ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЁРИИ РАВОНПИЗИШКӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 22)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои Қонун
Қонуни мазкур барои бо ёрии равонпизишкию иҷтимои таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтори бемориҳои pӯҳи мебошанд, ҷиҳати беҳтар кардани шароити зисту меҳнати онҳо, пешгирии бемориҳои рӯҳи ва ҳифзи саломатии рӯҳии аҳоли нигаронида шудааст .
Вазифаҳои ин Қонун аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи, муқаррар намудани асосҳо ва тартиби расонидани ёрии равонпизишки, ҳимояи шаҳрвандонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои хавфноки ин гуна беморон, ҳифзи ҳуқуқи кормандони тибб ва дигар кормандон, ки ёрии равонпизишки мерасонанд, иборат аст .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зёрин истифода бурда мешаванд:
муассисаҳои бемориҳои рӯҳи - беморхонаҳои рӯҳи ва руҳу асаб, диспансерҳо ё марказҳои бемориҳои рӯҳи ва руҳу асаб, ҳуҷраи равонпизишк марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар ҳамкории зич бо хадамоти ёрии аввалияи тибби ва ҳифзи иҷтимои ба шахсони гирифтори бемории рӯҳи ёрии равонпизишкии махсусгардонидашударо мерасонанд ;
носолимии (бемории) рӯҳи - вайрон шудани фаъолияти муътадили рӯҳи, ки дар пастшавии қобилияти ақли ва тағйирёбии возеҳи тафаккур ифода меёбад;
ёрии равонпизишки - пешгири намудани бемориҳои рӯҳи, муоинаи солимии рӯҳии шаҳрвандони, назорати диспансёри, ташхиси носолимии рӯҳи табобат, нигоҳубин, барқарорсозии тибби ва иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи ;
намояндагони қонуни - шахсоне, ки дар ифодакунандаи манфиати мизочони гирифтори бемориҳои рӯҳи мебошанд: волидон, фарзандон, фарзандхондагон, васиен ё парасторон;
барқарорсозии тибби-иҷтимои - барқарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии маҷмуи чорабиниҳои тибби, иҷтимои ва меҳнати, барои ҷалби беморон ба меҳнат, ҳамроҳшави ба хаёти оилави ва ҷамъияти;
ғайри қобили амал - аз ҷониби суд эътироф кардани ҳолати аз тарафи шахс дар натиҷаи ба бемории рӯҳи ё камақли гирифторшудан ғайриимкон будани дарки моҳият ва маънии амалиёти худ ё роҳбари ба он;
васояти шахси гирифтори бемории рӯҳи - ташкил ва амалигардонидани ҳимояи шахс ва амволи каси ғайри қобили амал, ҳуқуқ ва манфиатҳои ч дар натиҷаи носолимии рӯҳи ё камақли аз ҷониби давлат;
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии равонпизишки
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии психиатри ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои расонидани ёрии равонпизишки
Ёрии равонпизишки аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, дар асоси принсипҳои раҳму шафкат, башардӯсти ва адолати иҷтимои ба амал бароварда мешавад ва аз ҳуқуқи ҳар инсон оиди ҳифзи саломати, инчунин вазифаҳои асосии табиб, ки расонидани ёри ба бемор ва дар фаъолияти худ пайрави намудан ба қарзи табиби ва одоби касби мебошад, бармеояд .
Моддаи 5. Ҳуқуқҳои бемори(ои равони
Бемори(ои равони дорои тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст. Ҳуқуқу озодиҳои бемори(ои равони танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд .
Ба шахсони гирифтори бемори(ои равони чунин кафолатҳо дода мешавад :
- гирифтани маълумот дар бораи ҳуқуқҳои худ;
- муносибати боэҳтиромона ва башардӯстона, ки таҳқири шаъну эътибори инсонро истисно мекунад;
- додани розигии пешаки ва даст кашидан дар ҳама зинаҳо аз истифодаи онҳо ба сифати объекти озмоиши маводҳо ва усулҳои тибби ва тадқиқотҳои илми;
- маълумот дар бораи хусусияти бемори(ои равони ва усулҳои табобати он ;
- истифодаи восита ва роҳу усулҳои табобат вобаста ба хулосаи ташхис, хислати ранҷуриҳои рӯҳи ва дастовардҳои илми тибби замонави, ки мақомоти тандурусти иҷозат додааст;
- гузаронидани табобат дар шароити дармонгоҳи ва беморхонаги бо истифодаи усулҳои бошафкатона аз рӯи имкон дар маҳалли зисти бемор;
- имконияти даст кашидан аз муоина ва табобат, агар шахс ба қабули қарорҳои бошуурона кодир бошад;
- нигоҳ доштан дар муассисаи табобати беморхонаги танҳо ба мӯҳлате, ки барои муоина ва табобат зарур аст;
- расонидани ёрии табобати ва иҷтимои дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиени мувофиқат карда, шаъну эътибори инсониро паст намекунад;
- табобати санаторию курорти тибқи нишондодҳои тибби;
- ҳуқуқи даъвати ҳар кадом равонпизишк ҷиҳати иштирок дар кори комиссия вобаста ба масъалаҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад ;
- гирифтани ёрии иҷтимои ва нафақа аз давлат;
- ҳуқуқи шахсан ё бо ҳамроҳии дигарон ба мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат намудан;
- ёрии адвокат, намояндаи қонуни, инчунин шахси дигари ваколатдор тибқи тартиби мукараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабааи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳангоми ёрии равонпизишки аз ҳама ҳуқуқхое, ки Қонуни мазкур барои шаҳрвандонии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба шарте, ки дар шартномаҳои байналмилалли дигар меъер наомада бошад, истифода мебаранд .
