Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000, № 154 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ"

Санаи амалкуни: 02.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008с. № 613)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он гузошта шавад.

2. Низомномаи замимашуда дар бораи тартиби бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ, тасдиқ карда шавад.

3. Андозаҳои зерини боҷҳои бақайдгирӣ муқаррар карда шавад:

- барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ - 100 андозаи ҳадди ақали музди кор;

- барои додани нусхаи дуюми шаҳодатнома дар бораи бақайдгарии давлатии шартномаҳои консессионӣ - 50 андозаи ҳадди ақали музди кор;

- барои додани иқтибосҳо аз феҳраст - 10 андозаи ҳадди ақали музди кор.

4. Музди аз тарафи аризадиҳандаҳо пардохташавандаи хизматҳое, ки бо фиристодани маълумот дар бораи бақайдгириҳо ба ашхоси ҳавасманд алоқаманданд, - ба меъёри 5 андозаи ҳадди ақали музди кори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда муқаррар карда шавад.

5. Ирсоли маълумот, инчунин додани иқтибосҳо аз феҳраст ба вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳурӣ бемузд сурат мегирад.

6. Маблағҳои бақайдгирӣ, ки барои додани шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатии шаҳодатномаҳои консессионӣ, додани нусхаҳои дуюми онҳо, барои додани иқтибосҳо аз феҳраст гирифта шудаанд, инчунин маблагҳои пардохти музди хизматҳое, ки бо ирсоли маълумот дар бораи бақайдгириҳои иҷрошуда алоқаманданд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2000 № 154

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он гузошта шавад.

2. Низомномаи замимашуда дар бораи тартиби бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ, тасдиқ карда шавад.

3. Андозаҳои зерини боҷҳои бақайдгирӣ муқаррар карда шавад:

- барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ - 100 андозаи ҳадди ақали музди кор;

- барои додани нусхаи дуюми шаҳодатнома дар бораи бақайдгарии давлатии шартномаҳои консессионӣ - 50 андозаи ҳадди ақали музди кор;

- барои додани иқтибосҳо аз феҳраст - 10 андозаи ҳадди ақали музди кор.

4. Музди аз тарафи аризадиҳандаҳо пардохташавандаи хизматҳое, ки бо фиристодани маълумот дар бораи бақайдгириҳо ба ашхоси ҳавасманд алоқаманданд, - ба меъёри 5 андозаи ҳадди ақали музди кори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда муқаррар карда шавад.

5. Ирсоли маълумот, инчунин додани иқтибосҳо аз феҳраст ба вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳурӣ бемузд сурат мегирад.

6. Маблағҳои бақандгирӣ, ки барои додани шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатии шаҳодатномаҳои консессионӣ, додани нусхаҳои дуюми онҳо, барои додани иқтибосҳо аз феҳраст гирифта шудаанд, инчунин маблагҳои пардохти музди хизматҳое, ки бо ирсоли маълумот дар бораи бақайдгириҳои иҷрошуда алоқаманданд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.