ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ХУСУСИ ДОХИЛ НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР"
Бо мақсади такмили қонунгузории асъор, мутобиқ намудани он ба талаботу стандартҳои байналхалқи ва таъмини қобилияти мубодилавии асъори милли, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, моддаи 251; с.1997, № 23-24, мод. 333; с.1998, № 10, мод. 119) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шавад:
1. Дар моддаи 1:
банди 7 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"7. Муомилоти асъори":
а) Муомилот бо асъори хориҷи:
- иҷрои муомилот, ки объекти онҳо асъори хориҷи ё талабот ба асъори хориҷи мебошад;
- истифодаи асъори хориҷи ба сифати воситаи пардохт;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ирсол кардан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол намудани асъори хориҷи.
б) Муомилот бо қоғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи:
- додани ҳуқуқ ба асъори хориҷие, ки бо қоғази қиматнок бо асъори хориҷи тасдиқ ёфтааст аз ҷумла ба соҳиби нахустин;
- барои нигаҳдори супоридан ё қабул намудани қоғази қиматнок бо асъори хориҷи;
- супоридан ё қабул намудани қоғази қиматнок бо асъори хориҷи ба идораи эътимоднок;
- боз пардохти қоғази қиматнок бо асъори хориҷи;
- додани ҳуқуқ ба қоғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи, бо роҳи анҷом додани муомилот бо қоғазҳои қиматноки маҳсули ва воситаҳои молияви (фючерсҳо, опсионҳо ва ғайра);
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ирсол кардан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол намудани қоғази қиматнок бо асъори хориҷи;
- муомилоти дигар бо қоғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи.
в) Муомилот бо фулузоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои табии, қоғазҳои қиматнок, ки арзишашон ба фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд:
- муомилоте, ки ба гузариши ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигар ба фулузоту сангҳои қиматбаҳо ё қоғазҳои қиматнок, ки арзишашон бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд, вобастаанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ирсол кардан, ҳамчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол кардани фулузоту сангҳои қиматбаҳо, қоғазҳои қиматнок, ки арзишашон бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд;
- муомилоти дигар бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо, қоғазҳои қиматнок, ки арзишашон бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд.";
банди 8 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"8. Муомилоти асъор ба муомилоти ҷории асъор ва муомилоти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя тақсим мешаванд.";
дар банди 9:
- дар зербанди "а" баъди калимаи "хизматрасони" калимаҳои "(аз ҷумла, хизматрасони дар соҳаҳои туризм, тиб ва маориф)" илова карда шаванд;
- дар зерабнди "в" баъди калимаҳои "бо ҳаракати сармоя вобаста аст" калимаҳои "аз ҷумла, пардохти маблағҳои хурд ба ҳисоби бозпардохти қарзҳо ё ба ҳисоби истеҳлоки сармоягузориҳои мустақим" илова карда шаванд;
- дар зербандҳои "а", "в" ва "г" калимаи "интиқолоти" бо калимаҳои "интиқолот ва пардохтҳои" иваз карда шавад;
бандҳои 10,11,12 ва 13 дар таҳрири зерин баён карда шаванд:
"10. Ҳамаи дигар муомилоти асъор, ки ба муомилоти ҷории асъор дохил нестанд, муомилоти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя мебошанд.
11. "Бозори дохилии асъор" - ин бозорест, ки бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар, нуқтаҳои мубодилаи (бюрои) асъори шахсони ҳуқуқию воқеии бевосита ба муомилоти мубодилаи асъор машғулбуда ва биржаҳои асъорро дар бар мегирад.
12. "Бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар" - бонкҳо ва ташкилотҳои кредитии дигар, ки барои ҳуқуқи иҷрои муомилот бо асъор хориҷи литсензияи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифтанд.
13. "Нуқтаҳои мубодила (ё бюро)" - ин идораҳои саррофии бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар шахсони ҳуқуқию воқеи мебошанд, ки аз Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани муомилоти мубодилави бо асъори нақди хориҷи литсензия ё иҷозатнома гирифтаанд".
2. Бандҳои 1,2 ва 4 моддаи 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"1. Резидентҳо ҳуқуқ доранд ба тартибе, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян намудааст, дар бозори дохилии асъор бе маҳдудият асъори нақд ё ғайринақдии хориҷиро бихаранд ва бифурушанд.
2. Хариду фурӯши асъори хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар ва нуқтаҳои мубодилаи онҳо, ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи шахсони ҳуқуқию воқеи, ҳамчунин ба воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амали карда мешавад".
"4. Бонки миллии Тоҷикистон ба мақсади танзими бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои мавқеъҳои кушодаи бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии дигарро муқаррар менамояд ва амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷиро мегузаронад."
3. Моддаи 6 ва 8 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Моддаи 6. Муомилоти асъори резидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муомилоти ҷории асъор ва ҳамаи пардохтҳои вобаста ба онҳо аз тарафи резидентҳо бе маҳдудият амали карда мешаванд.
2. Муомилоти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя аз тарафи резидентҳо ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амали карда мешаванд.