Мавҷуд будани бемории рӯҳии доими барои гирифтани имтиёзҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ медиҳад.
Моддаи 6. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории рӯҳи
Гайри қобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рӯҳи, танҳо аз ҷониби суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Аз ҷониби шахсони дар натиҷаи бемории рӯҳи муваққатан ғайри қобили амал эътирофшуда, анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи хатари зиёд, бо қарори комиссияҳои тибби дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Номгӯи бемориҳои рӯҳиро, ки монъеаи амали кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касби ва фаъолияти бо хатари зиёд алоқаманд мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Номгӯи зикргардида бо дарназардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва дастовардҳои илми давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол ) аз нав барраси мегардад.
Танхо дар асоси муоинаи равонпизишк, тахти мушохидаи диспансери қарор доштан, дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи ё муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои будан, маҳрум намудани ҳуқуқ ва маҳдуд намудани манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳи манъ аст .
Моддаи 7. Ихтиёри будани муроҷиат барои гирифтани ёрии тиббии рӯҳи ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи
Ёрии тиббии рӯҳи ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи дар мавриди ихтиёран муроҷиат намудан ё бо розигии онҳо расонида мешавад.
Ба ноболиғон ва шахсоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд, ёрии тиббии рӯҳи бо хоҳиш розигии намояндагони қонунии онҳо расонида мешавад.
Розигии шахси гирифтори бемории рӯҳи ё намояндаи қонунии ӯ барои расонидани намудҳои алоҳидаи ёрии тиббии рӯҳи танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун талаб карда намешавад.
Моддаи 8. ӯҳдадории нигоҳ доштани сирри тибби
Ҳайати кормандони тиббиие, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати дар бораи бемориҳои рӯҳии шаҳрвандони маълумот дода мешавад ӯҳдадоранд сирри тиббиро нигоҳ доранд.
Маълумот дар бораи ҳолати рӯҳии шаҳрвандони, воқеияти муроҷиат барои ёрии тиббии pӯҳи ва табобат дар муассисаи бемориҳои рӯҳи танҳо бо дархости хаттии муассисаҳои pӯҳи ва руҳу асаб, мақомоти болоии тандурусти, мақомоти тафтишоти ва суди маълум карда мешавад.
Барои ба амал баровардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳи бо хоҳиши ӯ ва бо хоҳиши намояндаи қонунии вай мумкин аст дар бораи ҳолати саломатии рӯҳии шахси мазкур ва дар хусуси расонидани ёрии тиббии рӯҳи ба ӯ маълумот пешниҳод карда шавад.
Моддаи 9. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи
Ташхиси бемории рӯҳи мувофиқи стандартҳо ва таснифҳои (классификатсияҳои) маъмули баиналмиллали муқаррар карда мешавад.
Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рӯҳи восита ва усулҳои тиббие истифода карда мешаванд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд.
Восита ва усулҳои тибби танҳо бо максадҳои ташхис ва табобат, мувофиқи хусусияти бемори истифода гардида, барои чазо додан ба шахсони гирифтори бемории рӯҳи ё ба манфиати шахсони дигар набояд истифода карда шаванд.
Моддаи 10. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ба онҳо ёрии тиббии рӯҳи расонида мешавад
Ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳи шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ тибқи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон адвокат ё дигар шахси ваколатдорро даъват намоянд.
Роҳбари муассисае, ки ёрии тиббии рӯҳи мерасонад, иштироки адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун, таъмин менамояд.
Намояндагони дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи муроҷиат ҳар вақт ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ шурӯъ намоянд, бо шахсе, ки манфиатҳои ӯро ҳифз менамояд муроҷиат кунанд, маълумоти вобаста ба тадбирҳои тибби ва дигар тадбирҳои нисбат ба ин шахс анҷомёфтаро ба даст оранд. Инчунин адвокат ҳуқуқ дорад, ки бо ҳуҷҷатҳои тибби шинос шавад.
Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо ба амал мебароранд, ки барои ин мақсадҳо инчунин ҳуқуқ доранд адвокат ва шахси дигари ваколатдорро бо салоҳдиди худ даъват намоянд.
Барои ноболиғон-волидон, фарзандхондагон, васиен ё парасторони онҳо ва барои шахсони тибқи тартиби муқаррарнамудаи конун ғайри қобили амал эътирофшуда бошад, васиени онҳо ва ё роҳбарони муассисае, ки ёрии тиббии рӯҳи мерасонад, намояндагони қонунии онҳо мебошанд.
