Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2000 № 503
тасдиқ шудааст
Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмуну музоядаҳо барои додани Консессияҳо
1. Муқаррароти умумӣ
Ин тартиб дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консессияҳо" таҳия шуда, тартибу шартҳои ба сармоядорон ба консессия додани объектҳоро муқаррар мекунад.
1. Объектҳоро барои ба консессия додан мақомоти идораи давлатӣ ё мақомоти консессионӣ, ки махсус барои ин мақсадҳо таъсис дода мешаванд, тайёр менамоянд.
2. Ба сифати мақоми консессионӣ дар мавриди ба консессия додани объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди ба консессия додани объектҳои моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо баромад мекунанд.
Объектҳои муҳим ва махсусан муҳим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия дода мешаванд. Рӯйхати чунин объектҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ба консессия додани объектҳо боиси ба консессионер гузаштани ҳуқуқи моликият ба ин иншоотҳо намегардад.
Маҳсулот ва даромаде, ки консессионер дар натиҷаи фаъолияти консессия ба даст меорад, дар ҳаҷме, ки шартномаи консессия муайян менамояд, моликияти он мебошад.
3. Тарзи ба консессия додани объект (озмун ё музояда) мӯҳлат ва ҷои гузаронидани озмун ё музоядаро мақомоти консессия муайян менамояд.
II. Тартиб ва шартҳои додани консессияҳо
4. Консессияҳо дар асоси озмун ё музояда дода мешаванд. Дар ҳолатҳои истисно ба консессия додан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси гуфтушуниди бевоситаи байни мақомоти консессия ва сармоягузорон эҳтимолӣ сурат мегирад.
Барои назорати рафти тайёрӣ ва гузаронидани музояда ё озмун мақомоти консессия комиссияи музояда ва ё озмун ташкил медиҳад.
Ҳайати комиссия бояд на камтар аз панҷ нафар буда, шумораи умумии аъзои он тоқ бошад. Ба ҳайати комиссия бояд намояндаҳои мақомоти салоҳиятдари давлатӣ, мақомоти давлатии идораи нисбати объекти ба консессия додашаванда ва дигар мутахассисон дохил бошанд.
Намояндаи мақоми консессионӣ раиси комиссия таъин мегардад.
Қарорҳои комиссияи озмун ё музояда бо аксарияти оддии овозҳо аз шумораи умумии аъзои комиссия қабул карда мешаванд.
5. Эълон дар бораи гузаронидани озмун ва ё музояда оид ба додани консессия мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо, инчунин мундариҷаи онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" сурат мегирад.
Дархостҳоро барои иштирок дар озмун ё музояда сармоядорони эҳтимолӣ ба мақомотҳои консессионӣ мефиристанд.
6. Барои иштирок дар музояда ё озмун оид ба додани консессияҳо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- тасдиқномаи бонкии қобили пардохт будани иштироккунандаи хориҷӣ, ки аз тарафи мақомоти нотариалӣ тасдиқ ва ба забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ тарҷума шудааст;
- нусхаи қонунии реестри савдо ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, ки ин субъект мувофиқи қонунгузории амалкунандаи кишвари худ шахси ҳуқуқӣ мебошад, бо тарҷума ба забони тоҷикӣ ва русӣ;
- нусхаҳои идораи нотариалӣ тасдиқнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ бо тарҷумаи аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқ шудаи ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
III. Тартиби гузаронидани музояда
7. Музоядаро музоядачӣ - шахси воқеие, ки аз тарафи фурӯшанда таъин ё киро карда мешавад, аз рӯи қоидаҳои пешакӣ эълоншуда мегузаронад.
Ба иштирок дар музояда консессионероне, ки сари вақт ба мақомоти консессионӣ дархост пешниҳод намудаанд, иҷозат дода мешаванд. Дархост бояд ба талаботи тартиб ва шартҳои доиргардии озмун ва музоядаҳо барои додани консессияҳо мувофиқат намояд.
Рафти гузаштани музоядаро комиссияи музоядавӣ назорат мекунад.
Дар музояда намояндаголи воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳуқуқи иштирокро доранд.
8. Дар бораи натиҷаи музояда оиди ба консессия додани иншоотҳо протокол тартиб дода мешавад, ки аъзои комиссия, музоядачӣ ва иштирокчие, ки барои гирифтани консессия ҳуқуқ пайдо кардааст, имзо мегузоранд (замимаи № 1). Протокол дар се нусха тартиб дода шуда, ба мақомоти консессионӣ, иштирокчии музояда, ки ҳуқуқи гирифтани консессияро соҳиб гардидааст ба комиссияи музоядавӣ дода мешаванд.
