ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ
Ҷиҳати иҷрои моддаи 34 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи тартиби ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва меъёрҳои ҷуброни талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста ба гирифтани заминҳо аз истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқи замима тасдиқ карда шаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйир ёфтани тарифҳо ба молҳо ва хизматрасонӣ, ҳар сол ҳангоми тасдиқи ҳисобот дар бораи заминҳо ва тақсими онҳо аз рӯи категорияҳо, киштзорҳо ва заминистифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли оянда, ҳисоби тағйирёбии индекси меъёрҳои ҷуброни талафоти истеҳсолоти кишоварзиро ҳисоб намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод кунанд.
3. Фармоиши Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 15 октябри соли 1987 № 338 ва қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 1994 № 463 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи тартиби ба заминистифодабарандагон талофӣ намудани зарару талафи истеҳсолоти кишоварзӣ (хоҷагии ҷангал), ки марбут ба гирифтани заминҳо аз муомилоти кишоварзӣ ва истифодаи хоҷагии ҷангал мебошад" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2000 № 515
ш. Душанбе