Ҳангоми анҷом додани аҳдҳои граждани ё дигар амали дорои хусусияти амволи, намояндаги тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждани ва мурофиавии граждани ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 11. Экспертизаи судию тиббии рӯҳи ва тибқи таъиноти суд истифода бурдани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тибби
Экспертизаи судию рӯҳи доир ба парвандаҳои ҷинояти ва граждани тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиави анҷом дода мешавад.
Бо таъиноти суд маҷбуран табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи , ки кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонунгузории ҷинояти пешбинигардидаро содир намудаанд, тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷинояти ва мурофиавии ҷинояти сурат гирифта, ба таври беморхонаги дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳи, табобатию пешгирикунандаи мақомоти тандурусти, ба амал бароварда мешавад.
Шахсоне, ки бо қарори суд дар бораи истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тибби, дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи ҷой дода шудаанд, аз ҳуқуқҳои пешбиникардаи моддаи 33 ҳамин Қонун истифода мекунанд. Онҳо дар тамоми давраи дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи буданашон корношоям дониста шуда, тибқи суғуртаи давлатии иҷтимои ба гирифтани кӯмакпули ё нафақа дар асосҳои умуми ҳуқуқ доранд.
Суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.
Моддаи 12. Муоинаи тиббии рӯҳи барои ҳалли масъалаи муносиб будан ба хизмати ҳарби
Асос ва тартиби муоинаи дармонгоҳи ва беморхонавии бемориҳои рӯҳи ҳангоми ҳалли масъалаи аз ҷиҳати саломатии рӯҳи муносиб будани шахрванд ба хизмати ҳарби, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарби ва хизмати ҳарби" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани хизмати ҳарбиро танзим мекунанд, инчунин бо ҳамин Қонун муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Розиги барои табобат
Табобати шахси гирифтори бемории рӯҳи, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми сеюми ҳамин модда пешбини намудааст, баъд аз ба тарзи хатти гирифтани розигии ӯ ва ё намояндаи қонунии ӯ, ки он ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои тибби нигоҳ дошта мешавад, гузаронида мешавад.
Табиб вазифадор аст, ки ба шахси гирифтори бемории рӯҳи ё намояндаи қонунии ӯ дар бораи хусусияти бемории рӯҳии вай, максад ва усулҳои табобат, аз ҷумла алтернативи ва давомнокии табобати тавсияшаванда, хавфи имконпазир, таъсири иловагии номатлуб ва натичаҳои дар назар дошташудаи табобат, маълумот пешниҳод намояд.
Табобат мумкин аст бе розигии шахси гирифтори бемории рӯҳи ё намояндаи қонунии ӯ танҳо ҳангоми истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тибби бо қарори суд, инчунин тибқи асосҳои дар моддаи 28 ҳамин Қонун пешбинигардида, гузаронида шавад.
Нисбат ба шахсоне, ки дар қисми сеюми ҳамин модда нишон дода шудаанд, барои табобати бемориҳои рӯҳи истифода намудани усулҳои ҷарроҳи ва дигар усулҳо, ки боиси оқибатҳои бебозгашт мегарданд, инчунин гузаронидани санҷиши воситаҳо ва усулҳои тибби, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 14. Даст кашидан аз табобат
Шахси гирифтори бемории рӯҳи ё намояндаи қонунии ӯ ҳуқуқ доранд аз табобати пешниҳодшаванда даст кашанд, ё ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми сеюми моддаи 13 ҳамин Қонун, онро катъ намоянд.
Ба шахсе, ки табобатро рад кардааст ё ба намояндаи қонунии ӯ бояд оқибатҳои имконпазири дасткаши ё катъ кардани табобат фаҳмонда дода шавад. Даст кашидан аз табобат барои аз беморхона ҷавоб додан асос шуда метавонад.
Дасткаши аз табобат бо тарзи хатти, бо имзои шахси гирифтори бемории рӯҳи ё намояндаи қонунии вай, равонпизишк, бо зикри маълумоти мухтасар дар бораи оқибатҳои имконпазири дасткаши аз табобат, ба расмият дароварда мешавад .
Моддаи 15. Ҳамкории муассисаҳои ёрии тиббии рӯҳи бо мақомоти корҳои дохили
Муассисаҳои рӯҳи ва руҳу асаби мақомоти тандурусти, ҳифзи иҷтимои, маориф ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, дар якҷояги бо мақомоти корҳои дохили вазифадоранд барои расонидани ёрии тиббии рӯҳи ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи , пешгирии содир намудани кирдори барои худи онҳо ва атрофиен хавфнокбуда ҳамкори намоянд.
Дар сурати даст кашидан аз табобат, тибқи моддаи 14 ҳамин Қонун ин муассисаҳо вазифадоранд фавран ба мақомоти корҳои дохили хабар диханд.
