×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 № 20 "Дар бораи заминсозӣ"

Санаи амалкуни: 12.05.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 5.08.2008 № 356 аз эътибор соқит дониста шуд. 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗИ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонун дар бораи заминсози танзим менамояд

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи заминсози, тартиби заминсози ва муносибатҳоро дар раванди фаъолияти заминсози байни мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти ваколатдори давлати оид ба захираҳои замин, шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар ин Қонун истифода мегарданд

Заминсози маҷмӯи чорабиниҳое, ки танзими ҳудудии муносибатҳои оид ба замин, омузиш, банақшгагири, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, бунёди заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, захираҳои замин, воҳидҳои марзию маъмури ва дигар объектҳои заминсозиро бо нишон додани сарҳадҳо дар маҳал, ободонии қаламрави ташкилотҳои кишоварзи ва беҳдошти манзараҳои табиат таъмин менамоянд.

Фаъолияти заминсози - фаъолияти илми, техники, истеҳсоли ва идоракунии мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки ҳангоми заминсози анҷом дода мешавад.

Корҳои заминсози - ҳама гуна тадқиқоти камерали, саҳроии тадқиқоти, ҷустуҷӯи, топографию геодези, картографи, лоиҳакаши ва дигар корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи, ки ҳангоми анҷом додани заминсози иҷро гардида, ба даст овардани натиҷаи мушаҳҳасро (ҳуҷҷати заминсози) пешбини мекунанд.

Раванди заминсози - таркиб, пайдарҳами ва тартиби амалҳо ҳангоми гузаронидани корҳои заминсози, ки корҳои омодаги, ҷустуҷӯи ва таҳқиқоти саҳрои, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳави, барраси ва тасдиқи онҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар маҳал, барасмиятдарори ва супурдани ҳуҷҷатҳои заминсози, гузаронидани назорати муаллифии татбиқи лоиҳаҳои заминсозиро дар бар мегирад.

Лоиҳаи заминсози- маҷмӯи хуҷҷатҳои ҳуқуқи, иқтисоди, техникии дарбаргирандаи ҳисоб ва тавсифу нақшаҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои заминсози дар шакли нақша инъикос ёфта, хатти баён мегарданд ва татбиқи онҳо дар қаламрави муайян пешбини шудааст.

Чорабиниҳои заминсози - корҳои дар ҳуҷҷати заминсози пешбинигардидаи ташаккул ва ташкили ҳудуди объекти заминсози, истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо бо назардошти таъиноти мақсадноки онҳо ва маҳдудиятҳои истифода, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо.

Объектҳои заминсози - қаламрави воҳиди маъмурию ҳудуди ё қисмҳои он, ҳудуди заминистифодабари, гурӯҳҳои заминистифодабарандагоне, ки нисбати онҳо заминсози сурат мегирад.

Заминистифодабари - қаламрави қитъаи замини (маҷмӯи қитъаҳои замини) дорои сарҳади устувору муайян, майдон мавзеи ҷойгиршави, ки шахсони воқеи ё ҳуқуқи барои мақсадҳои муайян тибқи қонунгузори истифода мебаранд.

Ташкили заминистифодабари - маҷмӯи корҳо оид ба муқарраркунии мавзеи ҷойгиршави, сарҳад, масоҳати қитъаи замин ё маҷмӯи онхо, дигар хусусиятҳо бо назардошти таъиноти мақсадноки муқарраршуда ва маҳдудиятҳои истифодаи заминҳо.

Марзакашии заминҳо - маҷмӯи корҳо доир ба муайян кардани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудуди дар маҳал, сарҳади қитъаҳои замини истифодабарандагон, иҷоракорон ва муайянкунии онҳо бо аломатҳои марзакашии намунаи муқарраршуда, инчунин ба нуқтаҳои шабакаи пойгоҳии марзакаши пайваст намудан.

Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози - маҷмӯи ҳуҷҷатхое, ки дар натиҷаи гузаронидан ва анҷом додани заминсози ба даст омадаанд ва бояд барои истифодаи минбаъда дар мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ё мақомоти он дар маҳалҳо нигоҳ дошта шаванд.

Нақшаи қитъаи замин - ҳуҷҷати нақшавиест, ки мавзеи ҷойгиршави, андоза, ҷойгиршавии сарҳадҳои берунаи қитъаи замин ва сарҳади заминҳоеро нишон медиҳад, ки истифодаи онҳо маҳдуд гардидааст, инчунин ҷойгиронии объектҳои ғайриманқули ба қитъаи замин пайвастбударо инъикос мекунад.

Заминсозии дохилихоҷаги- маҷмӯи чорабиниҳои оид ба ташкили ҳудуди ташкилотҳои кишоварзи ва хоҷагиҳои деҳқони (фермери) дар сарҳадҳои заминистифодабарии онҳо, ки истифодаи пурраю оқилонаи замин, фароҳам овардани шароити мувофиқи экологи, беҳдошти манзараҳои табиат, инчунин пурра қонеъ гардонидани манфиатҳои иқтисодиро ҳангоми риояи шартҳои муқарраргардидаи истифодаи замин ва ҳифзи он таъмин менамояд.

Заминсозии байнихоҷаги - маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди ва техники, ки азнавтақсимкунии заминҳо, ташкили истифодаи оқилонаи замин ва соҳибият ба он, додан ва гирифтани заминҳо барои эҳтиёҷоти кишоварзи ва ғайрикишоварзи, тақсими қитъаҳои замин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, инчунин муайян кардану тағйир додани сарҳад ва майдони қитъаҳои заминро таъмин мекунад.

Консерватсия - то мӯҳлати муайян нигоҳ доштани қабати ҳосилхези хок.

Рекултиватсия - барқарор кардани қабати ҳосилхези хок.

Камерали - дар шуъбаҳои махсус муфассал тадқиқ, кардани материалҳое, ки экспидитсияҳои гуногун ҷамъ кардаанд.

Координат - бузургиҳое, ки ваъзияти нуқтаро дар фазо ва дар сатҳ, муайян мекунад.

Кадастри замин - маҷмӯи маълумотҳо оид ба замин.

Мониторинги замин - мушоҳидаи мунтазами фаъолияти замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо.

Заминҳои таъиноти рекреасиони - заминҳое, ки барои истироҳати муташаккилонаи аҳоли ва туризм пешбини ва истифода мешаванд.

Заминҳои эҳтиёти - заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминсозӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминсозӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Моддаи 4. Таъиноти заминсози

Заминсози татбиқи амалҳои зеринро таъмин мекунад:

1) татбиқи ислоҳоти замин ва такмили муносибатҳо оид ба замин;

2) муайянкунии дурнамои истифодаи оқилона ва муҳофизати заминҳо;

3) ба вуҷуд овардани шароитҳои ташкилию ҳудуди барои хоҷагидории самаранок дар соҳаҳои кишоварзи ва ғайри кишоварзи;

4) ташкили қитъаҳои нав ва батартибоварии қитъаҳои мавҷудаи замин, ба расмиятдарории нақшаҳои сарҳадҳои қитъаҳои замин;

5) аз нав тақсимкунии асосноки заминҳо ба гурӯҳҳо, муайян кардани заминистифодабарандагон ва ташкил кардани фондҳои махсуси замин;

6) балоиҳагири ва мустаҳкам кардани сарҳадҳои ҳудудию маъмури, мустаҳкам намудани сарҳади шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин;

7) фароҳам овардани шароит барои мустаҳкам ва наздик ҷойгиркунонии қитъаҳои замин бо назардошти талаботи экологи;

8) мустаҳкам кардани сарҳади қитъаҳои замин дар маҳал;

9) гирифтани маълумот оиди ҳолати миқдорию сифати, истифодаи заминҳо ва баҳои онҳо;

10) ташкили дохилихоҷагии ҳудуд;

11) омода сохтани маводҳои заминсози, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои қабул намудани қарор оиди идораи захираҳои замин, инчунин оиди бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба замин зарур аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261);

12) гирифтани маълумот барои гузаронидани кадастри давлати ва мониторинги заминҳо, назорати давлати оиди истифода ва ҳифзи заминҳо, таҳияи маводҳои заминсозию шаҳрсози ва татбиқи дигар вазифаҳо оиди идоракунии давлатии заҳираҳои замин.

Моддаи 5. Припсипҳои гузаронидани заминсози

Ҳангоми гузаронидани заминсози принсипҳои зерин риоя карда мешаванд:

1) таъмини манфиатҳои субъектҳои ҳуқуқи истифодаи замин дошта ва аҳолии сокини маҳалле, ки дар он корҳои заминсози анҷом дода мешаванд;

2) таъмини афзалияти талаботи экологи нисбат ба зарурати иқтисодии истифодаи заминҳо;

3) нигоҳдори ва истифодаи боэҳтиётонаи захираҳои замин ва манзараҳои табиат;

4) фароҳам овардани шароити якхелаи ташкилию ҳудуди барои шаклҳои мухталифи хоҷагидори ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;

5) ба эътибор гирифтани дурнамо ва тараққиёти маҷмӯии минтақахо;

6) таъмини ошкорбаёни дар гузаронидан ва татбиқи чорабиниҳои заминсози, ки ба манфиатҳои аҳолии сокини минтақаи заминсози дахл мекунанд;

7) ба эътибор гирифтани коршоямии заминҳои таъиноти кишоварзи барои истифодаи мақсадноки пешбинишуда;

8) таъмини яклухти ҳангоми ташкил намудани қитъаҳои замин, мувофиқати онҳо аз рӯи масоҳат ва шакл, хуб дастрас будани онҳо;

9) роҳ надодаи ба бисёрқитъаги ва порчадармиёнии заминҳо, ки боиси ғайриимкон гардидани истифодаи мақсадноки онҳо мегарданд.

Моддаи 6. Мақсади заминсози

Гузаронидани заминсози дар ҳамаи намудҳои заминистифодабари новобаста аз таъиноташон ҳатми буда, дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

1) таҳияи барномаҳои ҷумҳурияви ва минтақавии истифода ва ҳифзи захираҳои замин ва нақшаҳои заминсози бо назардошти хусусиятҳои шаҳрсози, экологи, иқтисоди ва ғайри минтақа;

2) марзакашии заминҳо бо муқаррар ва барқарор намудани сарҳадҳои воҳидҳои маъмуриву ҳудуди ва ҷиҳозонии техникии онҳо;

3) тартибдиҳии лоиҳаҳои заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда ва бартарафсозии камбудиҳо дар ҷойгиршавии заминҳо;

4) муайянкунии сарҳадҳои қитъаҳои замин, барҳамдиҳии сарҳадҳо ва ҷудокунии қитъаҳои замин, тартибдиҳии нақшаҳои (нақшаҳои сарҳадҳои) қитъаҳои замин, таҳияи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи заминистифодабари;

5) таҳияи лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷаги ва лоиҳаҳои дигар вобаста ба истифода ва ҳифзи заминҳо;

6) таҳияи лоиҳаҳои кори оид ба барқарорсозии заминҳои вайроншуда, ҳифзи замин аз бодлеси ва фарсоиши оби, сел, ярч, зериобшави, ботлоқшави, хушкшави, сахтшави, шуршави, ифлосшави аз партовҳои истеҳсоли, моддаҳои кимиёви ва радиоактиви, беҳтар намудани киштзорҳои кишоварзи, азхудкунии заминҳои нав, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок;

7) асоснокии ҷойгирони ва муқаррар намудани сарҳадҳои қаламрави дорои низоми махсуси ҳифзи табиат, рекреасиони, мамнуъгоҳҳои табии, таърихию фарҳанги ва солимгардони;

8) муқаррар ва дар маҳал тағйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак ва деҳаҳо;

9) анҷом додани корҳои тадқиқоти топографию геодези, картографи, тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок;

10) анҷом додани барӯйхатгирии ҳамаи заминҳо ва мунтазам ошкор намудаин заминҳои истифоданашаванда, ғайриокилона истифодашаванда, мувофиқи таъинот истифоданашаванда;

11) тартиб додани харитаҳои кадастрию мавзӯи ва атласҳои ҳолат ва истифодаи захираҳои замин;

12) анҷом додани корҳои баҳодиҳии замин.

Заминсози аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти маҳаллии он гузаронида мешавад.

Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян карда мешавад.

Корҳои заминсози метавонанд ҳамчунин аз ҳисоби худи заминистифодабарандагон дар сурати муқаррар гардидани сарҳад ва додани қитъаи замин, ҳангоми тартиб додани нақшаҳои (нақшаҳои сарҳадҳои) қитъаҳои замин, инчунин дар сурати иҷро намудани дигар корҳои вобаста ба заминсози анҷом дода шаванд.

Заминсози бо иштироки заминистифодабарандагони манфиатдор гузаронида мешавад.

Моддаи 7. Ошкор будани маълумотҳо оид ба заминсози

Маълумотҳо оид ба заминсози хислати ошкорро доранд, ба истиснои маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд.

Мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти он дар маҳалҳо, мувофиқи тартиби муайяншуда, маълумотҳои дар хуҷҷатҳои заминсози мавҷудбударо ба ҳар шахсе, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ё аризаи хатти (шахси ҳуқуқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии ин шахси ҳуқуқи ва ваколати намояндаи он) пешкаш кардааст, медиҳанд.

Маълумотҳои дархостшуда ё раддияи асоснок дар шакли хатти бояд дар муддати 10 рӯз ба дархосткунанда дода шавад. Дархосткунандаи маълумот метавонад оид ба раддия ба суд муроҷиат намояд.

Маълумотҳои дар ҳуҷҷатҳои заминсози мавҷудбуда, бо пардохти маблағ пешниҳод карда мешаванд, агар қонун тартиби дигар муқаррар накарда бошад. Андозаи ниҳоии пардохт барои пешниҳод кардани маълумот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Андозаи муайян, тартиб, мӯҳлат ва шаклҳои ворид намудани пардохтро мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин муқаррар мекунад.

Маълумоти дар хуҷҷатҳои заминсози мавҷудбуда, бидуни пардохт ба мақомоти зерин ба тариқи ҳатми пешниҳод карда мешавад;

1) мақомоти ҳокимияти давлати;

2) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо марбут ба парвандаҳои дар баррасии онҳо буда;

3) мақомоти андоз - оид ба минтақаи дар доираи ҳуқуқи онҳо буда;

4) мақомоти давлатии омор;

5) муассисаҳои таълимии заминсози барои омӯзиш ва мақсадҳои илми;

6) дигар шахсоне, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

Мақоме, ки маълумот пешниҳод кардааст, ӯҳдадор аст мувофиқи дархости истифодабарандагони қитъаҳои замин дар бораи шахсоне, ки оид ба қитъаҳои замини ба онҳо мансуббуда маълумот гирифтаанд, маълумот пешниҳод намояд.

Истифодаи маълумоти ба тариқ, ва шакле гирифташуда, ки боиси зарар ба ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии дорандагони ҳуқуқи замин мегардад, раво нест. Барои чунин амал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони гунаҳгор ба ҷавобгари кашида мешаванд.

БОБИ II. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 8. Идоракунии давлатии заминсози

Идоракунии заминсози аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Гузаронидани сиёсати ягонаи заминсози ва муқаррар намудани заминаҳои асосии заминсози, таъмини маблағгузори ва ташкили гузаронидани заминсози мутобиқи барномаҳои ҷумҳурияви, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳалли оид ба идораи захираҳои замин, инчунин ташкилу татбиқи заминсози дар доираи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқи оид ба заминсози, маблағгузори, ташкили татбиқи заминсози мутобиқи барномаҳои давлати, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи захираҳои замин дар маҳалҳо дар соҳаи заминсози, ҳамчунин ташкилу татбиқи заминсози дар ҳамаи заминҳо вогузор шудааст.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминсозиро дар ҳудуди дар ихтиёри онҳо буда, ташкил ва татбиқ месозанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Моддаи 9. Асосҳо барои гузаронидани заминсози

Заминсози дар асосҳои зерин гузаронида мешавад:

1) қарори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои заминсози;

2) аризаи (дархости) шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки довталаби гирифтани қитъаҳои заминанд;

3) шартномаҳо миёни шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи (заминистифодабарандагон, иҷорадиҳандагон), ки бо таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсози баста шудааст.

Моддаи 10. Иштирокчиёни муносибатҳо ҳангоми заминсози

Иштирокчиёни муносибатҳо ҳангоми заминсози фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷатҳои заминсози, ҳамчунин шахсони сеюм, ки эҳтимол дорад гузаронидани заминсози ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дахл намояд, ба ҳисоб мераванд.

Фармоишгарони ҳуҷҷатҳои заминсози шахсоне ҳисобида мешаванд, ки дар моддаи 9 ин Қонун зикр шуданд ва оид ба гузаронидани замнисози қарор қабул кардаанд ё дархост пешниҳод намудаанд ва маблағгузории онро таъмин мекунанд.

Ба сифати фармоишгар метавонад, мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти маҳаллии он дар сурати ваколатдор гардидани он аз ҷониби мақоме, ки оид ба гузаронидани заминсози қарор қабул намудааст, баромад кунад.

Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсози ташкилотҳои илми тадқиқоти, лоиҳакашию ҷустуҷӯи оид ба заминсози, дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Муносибатҳои байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷатҳои заминсози мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳо танзим карда мешаванд.

Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҷараёни заминсози ва сифати гузаронидани корҳои заминсозиро назорат кунад ва ҳангоми зарурат мувофиқи тартиби муқарраршуда ташхиси онҳоро ба роҳ монад.

Таҳиягарони хуҷҷатҳои заминсози ҳангоми гузаронидани корҳои заминсози аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҳамаи сатҳҳо, чун қоида, дар асоси озмун, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, фармоишгарони ҳуҷҷати заминсози аз ҳисоби маблағҳои худ ҳуқуқ доранд, бо ташкилот ё шахсони алоҳида барои гузаронидани корҳои заминсози шартнома банданд, агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.

Таҳиягари хуҷҷати заминсози зимни фаъолияти хеш ӯҳдадор аст:

1) фаъолияти хешро тибқи қонунгузори, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёр ва қоидаҳои экологи, инчунин талаботи дастурамалҳо, санадҳои меъёриву техники оид ба татбиқи заминсози ба роҳ монад;

2) ба шахсони манфиатдор оид ба гузаронидани заминсози хабар диҳад;

3) талаботи қонунгузориро оид ба сирри давлати нисбати маълумоте, ки ҳангоми гузаронидани заминсози ба даст меояд, риоя намояд;

4) ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии шахсонеро, ки эҳтимол дорад ҳангоми гузаронидани заминсози ба онҳо дахолат шавад, риоя намояд.

Таҳиягари хуҷҷати заминсози барои дақиқи, сифат ва бехатарии экологии чорабиниҳои дар хуҷҷати заминсози пешбинишуда масъул аст. Таҳиягари ҳуҷҷати заминсози ҳуқуқ дорад назорати муаллифиро нисбати татбиқи хуҷҷати заминсози ба роҳ монад, оид ба боздоштани татбиқи чорабиниҳое, ки бе риояи ҳуҷҷати тасдиқшудаи заминсози иҷро мегарданд ва боиси истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, вайроншавии онҳо, бад шудани ҳолати сифатии онҳо ва вайроншавии манзараҳои табиат мегарданд, масъала гузорад ва ҳамчунин оид ба зарурати такмил ё азнавсозии ҳуҷҷати куҳнашудаи заминсози таклифҳо пешниҳод намояд.

Шахсони сеюм, ки гузаронидани заминсози мумкин аст, ба ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии онҳо дахл кунад, ҳуқуқ, доранд:

1) дар муҳокимаи масъалаҳои заминсози иштирок кунанд, оид ба ҷараёни заминсози ва натиҷаи он, ки ба манфиатҳои онҳо дахл мекунад, маълумот гиранд;

2) нисбати амалҳои ғайриконуние, ки дар ҷараёни заминсози ба манфиати онҳо дахл мекунад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намоянд.

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории заминсози

Манбаьҳои маблағгузории заминсози инҳо мебошанд:

1) маблағҳои буҷети ҷумҳурияви;

2) маблағҳои буҷетҳои маҳалли;

3) маблағҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

4) манбаъҳое, ки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст;

5) дигар манбаъҳо (қарзҳои хориҷи, маблағхо аз ҳисоби хизматрасони ва ғайра).

Номгуи намудҳои корҳои заминсози, ки аз ҳисоби маблағҳои манбаъҳои гуногун иҷро карда мешаванд, тартиби маблағгузори, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба заминсози

Ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба татбиқи заминсози тартиби ташкил ва иҷрои корҳои заминсози, таркиб, мақсади раванди заминсози, талабот ба он, меъёрҳо ва қоидаҳои иҷро намудани онҳоро муқаррар мекунанд. Ҳуҷҷатҳои зикршударо мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи заҳираҳои замин тайёр менамояд ва вобаста ба моҳияташон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин тасдиқ менамоянд.

Мақомоти давлати оид ба идораи захираҳои замин дар маҳалҳо метавонанд, бо назардошти хусусиятҳои табии, иқтисоди, иҷтимои ва дигар шароитҳо, ҳуҷҷатҳои меъёриву техникиро оид ба татбиқи чорабиниҳои заминсози тайёр намоянд, ки ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии давлатиро муфассал дар бар мегиранд. Ҳуҷҷатҳои зикршуда бояд бо мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин мувофиқат карда шаванд ва аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ё мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин тасдик, карда шаванд.

Иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба татбиқи заминсози ба ҳамаи иштироккунандагони заминсози ҳатмист. Ин ҳуҷҷатҳо барои танзими давлатии ин фаъолият таъин гардидаанд ва барои гузаронидани ташхиси заминсозии давлати ва санҷишҳои дигар, анҷом додани назорати иҷрои корҳои заминсози ва ҳалли масъалаҳои баҳснок асос мебошанд.

Моддаи 13. Назорати давлати ба гузаронидани заминсози ва татбиқи чорабниҳои заминсози

Вазифаҳои асосии назорати давлати инҳоянд:

1) таъмини риояи талаботи ҳамин Қонун;

2) таъмини риояи меъёрҳои муайяншуда, қоида ва талаботи техники ҳангоми гузаронидани заминсози;

3) таъмини иҷрои чорабиниҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои заминсози пешбини шудааст;

4) пешгири ва бартараф кардани норасоиҳо ҳангоми тайёр кардан ҳуҷҷати заминсози.

Назорати давлати ба гузаронидани заминсози, татбиқи чорабиниҳои заминсози ва риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии муқарраршуда ҳангоми таҳияи ҳуҷҷати заминсози аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти он дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.

БОБИ III. САМТҲОИ АСОСИИ ЗАМИНСОЗИ ВА НАМУДҲОИ КОРҲОИ ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 14. Самтҳои асосии татбиқи заминсози

Заминсози дар самтҳои асосии зерин татбиқ карда мешавад:

1) омӯзиши ҳолати заминҳо;

2) банақшагири, ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, ба истиснои фаъолияти шаҳрсози;

3) заминсозии байнихоҷаги;

4) заминсозии дохилихоҷаги.

Моддаи 15. Ҳадафҳо ва намудҳои кор оид ба омӯзиши ҳолати заминҳо

Омӯзиши ҳолати заминҳо бо мақсади гирифтани маълумот оиди ҳолати миқдорию сифати ва истифодаи замин, таъмини механизми иқтисодии танзими муносибатҳои замин, такмили пардохти маблағи замин, тартиб додани лоиҳаҳои заминсози, пешбурди баҳисобгирии захираҳои замин гузаронда мешавад.

Омӯзиши ҳолати заминҳо намудҳои асосии корҳои зеринро дар бар мегирад:

1) тадқиқотҳои топографию геодези ва картографи;

2) тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок;

3) барӯйхатгирии заминҳо;

4) тартиб додан, ба чоп омода кардан ва нашр намудани харитаҳои махсуси ҳолат ва истифодаи заминҳо.

Давраи нав кардани маводе, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти топографию геодези ва корҳои картографи, омузиши таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок ба даст меоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин муқаррар карда мешавад.

Моддаи 16. Корҳои топографию геодези ва картографи

Маводи корҳои топографию геодези ва картографи асоси нақшавию картографи барои тартиб додани нақша ва лоиҳаҳои заминсози, гузаронидани тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок, барӯйхатгирии заминҳо, ташкили китъаҳои замин ва тайёр кардани нақшаи сарҳадҳои онҳо, пешбурди баҳисобгирии захираҳои замин, баҳодиҳи ва мониторинги заминҳо, тартиб додани харитаҳои махсуси мавзӯи мебошанд.

Мӯҳтавои маълумот, доираи маводи топографию геодези ва картографи вобаста ба мақсади муайяни истифодаи онҳо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геобатаники ва дигари хок

Тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок, инчунин корҳои ҷустуҷӯи дар ҳамаи гурӯҳҳои заминҳо бо мақсади гирифтани маълумот оид ба ҳолати сифатии заминҳо, ҳамчунин ошкор кардани заминҳое, ки онҳоро хатари фарсоиши обиву бодлеси, обзеркуни, заҳролудшавии радиоактивию кимиёви ва биогени, дигар ҳодисаҳои манфи таҳдид мекунад, гузаронида мешаванд.

Маълумоти бадастомада барои баҳодиҳии агроэкологии заминҳо ва қабули қарор аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати оиди гузаронидани рекултиватсия, консерватсия, ҷори кардани маҳдудияти истифодаи заминҳо, барқарор кардан, ҳифз намудан ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, беҳдошти манзараҳои табиат, ҳамчунин таҳияи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, пешбурди баҳисобгирии сифатии захираҳои замин ва мониторинги заминҳо истифода мешавад.

