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷети, маблағгирандагони буҷети, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлати, корхонаҳо ва супоришдиҳандагони давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор

ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, то 1 майи соли равони молияви ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

Дар ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлати маълумоти зайл бояд инъикос ёбад:

- нишондиҳандаҳои воқеии даромаду грантҳо, ки дар давоми сол гирифта шудаанд;

- хароҷоти вазифавию иқтисоди мувофиқи гурӯҳбандии буҷети дар доираи ҳаҷми тасдиқу ислоҳшуда ва нишондиҳандаҳои воқеи;

- дарачаи воқеии қасри буҷет ва маблағгузори;

- баланси суратҳисоби ягонаи хазинадори дар аввал ва охири сол;

- шарҳи ихтилофҳои асоси байни маблағҷудокунии воқеи аз буҷет ва таъиноти тасдиқшудаи буҷети;

- ҳисобот дар бораи маҷмӯи қарзгирии давлати, кафолати давлатии қарзҳо, ки дар давоми соли буҷети дода шудаанд, феҳристи қарзҳои бепардохти давлати, маълумот дар бораи дигар амалиёт оиди идоракунии қарз;

- таҳлили умумии сармоягузори аз ҳисоби буҷети давлати;

- ҳисобот дар бораи хароҷот аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фонди хароҷоти пешбини нашуда.

Моддаи 58. Пешниҳоди ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлати ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли равони молияви ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Бо ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлати дар соли навбатии молияви ҳамзамон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети фондҳои мақсадноки давлати пешниҳод мешавад.

Моддаи 59. Ҳуҷҷатҳо ва асноди дигаре, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ҳамроҳи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати пешниҳод мешаванд

Ҳангоми ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати ҳуҷҷату асноди зерин низ пешниҳод мешаванд:

- ҳисобот дар бораи хароҷоти маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳисобот дар бораи додани қарзи буҷети ва пардохти қарзи буҷети;

- ҳисобот дар бораи додани кафолати давлати;

- ҳисобот дар бораи қарзҳои дохили ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳисобот дар бораи даромад аз ҳисоби истифодаи амволи давлати;

- ҳисобот дар бораи вазъи қарзҳои дохили ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 60. Хулосаи берунии ҳисобот дар бораи буҷети давлати

Хулосаи беруни оиди ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.

Хулосаи мақомоти мазкур дар бораи иҷрои буҷети давлати то 1 октябри соли равони молияви ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Шахсони мансабдори мақомоти мазкур барои нодуруст ва номукаммал будани маълумоти дар хулоса зикрёфта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани камбудиҳои дар хулоса зикргардида ва ба ҷавобгари кашидани гунаҳгорон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарури меандешад.

Моддаи 61. Барраси ва тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлати дар соли гузаштаи молияви баробари лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли нави молияви дар як вақт барраси намуда, тасдиқ мекунад.

Моддаи 62. Нашри ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлати дар соли гузашта баъди дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани он дар воситаҳои ахбори умум нашр менамояд.

БОБИ XIV. ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИ

Моддаи 63. Мақомоти идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молияи давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти зерин идора менамоянд:

- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308);

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 308);

- Бонки миллии Тоҷикистон;

- мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 395).

БОБИ XV. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ

Моддаи 64. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари муқаррар карда мешавад.

Моддаи 65. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 77

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонун аз 30.07.07с. № 308)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлати, тартиб додани системаи буҷету гурӯҳбандии он, ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои марказонидашудаи маблағҳои пулиро муайян намуда, муносибатҳои молиявию байнибуҷетиро танзим мекунад. Қонун ҳамчунин нақши мақомоти ҳокимияти давлати ва ҳокимияти маҳалли, дигар иштирокчиёни просеси буҷетро дар бобати таҳия, баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, тасдиқ, назорати иҷрои онҳо ва ҷавобгариро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлати муқаррар менамояд.

Моддаи 2. Мафҳумҳо ва истилоҳоти асоси, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳо ва истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:

молияи давлати - маҷмӯи муносибатҳои пулии вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи захираи маблағҳои пули, ки тавассути буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли ва фондҳои мақсадноки давлати ҷамъ карда мешавад ва аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, ҳокимияти маҳалли барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешавад;

буҷети давлати - захираи асосии маблағҳои пули мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъовари, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пули тартиб гардида, дар шакли қонун қабул ва амали карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташударо иҷро менамоянд;

кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани хароҷоти ҷори беподошу бебозгашт дода мешаванд;

мусоидати молияви (субвенсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқи беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти муайяни мақсаднок дода мешаванд;

кӯмаки молияви (субсидия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, мутобиқи шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

фондҳои мақсадноки давлати - фонди маблағҳои пулие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо ё бо роҳи ҷудо кардани маблағ аз намудҳои мушаххаси даромад барои амали гардонидани ин ё он мақсад истифода мешавад, ташкил меебад;

қарзгири - маблағҳое, ки мутобиқи шартнома гирифта ба ҳамон андоза ва бо фоиз ё бе фоиз аз истифодаи он баргардонида мешаванд ва ё маблағҳое, ки аз рӯи онҳо ба қарздиҳанда фоиз дода мешавад ё дигар пардохти ба қарзгири мансуб анҷом мегирад;

ӯҳдадории буҷети - мутобиқи қонун (қарор) дар бораи буҷет ва феҳристи ҷамъбастии буҷет дар давоми мӯҳлати муқаррар гардида иҷро намудани ӯҳдадори оиди хароҷоти маблағи буҷети дахлдор, ки мақомоти иҷрокунандаи буҷет қабул кардааст;

грантҳо - маблағҳое, ки аз ҷониби мақомоти идоракунии давлати ё мақомоти идоракунии давлатии кишварҳои хориҷи ва ё аз ташкилотҳои байналмилалии молияви беподош ва бидуни қабул кардани ӯҳдадори оиди ҷуброни онҳо барои дастгирии самти алоҳидаи сиёсати иқтисоди дода мешаванд:

сармоягузори (инвеститсия) - маблағҳое, ки барои сохтмон, хариди воситаҳои асоси ва қоғазҳои қиматнок, пурра кардани захираи молҳо истифода мешаванд;

интиқоли маблағ (трансфертҳо) - маблағҳои буҷети, ки барои маблағгузории пардохтҳои ҷорию асосии аҳоли дар шакли нафақа, стипендия, ёрдампули, ҷубронпули ва дигар пардохтҳои иҷтимои, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин маблағҷудокуни барои пардохти хароҷоти корхонаҳо, ташкилотҳои хусусии ғайритиҷорати, ки ба аҳоли, мақомоти идораи давлати хизмат мерасонанд ва дар бобати маблағҳои мазкур ҳеҷ гуна ӯҳдадори оиди пардохт пеш намеояд;

ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлати - хизмати давлати, ки ба шаҳрвандон беподошу бебозгашт бо роҳи маблағгузори аз сатҳҳои мухталифи системаи буҷетии Чyмҷypии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлати ба андозаи ҳадди ақали имконпазиру муайян дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад ва ба он давлат кафолат медиҳад;

ҳадди ақали таъминоти буҷети - арзиши ҳадди ақали имконпазири хизмати давлати ва ҳокимияти маҳалли, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлати ё мақомоти ҳокимияти маҳалли ба ҳисоби ҳар сари аҳоли аз маблағҳои буҷети дахлдор дастрас мегардонанд.