БОБИ II. ТАЪМИНИ ЁРИИ ТИББИИ РӯҲИ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИҲОИ РӯҲИ
Моддаи 16. Ёрии тиббии рӯҳи ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад
Аз ҷониби давлат кафолатҳои зайл дода мешавад:
- ёрии тиббии рӯҳии таъхирнопазир;
- ёрии машваратию ташхиси, табобати, пешгирикунанда, барқарорсозии саломати дар шароити беморхона ва берун аз он;
- тамоми намудҳои экспертизаи бемориҳои рӯҳи, кардани корношоямии муваққати;
- нафақа, ёрии иҷтимоию маиши ва мусоидат оид ба кор таъминкуни ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи;
- ҳалли масъалаҳои васоят;
- маслиҳат доир ба масъалаҳои ҳуқуқи ва дигар намудҳои ёрии ҳуқуқи дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳи ва рӯҳу асаб;
- бехтар кардани шароити иҷтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд, ҳамчунин нигоҳубини онҳо;
- таълими маъюбон ва ноболиғони гирифтори бемориҳои рӯҳи.
Таъмини ёрии тибби ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Бо тамоми намудхои ёрии тиббии рӯҳи ва ҳифзи иҷтимои таъмин намудани шахсони бемориҳои рӯҳи аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) мутобиқи салоҳияти oнҳo, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, анҷом дода мешавад.
Моддаи 17. Маблағгузории ёрии тиббии рӯҳи
Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои ёрии тиббии рӯҳии давлати аз ҳисоби буҷети давлатии барои соҳаи тандурусти ҷудошуда ва манбаҳои дигаре, ки истифодаи онҳо хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, анҷом дода мешавад.
БОБИ III. МУАССИСА ВА ШАХСОНЕ, КИ ЁРИИ ТИББИИ РУҲИ МЕРАСОНАНД, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ КОРМАНДОНИ ТИБ ВА ДИГАР МУТАХАССИСОН
Моддаи 18. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рӯҳи мерасонанд
Ёрии тиббии рӯҳиро муассисаҳои бемориҳои рӯҳи (руҳу асаб) новобаста аз шақли моликияташон дар ҳамкории зич бо хадамоти маҳалии ёрии аввалияи тиббию санитари ва мақомоти ҳифзи иҷтимои мерасонанд.
Муассисаҳои давлати, ғайридавлатии бемориҳои рӯҳи (руҳу асаб) ва табибони хусусии бемориҳои рӯҳи бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббии рӯҳи ро мерасонанд.
Барои ташхиси бемориҳои рӯҳи, расонидани ёрии аввалияи тиббии рӯҳи, табобати ҳолатҳои рӯҳафтодаги табибони таҷрибаи умуми (табибони тибби оилави) дар соҳаи ёрии аввалияи тиббию санитари, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тайёрии махсус гузаштаанд, ҳуқуқ доранд.
Муқаррар намудани ташхиси бемории рӯҳи, қабули қарор ва додани хулоса барои суд, барраси намудани масъалаи расонидани ёрии ғайриихтиёрии тиббии рӯҳи ҳуқуқи мустаснои коммисияи табибони бемориҳои рӯҳи мебошад.
Моддаи 19. Мустакилияти равонпизишк ҳангоми расонидани ёриҳои тиббии рӯҳи
Равонпизишк ҳангоми муқаррар намудани ташхиси бемор ва иҷрои вазифае, ки бо расонидани ёрии тибби ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи ба пешгирии имкони содир кардани амали барои ҷомеа ҳавфнок аз ҷониби онҳо вобаста аст, дар қабули қарор мустақил буда, танҳо нишондодҳои тибби, қарзитабиби ва қонунро дастури амал қарор медиҳад .
Дар сурати бо фикри аъзои комиссия номувофиқ будани фикри равонпизишк вай ҳуқуқ дорад фикрашро хатти баён кунад, ки он ба ҳуҷҷатҳои тибби ҳамроҳ карда мешавад .
Моддаи 20. Кафолат ва имтиёзҳои табибони бемориҳои рӯҳи, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тибби ба дигар ҳайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рӯҳи ширкат меварзанд
Табибони бемориҳои рӯҳи, табибони ихтисосҳои дигар ҳайати тибби ва дигар ҳайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рӯҳи ширкат меварзанд бо имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ба фаъолият дар шароити махсуси меҳнат машғул ҳуқуқ дошта, инчунин дap мавридҳои расонидани зарар ба саломатии онҳо е фавт ҳангоми иҷроивазифаи хизмати бояд тахти суғуртаи хатмии давлати қарор дода шаванд.
Дар сурати расонидани зарар ба саломати, ки боиси муваққатан гум кардани қобилияти кории шахси дар расонидани ёрии тиббии рӯҳи ширкатварзида шудааст, инчунин ҳангоми фаро расидани маъюби ба ӯ ва дар ҳолати фавти вай бошад ба ворисонаш товони зарар, ҳимояи иҷтимоии кормандони муассисаҳои бемориҳои рӯҳии давлати тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
БОБИ IV. НАМУДХОИ ЁРИИ ТИББИИ РУХИ ВА ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ ОН
Моддаи 21. Намудҳои ёрии тиббии рӯҳи
Ёрии тиббии рӯҳи дар намудҳои зёрин расонида мешаванд:
- азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳи;
- ёрии дармонгоҳии тиббии рӯҳи;
- ёрии беморхонавии тиббии рӯҳи;
- ёрии тиббию иҷтимои дар муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои.