Моддаи 18. Барӯйхатгирии заминҳо

Барӯйхатгирии заминҳо вобаста аз мақсад бо қарори мақомоти ҳокимияти давлати ё бо дархости заминистифодабарандагону иҷоракорон гузаронда мешавад.

Барӯйхатгирии заминҳо бо мақсади аниқ, ё муайян кардани мавзеи ҷойгиршави, сарҳад (бе нишонагузори дар маҳал), андоза, мақоми ҳуқуқи, ошкор кардани заминҳои истифоданашаванда, ғайриоқилона истифодашаванда ё мувофиқи таъинот истифоданашаванда ва дигар хусусиятҳои миқдориву сифатии заминҳо, ки дар кадастри давлатии замин, дигар кадастрҳо ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ, ба замин инъикос ёфтаанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои татбиқи назорати давлати ба истифода ва ҳифзи заминҳо ва қабули қарор дар хусуси ба тартиб даровардани истифодаи заминҳо заруранд, гузаронда мешавад.

Вобаста ба мақсади гузошташуда барӯйхатгирии пурра ё мақсадноки замин гузаронда мешавад.

Барӯйхатгирии пурраи заминҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи гурӯҳҳои заминҳо, новобаста аз шакли истифодаи замин, бо аниқ кардани ҳамаи хусусиятҳои қитъаҳои замин, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода шудаанд, гузаронда мешавад.

Барӯйхатгирии мақсаднок дар заминҳои гуруҳҳои алоҳида дар ҳудуди воҳидҳои алоҳидаи маъмури, инчунин дар минтақахое, ки дар онҳо пайдоиши ҷараёнҳои манфи ба назар мерасад, дар гуруҳҳо ё қитъаҳои ҷудогонаи заминҳо гузаронда мешавад.

Ҳангоми баруйхатгирии мақсаднок маълумот дар бораи ҳолат ва истифодаи заминҳо метавонад аз рӯи тамоми хусусиятҳо ё хусусиятҳои алоҳида, ки дар қисми дуюми ҳамин модда зикр гардидаанд, аниқ карда шавад.

Моддаи 19. Харитаҳои махсуси мавзӯи

Харитаҳои махсуси мавзӯи бо мақсади дар онҳо инъикос намудани хусусиятҳои маҷмуии ҳолат ва истифодаи заминҳо, чорабиниҳои ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, дурнамои истифодаи заминҳо, маълумотҳои минтақабанди ва ноҳиябандии иқлимию кишоварзии заминҳо, қарорҳои доир ба идораи захираҳои замин қабулгардида тартиб дода мешаванд.

Моддаи 20. Мақсадҳо ва намудҳои корҳои банақшагирии истифода ва ҳифзи заминҳо

Банақшагири, истифода ва ҳифзи заминҳо (ба истиснои объектҳои фаъолияти шаҳрсози) бо мақсади муайян кардани дурнамои кутоҳмуддат ва дарозмуддати истифодаи оқилонаи ҳама гурӯҳ, заминҳо, новобаста аз навъи истифода аз он ва шакли хоҷагидори, таҳияи пешниҳодҳо барои қабули қарор оид ба аз нав тақсимкунии заминҳо бо назардошти талаботи комплекси агросаноати, хоҷагии ҷангал, тараққиёти шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин ва тартиби ҷойгиркунии онҳо, саноат, соҳаи истиҳроҷи маъдан, қаламрави заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, мамнуъгоҳҳои табии, ҳифзи об, заминҳои таъиноти солимгардони ва таърихию фарҳанги, созмон додани фонди азнавтақсимкунии заминҳо бо мақсади таъмин кардани шаҳрвандон бо қитъаҳои замин, барои хоҷагиҳои ёрирасони шахси, боғдори, обчакори, таъсиси хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ва дигар эҳтиёҷот, таъмини чорабиниҳо оид ба ҳифзи замин анҷом дода мешавад.

Банақшагирии истифода ва ҳифзи заминҳо корҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

1) таҳияи пешниҳодҳо доир ба истифода ва ҳифзи заминҳо дар сатҳи давлати;

2) ҷудо намудани заминҳо;

3) ноҳиябандии иқлимию кишоварзи ва минтақабандии заминҳо;

4) ташкили фондҳои махсуси эҳтиётии заминҳо (майдонҳои қитъаҳои заминҳо);

5) заминсозие, ки сохтмон дар он манъ аст ва заминҳои шаҳру дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки муваққатан корҳои сохтмон дар онҳо анҷом дода намешавад.

Моддаи 21. Ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо

Ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба заминистифодабарии устувор, ҷойгиркунонии асоснокро мувофиқи талаботи экологию иқтисоди, заминистифодабари ва заминдории яклухту мувофиқ, аз рӯи майдон, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳудуди барои пешбурди оқилонаи фаъолияти кишоварзи ва ғайраи хоҷаги, тараққиёти устувори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсози, таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи заминҳоро фаро мегирад.

Моддаи 22. Хусусиятҳои банақшагирии истифодаи заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин

Банақшагирии истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар алоқаманди бо татбиқи фаъолияти шаҳрсози, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти меъморию шаҳрсозии онҳо ва мақомоти ваколатдори давлалати оид ба идораи захираҳои замин дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин амали мегардад, гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Ҳуҷҷатҳои заминсози ва шаҳрсозии сатҳҳои дахлдор якдигарро пурра мекунанд.

Нақшаҳои сохтори хоҷагии заминҳои шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, чун қоида, ҳамзамон бо нақшаи генералии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таҳия карда мешаванд.

Моддаи 23. Мақсадҳо ва намудҳои корҳо ҳангоми заминсозии байнихоҷаги

Заминсозии байнихоҷаги дар ҳама гурӯҳ заминҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мувофиқи ҳудуди барои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, ташкил ва такмили системаи оқилонаи заминистифодабарии устувори таъиноти кишоварзи ва ғайрикишоварзи, таъмини аниқ, ва баҳснопазир, муқаррар гардидани сарҳади заминистифодабари дар маҳал, воҳидҳои маъмуриву ҳудуди, фондҳои махсуси замин, ҳудудҳои дорои низоми махсуси истифодабари гузаронида мешаванд.

Заминсозии байнихоҷаги корҳои зеринро дар бар мегирад:

1) тартиб додани лоиҳаҳои бунёди объектҳои нави заминсози ва танзими объектҳои мавҷуда;

2) ташкили қитъаҳои замин;

3) марзакашии заминҳо.

Моддаи 24. Тартибдиҳии лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими обьектҳои мавҷудаи заминсози

Тартибдиҳии лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими объектҳои мавҷудаи заминсози дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

1) ҳангоми тағйири сарҳад ва ҳаҷми объектҳои заминсози ҳангоми калону хурдкунии онҳо, азнавтақсимкунии заминҳо дар байни онҳо, додани қисми заминҳо ба ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷудокунии заминҳо барои ташкили хоҷагиҳои деҳқони (фермери), таҷдиди ташкилотҳои кишоварзи (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261);

2) бо мақсади муттаҳид намудани қитъаҳои замин ва бартараф кардани порчадармиёни, резаги, дурзамини, шикастагии сарҳад ва аз нигоҳи экологи мувофиқи мақсад набудани ҷойгиршавии онҳо.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими объектҳои мавҷудаи заминсози инҳо бо истифода аз ҳуҷҷатҳои шаҳрсози ва дигар ҳуҷҷатҳо муайян карда мешаванд:

1) андоза ва сарҳади объектҳои заминсози, бо назардошти таъиноти онҳо, ҳаҷми имконпазири истеҳсоли маҳсулот, тараққиёти сохторҳои муҳандисию иҷтимои;

2) сарҳадҳои заминҳои дорои низоми махсуси истифода;

3) тартиб ва шарту мӯҳлатҳои гузаштан ба истифодаи қитъаҳои замин дар сарҳадҳои нав.

Моддаи 25. Ташкили заминистифодабари

Ташкили заминистифодабари дар ҳолатҳои зерин татбиқ, карда мешавад:

1) додани қитъаҳои замин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

2) гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлати ва ҷамъияти;

3) анҷом додани муомилот байни шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба гузаштани ҳуқуқи истифодаи замин алоқаманд аст.

Барои ташкили заминистифодабари ҳолатҳое, ки қонун ба миён омадан ва гузаштани ҳуқуқ, ба заминро бо онҳо алоқаманд мекунад, инчунин ӯҳдадориҳо оид ба истифодаи замин асос мебошанд.

Ҳангоми ташкили заминистифодабари бояд қитъаи (қитъаҳои) замине ҷудо карда шавад, ки дорои хусусиятҳои хоси ба он мансуб, ба мисли мавзеи ҷойгиршави, сарҳадҳои баҳснопазир, майдон, координатҳои нуқтаҳои гардиш бошад.

Андозаи заминистифодабари бо назардошти ҳуҷҷатҳои шаҳрсози, меъёрҳои ҷории заминдиҳи барои эҳтиёҷоти гуногун, ҷойгиршавии наздик, риояи қонунҳои ҳифзи табиат, шаҳрсози, санитари, зидди сӯхтор ва дигар меъёру қоидаҳо бо истифодаи ҳуҷҷатҳои мавҷудаи шаҳрсози ва заминсози муқаррар ва аниқ, карда мешавад. Ба сарҳадҳои заминистифодабари майдонҳое, ки бевосита объектҳои ғайриманкул ишғол намудаанд, инчунин ҳудуде, ки ба объекти зикршуда пайваст аст ва барои таъмини фаъолияти он хизмат мерасонад, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда дохил карда мешавад. Ҳамзамон сарҳадҳои заминҳои истифодаашон маҳдуд муқаррар карда мешавад.

Дар сурати ташкили заминистифодабрии нав ҳангоми тақсими онҳо бо розигии ҷонибҳо ё қарори суд барои муқаррар кардани сарҳадҳои қитъаҳои замин дар маҳал, ки мувофиқи созишнома ё қарори суд муайян шудааст, корҳо анҷом дода мешаванд. Дар асоси корҳои анҷомдодашуда, мавзеи ҷойгиршави, сарҳадҳо ва майдони ҳар як заминистифодабарии ташкилгардида муайян карда мешавад.

Тартиби ташкили заминистифодабари аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, дар шаҳру дигар маҳалҳои аҳолинишин бошад, якҷоя бо мақомоти давлатии меъмори ва шаҳрсози муқаррар карда мешаванд.

Барои ҳар як заминистифодабарии навташкилшуда нақшаи қитъаи замин тартиб дода мешавад.

Нақшаи қитъаи замин аз рӯи маводи зерин тайёр карда мешавад:

1) бо истифода аз маводи мавҷудаи нақшавию картографи ва муайян кардани координатҳои нуқтаҳои сарҳади қитъаи замин бо усулҳои графики, таҳлили ва ғайра;

2) аз рӯи маводи тадқиқоти фазои;

3) аз рӯи натиҷаҳои ченкуни ҳангоми аксбардории қитъаи замин дар маҳал ё марзакашии заминҳо бадастомада.

Нақшаи сарҳади қитъаи замин барои ворид намудани сарҳадҳои он ба нақшаи дахлдори санҷишии кадастри ва ба он додани рақами кадастри асос мебошад.

Нақшаи қитъаи замин аз ҷониби мақомоти масъули гузаронидани корҳои кадастри тасдиқ карда мешавад ва ба ҳуҷҷатҳое, ки барои қайди давлатии ҳуқуқ ба замин заруранд, замимаи ҳатми мебошад.

Талаботи техникии таҳия ва барасмиятдории нақшаи қитъаи замин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва дар шаҳру дигар маҳалҳои аҳолинишин бошад, бо иштироки мақомоти давлатии меъмори ва шаҳрсози муқаррар карда мешавад.

Моддаи 26. Марзакашии заминҳо

Марзакашии заминҳо бо мақсади қатъи муайян кардан ва дар маҳал шинохтани мавқеи сарҳади қитъаҳои замин (аломатҳои марзи ва хатҳои сарҳади), ки дар маводи нақшавию картографи инъикос ёфтаанд, гузаронда мешавад.

Марзакашии заминҳо дар асоси ҳуҷҷати заминсози ва шаҳрсози, ки дар қисмати нақшавии он сарҳадҳои лоиҳави, мавқеи аломатҳои марзи ва маълумотҳои ибтидоии геодези, ки барои муайян кардани мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои гардиши сарҳади қитъаи замин дар маҳал заруранд, нишон дода мешаванд, татбиқ, мегардад ва метавонад бо усулҳои геодези, аэрофотогеодези ва дигар воситаҳое, ки саҳеҳии зарурии мутобиқати координатҳои нуқтаҳои гардиши сарҳад ва андозаи сарҳади қитъаи заминро таъмин мекунад, гузаронда шавад.