просеси буҷет - фаъолияти мақомоти иҷроияи давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва дигар иштирокчиёни просеси буҷет оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлати, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои ҳуқуқи ба тартиб дароварда мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви, Қонун дар бораи назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ II. СИСТЕМАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 4. Системаи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи молияи давлати соҳаи муайяни муносибатҳои молияви аст, ки дар просеси он маблағҳои пули ташкил ва истифода бурда мешаванд. Системаи молияи давлати ҳамчунин шаклу усулҳои ташаккул, тақсим ва истифодаи маблағҳои пулии давлатиро муайян мекунад.

Системаи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муносибатҳои молиявии зерин иборат мебошад:

- системаи буҷети давлати;

- қарзи давлати;

- фондҳои мақсадноки давлати;

Моддаи 5. Сохтори системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷетҳои сатҳҳои зерин иборат мебошад:

- сатҳи якум - буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати;

- сатҳи дуюм - буҷетҳои маҳалли.

Ба буҷетҳои маҳалли буҷетҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилояти, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурияви ва ҷамоатҳо мансуб мебошанд.

Моддаи 6. Шаклҳои ҳуқуқии буҷетҳо

Буҷети давлати дар шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви барраси карда, тасдиқ менамояд.

Буҷетҳои маҳалли дар шакли санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли таҳия ва қабул мешаванд.

Дар сурате, ки Қонуни мазкур танзими муносибатҳои муайянро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви вогузошта бошад, пас нисбати ҳокимияти маҳалли муносибатҳои дахлдор дар асоси санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли оиди буҷетҳои маҳалли ба низом дароварда мешаванд.

Моддаи 7. Буҷети солона

Буҷети солона барои як соли молияви тартиб дода мешавад. Вай ба соли тақвими (календари) мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад.

Моддаи 8. Принсипҳои системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ягонагии системаи буҷети давлати;

- тафриқаи даромаду хароҷот байни сатҳҳои системаи буҷет;

- инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷетҳо;

- баробарии (мувозинати) буҷетҳо;

- истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷети;

- пардохти пурраи хароҷоти буҷетҳо;

- ошкоро будани буҷетҳо;

- эътиборнокии буҷетҳо;

- таъиноту мақсаднокии муайяни маблағҳои буҷети.

Моддаи 9. Гурӯҳбандии буҷетҳо

Гурӯҳбандии буҷетҳо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани даромаду хароҷот, манбаъҳои маблағгузории касри буҷетҳо мебошад, ки барои тартиб додану иҷрои онҳо истифода бурда мешавад ва қиёспазирии нишондиҳандаҳои буҷетҳои сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Низом ва тартиби гурӯҳбандии буҷетии даромаду хароҷоти давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад.

БОБИ III. ДАРОМАДҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 10. Даромадҳои буҷети ҷумҳурияви

Даромадҳои буҷети ҷумҳурияви аз даромадҳои андозу ғайриандоз, инчунин аз воридоти маблағҳои беподош иборат мебошанд.

Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:

- андозҳои умумидавлати, ки феҳристу меъёри онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Таносуби тақсими андозҳои мазкур дар байни буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви муқаррар мегардад.

Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:

- даромад аз хизмати пулаки, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати ва ташкилотҳои буҷетии тобеи мақомоти мазкур расонида мешавад;

- фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон тибқи меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- даромад аз фурӯши захираву пасандозҳои давлати, фоизи сармоягузории давлати, суди (дивиденди) саҳмия аз дороии молияви;

Ҳамчунин ба даромади буҷети ҷумҳурияви аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷети тааллуқ доранд:

- грантҳо ва дигар маблағҳои беподош, ки аз шахсони воқеи, ҳуқуқи, ташкилотҳои байналмилали, ҳукуматҳои кишварҳои хориҷи ворид мешаванд;

- маблағе, ки дар натичаи ҳисоббаробаркунии байни буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли ба вуҷуд меояд;

- маблағҳое, ки аз истифода ва фурӯши амвол ворид мешаванд, ҳамчунин қарзгирии давлатии дохили ва беруни, ки дар буҷети ҷумҳурияви берун аз даромад ҳамчун манбаи маблағгузории қасри буҷет истифода мешаванд.

Моддаи 11. Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлати

Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлати аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташкил меёбанд:

- андозу боҷҳои махсуси мақсаднок ва ҳатми, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- маблағҳои ихтиёран супурдаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

- маблағҳои буҷети давлати;

- фоида аз фаъолияти соҳибкори, ки фонди дахлдор ҳамчун шахси ҳуқуқи амали мегардонад;

- даромадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлати дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви алоҳида, аз рӯи меъёрҳои муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ҷамъовари ва назорати пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети фондҳои мақсадноки давлати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад (Конун аз 30.07.07с. № 308).

Моддаи 12. Даромадҳои буҷетҳои маҳалли

Даромадҳои буҷетҳои маҳалли аз даромадҳои андозу ғайриандоз, инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошанд.

Ба даромадҳo аз андоз дохил мешаванд:

- андозҳои маҳалли, ки феҳристи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

- даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда барои буҷетҳои маҳалли мувофиқи тартибе, ки Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви муқаррар кардааст, ҷудо карда мешавад;

- боҷи давлати, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви ба буҷети ҷумҳурияви ворид карда мешавад.

Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:

- даромад аз буҷети ҷумҳурияви, ки дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), қарзи буҷети ё дар шакли дигар ба буҷети маҳалли ворид мешавад;

- даромад аз хизмати пулакие, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли, ташкилотҳои идории буҷети мерасонанд;

- воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркуни барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлати, аз ҷумла ҷарима, пушаймона (пеня), ҷубронпули ва ҳоказо.

БОБИ IV. ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 13. Асос ва принсипҳои ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ягонаи сохт, шакл ва роҳу воситаҳои фаъолият, меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлати ва таъминоти буҷети, хароҷоти маблағ барои хизматрасонии давлати, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, асос меебад.

Моддаи 14. Хароҷоти ҷори ва асосии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти иқтисоди ба хароҷоти ҷори ва хароҷоти асоси тақсим мешавад.

Хароҷоти ҷори - кисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъолияти ҷории мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва фондҳои мақсадноки буҷети муқаррар гардида барои дастгирии сатҳҳои дигари системаи буҷети давлати, соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот бо тариқи росонидани кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), кӯмаки молияви(субсидия) истифода мешавад.

Ба хароҷоти ҷори инчунин хароҷоте, ки мувофиқи гурӯҳбандии буҷетҳо ба хароҷоти асоси дохил нашудааст, мансуб мебошад.

Хароҷоти асоси - кисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъолияти маблағгузории навовари (инноватсиони) муқаррар гардидааст. Ба хароҷоти асоси дохил мешаванд:

- хароҷоте, ки тибқи барномаҳои сармоягузории тасдиқшуда барои маблағгузории шахсони ҳуқуқии амалкунанда ё нав таъсисёфта таъин шудааст;

- маблағҳое, ки ҳамчун кредити буҷети барои маблағгузори ба шахсони ҳуқуқи дода мешаванд;

- хароҷоте, ки ба таъмири асоси ва хариди воситаҳои асоси вобаста мебошад;

- хароҷоте, ки иҷрои он ба афзоиши амволи мутаносибан ба моликияти ҷумҳурияви ва коммунали мансуб буда, оварда мерасонад;

- хароҷоти дигар, ки тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетҳо ба хароҷоти асоси дохил шудааст.