Моддаи 22. Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳи
Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳи аз ҷониби равонпизишк муоина намудани шахсе мебошад, ки қаблан ёрии тиббии рӯҳи нагирифтааст ё аз назорати доими озод карда шудааст .
Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳи барои муайян кардани мавҷудияти бемории pӯҳи ва зарурати расонидани ёрии тиббии рӯҳи гузаронида мешавад.
Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳи ҳамчунин дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки амали шахс метавонад, ки:
а) боиси расонидани зарари воқеи ба саломатии ӯ шавад ё метавонад ба ӯ ва атрофиёнаш зарари ҷиддии маънави ё модди расонад;
б) боиси хавфнокии он барои худ ва атрофиен гардад.
Дар ин ҳолатҳо қарор дар бораи азназаргузаронии тиббии рӯҳии шахс аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи ё суд қабул карда мешавад.
Аз рӯи натиҷаи азназаргузаронии тиббии рӯҳи дар бораи ҳолати саломатии рӯҳии шахс хулоса дода мешавад.
Моддаи 23. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи бемориҳо, ки ёрии дармонгоҳии тибби ба бемориҳои рӯҳи мерасонанд
Муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи бемориҳои рӯҳие, ки ёрии дармонгоҳии тибби ба бемориҳои рӯҳи мерасонанд, ин корҳоро ба амал мебароранд:

- ёрии машваратию ташхиси, табобати ва пешгирикунандаи бемориҳои рӯҳи;
- назорати диспансёри;
- ёрии иҷтимоию маиши ва ҳуқуқи;
- муайян намудани корношоямии муваққати;
- иштирок дар ҳалли масъалаҳои васоят ва дар ҳолатҳои зарури анҷом додани ин амал нисбат ба шахсоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд;
- ҳамкори бо беморхонаҳои бемориҳои рӯҳи доир ба масъалаҳои дар беморхона хобонидан, ҷавоб додан ва таҳти назорати минбаъда гирифтан, инчунин муттасили дар табобат ва омодагардонии меҳнатии шахсоне, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд;
- ҳамкори бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори пешгирии кирдори барои ҷомеа хaфноки шахсони руҳан бемор;
- ҳамкори бо табибони таҷрибaи умуми (табибони оилави) дар соҳаи ёрии аввалияи таббию санитари доир ба масъалаҳои ташхиси бемориҳои рӯҳи ва расонидани ёрии таъҷили ҳангоми сар задани ин гуна бемориҳо.
Моддаи 24. Намудҳои ёрии дармонгоҳии беморихои равони
Ёрии дармонгоҳии беморихои равони ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи вобаста нишондодҳои тибби дар шақли ёрии маслиҳатию табобати ё назорати диспансери расонида мешавад .
Ёрии маслиҳатию табобати танҳо бо тарзи ихтиёри, ҳангоми муроҷиати мустақилонаи шаҳрвандони бо хоҳиш ё бо розигии онҳо ва нисбат ба ноболиғон бошад, бо хоҳиш ё розигии волидонашон ё намояндагони қонуни расонида мешавад.
Моддаи 25 Назорати диспансери
Назорати диспансери нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳии доими ва давомдор муқаррар карда мешавад.
Назорати диспансерни қаблан муқарраргардида дар ҳолатҳои шифо ёфтан ё ба таври назаррас ва устувор беҳтар шудани ҳолати рӯҳи катъ мегардад. Пас аз катъ гардидани назорати диспансери ёрии тиббии рӯҳи бо хоҳиши бемор дар шақли маслихатию табобати расонида шуда, бемор тахти назорати хадамоти ёрии аввалияи тибби қарор мегирад.
Қapop дар бораи зарурати муқаррар намудан ё катъи назорати диспансерии бемор аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳии аз тарафи мақомоти дахлдори нигоҳдории тандурусти таъингардида, қабулкарда мешавад.
Қарори асосноки аъзоёни комиссия бо қаиди лозими дар варақаи таббии бемори дармонгоҳ ба расмият дароварда мешавад. Аз болои қарор дар бораи муқаррар ё катъ кардани назорати диспансери тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 26. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ёрии беморхонавии тиббии рӯҳи мерасонанд
Муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ёрии беморхонави мерасонанд, ин амалҳоро анҷом медиҳанд;
- табобат ва барқарорсозии иҷтимоию меҳнатии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи;
- муоинаи клиникии шахсони дар беморхона хобонидашуда барои муайян кардани ҳолати саломатии рӯҳии онҳо ва муқаррар намудани ташхис;
- гузаронидани намудҳои гуногуни экспертизаи таббии рӯҳи;
- ёрии иҷтимоию маиши.
Ёрии беморхонави дар шароити таъминкунандаи амнияти шахси дар беморхона хобонидашуда ва дигар шахсон бо иҷрои бечунучарои қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо шахсони дар беморхона хобонидашуда, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби ҳайати тибби ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 27. Асосҳо барои хобонидан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи
Мавҷуд будани бемории рӯҳи , ки муоина ё табобатро тақозо намуда, дар шароити дармонгоҳи (берун аз беморхона) гузаронидани онҳо имконнопазиранд, барои дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи хобонидани шахс асос шуда метавонад.