Ҳуҷҷати заминсози оид ба марзакашии заминҳои шаҳрҳо, дар таркиби лоиҳаҳои банақшагирии қисмҳои маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот ва лоиҳаҳои сохтмони маҳаллаҳо, микрорайонҳо ва дигар таркибҳои сохтори банақшагири, маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот таҳия мегардад ва барои муқаррар кардани сарҳади қитъаҳои замин дар маҳал асос ба ҳисоб меравад.

Сарҳадҳои қитъаҳои заминҳо дар маҳал бо аломатҳои марзи муқаррар карда мешаванд. Муқарраркунии сарҳади қитъаҳои замин бе гузоштани аломатҳои марзи дар ҳолати мувофиқати онҳо бо иншоотҳои табиию сунъии сарҳад ва ҳудуд (дарёҳо, ҷӯйҳо, каналҳо, минтақаҳои бешазор, роҳҳо, иншоотҳои роҳсози, деворҳо, панҷараҳо, намои иморатҳо ва дигар хати иншоотҳою ҳудудҳо мумкин аст.

Сарҳадҳои қитъаҳои замин, ки дар маҳал бо аломатҳои намунаи муқарраршуда муайян карда шудаанд ё бо иншоотҳои табииву сунъи мувофиқат мекунанд, бечунучаро эътироф гардида, аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд.

Пойгоҳи шабакаи марзакаши дар маҳал бо аломатҳои дарозмуддат муқаррар карда мешавад.

Координатҳои нуқтаҳои пойгоҳҳои шабақаи марзакаши ва аломатҳои марзи дар системаи умумидавлатии координатҳо ё системаи координатҳои маҳалли, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин муқаррар шудааст, муайян мегарданд, зимнан бояд алоқаи системаи маҳаллию умумидавлатии координатҳо таъмин гардад.

Нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши моликияти давлати буда, баьди гузоштан мувофиқи санад барои назорат ва ҳифз ба инҳо супурда мешаванд:

1) мақомоти ҳокимияти давлати;

2) ба заминистифодабарандагон, агар онҳо дар қитъаи замини ӯ ҷойгир бошанд.

Нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши дар харитаи асосии кадастри замин, ки якчоя бо феҳрасти координатҳои нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши ва аломатҳои марзи баробари дигар маводи марзакашии заминҳо нишон дода мешаванд, ба фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози супурда мешаванд.

Аломатҳои марзи мувофиқи санад барои назорату ҳифз гардидан ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки қитъаҳои замин дар истифодаи онҳо мебошанд, супурда мешаванд.

Вайрон ва барқароркунии нуқтаҳои пойгоҳҳои гумшудаи шабакаи марзакаши ва аломатҳои марзи бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин гузаронда мешавад.

Тартиби марзакашии заминҳо ва назорати риояи талаботи техникии марзакашии заминҳо, ҳифзи нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши ва аломатҳои марзи аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти маҳаллии он муқаррар ва татбиқ карда мешавад. Дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ин амал якчоя бо мақомоти меъморию шаҳрсози татбиқ, мешавад.

Моддаи 27. Мақсадҳо ва намуди корҳо ҳангоми заминсозии дохилихоҷаги

Заминсозии дохилихоҷаги бо мақсади ташкили ҳудуд ва созмон додани ҳудуди истеҳсолии ташкилотҳои кишоварзи, хоҷагиҳои деҳкони (фермери) дар сарҳадҳои заминистифодабарии онҳо, ки якҷоя бо дигар воситаҳои истеҳсоли, пешбурди самараноки истеҳсолоти кишоварзи, истифодаи оқилонаи заминҳо, фароҳам овардани муҳити мусоиди экологи ва беҳдошти манзараҳои табиатро таъмин мекунад, гузаронда мешавад.

Ҳангоми татбиқи заминсозии дохилихоҷаги, бо назардошти талаботи қисми якуми ҳамин модда корҳои зерин иҷро карда мешаванд:

1) ташкили дохилихоҷагии ҳудуди ташкилотҳои кишоварзи, кооперативҳо, хоҷагиҳои деҳқони (фермери);

2) таҳияи лоиҳаҳо барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи хок аз бодлеси ва дигар падидаҳои манфи, беҳдошти киштзорҳои кишоварзи, аз худ кардани заминҳои нав.

Пешниҳодҳо оид ба ташкил ва ҷойгиркунонии ҷузъҳои истеҳсолии ташкилотҳои кишоварзи, ба онҳо вобаста кардани киштзор, низом ва шартҳои истифодаи онҳо, ташкили киштгардони ҳудуди ва дохилисаҳрои, алафдарав ва чарогоҳ ҳангоми заминсозии дохилихоҷаги дар сатҳи лоиҳаи техники таҳия мегарданд ва баъди ба маҳал гузаронидани таркибҳои мазкур ба лоиҳаи заминсозии дохилихоҷагии тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқшуда татбиқ карда мешаванд.

Чорабиниҳои ҳифзи хоку табиат, чорабиниҳои мелиоративию нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ҳангоми заминсозии дохилихоҷаги, мувофиқи қонунҳои давлати ва дигар санадҳои меъёриву ҳукуки дар сатҳи нақша таҳия мегарданд ва дар асоси таҳияи лоиҳаҳои иловагии техники барои татбиқи чорабиниҳои мазкур амали мешаванд.

Моддаи 28. Талабот ҳангоми гузаронидани заминсозии дохилихоҷаги

Ҳангоми гузаронидани заминсозии дохилихоҷаги барои татбиқи амалҳои зерин шароит муҳайё карда мешавад:

1) мутобиқ, будани ҳудуди хоҷаги бо нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии замин, мавҷудияти қувваи корию захираҳои модди, соҳаи истеҳсолот, ҳачми мувофиқи истеҳсоли маҳсулоти моли;

2) мӯътадилии ташкили ҳудуди хоҷаги ва истехсолоти кишоварзи;

3) имконпазирии ҷойгирони ва истифодаи маҷмӯи объектҳои истеҳсоли, сохтори муҳандиси ва системаи мелиоративи;

4) ҳифзи киштзорҳои пурарзиши кишоварзи, эҳё ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, беҳдошти манзараҳои табиат ва ташкили муҳити мусоиди экологи;

5) алоқамандии мувофиқ, миёни сокинон, марказҳои истеҳсоли ва ҳудуди бо хизматрасони фарогирифташаванда, ҷойгирони ва ташкили истеҳсолот.

БОБИ IV. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 29. Намудҳои ҳуҷҷатҳои заминсози

Вобаста ба намуди корҳои заминсозии гузаронидашуда барои ҳар як объекти заминсози ҳуҷҷати мувофиқи заминсози дар шакли барнома, нақша, лоиҳа, харитаҳои мавзӯи, маводи тадқиқотию ҷустуҷӯи (ҳисоботи техники), парвандаҳои заминсози таҳия карда мешавад.

Намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои заминсози инҳоянд:

1) барномаҳои давлатии истифода ва ҳифзи заминҳо;

2) нақшаҳои заминҳо аз рӯи гурӯҳ

3) маводи минтақабанди (ба истинои объектҳои фаъолияти шаҳрсози) ва ноҳиябандии иқлимию кишоварзии заминҳо, ҷойгирони ва муқарраркунии сарҳадҳои мавзеъҳои махсус ҳифзшаванда;

4) нақшаҳои заминсозии воҳидҳои маъмуриву ҳудуди, нақшаҳои заминистифодабарии шаҳрҳо, нақшаҳои ташкили фондҳои махсуси замин, нақшаҳо қитьаҳои замин, ки сохтмон дар онҳо мумкин нест, заминҳои шаҳрҳою шаҳракҳое, ки сохтмон дар онҳо муваққатан манъ аст;

5) лоиҳаҳои азнавтақсимкунии заминҳо, ташкили заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, ташкили ҳудуди онҳо, заминсозии дохилихоҷаги (ба истиснои лоиҳаҳои марзакаши дар маҳалҳо, ки ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсози тартиб дода мешаванд);

6) маводи оид ба ташкили заминистифодабари, марзакашии заминҳо, тайёр кардани нақшаи қиътаи замин, муқаррар намудан ва тағйир додани сарҳади мавзеъҳои аҳолинишин дар маҳал;

7) лоиҳаҳои рекултиватсияи заминҳои вайроншуда, ҳифзи хок аз фарсоиш, селҳо, обзеркуни, ботлоқшави, хушкшави, сахтшави, шуршави, падида ва ҷараёнҳои манфии геологи, барқарорсози ва аз вайроншави, аз ифлосшави бо партовҳои истеҳсоли ва маводи радиоактивию кимиёви боздоштани заминҳо, беҳдошти киштзорҳои кишоварзи, азхуд кардани заминҳои нав, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок;

8) маводи (ҳисоботи техники) тонографию геодези ва корҳои картографи, тадқиқот таркиби агрокимиёви, геоботаникии хок ва дигар корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯи оид ба заминсози;

9) маводи тартибдиҳии харитаҳои санҷиши заминҳои истифодаашон маҳдуд;

10) мавод оид ба ошкор кардан ва аз вайроншави боздоштани киштзорҳои таназзулёфтаи кишоварзи ва заминҳои ифлосшуда;

11) мавод оид ба барӯйхатгирии заминҳо, мунтазам ошкор кардани заминҳои оқилона истифоданашаванда ё аз рӯи таъиноти мақсаднок истифоданашаванда ва ташкили фонди азнавтақсимкунии заминҳо;

12) харитаҳои махсуси мавзуии ҳолат ва истифодаи захираҳои замин.

Бо назардошти вазифа ва мақсади заминсозии татбиқшаванда мутобиқи талаботи ҳамин Қонун тайёр кардани намудҳои дигари ҳуҷҷатҳои заминсози мумкин аст.

Ҳама гуна ҳуҷҷати заминсози аз маводи матниву нақшави иборат аст ва дорои муқаррароти ҳатмиест, ки дар супориши таҳияи намуди дахлдори ҳуҷҷат муайян шудааст.

Ҳама гуна ҳуҷҷати заминсози дар асоси супориши фармоишгари ҳуҷҷати заминсози таҳия мегардад.

Таркиб, мақсад ва қоидаҳои барасмиятдарории ҳар як намуди ҳуҷҷати заминсозиро ҳуҷҷатҳои меъёриву техникии дахлдор оид ба гузаронидани заминсози ва татбиқи фаъолияти шаҳрсози танзим менамоянд.

Моддаи 30. Мувофиқатсозии ҳуҷҷати заминсози

Ҳуҷҷати заминсози бо истифодабарандагони заминҳое, ки дар онҳо заминсози гузаронида мешавад, мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ё мақомоти он дар маҳалҳо, вобаста аз сатҳи таҳияи ҳуҷҷати заминсози, бо мақомоти дахлдори меъмори ва шаҳрсози ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти давлати, инчунин шахсони сеюм, ки заминсози ба ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонуни онҳо дахл мекунад, мувофиқат карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои заминсози дар ҳолатҳои дахлдор ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун таҳти ташхиси давлатии экологи қарор дода мешаванд.

Моддаи 31. Тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсози

Ҳуҷҷатҳои тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқатшуда аз ҷониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:

1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлати алоқаманд мебошанд;

2) мақомоти ҳокимияти давлати - ҳуҷҷатҳои заминсозии марбут ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти минтақави ва дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда гузаронда мешавад;

3) мақомоти худидоракунии маҳалли - ҳуҷҷатҳои заминсозии марбут ба иҷрои корҳо дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261);

4) заминистифодабарандагон, иҷорагирони қитъаҳои замин ва дигар фармоишгарон - лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷаги ва лоиҳаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи заминҳо, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ки аз ҳисоби маблағи онҳо таҳия ва татбиқ карда мешаванд, бо мувофиқати мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин.

Ҳуҷҷатҳои заминсозии вобаста ба ташкили сарадҳои қитъаҳои замин, марзакашии заминҳо, тайёр кардани нақшаи қитъаи замин, ҳамчунин маводи топографию геодези ва корҳои картографи, тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаникии хок ва дигар корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯи оид ба заминсози, доир ба тартиб додани харитаҳои махсуси мавзӯи ҳолат ва истифодаи захираҳои замин аз ҷониби мақоми ваколатдори дахлдори давлати оид ба идораи захираҳои замин барраси ва қабул карда мешаванд.

Тартиби мувофиқатсози ва тасдиқи навъи мушаххаси ҳуҷҷати заминсозиро вобаста аз сатҳи таҳияи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261).

Моддаи 32. Парвандаи заминсози

Натиҷаҳои корҳои гузаронидашудаи заминсози оид ба ҳар як обьекти заминсози дар парвандаи заминсози гирдоварда мешаванд.

Ба парвандаи заминсози нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар рафти корҳои омодаги, тадқиқот ва ҷустуҷӯҳои саҳрои бадастомада, нусхаҳои муаллифии маводи лоиҳави (барнома, нақша, лоиҳаҳо ва ғайра), нусхаҳои аслии маводи картографи, нақшаҳо, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои мувофиқатсози ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсози, дигар мавод, маълумотҳо оид ба объекти мазкури заминсози дохил карда мешаванд.