3. Резидентҳо дар ҳолати риояи қоидаҳои гумруки ҳуқуқ доранд бе маҳдудият сарватҳои асъориро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ва ирсол намоянд.
4. Тартиби ташкили захираҳои давлатии асъориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Шахсони воқеи-резидентҳо дар ҳолати риояи қоидаҳои гумруки ҳуқуқ доранд дар ҳудуде, ки дар эъломия ё санади дигари тасдиқкунандаи интиқол, ворид ё ирсоли сарватҳои асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, сарватҳои асъори қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол шударо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ё ирсол намоянд.
6. Тартиби аз тарафи резидентҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол намудани сарватҳои асъорро ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 5 ҳамин модда нишон дода шудаанд Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд".
"Моддаи 8. Муомилоти асъории ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муомилоти ҷории асъор ва ҳамаи пардохтҳои вобаста ба онҳо аз тарафи ғайрирезидентҳо бе маҳдудият амали карда мешаванд.
2. Муомилоти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя аз тарафи ғайрирезидентҳо ба тартибе амали карда мешаванд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Гайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон бе маҳдудият асъори хориҷи бифурӯшанд ва бихаранд.
4. Гайрирезидентҳо дар ҳолати риоя намудани қоидаҳои гумруки ҳуқуқ доранд сарватҳои асъориро бемамониат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ва ирсол намоянд, агар ин сарватҳои асъори қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол шуда бошанд ё дар асоси дар банди 3 ҳамин модда нишондодашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидори шуда бошанд ва дар дигар ҳолатҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Тартиби аз тарафи гайрирезидентҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ва ирсол намудани сарватҳои асъориро, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 4 ҳамин модда нишон дода шудааст Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд."
4. Зербанди "е" банди 2 моддаи 9 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"е) қоидаҳои умумии ба бонкҳо ва муассисаҳои кредитии дигар додани литсензия ва ба шахсони ҳуқуқию воқеи додани иҷозатномаро барои иҷрои амалиёт бо асъори хориҷи муқаррар менамояд ва бо тартиби муқарраршуда литсензия ва иҷозатнома медиҳанд."
5. Дар моддаи 10:
банди 1 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"1. Мақсади назорати асъор таъмини риояи қонунгузории асъор, гумрук ва андоз ҳангоми аз тарафи резидент ва ғайрирезидентҳо анҷом додани муомилоти асъори мебошад.";
зербандҳои "б" ва "д" банди 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"б) санҷиш ва таъмини аз тарафи резидентҳо иҷро гаштани ӯҳдадориҳо доир ба пурра баргардонидани маблағҳои асъории содироти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
"д) санҷиши иҷрои шартҳои литсензия, ки ба бонкҳои ваколатдор ва муассисаҳои кредитии ваколатдори дигар ва иҷозатнома, ки шахсони ҳуқуқию воқеи барои анҷом додани муомилот бо асъори хориҷи дода шудаанд".
6. Банди 1 моддаи 11 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"1. Назорати асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти асъор ва намояндаҳои онҳо ба тартибе, ки ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амали карда мешавад".
7. Дар моддаи 12:
банди 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назорати асъор дар ҳудуди салоҳияти худ, ки қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, корҳои зайлро анҷом медиҳад:
а) аз тарафи бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар анҷом додани муомилоти бонки ва муомилоти дигар бо сарватҳои асъор, ба мутобиқати ин муомилот ба қонунгузории асъор, шартҳои литсензияҳо ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор, назорати асъорро ҷори менамодя;
б) аз тарафи шахсони ҳуқукию воқеи анҷом додани муомилот бо асъори хориҷи мувофиқи иҷозатномаҳо ба ҳуқуқи гузаронидани ин гуна муомилот, ба мутобиқаи ин муомилот ба қонунгузории асъор, шартҳои иҷозатнома ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор, назорати асъорро ҷори менамояд;
в) аз тарафи бонкҳои ваколатдор иҷро шудани функсияҳои намояндаҳои назорати асъорро назорат менамояд.
3. Бонкҳои ваколатдор, ҳамчун намояндаҳои назорати асъор аз болои амалиёти бонки ва муомилоти дигар бо сарватҳои асъори, ки аз тарафи мизоҷони бонк-резидент ва ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ба мутобиқаи ин муомилот ба қонунгузории асъор, санадҳои меъёрии мақомоти танзими асъор ва назорати асъор, шартҳои иҷозатномаҳо бевосита назорати асъор ҷори менамоянд.";
банди 4 бо чунин мазмун илова карда шавад:
"4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз болои аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо гузаронида шудани муомилоти асъор назорати асъор ҷори менамоянд, ба истиснои назорати асъор ба муомилоте, ки дар зербанди а) банди 2 ҳамин модда нишон дода шудаанд.";
банди 3 банди 5 ҳисоб карда шавад.
8. Номи моддаи 15 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Моддаи 15. Ҳуқуқу вазифаҳои шахсони мансабдор, мақомот ва намояндаҳои назорати асъор, масъулияти онҳо".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
3 сентябри соли 1999 № 826