Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1996, № 137 "Дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади қонеъ намудани талаботи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо бо мутахасисисони баландихтисос, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз соли хониши 1996-1997 дар муассисаҳои таълимии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тайёр кардани мутахссисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумлаи шахсоне, ки аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо роҳи шартномавӣ таълим мегиранд, ҷорӣ карда шавад.

2. Низомномаи замимашуда дар бораи пайваста тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ тасдиқ карда шавад.

3. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти пайваста тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ дар ҳадди маблағи ҷудошуда барои маълумоти олӣ ва касбие, ки дар буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ мешавад ва ҳамчунин аз ҳисоби корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо амалӣ мегардад.

4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ намудҳои шартномаҳои намунавии байни донишҷӯ ва корфармо, байни донишҷӯ ва муассисаи таълимро тайёр ва тасдиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Э. Раҳмонов

аз 4 апрели соли 1996, № 137

ш.Душанбе