Дар таркиби хароҷоти асоси тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани буҷети кофи имконпазир мебошад.

Гурӯҳҳои хароҷоти ҷори ва асосии буҷетҳо мутобиқи гурӯҳбандии иқтисодии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 15. Шаклҳои хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти буҷети давлатии Чyмҷypии Тоҷикистон дар шаклҳои зайл ба амал бароварда мешавад:

- маблағҷудокуни аз буҷет барои таъмини фаъолияти ташкилоти буҷети;

- маблағ барои пардохти мол (кор, хизматрасони), ки шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоси шартномаҳои давлати ва маҳалли иҷро мекунанд;

- интиқоли маблағ (трансфертҳо) ба аҳоли;

- маблағҷудокуни аз буҷет барои иҷрои ваколатҳои алоҳидаи идораи давлати, ки вазифаи амали гардонидани онҳо ба мақомоти ҳокимияти маҳалли вогузор шудааст:

- маблағҷудокуни аз буҷет барои ҷуброни хароҷоти иловаги, ки вобаста ба қабул кардани қарор аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати пеш меояд ва дар натиҷа ба афзоиши хароҷот ё кам шудани даромади буҷет оварда мерасонад;

- кредити буҷети ба шахсони ҳуқуқи, аз ҷумла қарзи андозбанди, пардохтҳои мӯҳлатдор, дароз кардани мӯҳлати супоридани андозу пардохтҳо ва дигар ӯҳдадориҳо;

- мусоидати молияви (субвенсия), кӯмаки молияви (субсидия) ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

- маблағгузории сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии амалкунанда ва аз нав таъсисёфта;

- қарзи буҷети, кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), кӯмаки молияви (субсидия) ба сатҳҳои дигари системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлати;

- қарздиҳи ба давлатҳои хориҷи;

- маблағ барои хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзи ва пардохти фоизи онҳо, аз ҷумла барои иҷрои кафолати давлати ва ҳокимияти маҳалли.

Моддаи 16. Хароҷоти буҷети ҷумҳурияви

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви танҳо хароҷоти амалҳои зайл маблағгузори мешавад:

- таъмини фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлати, хароҷоти дигар оиди идоракунии умумидавлати аз рӯи феҳристе, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви муайян карда мешавад;

- фаъолияти системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амали гардонидани фаъолияти байналмилали, таъмини молиявии иҷрои шартномаҳои умумидавлати ва шартномаҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молияви, ҳамкории байналмилалии фарҳанги, илми-иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, ҳақи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилали, дигар хароҷот дар соҳаи ҳамкории байналмилали, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви муайян карда мешаванд;

- мудофиа ва таъмини бехатарии давлат;

- тадқиқоти бунёди ва дастгирии пешрафти илми-техники;

- дастгирии давлатии нақлиёт;

- бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулода ва офати табии;

- ташаккули моликияти ҷумҳурияви ва маблағгузории муассисаҳое, ки дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлати мебошанд ва ба моликияти давлати мансубанд;

- хизматрасони ва пардохти қарзи давлати;

- ҷуброни хароҷоти фондҳои мақсадноки давлати оиди пардохти нафақа ва кӯмакпули, дигар пардохтҳои иҷтимои, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд;

- пурра кардани захираи давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, захираи моддии давлати;

- гузаронидани интихоботу раъйпурси;

- барномаҳои умумиҷумҳуриявии сармоягузори;

- таъмини иҷрои қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлати, ки ба афзоиши хароҷоти буҷет ё камшавии даромади буҷет оварда мерасонанд;

- таъмини иҷрои ваколатҳои алоҳидаи давлати, ки амали гардонидани онҳо ба сатҳи дигари ҳокимият вогузор шудааст;

- дастгирии молиявии ҳокимияти маҳалли;

- ҳисобдории расмии омор;

- хароҷоти дигар.

Моддаи 17. Хароҷоти фондҳои мақсадноки давлати

Маблағҳои фондҳои мақсаднокии давлати танҳо барои иҷрои амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд ва мутобиқи буҷети фондҳои мазкур, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви тасдиқ гардидааст, истифода мешаванд.

Моддаи 18. Хароҷоти буҷетҳои маҳалли

Аз ҳисоби буҷетҳои маҳалли танҳо хароҷоти амалҳои зайл маблағгузори мешавад:

- таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳалли;

- ташаккули моликияти коммунали дар маҳал ва идоракунии он;

- ташкил, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф, тандурусти, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмони, матбуоти даври ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳалли мебошанд;

- инкишофи хоҷагии манзилию-коммунали;

- сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳо, ки аҳамияти маҳалли доранд;

- ободони ва кабудизоркуни дар маҳал;

- ташкили истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;

- ташкили хизматрасонии нақлиётии аҳоли ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳалли мебошанд;

- ҳифзи табиат дар маҳал;

- амалигардонии барномаҳои мақсадноки ҳокимияти маҳалли;

- хизматрасонии қарзи ҳокимияти маҳалли ва пардохти он;

- кӯмаки молиявии беподош ба аҳоли;

- гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли.

Маблағгузории амалҳои дигари мақомоти ҳокимияти маҳалли ва хароҷоти дигар, ки ба масъалаҳои ахамияти маҳалли дошта мансуб буда, аз ҷониби мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли мутобиқи гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Моддаи 19. Хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли хароҷоти амалҳои зайл якҷоя маблағгузори мешавад:

- дастгирии давлатии соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзи, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ;

- таъминоти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;

- таъминоти бехатарии зидди сӯхтор;

- фаъолияти илми-тадқиқоти, таҷрибави-конструктори, лоиҳакаши-муҳаққиқи, ки пешрафти илми-техникиро таъмин менамояд;

- таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳоли;

- таъмини ҳифзи табиат, ҳифз ва такрористеҳсоли захираҳои табии, фаъолияти обӯҳавошиноси (гидрометеорологи);

- таъмини пешгири ва бартараф кардани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офати табии;

- инкишофи инфрасохтории бозор;

- таъмини фаъолияти воситаҳои ахбори умум;

- кӯмаки молияви ба дигар буҷетҳо;

- хароҷоти дигар, ки дар ихтиёри муштараки ҳокимияти давлати ва ҳокимияти маҳалли мебошад.

Тақсим ва вобаста кардани хароҷоти дар моддаи мазкур номбаршуда байни буҷетҳои сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати мутаносибии мақомоти ҳокимият ва идораи давлати ва мақомоти ҳокимияти маҳалли анҷом дода шуда, бо Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви тасдиқ карда мешаванд;

Тартиби мутобиқсозии тақсимот ва вобаста кардани хароҷоти дар ихтиёри муштарак ҳокимияти давлати ва ҳокимияти маҳалли буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ V. БАРОБАРИИ (МУВОЗИНАТИ) БУҶЕТҲО

Моддаи 20. Барзиёдии (профисити) буҷет

Барзиёдии даромад ва грантҳои буҷет нисбати хароҷоти он барзиёдии (профисити) буҷет мебошад.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли имкон дорад бо барзиёди (профисит) таҳия ва тасдиқ карда шаванд.

Моддаи 21. Қасри буҷет ва манбаъҳои маблағгузории он

Барзиёдии хароҷоти буҷет нисбати даромади он қасри буҷет мебошад.

Дар ҳолати қабули буҷет барои соли навбатии молияви бо барзиёдии хароҷот нисбати даромад, қонун (қарор) дар бораи буҷети далхлдор манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети мазкурро тасдиқ мекунад.