Парвандаи заминсозиро таҳиягари ҳуҷҷати заминсози нигоҳ медорад.

Моддаи 33. Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози

Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози қисми таркиби Фонди давлатии маводи геодези, картографи, заминсози, кадастри замин ва дигар маводу маълумот оид ба ҳолат ва истифодаи заминҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози ба таркиби амволи хусусишавандаи ташкилотҳо дохил карда намешаванд.

Маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози, ки ба таркиби Фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, мутобиқи қонун нигоҳ дошта мешаванд.

Истифодаи маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии заминсози, ки дорои маьлумоти сирри давлати мебошанд, мутобиқи қонун сурат мегиранд.

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки аз ҳисоби маблағҳои фармоишгар ҳуҷҷатҳои заминсозиро таҳия кардаанд, ӯҳдадоранд як нусха аз ҳуҷҷатҳои таҳиянамудаи худро ба мақомоти ваколатдори дахлдори давлати оид ба идораи захираи замин ҷиҳати бақайдгири ва дохил кардани он ба фонди давлатии заминсози бо нигоҳ доштани ҳуқуқи муаллифи ройгон диҳанд.

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи - истифодабарандагони маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози ӯҳдадоранд:

1) ҳифзи мавод ва ҳуҷҷатҳоеро, ки муваққатан барои истифода гирифтаанд, таъмин намоянд ва дар мӯҳлати муайяншуда онҳоро баргардонанд;

2) маълумоти дар маводу ҳуҷҷатҳои зикршуда мавҷудбудаи дорои сирри давлатиро ошкор накунанд.

Низомнома оид ба фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози, номгӯи маводу ҳуҷҷатҳои ба он дохилшаванда ва тартиби истифодаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

БОБИ V. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИ ОИД БА ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 34. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оид ба заминсози

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои вайрон кардани қонунгузори оид ба замин ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти заминсози расидааст

Зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти заминсози расонида шудааст бо тартиби муқарраркардаи қонун ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 36. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои заминсози

Баҳсҳои миёни иштирокчиёни муносибатҳои заминсози, ки ҳангоми заминсози ба миён меоянд, аз ҷониби суд мутобиқи қонун ҳал карда мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 

 12 майи соли 2001 № 20

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗИ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонун дар бораи заминсози танзим менамояд

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи заминсози, тартиби заминсози ва муносибатҳоро дар раванди фаъолияти заминсози байни мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, мақомоти ваколатдори давлати оид ба захираҳои замин, шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин танзим менамояд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар ин Қонун истифода мегарданд

Заминсози маҷмӯи чорабиниҳое, ки танзими ҳудудии муносибатҳои оид ба замин, омузиш, банақшгагири, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, бунёди заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, захираҳои замин, воҳидҳои марзию маъмури ва дигар объектҳои заминсозиро бо нишон додани сарҳадҳо дар маҳал, ободонии қаламрави ташкилотҳои кишоварзи ва беҳдошти манзараҳои табиат таъмин менамоянд.

Фаъолияти заминсози - фаъолияти илми, техники, истеҳсоли ва идоракунии мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки ҳангоми заминсози анҷом дода мешавад.

Корҳои заминсози - ҳама гуна тадқиқоти камерали, саҳроии тадқиқоти, ҷустуҷӯи, топографию геодези, картографи, лоиҳакаши ва дигар корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи, ки ҳангоми анҷом додани заминсози иҷро гардида, ба даст овардани натиҷаи мушаҳҳасро (ҳуҷҷати заминсози) пешбини мекунанд.

Раванди заминсози - таркиб, пайдарҳами ва тартиби амалҳо ҳангоми гузаронидани корҳои заминсози, ки корҳои омодаги, ҷустуҷӯи ва таҳқиқоти саҳрои, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳави, барраси ва тасдиқи онҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар маҳал, барасмиятдарори ва супурдани ҳуҷҷатҳои заминсози, гузаронидани назорати муаллифии татбиқи лоиҳаҳои заминсозиро дар бар мегирад.

Лоиҳаи заминсози- маҷмӯи хуҷҷатҳои ҳуқуқи, иқтисоди, техникии дарбаргирандаи ҳисоб ва тавсифу нақшаҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои заминсози дар шакли нақша инъикос ёфта, хатти баён мегарданд ва татбиқи онҳо дар қаламрави муайян пешбини шудааст.

Чорабиниҳои заминсози - корҳои дар ҳуҷҷати заминсози пешбинигардидаи ташаккул ва ташкили ҳудуди объекти заминсози, истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо бо назардошти таъиноти мақсадноки онҳо ва маҳдудиятҳои истифода, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо.

Объектҳои заминсози - қаламрави воҳиди маъмурию ҳудуди ё қисмҳои он, ҳудуди заминистифодабари, гурӯҳҳои заминистифодабарандагоне, ки нисбати онҳо заминсози сурат мегирад.

Заминистифодабари - қаламрави қитъаи замини (маҷмӯи қитъаҳои замини) дорои сарҳади устувору муайян, майдон мавзеи ҷойгиршави, ки шахсони воқеи ё ҳуқуқи барои мақсадҳои муайян тибқи қонунгузори истифода мебаранд.

Ташкили заминистифодабари - маҷмӯи корҳо оид ба муқарраркунии мавзеи ҷойгиршави, сарҳад, масоҳати қитъаи замин ё маҷмӯи онхо, дигар хусусиятҳо бо назардошти таъиноти мақсадноки муқарраршуда ва маҳдудиятҳои истифодаи заминҳо.

Марзакашии заминҳо - маҷмӯи корҳо доир ба муайян кардани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудуди дар маҳал, сарҳади қитъаҳои замини истифодабарандагон, иҷоракорон ва муайянкунии онҳо бо аломатҳои марзакашии намунаи муқарраршуда, инчунин ба нуқтаҳои шабакаи пойгоҳии марзакаши пайваст намудан.

Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози - маҷмӯи ҳуҷҷатхое, ки дар натиҷаи гузаронидан ва анҷом додани заминсози ба даст омадаанд ва бояд барои истифодаи минбаъда дар мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ё мақомоти он дар маҳалҳо нигоҳ дошта шаванд.

Нақшаи қитъаи замин - ҳуҷҷати нақшавиест, ки мавзеи ҷойгиршави, андоза, ҷойгиршавии сарҳадҳои берунаи қитъаи замин ва сарҳади заминҳоеро нишон медиҳад, ки истифодаи онҳо маҳдуд гардидааст, инчунин ҷойгиронии объектҳои ғайриманқули ба қитъаи замин пайвастбударо инъикос мекунад.

Заминсозии дохилихоҷаги- маҷмӯи чорабиниҳои оид ба ташкили ҳудуди ташкилотҳои кишоварзи ва хоҷагиҳои деҳқони (фермери) дар сарҳадҳои заминистифодабарии онҳо, ки истифодаи пурраю оқилонаи замин, фароҳам овардани шароити мувофиқи экологи, беҳдошти манзараҳои табиат, инчунин пурра қонеъ гардонидани манфиатҳои иқтисодиро ҳангоми риояи шартҳои муқарраргардидаи истифодаи замин ва ҳифзи он таъмин менамояд.

Заминсозии байнихоҷаги - маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди ва техники, ки азнавтақсимкунии заминҳо, ташкили истифодаи оқилонаи замин ва соҳибият ба он, додан ва гирифтани заминҳо барои эҳтиёҷоти кишоварзи ва ғайрикишоварзи, тақсими қитъаҳои замин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, инчунин муайян кардану тағйир додани сарҳад ва майдони қитъаҳои заминро таъмин мекунад.

Консерватсия - то мӯҳлати муайян нигоҳ доштани қабати ҳосилхези хок.

Рекултиватсия - барқарор кардани қабати ҳосилхези хок.

Камерали - дар шуъбаҳои махсус муфассал тадқиқ, кардани материалҳое, ки экспидитсияҳои гуногун ҷамъ кардаанд.

Координат - бузургиҳое, ки ваъзияти нуқтаро дар фазо ва дар сатҳ, муайян мекунад.

Кадастри замин - маҷмӯи маълумотҳо оид ба замин.

Мониторинги замин - мушоҳидаи мунтазами фаъолияти замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо.

Заминҳои таъиноти рекреасиони - заминҳое, ки барои истироҳати муташаккилонаи аҳоли ва туризм пешбини ва истифода мешаванд.

Заминҳои эҳтиёти - заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд.

Моддаи 3. Танзими ҳуқуқии фаъолияти заминсози

Танзими ҳуқуқии фаъолияти заминсози мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, санадҳои меъёрию ҳуқуқи, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, сурат мегирад.

Моддаи 4. Таъиноти заминсози

Заминсози татбиқи амалҳои зеринро таъмин мекунад:

1) татбиқи ислоҳоти замин ва такмили муносибатҳо оид ба замин;

2) муайянкунии дурнамои истифодаи оқилона ва муҳофизати заминҳо;

3) ба вуҷуд овардани шароитҳои ташкилию ҳудуди барои хоҷагидории самаранок дар соҳаҳои кишоварзи ва ғайри кишоварзи;

4) ташкили қитъаҳои нав ва батартибоварии қитъаҳои мавҷудаи замин, ба расмиятдарории нақшаҳои сарҳадҳои қитъаҳои замин;

5) аз нав тақсимкунии асосноки заминҳо ба гурӯҳҳо, муайян кардани заминистифодабарандагон ва ташкил кардани фондҳои махсуси замин;

6) балоиҳагири ва мустаҳкам кардани сарҳадҳои ҳудудию маъмури, мустаҳкам намудани сарҳади шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин;

7) фароҳам овардани шароит барои мустаҳкам ва наздик ҷойгиркунонии қитъаҳои замин бо назардошти талаботи экологи;

8) мустаҳкам кардани сарҳади қитъаҳои замин дар маҳал;

9) гирифтани маълумот оиди ҳолати миқдорию сифати, истифодаи заминҳо ва баҳои онҳо;

10) ташкили дохилихоҷагии ҳудуд;

11) омода сохтани маводҳои заминсози, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидораи маҳалли барои қабул намудани қарор оиди идораи захираҳои замин, инчунин оиди бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба замин зарур аст;

12) гирифтани маълумот барои гузаронидани кадастри давлати ва мониторинги заминҳо, назорати давлати оиди истифода ва ҳифзи заминҳо, таҳияи маводҳои заминсозию шаҳрсози ва татбиқи дигар вазифаҳо оиди идоракунии давлатии заҳираҳои замин.

Моддаи 5. Припсипҳои гузаронидани заминсози

Ҳангоми гузаронидани заминсози принсипҳои зерин риоя карда мешаванд:

1) таъмини манфиатҳои субъектҳои ҳуқуқи истифодаи замин дошта ва аҳолии сокини маҳалле, ки дар он корҳои заминсози анҷом дода мешаванд;

2) таъмини афзалияти талаботи экологи нисбат ба зарурати иқтисодии истифодаи заминҳо;

3) нигоҳдори ва истифодаи боэҳтиётонаи захираҳои замин ва манзараҳои табиат;

4) фароҳам овардани шароити якхелаи ташкилию ҳудуди барои шаклҳои мухталифи хоҷагидори ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;

5) ба эътибор гирифтани дурнамо ва тараққиёти маҷмӯии минтақахо;

6) таъмини ошкорбаёни дар гузаронидан ва татбиқи чорабиниҳои заминсози, ки ба манфиатҳои аҳолии сокини минтақаи заминсози дахл мекунанд;

7) ба эътибор гирифтани коршоямии заминҳои таъиноти кишоварзи барои истифодаи мақсадноки пешбинишуда;

8) таъмини яклухти ҳангоми ташкил намудани қитъаҳои замин, мувофиқати онҳо аз рӯи масоҳат ва шакл, хуб дастрас будани онҳо;

9) роҳ надодаи ба бисёрқитъаги ва порчадармиёнии заминҳо, ки боиси ғайриимкон гардидани истифодаи мақсадноки онҳо мегарданд.