Ҷои додани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи , ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун, ихтиёран- бо хоҳиши ӯ ё бо розигии ӯ анҷом дода мешавад.
Шахсе, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ғайри қобили амал эътироф шудааст, дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи бо хоҳиш ё розигии намояндаи қонунии ӯ ҷой дода мешавад. Дар ҳолати норози будани яке аз волидон ё ҳангоми ҳузур надоштани онҳо дигар намояндаи қонуни ҷой додани ноболиғ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи бо қарори мақомоти васоят ва парастори сурат мегирад, ки аз болои он ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Розигии барои дар беморхона хобонидан гирифташуда бо сабт дар ҳуҷҷатҳои тибби ба расмият дароварда шуда, бо имзои шахс ё намояндаи қонунии ӯ ва равонпизишк тасдиқ карда мешавад .
Моддаи 28. Ба таври таъҷили дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи хобонидани шахсоне, ки қобилияти дарк намудани қарори бошуурона қабулкарданро аз даст додаанд
Шахсе, ки гирифтори бемории возеҳи рӯҳи гардида, қобилияти қарори бошуурона қабулкарданро аз даст додааст ва бинобар ҳолати рӯҳи барои худ ва атрофиён хавфнок аст, ё шахсе, ки бо табобат ва ёрии тиббии рӯҳи фаро нагирифтани он боиси хатар ба саломатии ӯ ва расонидани зарари ҷиддии маънави ва модди ба атрофиён мегардад, бо қарори равонпизишк бе розигии бемор ва намояндаи қонунии вай дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи хобонида мешавад .
Асоснокии дар беморхона хобонидан дар чунин ҳолатҳо бояд аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 30 ҳамин Қонун тасдиқ карда шавад.
Моддаи 29. Тадбирҳои таъминкунандаи бехатари ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳи
Ҳангоми ғайриихтиёри хобонидан ва ба беморхонаи бемориҳои рӯҳи овардани бемор тадбирҳои зуран нигоҳдори танҳо дар ҳолатҳо ва муддате истифода мегарданд, ки агар пешгирии расонидани зарари бевосита ва ногузир ба бемор ва дигар шахсон бо усулҳои дигар имконнопазир бошад.
Дар бораи шаклҳо ва вақти истифодаи тадбирҳои маҳдудкунии ҷисмони ё ҷудонигоҳдори, дар ҳуҷҷатҳои тибби сабти дахлдор карда мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили вазифадоранд, ки ба кормандони тиб ҳангоми азназаргузаронии маҷбури ва хобонидани маҷбури мусоидат карда, бехатарии шароити дастрасии хобонидашудагонро таъмин намоянд. Дар ҳолати таҳдид ба ҳаётиу саломатии атрофиён аз ҷониби беморихои равони хобонидашуда ва ҳамчунин ҳангоми зарурияти кофтуков ва дастгир кардани шахсоне, ки хобонида мешаванд, кормандони мақомоти корҳои дохили бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амал намоянд .
Моддаи 30. Азназаргузаронии комиссионии шахсони бе розигиашон дар беморхона хобонидашуда
Шахсоне, ки дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун қабулгардидаанд, дар давоми 72 соат аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи бояд хатман мавриди азназаргузарони қарор дода шаванд. Дар ин ҳолат комиссия бояд дар бораи асоснокии дар беморхона хобонидан ё дар хусуси мавҷуд набудани асосҳои кофи барои ин амал қарор қабулнамояд. Агар дар беморхона хобонидан берозиги беасос дониста шавад ва бистаригардида хоҳиши дар беморхона монданро надошта бошад, у фавран бояд ҷавоб дода шавад. Агар дар беморхона берозиги хобонидан асоснок дониста шавад, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи дар бораи ҳалли масъалаи минбаъд нигоҳ доштани шахс дар муассисаи бемориҳои рӯҳи дар давоми 24 соат ба суди маҳалли ҷойгиршудаи он фиристода мешавад.
Минбаъд азназаргузаронии комиссияви ҳар моҳ дар ҷараёни ним сол бо мақсади муайян кардани зарурати давом додани табобат дар беморхона гузаронида мешавад.
Пас аз шаш моҳи дар беморхона ҷой додани шахси бемор, хулосаи комиссия дар бораи зарурияти табобати минбаъда дар беморхона бе розигии вай аз ҷониби роҳбари беморхона ба суд, ки бо таъиноти худ метавонад табобати беморхонавиро дароз намояд, фиристода мешавад. Минбаъд дароз намудани мӯҳлати табобати беморхонави ҳар 6 моҳ аз ҷониби суд амали карда мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба шахсоне, ки бо таъиноти суд маҷбуран табобат меёбад, татбиқ мегардад.
Моддаи 31. Тартиби барраси ва қарори суд оиди берозиги дар беморхона хобонидан
Аризаро оиди асоснокии хобонидани шахс берозигии ӯ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи ба суд намояндаи муассисаи бемориҳои рӯҳие, ки дар он шахс хобидааст, медиҳад.
Ба аризаи мазкур, ки дар он мутобиқи нишондоди Қонун асоснокии хобонидан дар муассисаи бемориҳои рӯҳи омадааст, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи доир ба зарурияти нигоҳ доштани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи, илова карда мешавад.