Хароҷоти ҷории буҷетҳои маҳалли аз маҷмӯи даромадҳои буҷетҳои мазкур зиёд шуда наметавонад.

Маҷмӯи касри буҷети ҷумҳурияви аз маҷмӯи маблағгузории буҷети ва хароҷоти пардохти қарзи давлати зиёд шуда наметавонад.

Маҷмӯи касри буҷетҳои маҳалли аз се фоизи маҷмӯи даромади онҳо, ба истиснои кӯмаки молияви аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд шуда наметавонад.

Воридоти даромад аз манбаъҳои маблағгузории қасри буҷетҳои маҳалли танҳо барои хароҷоти маблағгузори равона карда мешавад ва истифодаи он барои маблағгузории хароҷоти хизматрасони ва пардохти қарзи мақомоти ҳокимияти маҳалли мань аст.

Ба манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети ҷумҳурияви мансубанд:

а) манбаъҳои дохили:

- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои қарзи бо асъори милли мегирад;

- вомбаргҳои (заёмҳои) давлати, ки дар шакли қоғазҳои қиматнок бо асъори милли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

- қарзҳои буҷети, ки аз сатҳҳои болоии системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд;

б) манбаъҳои беруни:

- вомбаргҳои (заёмҳои) давлати, ки дар шакли қоғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

- қарз аз кишварҳои хориҷи, бонку ширкатҳо, ташкилоти байналмилалии молияви ва ғайрирезидентҳо, ки бо асъори хориҷи гирифта мешавад.

БОБИ VI. ҚАРЗИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 22. Қарзи давлати, таркиб ва шаклҳои он

Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шахсони воқеи ва ҳуқуқи, кишварҳои хориҷи, ташкилотҳои байналмилалии молияви, дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилали иборат мебошад.

Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва бе ягон шарту шароит аз ҳисоби маҷмӯи амволе, ки моликияти давлатиро ташкил медиҳад, таъмин карда мешавад.

Ҳуқуқи қарзгирии давлатии дохили ва беруни, таркиб, тартиби хизматрасони, баҳисобгири ва бақайдгири, таҷдиди сохтори он, додани қарз ба давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

БОБИ VII. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИБУҶЕТИ

Моддаи 23. Acocҳои муносибатҳои байнибуҷети

Муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки давлати муносибатҳои байнибуҷети мебошанд.

Муносибатҳои байнибуҷети ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

- ба сатҳҳои муайяни системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим ва вобаста кардани хароҷоти буҷетҳо;

- дар асоси доими тафриқа додан ва аз рӯи меъёрҳои муваққати тақсим намудани даромадҳои танзимкунанда байни сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баробарии ҳуқуқи буҷетии ҳокимияти маҳалли, фондҳои мақсадноки давлати;

- баробар кардани сатҳи ҳадди ақали таъминоти буҷетии ҳокимияти маҳалли;

- баробарии тамоми буҷетҳо дар муносибат бо буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 24. Шаклҳои кӯмаки молияви ба буҷетҳои маҳалли

Кӯмаки молияви ба буҷетҳои маҳалли дар шаклҳои зерин расонида мешавад:

- кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - барои баробар кардани ҳадди ақали таъминоти буҷетии ҳокимияти маҳалли, маблағгузории ҳадди ақали стандартҳои давлатии иҷтимои, ки масъулияти маблағгузории онҳо ба зиммаи ҳокимияти маҳалли гузошта шудааст;

- мусоидати молияви (субвенсия) - барои маблағгузории хароҷоти алоҳидаи мақсаднок;

- қарзи буҷети - барои пур кардани тафовути муваққатии хазинави, ки дар ҷараёни иҷрои буҷетҳои маҳалли ба вуҷуд меояд;

- шаклҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст.

Тартиби расонидани кӯмаки молияви, андозаи он аз рӯи шаклҳои дар зербандҳои 1-2 кисми якуми моддаи мазкури ҳамин Қонун нишон додашуда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви муайян карда мешавад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки барои бартараф кардани тафовути хазинави ба буҷетҳои маҳалли қарзи муваққати (ссуда) ҷудо намояд, ки дар давоми соли молиявии ҷори баргардонида мешавад.

БОБИ VIII. ПРОСЕСИ БУҶЕТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 25. Системаи мақомоте, ки дар coҳаи молия ва буҷет салоҳият доранд

Ба системаи мақомоте, ки дар соҳаи молия ва буҷет салоҳият доранд дохил мешаванд:

- мақомоти молияви;

- мақомоти танзими пулию қарзи;

- мақомоти назорати молиявии давлати.

Мақомоти мазкур вазифаҳои ба худ хос дошта, дар доираи салоҳияти ба онҳо дода шуда амал мекунанд.

Сохтори мақомоти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Мақоми танзими пулию қарзи ва асъори Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Мақомоти назорати молиявии давлати ва ҳокимияти маҳалли инҳо мебошанд:

- мақомоти назорати молиявии давлати;

- мақоми назоратии мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли;

- ба амал баровардани баъзе салоҳиятҳо дар соҳаи молия ва буҷет мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ба мақомоти дигари ҳокимият ва идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шавад.

Ҳокимияти маҳалли бо мақсади хизматрасонии буҷети маҳалли ва идоракунии маблағҳои буҷети мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии ҳокимияти маҳалли шӯъбаҳои молия ва хазинадори ё дигар мақомоти молиявиро таъсис медиҳад.

Моддаи 26. Иштирокчиёни просеси буҷет

Дар просеси буҷет иштирок мекунанд:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти ҳокимияти қонунгузори (намояндаги);

- мақомоти ҳокимияти иҷроия;

- мақомоти танзими пулию қарзи ва асъори;

- мақомоти ҳокимияти маҳалли;

- фондҳои мақсадноки давлати;

- молики асоси ва моликони маблағҳои буҷети;

- ташкилотҳои буҷети, корхонаҳои ягонаи (унитарии) давлати ва ҳокимияти маҳалли, ташкилотҳои қарзи, ки бо маблағҳои буҷети фаъолият мекунанд;

- мақомоти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо салоҳиятро дар соҳаи идораи молия, буҷету ва андоз вогузоштааст.

Моддаи 27. Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунро дар бораи Буҷети давлати барои соли навбатии молияви қабул мекунад;

- назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи маблағҳои буҷетро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барраси менамояд;

- бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додан ё гирифтани қарзи давлати ризоят медиҳад;

- ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузаштаи молияви тасдиқ мекунад;

- ваколатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур, қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва буҷет муайян намудаанд, амали менамоянд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ваколатҳоро нисбати фондҳои мақсадноки давлати низ амали мегардонад.

Моддаи 28. Салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли

Мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли:

- мустақилона буҷети маҳаллиро тасдиқ намуда, иҷрои онро назорат ва ҳангоми зарурат ба он тағйироту иловаҳо ворид менамояд;

- ба мақомоти болои нишондиҳандаҳои буҷети тасдиқ намудаи Маҷлиси вакилони халқро барои ба таркиби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани онҳо хабар медиҳад;

- маблағи буҷетро аз рӯи моддаҳои хароҷот тақсим намуда, барои истифодаи самарабахши маблағҳои мазкур ҷавобгар мебошад;

- ҳисоботро оид ба иҷрои буҷети маҳалли дар соли гузаштаи молияви тасдиқ мекунад;

- ваколатҳои дигарро мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти маҳалли амали мегардонад.

