Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1999, № 48 "Дар бораи маҷмӯи андешаҳо оид ба танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи маҷмӯи андешаҳо оид ба танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

(қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008с. № 47)

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спиртӣ этилӣ ва машрубот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба зиммаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот гузошта шавад.(қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47)

2. Аз 1 марти соли 1999 оғоз карда:

муқаррар карда шавад, ки воридот ва содироти спирти этилиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат мансуббуда ва дорои литсензияҳои дахлдор мебошанд, анҷом медиҳанд;

корхонаҳои истеҳсолкунандаи спирти этилӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ин маҳсулотро танҳо барои эхтиёҷоти истеъмолгарони дохилӣ истеҳсол намуда, коркарди онро аз ашеи молике, ки аз хориҷи Тоҷикистон ворид мегардад, манъ кунад.

3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои низомномаҳои зеринро барои тасдиқ пешниҳод намояд;(қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47)

низомномаи тартиби муқаррар намудани квотаҳо барои содирот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот;

низомномаи тартиби ба расмият даровардан ва додани литсензияҳо барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;

низомномаи тартиб ва шартҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани ташкилотҳое, ки истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машруботро амалӣ мегардонанд ва соҳибкорони инфиродие, ки бо фурӯши чаканаи машрубот машғуланд;

низомномаи тартиби декларатсиякунонии ҳаҷми истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;

андозаи боҷҳо ҷиҳати барассии ариза ва додани литсензия барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот.

4. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 марти соли 1999 дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи спирти этилӣ ва машрубот доир ба фурӯши онҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагон, нисбати баҳисобгирӣ ва пардохти пурраи ҳамаи андозҳои ситонидашаванда назорати қатъӣ ҷори намояд ва дар замима бахисобгирии ҳаҷми истеҳсолшавандаи ҳаррӯзаи маҳсулоти номбаршударо ҷорӣ карда, дар давраи байнисменавӣ ва бекористии тӯлонии таҷҳизот манъи иқтидорҳоро таъмин намояд.

5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҷиҳати ошкор намудан ва қатъ гардонидани фаъолияти истеҳсолкунандагони пинҳонии спирти этилӣ ва машрубот, воридоту содироти онҳо бе литсензияҳо ва квотаҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47).

6. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси сохтори ягонаи байниидоравии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи истеҳсол, воридот, содирот, таҳвил , хариду фурӯши яклухти спирти этилӣ, инчунин истеҳсол ва муомилоти машрубот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47).

7. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47).

гузаронидани санҷиши ҳатмии сифати машрубот ва спирти этилиро, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, таъмин намояд;

якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ҷиҳати риояи маъёрҳои сифати машруботу спирти этили дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда пурзӯр намояд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47)

8.Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҷеъ ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ ҷиҳати истеҳсолу муомилоти ғайриқонунии спирти этилӣ ва машрубот, сохтану истифодаи тамғаҳои аксизии қалбакӣ ва дигар вайронкориҳо, дар муҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти мувофиқашуда манзур намояд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47)

9. Банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 1998 № 433 "Дар бораи квотаҳои воридоти спирти этилӣ ва машрубот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999" дар таҳрири зайл баён карда шавад:

" 2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон квотаҳоеро, ки тибқи қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, байни субъектҳои мушаххаси фаъолияти хоҷагӣ тақсим намояд" (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 № 47)

10. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 1998 № 12 "Дар бораи тадбирҳои таъмини танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 19 феврали соли 1999 № 48

ш. Душанбе