Суд дар давоми на камтар аз се рӯз оиди дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи минбаъд нигоҳдоштан ва ё ҷавоб додани шахс бояд қарор қабулнамояд.
Дар сурати ғайри имкон будани иштироки шахс вобаста ба ҳолати рӯҳиаш дар баррасии ариза прокурор, намояндаи муассисаи бемориҳои рӯҳи ва намояндаи қонунии шахсе, ки нисбати вай масъала ҳал карда мешавад, ҳатман бояд иштирок намоянд.
Барои хобонидан ва ё минбаъд нигоҳ доштаи шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи қарори суд асос мешавад.
Аз болои қарори суд дар давоми даҳ рӯз шахси дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи хобонида шуда, намояндаи қонунии вай, роҳбари муассисаи бемориҳои рӯҳи ва ё прокурор тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси гарждании мурофиави, метавонанд шикоят намоянд.
Моддаи 32. Огоҳсози дар бораи хобонидани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи
Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, агар ҳолати рӯҳии ӯ имкон диҳад, бояд аз ҷониби маъмурияти беморхонаи бемориҳои рӯҳи асос ва максади дар беморхонаи рӯҳи ҷой додани ӯ фаҳмонида шавад. Дар давоми 24 соат хешовандон ё намояндаҳои қонунии вай дар бораи ба беморхона хобонидани ӯ бояд расман ва хатти хабардор карда шаванд. Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, ба хешовандон ё намояндаи қонунии ӯ тартиби шикоят кардани қарор дар бораи ҷой додан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи фахмонда мешавад.
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсони дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи хобонидашуда
Ҳамаи шахсони барои табобат ё тафтиш дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи буда дорои ҳуқуқҳои зайл мебошанд, ки аз ҷониби табиби табобаткунанда ва мудири шуъба танҳо ҳангоми зарурати фавқуллода ба манфиати саломати ё бехатарии худи бемор ё шахсони дигар маҳдуд карда мешаванд:
- истифода аз рухсатии табобати;
- мукотиба дар шароите, ки сензураро истисно менамояд;
- пазироии аёдаткунандагон дар рӯзҳои қабул;
- гирифтани фиристода ва муросилот;
- доштан ва ба даст овардани маводи зарурати аввалия.
Шахсони дар беморхона хобонидашуда, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ ба қабули қарори бошуурона қобилият доранд, ӯҳдадоранд қоидаҳои тартиби дохилии барои беморхонаҳои бемориҳои рӯҳи муқарраргардидаро риоя намоянд.
Моддаи 34. Ҷавоб додан аз беморхонаи бемориҳои рӯҳи
Барои аз беморхонаи бемориҳои рӯҳи ҷавоб додани шахс ин ҳолатҳо асос мешаванд:
- шифо ёфтан ё бехтар шудани ҳолати рӯҳи, ки табобати минбаъдаи беморхонавиро талаб намекунад;
- анҷом ёфтани муоина ё экспертиза, ки сабаби ҷой додан дар беморхона мебошад;
- хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳии муассисаи табобатию пешгирии беморихо ё мақомоти тандурусти дар бораи вуҷуд надоштани асосҳо барои маҷбуран хобонидани шахсе, ки ба муқобили ҷой додан дар беморхона эътироз кардааст;
- аризаи шахсии бистаригардида ё намояндаи қонунии дар бораи ҷавоб додан, агар хобонидан дар беморхона ихтиёри сурат гирифта бошад;
- таъиноти суд.
Ҷавоб додани беморе, ки нисбати ӯ бо қарори суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тибби истифода гардидаанд, танҳо бо қарори суд амали мегардад.
Ҷавоб додани шахси дар беморхона ҷойдодашуда мумкин аст рад карда шавад, агар дар лаҳзаи расидани дархост дар ин бора аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи муқаррар карда шавад, ки бинобар ҳолати рӯҳии худ шахс қобилияти қабули қарори бошуурона надорад, барои худ ва атрофиен бевосита хавфнок аст ё бетабобат мондани ӯ боиси расонидани зиёни ҷидди ба саломатии ӯ, зарари ҷиддии маънави ё модди ба атрофиён мегардад. Дар чунин ҳолатҳо минбаъд нигоҳ доштани шахс дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 30 ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.