Моддаи 29. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- татбиқи сиёсати ягонаи молияви, андозситони, буҷети ва пулию қарзиро таъмин менамояд;

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви, масъалаҳои андозаи имконпазири касри буҷети давлати ва манбаи ҷуброни онро бо ҳуҷҷату асноди зарури ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иҷрои буҷетро таъмин менамояд;

- оиди лоиҳаи қонунҳое, ки дар онҳо хароҷот аз ҳисоби маблағи буҷети давлати ҷуброншаванда пешбини мегардад, ба истиснои лоиҳаи қонунҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаро дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод менамояд;

- ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба додан ё гирифтани қарзи давлати мегирад;

- афзалияти қарзгирии давлати ва қарзгирии кафолатноки давлатиро муайян намуда, тартиби идораи қарзгирии мазкур ва ба анҷом расонидани онро таъмин менамояд;

- ҳисоботро оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузаштаи молияви барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тартиби ташкил ва барҳамдиҳии фондҳои мақсадноки давлати, идораи фаъолияти онҳо, баррасии ҳисоботи онҳоро муайян менамояд;

- лоиҳаи қонунҳоро оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Чyмҷypии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви таҳия намуда, бо ҳуҷҷату асноди зарури ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди молия ва буҷет муқаррар намудаанд, амали менамояд.

Моддаи 30. Салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли:

- қоидаҳои умумии ташкили муносибатҳои молиявию буҷетии маҳаллиро муқаррар менамояд;

- лоиҳаи буҷети маҳаллиро барои соли навбатии молияви ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод мекунад;

- оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқ дар бораи буҷети маҳалли таклифҳо пешниҳод менамояд;

- иҷрои буҷети маҳалли, аз ҷумла ҷамъоварии даромадҳоро назорат менамояд;

- қарзи ҳокимияти маҳаллиро идора мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки санадҳои мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли муайян кардаанд, амали мегардонад.

Моддаи 31. Салоҳияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самтҳои асосии сиёсати молиявию буҷети ва андозро муайян карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молияви ва лоиҳаи фондҳои мақсадноки давлатиро бо мақомоти дахлдор таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- роҳбарии методиро дар соҳаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлати ва идораи он амали мегардонад;

- феҳристи ҷамъбастии буҷети ҷумҳуриявиро тартиб медиҳад;

- дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия мекунад;

- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи қарзгирии дохилии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарту қоидаҳои бароришу ҷобаҷокунии вомбаргҳои (заёмҳои) давлатиро тайёр карда, ҳамчун бароришгари (эмитенти) қоғазҳои қиматноки давлати фаъолият мекунад ва барориши қоғазҳои қиматноки ҳокимияти маҳаллиро ба қайд мегирад;

- ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии молияви амали мегардонад;

- барномаи қарзгирии давлатии берунии ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр карда, оиди ҷалб намудани захираҳои қарзии хориҷи чораҳои зарури меандешад, барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди кафолати қарзҳо таҳия намуда, тартиби додани кафолатро муайян мекунад;

- роҳбарии методиро оиди ҳисобдории муҳосибавию ҳисоботи шахсони ҳуқуқи сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли дигарро пешбини накарда бошад, ба роҳ мемонад;

- ҳисоботро оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- намудҳои ҳисобдори ва ҳисобот, тартиби таҳияи онҳоро оиди иҷрои буҷетҳои сатҳҳои мухталифи системаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хapoҷоти ташкилотҳои буҷетиро муайян менамояд;

- буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиботи муқаррар кардаи Қонуни мазкур иҷро намуда, назорати пешаки ва ҷории иҷрои онро амали мегардонад ва бо маблағҳои буҷети ҷумҳурияви амалиёт мегузаронад;

- ҳуқуқ дорад аз моликони асоси, молику маблағгирандагон ҳисоботро дар бораи истифодаи маблағҳои буҷети ҷумҳурияви, маълумоти дигарро оиди маблағгири, пулгузарони, баҳисобдарори ва истифодаи маблағҳои мазкур талаб намояд;

- аз бонкҳои ваколатдор оиди гузаронидани амалиёт бо маблағҳои буҷети ва фондҳои мақсадноки давлати маълумот талаб менамояд;

- ба моликони асоси, моликону маблағгирандагони буҷети, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва дигар ташкилотҳои қарзи оиди бартараф кардани норасоиҳои ошкоршуда дар соҳаи қонунгузории буҷетию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мефиристад;

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёри қабул мекунад, ки риояи онҳо барои тамоми мақомоти идораи давлати ва субъектҳои хоҷагидори ҳатми мебошад;

- аз мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли, фондҳои мақсадноки давлати барои таҳияи дурнамо ва лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарури мегирад;

- дар доираи меъёри (лимити) маблағҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви тасдиқ кардааст ва мувофиқи тартиботи муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро таъмин менамояд;

- бо супориш ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти маҳалли, шахсони ҳуқуқи дар доираи меъёри (лимити) тасдиқшудаи маблағҳо кафолати давлати медиҳад;

- вазъи молиявии маблағгирандагони буҷети, аз ҷумла қарзгирандагону кафолатгирандагонро тибқи муқаррароти қонун месанҷад (Конун аз 30.07.07с. № 308);

- маблағгирандагони буҷетиро аз мавқеи риояи шартҳои гирифтани маблағ ва самаранокии истифодаи онҳо тибқи муқаррароти қонун месанҷад (Конун аз 30.07.07с. № 308);

- барориши вомбаргҳои (заёмҳои) ҳокимияти маҳалли, корхонаҳои давлати ва ягонаро (унитариро) ба қайд мегирад;

- қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур, қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузоштааст, иҷро мекунад.

Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти назорати давлатии молияви

Салоҳияти мақомоти назорати давлатии молияви дар Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Моддаи 33. Ташкилоти буҷети

Ташкилоти буҷети - ташкилоте мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳалли барои амали гардонидани вазифаҳои идоракуни, иҷтимои, фарҳанги, илмию техники ва дигар вазифаҳои хусусияти ғайритиҷорати дошта таъсис дода мешавад ва фаъолияти он на камтар аз 70 фоиз аз ҳисоби буҷети дахлдор ё буҷети фонди мақсадноки давлати маблағгузори карда мешавад.

Даромадҳои ташкилоти буҷети, ки аз ҳисоби буҷет ва фондҳои мақсадноки давлати, ба даст оварда мешаванд, инчунин аз фаъолияти соҳибкори, аз ҷумла даромад аз хизматрасонии пулаки, даромадҳои дигар аз истифодаи моликияти давлати ё коммунали, ки бо ҳуқуқи идораи оперативи ба ташкилоти буҷети вобаста карда шудааст ё фаъолияти дигар дар сметаи даромаду хароҷот пурра инъикос меёбанд.

Ташкилоти буҷети маблағҳои буҷетро ба воситаи ҳисобҳои хусусии ташкилоти буҷети, ки аз ҷониби мақомоти хазинадори идора мешаванд, истифода мебарад.

Ташкилотҳои буҷети барои амалҳои зайл вазифадор мебошанд:

- сари вақт пешниҳод кардани дархости буҷети ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар бораи ҳуқуқи гирифтани маблағи буҷети шаҳодат медиҳанд;

- истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети;

- сари вақт ва пурра баргардонидани маблағҳои буҷети, ки ҳамчун қарзи бозпас додашаванда гирифта шудаанд;

- сари вақт ва пурра баргардонидани фоиз аз истифодаи маблағҳои буҷети;

- сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботу маълумоти дигар оиди истифодаи маблағҳои буҷети.