Моддаи 6. Мақсади заминсози

Гузаронидани заминсози дар ҳамаи намудҳои заминистифодабари новобаста аз таъиноташон ҳатми буда, дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

1) таҳияи барномаҳои ҷумҳурияви ва минтақавии истифода ва ҳифзи захираҳои замин ва нақшаҳои заминсози бо назардошти хусусиятҳои шаҳрсози, экологи, иқтисоди ва ғайри минтақа;

2) марзакашии заминҳо бо муқаррар ва барқарор намудани сарҳадҳои воҳидҳои маъмуриву ҳудуди ва ҷиҳозонии техникии онҳо;

3) тартибдиҳии лоиҳаҳои заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда ва бартарафсозии камбудиҳо дар ҷойгиршавии заминҳо;

4) муайянкунии сарҳадҳои қитъаҳои замин, барҳамдиҳии сарҳадҳо ва ҷудокунии қитъаҳои замин, тартибдиҳии нақшаҳои (нақшаҳои сарҳадҳои) қитъаҳои замин, таҳияи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи заминистифодабари;

5) таҳияи лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷаги ва лоиҳаҳои дигар вобаста ба истифода ва ҳифзи заминҳо;

6) таҳияи лоиҳаҳои кори оид ба барқарорсозии заминҳои вайроншуда, ҳифзи замин аз бодлеси ва фарсоиши оби, сел, ярч, зериобшави, ботлоқшави, хушкшави, сахтшави, шуршави, ифлосшави аз партовҳои истеҳсоли, моддаҳои кимиёви ва радиоактиви, беҳтар намудани киштзорҳои кишоварзи, азхудкунии заминҳои нав, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок;

7) асоснокии ҷойгирони ва муқаррар намудани сарҳадҳои қаламрави дорои низоми махсуси ҳифзи табиат, рекреасиони, мамнуъгоҳҳои табии, таърихию фарҳанги ва солимгардони;

8) муқаррар ва дар маҳал тағйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак ва деҳаҳо;

9) анҷом додани корҳои тадқиқоти топографию геодези, картографи, тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок;

10) анҷом додани барӯйхатгирии ҳамаи заминҳо ва мунтазам ошкор намудаин заминҳои истифоданашаванда, ғайриокилона истифодашаванда, мувофиқи таъинот истифоданашаванда;

11) тартиб додани харитаҳои кадастрию мавзӯи ва атласҳои ҳолат ва истифодаи захираҳои замин;

12) анҷом додани корҳои баҳодиҳии замин.

Заминсози аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти маҳаллии он гузаронида мешавад.

Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян карда мешавад.

Корҳои заминсози метавонанд ҳамчунин аз ҳисоби худи заминистифодабарандагон дар сурати муқаррар гардидани сарҳад ва додани қитъаи замин, ҳангоми тартиб додани нақшаҳои (нақшаҳои сарҳадҳои) қитъаҳои замин, инчунин дар сурати иҷро намудани дигар корҳои вобаста ба заминсози анҷом дода шаванд.

Заминсози бо иштироки заминистифодабарандагони манфиатдор гузаронида мешавад.

Моддаи 7. Ошкор будани маълумотҳо оид ба заминсози

Маълумотҳо оид ба заминсози хислати ошкорро доранд, ба истиснои маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд.

Мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти он дар маҳалҳо, мувофиқи тартиби муайяншуда, маълумотҳои дар хуҷҷатҳои заминсози мавҷудбударо ба ҳар шахсе, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ё аризаи хатти (шахси ҳуқуқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии ин шахси ҳуқуқи ва ваколати намояндаи он) пешкаш кардааст, медиҳанд.

Маълумотҳои дархостшуда ё раддияи асоснок дар шакли хатти бояд дар муддати 10 рӯз ба дархосткунанда дода шавад. Дархосткунандаи маълумот метавонад оид ба раддия ба суд муроҷиат намояд.

Маълумотҳои дар ҳуҷҷатҳои заминсози мавҷудбуда, бо пардохти маблағ пешниҳод карда мешаванд, агар қонун тартиби дигар муқаррар накарда бошад. Андозаи ниҳоии пардохт барои пешниҳод кардани маълумот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Андозаи муайян, тартиб, мӯҳлат ва шаклҳои ворид намудани пардохтро мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин муқаррар мекунад.

Маълумоти дар хуҷҷатҳои заминсози мавҷудбуда, бидуни пардохт ба мақомоти зерин ба тариқи ҳатми пешниҳод карда мешавад;

1) мақомоти ҳокимияти давлати;

2) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо марбут ба парвандаҳои дар баррасии онҳо буда;

3) мақомоти андоз - оид ба минтақаи дар доираи ҳуқуқи онҳо буда;

4) мақомоти давлатии омор;

5) муассисаҳои таълимии заминсози барои омӯзиш ва мақсадҳои илми;

6) дигар шахсоне, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

Мақоме, ки маълумот пешниҳод кардааст, ӯҳдадор аст мувофиқи дархости истифодабарандагони қитъаҳои замин дар бораи шахсоне, ки оид ба қитъаҳои замини ба онҳо мансуббуда маълумот гирифтаанд, маълумот пешниҳод намояд.

Истифодаи маълумоти ба тариқ, ва шакле гирифташуда, ки боиси зарар ба ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии дорандагони ҳуқуқи замин мегардад, раво нест. Барои чунин амал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони гунаҳгор ба ҷавобгари кашида мешаванд.

БОБИ II. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 8. Идоракунии давлатии заминсози

Идоракунии заминсози аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.

Гузаронидани сиёсати ягонаи заминсози ва муқаррар намудани заминаҳои асосии заминсози, таъмини маблағгузори ва ташкили гузаронидани заминсози мутобиқи барномаҳои ҷумҳурияви, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳалли оид ба идораи захираҳои замин, инчунин ташкилу татбиқи заминсози дар доираи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқи оид ба заминсози, маблағгузори, ташкили татбиқи заминсози мутобиқи барномаҳои давлати, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи захираҳои замин дар маҳалҳо дар соҳаи заминсози, ҳамчунин ташкилу татбиқи заминсози дар ҳамаи заминҳо вогузор шудааст.

Мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо заминсозиро дар ҳудуди дар ихтиёри онҳо буда, ташкил ва татбиқ месозанд.

Моддаи 9. Асосҳо барои гузаронидани заминсози

Заминсози дар асосҳои зерин гузаронида мешавад:

1) қарори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои заминсози;

2) аризаи (дархости) шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки довталаби гирифтани қитъаҳои заминанд;

3) шартномаҳо миёни шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи (заминистифодабарандагон, иҷорадиҳандагон), ки бо таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсози баста шудааст.

Моддаи 10. Иштирокчиёни муносибатҳо ҳангоми заминсози

Иштирокчиёни муносибатҳо ҳангоми заминсози фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷатҳои заминсози, ҳамчунин шахсони сеюм, ки эҳтимол дорад гузаронидани заминсози ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дахл намояд, ба ҳисоб мераванд.

Фармоишгарони ҳуҷҷатҳои заминсози шахсоне ҳисобида мешаванд, ки дар моддаи 9 ин Қонун зикр шуданд ва оид ба гузаронидани замнисози қарор қабул кардаанд ё дархост пешниҳод намудаанд ва маблағгузории онро таъмин мекунанд.

Ба сифати фармоишгар метавонад, мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти маҳаллии он дар сурати ваколатдор гардидани он аз ҷониби мақоме, ки оид ба гузаронидани заминсози қарор қабул намудааст, баромад кунад.

Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсози ташкилотҳои илми тадқиқоти, лоиҳакашию ҷустуҷӯи оид ба заминсози, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муайяншуда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои заминсози иҷозатнома гирифтаанд, дониста мешаванд.

Муносибатҳои байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷатҳои заминсози мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳо танзим карда мешаванд.

Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҷараёни заминсози ва сифати гузаронидани корҳои заминсозиро назорат кунад ва ҳангоми зарурат мувофиқи тартиби муқарраршуда ташхиси онҳоро ба роҳ монад.

Таҳиягарони хуҷҷатҳои заминсози ҳангоми гузаронидани корҳои заминсози аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҳамаи сатҳҳо, чун қоида, дар асоси озмун, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, фармоишгарони ҳуҷҷати заминсози аз ҳисоби маблағҳои худ ҳуқуқ доранд, бо ташкилот ё шахсони алоҳида барои гузаронидани корҳои заминсози шартнома банданд, агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.

Таҳиягари хуҷҷати заминсози зимни фаъолияти хеш ӯҳдадор аст:

1) фаъолияти хешро тибқи қонунгузори, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёр ва қоидаҳои экологи, инчунин талаботи дастурамалҳо, санадҳои меъёриву техники оид ба татбиқи заминсози ба роҳ монад;

2) ба шахсони манфиатдор оид ба гузаронидани заминсози хабар диҳад;

3) талаботи қонунгузориро оид ба сирри давлати нисбати маълумоте, ки ҳангоми гузаронидани заминсози ба даст меояд, риоя намояд;

4) ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии шахсонеро, ки эҳтимол дорад ҳангоми гузаронидани заминсози ба онҳо дахолат шавад, риоя намояд.

Таҳиягари хуҷҷати заминсози барои дақиқи, сифат ва бехатарии экологии чорабиниҳои дар хуҷҷати заминсози пешбинишуда масъул аст. Таҳиягари ҳуҷҷати заминсози ҳуқуқ дорад назорати муаллифиро нисбати татбиқи хуҷҷати заминсози ба роҳ монад, оид ба боздоштани татбиқи чорабиниҳое, ки бе риояи ҳуҷҷати тасдиқшудаи заминсози иҷро мегарданд ва боиси истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, вайроншавии онҳо, бад шудани ҳолати сифатии онҳо ва вайроншавии манзараҳои табиат мегарданд, масъала гузорад ва ҳамчунин оид ба зарурати такмил ё азнавсозии ҳуҷҷати куҳнашудаи заминсози таклифҳо пешниҳод намояд.

Шахсони сеюм, ки гузаронидани заминсози мумкин аст, ба ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии онҳо дахл кунад, ҳуқуқ, доранд:

1) дар муҳокимаи масъалаҳои заминсози иштирок кунанд, оид ба ҷараёни заминсози ва натиҷаи он, ки ба манфиатҳои онҳо дахл мекунад, маълумот гиранд;

2) нисбати амалҳои ғайриконуние, ки дар ҷараёни заминсози ба манфиати онҳо дахл мекунад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намоянд.

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории заминсози

Манбаьҳои маблағгузории заминсози инҳо мебошанд:

1) маблағҳои буҷети ҷумҳурияви;

2) маблағҳои буҷетҳои маҳалли;

3) маблағҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

4) манбаъҳое, ки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст;

5) дигар манбаъҳо (қарзҳои хориҷи, маблағхо аз ҳисоби хизматрасони ва ғайра).

Номгуи намудҳои корҳои заминсози, ки аз ҳисоби маблағҳои манбаъҳои гуногун иҷро карда мешаванд, тартиби маблағгузори, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба заминсози

Ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба татбиқи заминсози тартиби ташкил ва иҷрои корҳои заминсози, таркиб, мақсади раванди заминсози, талабот ба он, меъёрҳо ва қоидаҳои иҷро намудани онҳоро муқаррар мекунанд. Ҳуҷҷатҳои зикршударо мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи заҳираҳои замин тайёр менамояд ва вобаста ба моҳияташон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин тасдиқ менамоянд.

Мақомоти давлати оид ба идораи захираҳои замин дар маҳалҳо метавонанд, бо назардошти хусусиятҳои табии, иқтисоди, иҷтимои ва дигар шароитҳо, ҳуҷҷатҳои меъёриву техникиро оид ба татбиқи чорабиниҳои заминсози тайёр намоянд, ки ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии давлатиро муфассал дар бар мегиранд. Ҳуҷҷатҳои зикршуда бояд бо мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин мувофиқат карда шаванд ва аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ё мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин тасдик, карда шаванд.

Иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба татбиқи заминсози ба ҳамаи иштироккунандагони заминсози ҳатмист. Ин ҳуҷҷатҳо барои танзими давлатии ин фаъолият таъин гардидаанд ва барои гузаронидани ташхиси заминсозии давлати ва санҷишҳои дигар, анҷом додани назорати иҷрои корҳои заминсози ва ҳалли масъалаҳои баҳснок асос мебошанд.

Моддаи 13. Назорати давлати ба гузаронидани заминсози ва татбиқи чорабниҳои заминсози

Вазифаҳои асосии назорати давлати инҳоянд:

1) таъмини риояи талаботи ҳамин Қонун;

2) таъмини риояи меъёрҳои муайяншуда, қоида ва талаботи техники ҳангоми гузаронидани заминсози;

3) таъмини иҷрои чорабиниҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои заминсози пешбини шудааст;

4) пешгири ва бартараф кардани норасоиҳо ҳангоми тайёр кардан ҳуҷҷати заминсози.

Назорати давлати ба гузаронидани заминсози, татбиқи чорабиниҳои заминсози ва риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии муқарраршуда ҳангоми таҳияи ҳуҷҷати заминсози аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти он дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.

БОБИ III. САМТҲОИ АСОСИИ ЗАМИНСОЗИ ВА НАМУДҲОИ КОРҲОИ ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 14. Самтҳои асосии татбиқи заминсози

Заминсози дар самтҳои асосии зерин татбиқ карда мешавад:

1) омӯзиши ҳолати заминҳо;

2) банақшагири, ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, ба истиснои фаъолияти шаҳрсози;

3) заминсозии байнихоҷаги;

4) заминсозии дохилихоҷаги.

Моддаи 15. Ҳадафҳо ва намудҳои кор оид ба омӯзиши ҳолати заминҳо

Омӯзиши ҳолати заминҳо бо мақсади гирифтани маълумот оиди ҳолати миқдорию сифати ва истифодаи замин, таъмини механизми иқтисодии танзими муносибатҳои замин, такмили пардохти маблағи замин, тартиб додани лоиҳаҳои заминсози, пешбурди баҳисобгирии захираҳои замин гузаронда мешавад.