Моддаи 35. ӯҳдадориҳои маъмурият ва ҳайати тиббии беморхонаи бемориҳои рӯҳи
Маъмурият ва ҳайати тиббии беморхонаи бемориҳои рӯҳи ӯҳдадоранд шароитҳоро барои амали кардани ҳуқуқҳои беморон, хешовандон ва намояндагони қонунии онҳо, ки ҳамин Қонун пешбини намудааст, фароҳам созанд, аз ҷумла:
- таъмини беморони беморхонаи бемориҳои рӯҳи бо тамоми намудҳои ёрии тибби;
- таъмини шароит ҷиҳати мукотиба, фиристодани муроҷиати беморон ба мақомоти ҳокимияти давлати, прокуратура, суд, ҳамчунин ба адвокат;
- хабардор кардани хешовандон ё намояндаи қонунии бемор, ҳангоми набудани онҳо бошад, ба шахси дигар бо интихоби ӯ дар бораи тағйиротҳои ҳолати саломати ва ходисаҳои фавқулоддаи бо ӯ рӯидода;
- таъмини бехатарии беморони беморхона, назорати таркиби муросилот ва фиристодаҳо;
- муқаррар намудан ва ба беморони эътикодманд фаҳмонидани қоидаҳое, ки ба манфиати дигар беморони беморхонаи бемориҳои рӯҳи ҳангоми иҷрои расму оини дини бояд риоя карда шаванд ва тартиби эътиқоди динии эътиқотмандон ва атеистон;
- иҷро намудани дигар вазифаҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Моддаи 36. Вазифаҳои муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои
Муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои ба пиронсолон ва маъюбон, ичунин кӯдакон, ки гирифтори бемориҳои рӯҳи буда, ба дуруст кардани шароити иҷтимоию маиши, нигоҳубин, ёрии тибби ва назорат эхтиёҷ доранд, ёрии тиббию иҷтимои мерасонанд.
Моддаи 37. Асос барои ҷой додани шахс дар муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои
Асос барои ҷой додани пиронсолон ё маъюбон аз ҷумла ноболиғон дар муассисаи руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳии муассисаи тандурусти дар хусуси гирифтори ба бемории рӯҳи мебошад, ки ӯро аз имконияти дар муассисаи махсуснагардонидашудаи мақомоти ҳифзи иҷтимои будан махрум мегардонад.
Ҳамин гуна шахсон дар муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои ихтиёран тибқи аризаи хаттии онҳо, ноболиғон тибқи аризаи намояндаи қонунии онҳо ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшуда бо таъиноти суд ҷой дода мешаванд.
Моддаи 38. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсоне, ки дар муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои ҷой дода шудаанд
Шахсони дар муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои ҷой додашуда дорои ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсоне мебошанд, ки дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи қарор доранд.
Моддаи 39. Гузаронидан ба дигар муассиса ва ҷавоб додани шахс аз муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои
Асос барои гузаронидани шахс аз муассисаҳои руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои ба муассисаи шабеҳи шакли умуми хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи вобаста ба набудани нишондоди тибби оиди истиқомати он дар муассисаи махсусгардонидашудаи руҳу асаб мебошад.
Асос барои ҷавоб додан аз муассисаи руҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимои инхо мебошад:
- аризаи шахси ҳангоми мавҷуд будани хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳи дар бораи он, ки бо ин ҳолати рӯҳи шахс қобилияти мустакилона зиндаги карданро дорад;
- аризаи аъзои оила, васи ё парастор, ки барои анҷом додани нигоҳубини шахси ҷавобдодашуда ӯҳдадор мешаванд;
- қарори суд.
БОБИ V. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ТИББИИ РӯҲИ
Моддаи 40. Назорати расонидани ёрии тиббии рӯҳи
Назорати давлатии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва шахсонеро, ки ёрии тиббии рӯҳи мерасонанд, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) анҷом медиҳанд.
Мақомоти давлатии тандурусти, ҳифзи иҷтимои, маориф, инчунин вазорату идораҳое, ки муассисаҳои рӯҳи ва руҳу асаб доранд, фаъолияти муассисаҳои дар тобеияташон буда ва мақомоти тандурусти фаъолияти табибони хусусиро назорат мекунанд.
Аз болои қарорҳо ва ҳаракатҳои муассисаҳои бемориҳои руҳу ва шахсоне, ки ёрии тиббии рӯҳи мерасонанд, ба мақомотҳои дар кисмҳои 1ва 2-и ҳамин модда нишондодашуда, инчунин ба прокуратура ва суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 41. Назорати ҷамъияти доир ба риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳи
Ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳи, иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони бемориҳои рӯҳи, дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти мутобики оинномаҳои (низомномаҳои) худ метавонанд бо хоҳиш ё бо розигии шахс назорати ҷамъиятиро, баҳри риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо амали гардонанд. Тартиби ташриф овардан ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳи ва руҳу асаб бояд дар оинномаи (низомномаи) ин иттиходияҳо инъикос ёфта бошад.
Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъияти вазифадоранд, ки шартҳои ташриф оварданро бо маъмурияти муассисаҳои бемориҳои рӯҳи ва руҳу асаб мувофика карда, бо қоидаҳои амалкунандаи он шинос шаванд ва ӯҳдадории паҳн накардани сирри тиббиро имзо кунанд.
Моддаи 42. Ҷавобгари барои вайрон кардани ҳамин Қонун
Барои вайрон кардани ҳамин Қонун ҷавобгарии интизоми, граждани, маъмури ва ҷинояти муқаррар карда мешавад. Асосҳо, тартиби ба ҷавобгари кашидан ва оқибатҳои он тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Шахсоне, ки Қонун ва принсипҳои одоби касбиро вайрон кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 43. Назорати прокурори оиди расонидани ёрии тиббии рӯҳи
Назорати риояи қонуниятро зимни расонидани ёрии тиббии рӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори тобеъи он ба амал мебароранд.
Моддаи 44. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002 № 90