БОБИ IX. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ БУҶЕТҲО

Моддаи 34. Асосҳои тартиби таҳияи лоиҳаи буҷети давлати

Таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли нави молияви ҳуқуқи истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи Буҷети давлати дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои иқтисодиёт, баланси ҷамъбасти молияви ва бо назардошти фароҳам овардани ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлати дар асоси меъёрҳои хароҷоти маблағ барои хизматрасонии давлати, дигар меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.

Барои тартиб додани лоиҳаи Буҷети давлати ҳуҷҷату маводи зерин тайёр карда мешаванд:

- дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви;

- самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз, пулию қарзи ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дурнамои баланси ҷамъбасти молияви барои соли навбатии молияви;

- барномаи маблағгузории мақсаднок;

- нақшаи инкишофи сектори давлати;

- сохтори қарзи давлати, барномаи қарзгирии давлатии дохили ва беруни;

- барномаи кафолати давлати;

- ҳисоби зарари буҷети давлати аз ҳисоби имтиёзҳо дар соҳаи андоз;

- ҳисоби иҷрои тахминии буҷет дар соли ҷории молияви;

- ҳуҷҷату маводи дигар, ки Қонуни мазкур пешбини намудааст.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳалли, ташкилотҳои буҷети оид ба тартиб додани лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молияви низомнома тартиб медиҳад, ки дар он сиёсати андозу буҷет, самтҳои асосии даромаду хароҷоти буҷет, ҷадвали омода сохтани он ва қоидаҳои пешниҳод намудани ҳисобу асосноккунии буҷетҳо муайян карда мешаванд.

Моддаи 35. Тартиби таҳияи буҷети ҷумҳурияви

Мақомоти идораи давлати, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидори, ки ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури масъуланд, ба Вазорати молия нишондиҳандаҳои муфассали истеҳсоли молҳоро (кор, хизматрасониро) барои соли ҳисоботи ва давраи пеши назар, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷети ҷумҳурияви лозиманд, пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия қоидаи таҳияи маълумотро барои тартиб додан ва пешниҳод намудани сметаи муассисаҳои буҷети муқаррар менамояд. ҳуҷҷатҳое, ки муассисаҳои буҷети пешниҳод менамоянд, бояд чунин маълумотро дарбар гиранд:

- лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои соли ояндаи буҷети аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо, бандҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷети;

- лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои давраи миёнамӯҳлат аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷети;

- маълумот оиди шабакаи муассисаю ташкилот, мансабҳо (доими ва муваққати) ва ҳайате, ки барои онҳо пешбини кардани маблағ лозим меояд;

- шарҳу асосноккунии ҳисобот, ки ба Вазорати молия имкон медиҳад, таклифҳои оид ба буҷетҳо ҷамъбаст ва таҳлил намояд;

- таклифҳо оиди тартиб додани барномаҳои сармоягузории давлати барои давраи миёнамӯҳлат, алоҳида барои ҳар сол.

Вазорати молия ҳамаи ҳисобҳои воридот ва пардохтҳои буҷетиро таҳлил намуда, ба муассисаҳои буҷети ислоҳҳои заруриро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ҳаҷми зарурии қарзгири ва манбаъҳои имконпазири гирифтани онро муайян мекунад.

Дар ҳолати рӯи додани мухолифат байни Вазорати молия ва вазорату идораҳо, дигар муассисаҳои буҷети оиди тартиб додани лоиҳаи буҷет, Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 36. Тартиби таҳияи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати

Буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати аз ҷониби мақомоте, ки фондҳои мазкурро идора менамояд, мутобиқи низомнома ва мӯҳлати муқаррар намудаи Вазорати молия тартиб дода мешаванд;

Дар ҳолати рӯи додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоте, ки буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 37. Тартиб додани буҷетҳои маҳалли

Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли мувофиқи талаботи Қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳокимияти маҳалли, дигар санадҳои меъёри ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Барои тартиб додани буҷетҳои маҳалли мақоми молияи маҳалли масъул мебошад.

БОБИ X. ПЕШНИҲОД, БАРРАСИ ВА ТАСДИҚИ БУҶЕТҲО

Моддаи 38. Тартиби пешниҳоди буҷетҳои маҳалли

Лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молия раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурияви пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳалли бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:

- нишондиҳандаҳои даромаду хароҷот барои соли навбатии молияви ва давраи миёнамӯҳлат;

- ҳисоби маблағи зарурии кӯмаки молияви (дотатсия) ва мусоидати молияви (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳурияви ҷудо карда мешаванд.

Шарҳу асосноккунии ҳисобҳо ба Вазорати молия имконият медиҳанд, ки таклифҳои оиди буҷетро ҷамъбаст ва таҳлил намояд.

Дар мавриди рӯи додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли оиди тартиб додани лоиҳаи буҷети маҳалли, Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят ва шаҳр ба мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия нишондиҳандаҳои даромаду хароҷоти буҷетҳо ва ҳисобҳоро оиди онҳо мувофиқи талаботу қоидаҳои пешбини намудаи моддаи мазкур пешниҳод менамоянд.

Моддаи 39. Тартиби пешниҳоди лоиҳаи буҷети давлати

Вазорати молия дар асоси таклифҳои оид ба буҷет пешниҳод гардида лоиҳаҳои буҷети давлати, буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро барои соли навбатии молияви тартиб медиҳад ва онро то 20 сентябри соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда лоиҳаи пешниҳод гардидаи буҷети давлати, буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро барраси менамояд ва қарори дахлдор қабул мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 ноябри соли равон лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли навбатии молияви барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 40. Ҳуҷҷатҳo ва маводе, ки баробари лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлати ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд

Баробари ирсол шудани лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷату маводи зерин низ пешниҳод мешаванд:

- ҷамъбасти тахминии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта;

- дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви;

- самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз барои соли навбатии молияви;

- дурнамои баланси ҷамъбастии молияви барои соли навбатии молияви;

- лоиҳаҳои барномаҳои мақсадноки умумиҷумҳурияви, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд;

- ҳисобу китоб аз рӯи моддаҳои гурӯҳбандии буҷети ҷумҳурияви, қисм ва бандҳои гурӯҳбандии вазифавии буҷет барои соли навбатии молияви;

- лоиҳаи барномаи қарзгирии давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба давлатҳои хориҷи додани қарз дар соли навбатии молияви;

- лоиҳаи сохтори қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи қарзгирии дохили, ки барои пардохти қасри буҷет пешбини шудаанд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди боздоштани амал ё бекор кардани қонунҳое, ки дар онҳо хароҷоти маблағ аз ҳисоби буҷети давлати пешбини мегардад;

- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

Дар баробари ирсоли лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ба Маҷлиси намояндагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои зайлро низ пешниҳод менамояд:

- дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумруки";

- дар бораи буҷети фондҳои мақсадноки буҷети.

Моддаи 41. Фонди хароҷоти пешбининашуда

Фонди хароҷоти пешбининашуда ҳар сол ба ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳурияви дохил карда мешавад. Андозаи фонди хароҷоти пешбининашуда ҳангоми тартиб додани буҷети харсола муайян карда мешавад.