Омӯзиши ҳолати заминҳо намудҳои асосии корҳои зеринро дар бар мегирад:

1) тадқиқотҳои топографию геодези ва картографи;

2) тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок;

3) барӯйхатгирии заминҳо;

4) тартиб додан, ба чоп омода кардан ва нашр намудани харитаҳои махсуси ҳолат ва истифодаи заминҳо.

Давраи нав кардани маводе, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти топографию геодези ва корҳои картографи, омузиши таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок ба даст меоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин муқаррар карда мешавад.

Моддаи 16. Корҳои топографию геодези ва картографи

Маводи корҳои топографию геодези ва картографи асоси нақшавию картографи барои тартиб додани нақша ва лоиҳаҳои заминсози, гузаронидани тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок, барӯйхатгирии заминҳо, ташкили китъаҳои замин ва тайёр кардани нақшаи сарҳадҳои онҳо, пешбурди баҳисобгирии захираҳои замин, баҳодиҳи ва мониторинги заминҳо, тартиб додани харитаҳои махсуси мавзӯи мебошанд.

Мӯҳтавои маълумот, доираи маводи топографию геодези ва картографи вобаста ба мақсади муайяни истифодаи онҳо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геобатаники ва дигари хок

Тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаники ва дигари хок, инчунин корҳои ҷустуҷӯи дар ҳамаи гурӯҳҳои заминҳо бо мақсади гирифтани маълумот оид ба ҳолати сифатии заминҳо, ҳамчунин ошкор кардани заминҳое, ки онҳоро хатари фарсоиши обиву бодлеси, обзеркуни, заҳролудшавии радиоактивию кимиёви ва биогени, дигар ҳодисаҳои манфи таҳдид мекунад, гузаронида мешаванд.

Маълумоти бадастомада барои баҳодиҳии агроэкологии заминҳо ва қабули қарор аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати оиди гузаронидани рекултиватсия, консерватсия, ҷори кардани маҳдудияти истифодаи заминҳо, барқарор кардан, ҳифз намудан ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, беҳдошти манзараҳои табиат, ҳамчунин таҳияи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, пешбурди баҳисобгирии сифатии захираҳои замин ва мониторинги заминҳо истифода мешавад.

Моддаи 18. Барӯйхатгирии заминҳо

Барӯйхатгирии заминҳо вобаста аз мақсад бо қарори мақомоти ҳокимияти давлати ё бо дархости заминистифодабарандагону иҷоракорон гузаронда мешавад.

Барӯйхатгирии заминҳо бо мақсади аниқ, ё муайян кардани мавзеи ҷойгиршави, сарҳад (бе нишонагузори дар маҳал), андоза, мақоми ҳуқуқи, ошкор кардани заминҳои истифоданашаванда, ғайриоқилона истифодашаванда ё мувофиқи таъинот истифоданашаванда ва дигар хусусиятҳои миқдориву сифатии заминҳо, ки дар кадастри давлатии замин, дигар кадастрҳо ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ, ба замин инъикос ёфтаанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои татбиқи назорати давлати ба истифода ва ҳифзи заминҳо ва қабули қарор дар хусуси ба тартиб даровардани истифодаи заминҳо заруранд, гузаронда мешавад.

Вобаста ба мақсади гузошташуда барӯйхатгирии пурра ё мақсадноки замин гузаронда мешавад.

Барӯйхатгирии пурраи заминҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи гурӯҳҳои заминҳо, новобаста аз шакли истифодаи замин, бо аниқ кардани ҳамаи хусусиятҳои қитъаҳои замин, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода шудаанд, гузаронда мешавад.

Барӯйхатгирии мақсаднок дар заминҳои гуруҳҳои алоҳида дар ҳудуди воҳидҳои алоҳидаи маъмури, инчунин дар минтақахое, ки дар онҳо пайдоиши ҷараёнҳои манфи ба назар мерасад, дар гуруҳҳо ё қитъаҳои ҷудогонаи заминҳо гузаронда мешавад.

Ҳангоми баруйхатгирии мақсаднок маълумот дар бораи ҳолат ва истифодаи заминҳо метавонад аз рӯи тамоми хусусиятҳо ё хусусиятҳои алоҳида, ки дар қисми дуюми ҳамин модда зикр гардидаанд, аниқ карда шавад.

Моддаи 19. Харитаҳои махсуси мавзӯи

Харитаҳои махсуси мавзӯи бо мақсади дар онҳо инъикос намудани хусусиятҳои маҷмуии ҳолат ва истифодаи заминҳо, чорабиниҳои ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, дурнамои истифодаи заминҳо, маълумотҳои минтақабанди ва ноҳиябандии иқлимию кишоварзии заминҳо, қарорҳои доир ба идораи захираҳои замин қабулгардида тартиб дода мешаванд.

Моддаи 20. Мақсадҳо ва намудҳои корҳои банақшагирии истифода ва ҳифзи заминҳо

Банақшагири, истифода ва ҳифзи заминҳо (ба истиснои объектҳои фаъолияти шаҳрсози) бо мақсади муайян кардани дурнамои кутоҳмуддат ва дарозмуддати истифодаи оқилонаи ҳама гурӯҳ, заминҳо, новобаста аз навъи истифода аз он ва шакли хоҷагидори, таҳияи пешниҳодҳо барои қабули қарор оид ба аз нав тақсимкунии заминҳо бо назардошти талаботи комплекси агросаноати, хоҷагии ҷангал, тараққиёти шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин ва тартиби ҷойгиркунии онҳо, саноат, соҳаи истиҳроҷи маъдан, қаламрави заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, мамнуъгоҳҳои табии, ҳифзи об, заминҳои таъиноти солимгардони ва таърихию фарҳанги, созмон додани фонди азнавтақсимкунии заминҳо бо мақсади таъмин кардани шаҳрвандон бо қитъаҳои замин, барои хоҷагиҳои ёрирасони шахси, боғдори, обчакори, таъсиси хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ва дигар эҳтиёҷот, таъмини чорабиниҳо оид ба ҳифзи замин анҷом дода мешавад.

Банақшагирии истифода ва ҳифзи заминҳо корҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

1) таҳияи пешниҳодҳо доир ба истифода ва ҳифзи заминҳо дар сатҳи давлати;

2) ҷудо намудани заминҳо;

3) ноҳиябандии иқлимию кишоварзи ва минтақабандии заминҳо;

4) ташкили фондҳои махсуси эҳтиётии заминҳо (майдонҳои қитъаҳои заминҳо);

5) заминсозие, ки сохтмон дар он манъ аст ва заминҳои шаҳру дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки муваққатан корҳои сохтмон дар онҳо анҷом дода намешавад.

Моддаи 21. Ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо

Ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба заминистифодабарии устувор, ҷойгиркунонии асоснокро мувофиқи талаботи экологию иқтисоди, заминистифодабари ва заминдории яклухту мувофиқ, аз рӯи майдон, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳудуди барои пешбурди оқилонаи фаъолияти кишоварзи ва ғайраи хоҷаги, тараққиёти устувори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсози, таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи заминҳоро фаро мегирад.

Моддаи 22. Хусусиятҳои банақшагирии истифодаи заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин

Банақшагирии истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар алоқаманди бо татбиқи фаъолияти шаҳрсози, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо ва мақомоти меъморию шаҳрсозии онҳо ва мақомоти ваколатдори давлалати оид ба идораи захираҳои замин дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин амали мегардад, гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳои заминсози ва шаҳрсозии сатҳҳои дахлдор якдигарро пурра мекунанд.

Нақшаҳои сохтори хоҷагии заминҳои шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, чун қоида, ҳамзамон бо нақшаи генералии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таҳия карда мешаванд.

Моддаи 23. Мақсадҳо ва намудҳои корҳо ҳангоми заминсозии байнихоҷаги

Заминсозии байнихоҷаги дар ҳама гурӯҳ заминҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мувофиқи ҳудуди барои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, ташкил ва такмили системаи оқилонаи заминистифодабарии устувори таъиноти кишоварзи ва ғайрикишоварзи, таъмини аниқ, ва баҳснопазир, муқаррар гардидани сарҳади заминистифодабари дар маҳал, воҳидҳои маъмуриву ҳудуди, фондҳои махсуси замин, ҳудудҳои дорои низоми махсуси истифодабари гузаронида мешаванд.

Заминсозии байнихоҷаги корҳои зеринро дар бар мегирад:

1) тартиб додани лоиҳаҳои бунёди объектҳои нави заминсози ва танзими объектҳои мавҷуда;

2) ташкили қитъаҳои замин;

3) марзакашии заминҳо.

Моддаи 24. Тартибдиҳии лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими обьектҳои мавҷудаи заминсози

Тартибдиҳии лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими объектҳои мавҷудаи заминсози дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

1) ҳангоми тағйири сарҳад ва ҳаҷми объектҳои заминсози ҳангоми калону хурдкунии онҳо, азнавтақсимкунии заминҳо дар байни онҳо, додани қисми заминҳо ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо, ҷудокунии заминҳо барои ташкили хоҷагиҳои деҳқони (фермери), таҷдиди ташкилотҳои кишоварзи;

2) бо мақсади муттаҳид намудани қитъаҳои замин ва бартараф кардани порчадармиёни, резаги, дурзамини, шикастагии сарҳад ва аз нигоҳи экологи мувофиқи мақсад набудани ҷойгиршавии онҳо.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими объектҳои мавҷудаи заминсози инҳо бо истифода аз ҳуҷҷатҳои шаҳрсози ва дигар ҳуҷҷатҳо муайян карда мешаванд:

1) андоза ва сарҳади объектҳои заминсози, бо назардошти таъиноти онҳо, ҳаҷми имконпазири истеҳсоли маҳсулот, тараққиёти сохторҳои муҳандисию иҷтимои;

2) сарҳадҳои заминҳои дорои низоми махсуси истифода;

3) тартиб ва шарту мӯҳлатҳои гузаштан ба истифодаи қитъаҳои замин дар сарҳадҳои нав.

Моддаи 25. Ташкили заминистифодабари

Ташкили заминистифодабари дар ҳолатҳои зерин татбиқ, карда мешавад:

1) додани қитъаҳои замин ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи;

2) гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлати ва ҷамъияти;

3) анҷом додани муомилот байни шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба гузаштани ҳуқуқи истифодаи замин алоқаманд аст.

Барои ташкили заминистифодабари ҳолатҳое, ки қонун ба миён омадан ва гузаштани ҳуқуқ, ба заминро бо онҳо алоқаманд мекунад, инчунин ӯҳдадориҳо оид ба истифодаи замин асос мебошанд.

Ҳангоми ташкили заминистифодабари бояд қитъаи (қитъаҳои) замине ҷудо карда шавад, ки дорои хусусиятҳои хоси ба он мансуб, ба мисли мавзеи ҷойгиршави, сарҳадҳои баҳснопазир, майдон, координатҳои нуқтаҳои гардиш бошад.

Андозаи заминистифодабари бо назардошти ҳуҷҷатҳои шаҳрсози, меъёрҳои ҷории заминдиҳи барои эҳтиёҷоти гуногун, ҷойгиршавии наздик, риояи қонунҳои ҳифзи табиат, шаҳрсози, санитари, зидди сӯхтор ва дигар меъёру қоидаҳо бо истифодаи ҳуҷҷатҳои мавҷудаи шаҳрсози ва заминсози муқаррар ва аниқ, карда мешавад. Ба сарҳадҳои заминистифодабари майдонҳое, ки бевосита объектҳои ғайриманкул ишғол намудаанд, инчунин ҳудуде, ки ба объекти зикршуда пайваст аст ва барои таъмини фаъолияти он хизмат мерасонад, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда дохил карда мешавад. Ҳамзамон сарҳадҳои заминҳои истифодаашон маҳдуд муқаррар карда мешавад.

Дар сурати ташкили заминистифодабрии нав ҳангоми тақсими онҳо бо розигии ҷонибҳо ё қарори суд барои муқаррар кардани сарҳадҳои қитъаҳои замин дар маҳал, ки мувофиқи созишнома ё қарори суд муайян шудааст, корҳо анҷом дода мешаванд. Дар асоси корҳои анҷомдодашуда, мавзеи ҷойгиршави, сарҳадҳо ва майдони ҳар як заминистифодабарии ташкилгардида муайян карда мешавад.

Тартиби ташкили заминистифодабари аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, дар шаҳру дигар маҳалҳои аҳолинишин бошад, якҷоя бо мақомоти давлатии меъмори ва шаҳрсози муқаррар карда мешаванд.

Барои ҳар як заминистифодабарии навташкилшуда нақшаи қитъаи замин тартиб дода мешавад.