9. Протокол дар бораи натиҷаи музояда ҳуҷҷате мебошад, ки натиҷаи музояда, ӯҳдадориҳои иштирокчии музояда, ки ҳуқуқи гирифтани консессияро соҳиб гардидааст ва мақомоти консессионериро барои бастани шартномаи консессионӣ аз рӯи шартҳои дар музояда инъикос мекунад.
IV. Тартиби гузаронидани озмун
10. Озмунро барои додани консессия комиссияи озмунӣ мегузаронад. Маҷлисҳои комиссияи озмунӣ пинҳонӣ анҷом ёфта, дар ҳолати ворид гардидани як ва ё зиёда пешниҳодҳо оид ба додани консессия гузаронида мешаванд.
Лифофаҳои воридшуда оид ба пешниҳоди дарёфти консессия ҳангоми гузаронидани озмун кушода мешаванд. Аъзои комиссия бояд пешниҳодҳои иштирокчиёни озмунро омӯхта муқоиса намоянд.
Ғолиби озмун аз тарафи комиссияи озмун аз рӯи меъёрҳои муайянкунии ғолиб, ки он муқаррар кардааст, муайян карда мешавад.
11. Дар ҳолате, ки комиссияи озмуни пешниҳодоти ду ё зиёдтар иштирокчиёни озмунро якхела қобили қабул донад, шахсе, ки аввалин шуда ҳуҷҷатҳояшро ба озмун пешниҳод кардааст, ғолиб дониста мешавад.
12. Дар ҳолате, ки барои гирифтани консессия ҳамагӣ аз як консессионер таклиф пешниҳод бошад ва таклифҳои ӯ ба меъёрҳои озмун пурра ҷавобгӯй бошанд, комиссия ӯро ғолиб эълон мекунад.
13. Натиҷаи озмун оид ба ҳар як объекте, ки ба консессия дода мешавад, протокол карда мешавад, ки дар он натиҷаи озмун нишон дода мешавад (замимаи 2) ва аз тарафи ҳамаи аъзоёни комиссияи озмун имзо карда мешавад. Аъзои комиссия ҳуқуқ дорад, ки фикри махсуси худро баён карда, ба протокол ҳамроҳ намояд.
14. Протокол аз се нусха иборат буда, барои мақомоти консессионӣ, ғолиби озмун ва комиссияи озмун тартиб дода мешавад. Мақомоти консессионӣ вазифадор аст, ки баъди озмун, дар бораи натиҷаи он ҳамаи иштирокчиёни озмунро хабардор намояд.
V. Бастани шартномаи консессионӣ
15. Аз рӯи натиҷаи музоядаҳо ва озмунҳо байни ғолибони музоядаю озмунҳо ва мақомоти консессионӣ шартномаи консессионӣ баста мешавад (замимаи 3).
Шартномаи консессионӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 50 сол баста мешавад. Бо истиснои конҳои канданиҳои фоиданок, ки маблағгузории калон ва мӯҳлати дарози баргардонидани хароҷотҳоро талаб мекунад. Дар ҳолатҳои истисноӣ мӯҳлати шартномаи консессионӣ аз рӯи вақте, ки барои коркарди пурраи канданиҳои фоиданок заруранд, вале на зиёдтар аз 99 сол муқаррар карда мешавад.
16. Консессионер барои аз қайди давлатӣ гузаштани шартномаи консессионӣ ва барои консессия аз рӯи тартиби дар шартномаи консессионӣ муқарраргардида маблағ пардохта, инчунин андоз ва дигар пардохтҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, месупорад.
Баъди супоридани пардохтҳо, консессионер ва мақомоти консессионӣ дар мӯхлати се рӯз бояд санади қабули объектро ба имзо расонанд (замимаи 4).
17. Ҳуқуқи истифодабарии консессия ба концессионер аз вақти дар идораи нотариалии маҳалли ҷойгиршавии объекти ба консессия додашуда ба қайди давлати гузоштани шартномаи консессионӣ пайдо мегардад.
18. Ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи консессионер буданро тасдиқ мекунад, Шаҳодатнома дар бораи консессионер будан мебошад, ки он аз тарафи идораҳои нотариалии давлатии маҳаллӣ ҷойгиршавии объект дар асоси протоколи комиссияи озмун ё музояда дода мешавад.
19. Аз натиҷаи музояда ё озмун дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи доиргардии музояда ё озмун эътироз баён кардан мумкин аст.
Замимахо оварда намешаванд