Тақсим ва истифодаи маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табии, паҳншавии касалиҳои сирояти ва дигар ҳолатҳои пешбининашуда, ки дар буҷети ҳарсола дар назар дошта нашудаанд, сарф мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хароҷоти фонди пешбининашуда маълумот медиҳад.

Моддаи 42. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2 фоизи даромади буҷети давлати муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳурияви дохил мешавад.

Маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд.

Моддаи 43. Фонди захиравии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо

Фонди захиравии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахлдор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.

Ба фонди захиравии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ихтиёрдори менамоянд.

Тартиби истифодаи маблағҳои фонди захиравии мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар маҳалҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 44. Асосҳои барраси ва тасдиқи буҷетҳо

Тартиби баррасии лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ва тасдиқи онро Қонуни мазкур муайян мекунад.

Тартиби баррасии лоиҳаи қарор дар бораи буҷети маҳалли ва тасдиқи онро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, санадҳои ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти маҳалли муайян мекунанд.

Лоиҳаи қонун дар бораи буҷети фондҳои мақсадноки давлати баробари Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви ва дар доираи ҳамин Қонун барраси гардида, тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди андозситони барои барраси ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти намояндагон ҳокимияти маҳалли аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори то қабули қонун (қарор) дар бораи буҷет барои соли навбатии молияви пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 45. Оқибати қабул нашудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли равон қабул нашудааст, мавриди амал қарор дода намешавад ва маблағгузории хароҷот мутобиқи муқаррароти моддаи 48 Қонуни мазкур сурат мегирад.

Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидаанд, метавонад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи маблағгузории хароҷот аз буҷети давлати дар семоҳаи якуми соли навбатии молияви қабул намояд.

Моддаи 46. Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви

Лоиҳаи қонунҳо оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки мавзӯи танзими Қонуни мазкур мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

Дар сурати кам шудан ё барзиёдии воридоти маблағ ба буҷет, ки ба тағйирёбии маблағгузори аз таъиноти солона кам ё зиёд нисбати буҷети тасдиқшуда ба андозаи 10 фоиз боис гардад дар он сурат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви бо ҳуҷҷатҳои зарури ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро бо тартиби ғайринавбати дар давоми 15 рӯз барраси менамоя.

Агар лоиҳаи Қонун оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви дар мӯҳлати муқаррар гардида қабул нашавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки хароҷоти буҷети давлатиро таносубан бо қабули қарори дахлдор оиди масъалаҳои мазкур кам ё зиёд намояд, дар сурате ки агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлати дар соли ҷори тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

БОБИ XI. ИҶРОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 47. Тартиби тасдиқ кардани сметаи хароҷот

Баъди тасдиқи буҷети давлати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд, аз хусуси маблағҳои барояшон тасдиқшуда хабар медиҳад ва мувофиқи хабарномаи мазкур вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо сметаи хароҷоти худро мувофиқи гурӯҳбандии буҷети барои ҳар се моҳ тасдиқ ва ба Вазорати молия барои иҷро пешниҳод менамоянд. Тартиб ва тасдиқи сметаи хароҷотро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Моддаи 48. Иҷрои буҷети давлатии тасдиқнашуда

Дар мавриди буҷети давлатии соли навбатии молиявиро то 31 декабр тасдиқ накардани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети соли нави молияви мувофиқи хароҷоте, ки дар Қонуни буҷети давлатии соли гузашта тасдиқ шудааст, танзим мегардад.

Дар ҳолати пешбини намудаи қисми якуми моддаи мазкур, Вазорати молия ба вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети барои хароҷот ба миқдори аз дувоздаҳ як ҳиссаи хароҷоти соли буҷетии гузашта барои ҳар моҳи пурра маблағ медиҳад. Маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, хизматрасонии қарз ва фоизи он пурра иҷро карда мешавад.

Маблағҳои воридшуда, дигар воридот, хароҷоти давраи пеш аз қабули буҷети давлати сурат гирифта аз тарафи Вазорати молия баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви танзим карда мешаванд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли дар мавриди тасдиқ нашудани буҷети давлати буҷетҳои маҳаллиро бо риояи шартҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи мазкур пешбинишуда иҷро менамояд.

Моддаи 49. Ваколату масъулияти вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети оиди иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети маблағҳояшонро мувофиқи сметаҳои тасдиқшуда харҷ менамоянд. Маблағгузории ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба воситаи хазинадории маркази ва шӯъбаҳои маҳаллии он сурат мегирад.

Вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети ҳуқуқ доранд, дар доираи маблағҷудокуни барои хар се моҳ ӯҳдадории пардохти қабул намоянд, ба истиснои ӯҳдадориҳои пардохти муомилоте, ки иҷрои онҳо вақти зиёдро талаб мекунад.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети барои истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои аз буҷети давлати ҷудо шуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

Ташкилотҳои буҷети ҳуқуқ надоранд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати зиёда аз маблағҳои тасдиқ кардан Қонун дар бораи Буҷети давлати, ӯҳдадори қабул намоянд.

Моддаи 50. Аз нав тақсим кардан ва маҳдуд намудани маблағҳои ҷудокардашудаи буҷети дар ҷараёни иҷрои буҷет

Хароҷоти тасдиқшудаи буҷетҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетиро дар ҳолатҳои пешбини намудаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тағйиру тақсим кардан мумкин аст.

Дар доираи сметаи вазорату муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷети такроран аз рӯи моддаҳои хароҷот ва ба ҳар се моҳ тақсим кардани маблағ бо иҷозати Вазорати молия сурат мегирад. Аз нав тақсим кардан набояд аз даҳ ду ҳиссаи ҳаҷми маблағгузориҳои моддаи тағйирёбанда ва семоҳа зиёд бошад.

Вазорати молия дар ҳолати аз тарафи ташкилотҳои буҷети вайрон кардани қоидаҳои истифодаи маблағҳои буҷети ҳуқуқ дорад, ҳаҷми маблағҷудокуниҳои мақсаднокро боздорад ё муваққатан маҳдуд кунад ё вақти ҷудо кардани онҳоро дар мавридҳои иҷозат додаи Қонун аз ҷумла тағйир додани ваколати ташкилотҳои буҷети, зиёд намудани меъёри қасри солона ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир диҳад.

Дар мавриди аз нав ташкил додан ё барҳам хӯрдани ташкилотҳои буҷети, Вазорати молия ба буҷет дар доираи маблағҳои барояшон пешбинишуда тағйироти дахлдор ворид месозад.

Моддаи 51. Иҷрои буҷетҳои маҳалли

Тартиби иҷрои буҷети маҳалли ба иҷрои буҷети ҷумҳурияви монанд мебошад. Масъулияти иҷрои буҷети маҳалли ба зиммаи мақоми молияи ҳукуматҳои маҳалли гузошта мешавад.

Моддаи 52. Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати

Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Масъулият барои иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати ба зиммаи роҳбарони мақомоте гузошта мешавад, ки идораи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро ба зимма доранд.

Моддаи 53. Ҷамъбаст ва таҳлили иҷрои буҷети давлати

Вазорати молия баъди ҷамъбасту таҳлили ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи буҷети давлати дар ҳар се моҳ бо ҷамъбасти афзоянда гузориш пешниҳод менамояд. Дар гузориш бояд чунин маълумот бошад:

- маълумоти ҳисоботи дар бораи вазъи макроиқтисоди ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқоисаи ҳаҷми даромадҳои воқеи ва тасдиқшуда, ҳаҷми хароҷоти воқеи ва тасдиқшуда, грантҳо, қаср ва қарзи гирифташудаи буҷети давлати бо шарҳи фарқи байни нишондиҳандаҳои тасдиқшуда ва воқеи;

- тадбирҳо оиди таъмини иҷрои буҷети давлати дар давраи боқимонда.

Дар асоси натичаи ҷамъбасту таҳлили иҷрои буҷет дар соли ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазъияти нави иқтисоди мувофиқ намудани соли молиявии ҷори тибқи моддаи 46 Қонуни мазкур қарор қабул мекунад ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моддаи 54. Анҷоми соли буҷети

Ҳуқуқи маблағгузории хароҷоти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви пешбини шуда 31 декабри соли буҷетии равон қатъ мегардад.

Ҳамаи маблағҳои дар суратҳисобҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети мавҷуда, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори мешаванд, 31 декабри соли равон бояд ҷамъбаст карда, ба ҳисоби ягонаи хазинадори гузаронида шаванд, дар сурате ки агар Вазорати молия қарори дигар қабул накунад. Мақомоти молияи маҳалли ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки давлати бо чунин тартиб суратҳисобҳои ташкилоту муассисаҳоеро, ки аз буҷетҳои маҳалли, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати маблағгузори мешаванд, ҷамъбаст менамоянд.

БОБИ XII. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИ

Моддаи 55. Назорати давлатии молияви, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли амали менамоянд

Назорати давлатии молиявиро мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хазинадории маркази ва шӯъбаҳои он, мақомоти молиявии ҳокимияти маҳалли, моликони асоси ва моликони маблағҳои буҷети амали менамоянд (Конун аз 30.07.07с. № 308).

Шакл ва тартиби аз ҷониби мақомоти дахлдор амали гардонидани назорати давлатии молиявиро Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молияви дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷyмҳypии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадори", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд (Конун аз 30.07.07с. № 308).

БОБИ XIII. ҲИСОБОТ ДАР БОРАИ ИҶРОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 56. Ҳисоботи марҳилави дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молия барои вазорату идораҳо, дигар ташкилотҳои буҷети, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли ҳуҷҷатҳои меъёрии дастури, ки риояи қоидаҳои стандартии баҳисобгирию ҳисобдор ва тартиб додани ҳисоботро талаб менамоянд, таҳия ва нашр мекунад.

Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети ба Вазорати молия мутобиқи мӯҳлати муқарраркардаи вазорати мазкур ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои сметаи даромаду хароҷот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳалли пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия аз рӯи натичаҳои иҷрои буҷети давлати ва буҷети ҷумҳурияви ҳисоботи семоҳаро бо ҷамъбасти афзоянда таҳия менамояд. Мақомоти молияи маҳалли ҳисоботи дахлдорро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳалли тайёр мекунанд. ҳисоботи семоҳа бо ҷамъбасти афзоянда аз ҷониби Вазорати молия ва мақомоти молияи маҳалли мутаносибан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли пешниҳод карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли ҳисоботи семоҳаро тасдиқ карда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳалли пешниҳод менамоянд. ҳисоботи семоха аз ҷониби мақомоти дахлдор дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду мохи баъди ба охир расидани семоҳаи мазкур нашр мешавад.

Моддаи 57. Ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири молия дар охири соли молияви дар бораи ҷамъбасти сол ва тайёр кардани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати, буҷети фондҳои мақсадноки давлати, фармон мебарорад.

Дар асоси фармони мазкур ҳамаи маблағгирандагони буҷети ҳисоботи солонаро дар бораи даромаду хароҷот тайёр мекунанд.

Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷети ҳисоботи солонаи ташкилотҳои идориро муқоиса карда, қарори дахлдор мебароранд ва ҳисоботи ҷамъбастии солонаро то якуми марти соли равони молияви ба Вазорати молия пешниҳод менамоянд.

Ҳисоботи иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро мақомоти идоракунии фондҳои мазкур тартиб дода, то 1 марти соли равони молияви ба Вазорати молия пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия дар асоси ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷети, маблағгирандагони буҷети, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлати, корхонаҳо ва супоришдиҳандагони давлати, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли ва дигар мақомоти ваколатдор ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, то 1 майи соли равони молияви ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлати маълумоти зайл бояд инъикос ёбад:

- нишондиҳандаҳои воқеии даромаду грантҳо, ки дар давоми сол гирифта шудаанд;

- хароҷоти вазифавию иқтисоди мувофиқи гурӯҳбандии буҷети дар доираи ҳаҷми тасдиқу ислоҳшуда ва нишондиҳандаҳои воқеи;

- дарачаи воқеии қасри буҷет ва маблағгузори;

- баланси суратҳисоби ягонаи хазинадори дар аввал ва охири сол;

- шарҳи ихтилофҳои асоси байни маблағҷудокунии воқеи аз буҷет ва таъиноти тасдиқшудаи буҷети;

- ҳисобот дар бораи маҷмӯи қарзгирии давлати, кафолати давлатии қарзҳо, ки дар давоми соли буҷети дода шудаанд, феҳристи қарзҳои бепардохти давлати, маълумот дар бораи дигар амалиёт оиди идоракунии қарз;

- таҳлили умумии сармоягузори аз ҳисоби буҷети давлати;

- ҳисобот дар бораи хароҷот аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фонди хароҷоти пешбини нашуда.

Моддаи 58. Пешниҳоди ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлати ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли равони молияви ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Бо ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлати дар соли навбатии молияви ҳамзамон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети фондҳои мақсадноки давлати пешниҳод мешавад.

Моддаи 59. Ҳуҷҷатҳо ва асноди дигаре, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ҳамроҳи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати пешниҳод мешаванд

Ҳангоми ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати ҳуҷҷату асноди зерин низ пешниҳод мешаванд:

- ҳисобот дар бораи хароҷоти маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳисобот дар бораи додани қарзи буҷети ва пардохти қарзи буҷети;

- ҳисобот дар бораи додани кафолати давлати;

- ҳисобот дар бораи қарзҳои дохили ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳисобот дар бораи даромад аз ҳисоби истифодаи амволи давлати;

- ҳисобот дар бораи вазъи қарзҳои дохили ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 60. Хулосаи берунии ҳисобот дар бораи буҷети давлати

Хулосаи беруни оиди ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.

Хулосаи мақомоти мазкур дар бораи иҷрои буҷети давлати то 1 октябри соли равони молияви ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Шахсони мансабдори мақомоти мазкур барои нодуруст ва номукаммал будани маълумоти дар хулоса зикрёфта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани камбудиҳои дар хулоса зикргардида ва ба ҷавобгари кашидани гунаҳгорон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарури меандешад.

Моддаи 61. Барраси ва тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлати дар соли гузаштаи молияви баробари лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли нави молияви дар як вақт барраси намуда, тасдиқ мекунад.

Моддаи 62. Нашри ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлати

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлати дар соли гузашта баъди дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани он дар воситаҳои ахбори умум нашр менамояд.

БОБИ XIV. ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИ

Моддаи 63. Мақомоти идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молияи давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти зерин идора менамоянд:

- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз

30.07.07с. № 308);

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз

30.7.07с. № 308);

- Бонки миллии Тоҷикистон;

- Мақомоти намояндаги ва иҷроияи ҳокимияти маҳалли.

БОБИ XV. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ

Моддаи 64. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари муқаррар карда мешавад.

Моддаи 65. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2002 № 77

ш. Душанбе