Нақшаи қитъаи замин аз рӯи маводи зерин тайёр карда мешавад:

1) бо истифода аз маводи мавҷудаи нақшавию картографи ва муайян кардани координатҳои нуқтаҳои сарҳади қитъаи замин бо усулҳои графики, таҳлили ва ғайра;

2) аз рӯи маводи тадқиқоти фазои;

3) аз рӯи натиҷаҳои ченкуни ҳангоми аксбардории қитъаи замин дар маҳал ё марзакашии заминҳо бадастомада.

Нақшаи сарҳади қитъаи замин барои ворид намудани сарҳадҳои он ба нақшаи дахлдори санҷишии кадастри ва ба он додани рақами кадастри асос мебошад.

Нақшаи қитъаи замин аз ҷониби мақомоти масъули гузаронидани корҳои кадастри тасдиқ карда мешавад ва ба ҳуҷҷатҳое, ки барои қайди давлатии ҳуқуқ ба замин заруранд, замимаи ҳатми мебошад.

Талаботи техникии таҳия ва барасмиятдории нақшаи қитъаи замин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва дар шаҳру дигар маҳалҳои аҳолинишин бошад, бо иштироки мақомоти давлатии меъмори ва шаҳрсози муқаррар карда мешавад.

Моддаи 26. Марзакашии заминҳо

Марзакашии заминҳо бо мақсади қатъи муайян кардан ва дар маҳал шинохтани мавқеи сарҳади қитъаҳои замин (аломатҳои марзи ва хатҳои сарҳади), ки дар маводи нақшавию картографи инъикос ёфтаанд, гузаронда мешавад.

Марзакашии заминҳо дар асоси ҳуҷҷати заминсози ва шаҳрсози, ки дар қисмати нақшавии он сарҳадҳои лоиҳави, мавқеи аломатҳои марзи ва маълумотҳои ибтидоии геодези, ки барои муайян кардани мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои гардиши сарҳади қитъаи замин дар маҳал заруранд, нишон дода мешаванд, татбиқ, мегардад ва метавонад бо усулҳои геодези, аэрофотогеодези ва дигар воситаҳое, ки саҳеҳии зарурии мутобиқати координатҳои нуқтаҳои гардиши сарҳад ва андозаи сарҳади қитъаи заминро таъмин мекунад, гузаронда шавад.

Ҳуҷҷати заминсози оид ба марзакашии заминҳои шаҳрҳо, дар таркиби лоиҳаҳои банақшагирии қисмҳои маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот ва лоиҳаҳои сохтмони маҳаллаҳо, микрорайонҳо ва дигар таркибҳои сохтори банақшагири, маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот таҳия мегардад ва барои муқаррар кардани сарҳади қитъаҳои замин дар маҳал асос ба ҳисоб меравад.

Сарҳадҳои қитъаҳои заминҳо дар маҳал бо аломатҳои марзи муқаррар карда мешаванд. Муқарраркунии сарҳади қитъаҳои замин бе гузоштани аломатҳои марзи дар ҳолати мувофиқати онҳо бо иншоотҳои табиию сунъии сарҳад ва ҳудуд (дарёҳо, ҷӯйҳо, каналҳо, минтақаҳои бешазор, роҳҳо, иншоотҳои роҳсози, деворҳо, панҷараҳо, намои иморатҳо ва дигар хати иншоотҳою ҳудудҳо мумкин аст.

Сарҳадҳои қитъаҳои замин, ки дар маҳал бо аломатҳои намунаи муқарраршуда муайян карда шудаанд ё бо иншоотҳои табииву сунъи мувофиқат мекунанд, бечунучаро эътироф гардида, аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд.

Пойгоҳи шабакаи марзакаши дар маҳал бо аломатҳои дарозмуддат муқаррар карда мешавад.

Координатҳои нуқтаҳои пойгоҳҳои шабақаи марзакаши ва аломатҳои марзи дар системаи умумидавлатии координатҳо ё системаи координатҳои маҳалли, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин муқаррар шудааст, муайян мегарданд, зимнан бояд алоқаи системаи маҳаллию умумидавлатии координатҳо таъмин гардад.

Нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши моликияти давлати буда, баьди гузоштан мувофиқи санад барои назорат ва ҳифз ба инҳо супурда мешаванд:

1) мақомоти ҳокимияти давлати;

2) ба заминистифодабарандагон, агар онҳо дар қитъаи замини ӯ ҷойгир бошанд.

Нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши дар харитаи асосии кадастри замин, ки якчоя бо феҳрасти координатҳои нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши ва аломатҳои марзи баробари дигар маводи марзакашии заминҳо нишон дода мешаванд, ба фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози супурда мешаванд.

Аломатҳои марзи мувофиқи санад барои назорату ҳифз гардидан ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки қитъаҳои замин дар истифодаи онҳо мебошанд, супурда мешаванд.

Вайрон ва барқароркунии нуқтаҳои пойгоҳҳои гумшудаи шабакаи марзакаши ва аломатҳои марзи бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин гузаронда мешавад.

Тартиби марзакашии заминҳо ва назорати риояи талаботи техникии марзакашии заминҳо, ҳифзи нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзакаши ва аломатҳои марзи аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ва мақомоти маҳаллии он муқаррар ва татбиқ карда мешавад. Дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ин амал якчоя бо мақомоти меъморию шаҳрсози татбиқ, мешавад.

Моддаи 27. Мақсадҳо ва намуди корҳо ҳангоми заминсозии дохилихоҷаги

Заминсозии дохилихоҷаги бо мақсади ташкили ҳудуд ва созмон додани ҳудуди истеҳсолии ташкилотҳои кишоварзи, хоҷагиҳои деҳкони (фермери) дар сарҳадҳои заминистифодабарии онҳо, ки якҷоя бо дигар воситаҳои истеҳсоли, пешбурди самараноки истеҳсолоти кишоварзи, истифодаи оқилонаи заминҳо, фароҳам овардани муҳити мусоиди экологи ва беҳдошти манзараҳои табиатро таъмин мекунад, гузаронда мешавад.

Ҳангоми татбиқи заминсозии дохилихоҷаги, бо назардошти талаботи қисми якуми ҳамин модда корҳои зерин иҷро карда мешаванд:

1) ташкили дохилихоҷагии ҳудуди ташкилотҳои кишоварзи, кооперативҳо, хоҷагиҳои деҳқони (фермери);

2) таҳияи лоиҳаҳо барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи хок аз бодлеси ва дигар падидаҳои манфи, беҳдошти киштзорҳои кишоварзи, аз худ кардани заминҳои нав.

Пешниҳодҳо оид ба ташкил ва ҷойгиркунонии ҷузъҳои истеҳсолии ташкилотҳои кишоварзи, ба онҳо вобаста кардани киштзор, низом ва шартҳои истифодаи онҳо, ташкили киштгардони ҳудуди ва дохилисаҳрои, алафдарав ва чарогоҳ ҳангоми заминсозии дохилихоҷаги дар сатҳи лоиҳаи техники таҳия мегарданд ва баъди ба маҳал гузаронидани таркибҳои мазкур ба лоиҳаи заминсозии дохилихоҷагии тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқшуда татбиқ карда мешаванд.

Чорабиниҳои ҳифзи хоку табиат, чорабиниҳои мелиоративию нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ҳангоми заминсозии дохилихоҷаги, мувофиқи қонунҳои давлати ва дигар санадҳои меъёриву ҳукуки дар сатҳи нақша таҳия мегарданд ва дар асоси таҳияи лоиҳаҳои иловагии техники барои татбиқи чорабиниҳои мазкур амали мешаванд.

Моддаи 28. Талабот ҳангоми гузаронидани заминсозии дохилихоҷаги

Ҳангоми гузаронидани заминсозии дохилихоҷаги барои татбиқи амалҳои зерин шароит муҳайё карда мешавад:

1) мутобиқ, будани ҳудуди хоҷаги бо нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии замин, мавҷудияти қувваи корию захираҳои модди, соҳаи истеҳсолот, ҳачми мувофиқи истеҳсоли маҳсулоти моли;

2) мӯътадилии ташкили ҳудуди хоҷаги ва истехсолоти кишоварзи;

3) имконпазирии ҷойгирони ва истифодаи маҷмӯи объектҳои истеҳсоли, сохтори муҳандиси ва системаи мелиоративи;

4) ҳифзи киштзорҳои пурарзиши кишоварзи, эҳё ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, беҳдошти манзараҳои табиат ва ташкили муҳити мусоиди экологи;

5) алоқамандии мувофиқ, миёни сокинон, марказҳои истеҳсоли ва ҳудуди бо хизматрасони фарогирифташаванда, ҷойгирони ва ташкили истеҳсолот.

БОБИ IV. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 29. Намудҳои ҳуҷҷатҳои заминсози

Вобаста ба намуди корҳои заминсозии гузаронидашуда барои ҳар як объекти заминсози ҳуҷҷати мувофиқи заминсози дар шакли барнома, нақша, лоиҳа, харитаҳои мавзӯи, маводи тадқиқотию ҷустуҷӯи (ҳисоботи техники), парвандаҳои заминсози таҳия карда мешавад.

Намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои заминсози инҳоянд:

1) барномаҳои давлатии истифода ва ҳифзи заминҳо;

2) нақшаҳои заминҳо аз рӯи гурӯҳ

3) маводи минтақабанди (ба истинои объектҳои фаъолияти шаҳрсози) ва ноҳиябандии иқлимию кишоварзии заминҳо, ҷойгирони ва муқарраркунии сарҳадҳои мавзеъҳои махсус ҳифзшаванда;

4) нақшаҳои заминсозии воҳидҳои маъмуриву ҳудуди, нақшаҳои заминистифодабарии шаҳрҳо, нақшаҳои ташкили фондҳои махсуси замин, нақшаҳо қитьаҳои замин, ки сохтмон дар онҳо мумкин нест, заминҳои шаҳрҳою шаҳракҳое, ки сохтмон дар онҳо муваққатан манъ аст;

5) лоиҳаҳои азнавтақсимкунии заминҳо, ташкили заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, ташкили ҳудуди онҳо, заминсозии дохилихоҷаги (ба истиснои лоиҳаҳои марзакаши дар маҳалҳо, ки ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсози тартиб дода мешаванд);

6) маводи оид ба ташкили заминистифодабари, марзакашии заминҳо, тайёр кардани нақшаи қиътаи замин, муқаррар намудан ва тағйир додани сарҳади мавзеъҳои аҳолинишин дар маҳал;

7) лоиҳаҳои рекултиватсияи заминҳои вайроншуда, ҳифзи хок аз фарсоиш, селҳо, обзеркуни, ботлоқшави, хушкшави, сахтшави, шуршави, падида ва ҷараёнҳои манфии геологи, барқарорсози ва аз вайроншави, аз ифлосшави бо партовҳои истеҳсоли ва маводи радиоактивию кимиёви боздоштани заминҳо, беҳдошти киштзорҳои кишоварзи, азхуд кардани заминҳои нав, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок;

8) маводи (ҳисоботи техники) тонографию геодези ва корҳои картографи, тадқиқот таркиби агрокимиёви, геоботаникии хок ва дигар корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯи оид ба заминсози;

9) маводи тартибдиҳии харитаҳои санҷиши заминҳои истифодаашон маҳдуд;

10) мавод оид ба ошкор кардан ва аз вайроншави боздоштани киштзорҳои таназзулёфтаи кишоварзи ва заминҳои ифлосшуда;

11) мавод оид ба барӯйхатгирии заминҳо, мунтазам ошкор кардани заминҳои оқилона истифоданашаванда ё аз рӯи таъиноти мақсаднок истифоданашаванда ва ташкили фонди азнавтақсимкунии заминҳо;

12) харитаҳои махсуси мавзуии ҳолат ва истифодаи захираҳои замин.

Бо назардошти вазифа ва мақсади заминсозии татбиқшаванда мутобиқи талаботи ҳамин Қонун тайёр кардани намудҳои дигари ҳуҷҷатҳои заминсози мумкин аст.

Ҳама гуна ҳуҷҷати заминсози аз маводи матниву нақшави иборат аст ва дорои муқаррароти ҳатмиест, ки дар супориши таҳияи намуди дахлдори ҳуҷҷат муайян шудааст.

Ҳама гуна ҳуҷҷати заминсози дар асоси супориши фармоишгари ҳуҷҷати заминсози таҳия мегардад.

Таркиб, мақсад ва қоидаҳои барасмиятдарории ҳар як намуди ҳуҷҷати заминсозиро ҳуҷҷатҳои меъёриву техникии дахлдор оид ба гузаронидани заминсози ва татбиқи фаъолияти шаҳрсози танзим менамоянд.

Моддаи 30. Мувофиқатсозии ҳуҷҷати заминсози

Ҳуҷҷати заминсози бо истифодабарандагони заминҳое, ки дар онҳо заминсози гузаронида мешавад, мақоми ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин ё мақомоти он дар маҳалҳо, вобаста аз сатҳи таҳияи ҳуҷҷати заминсози, бо мақомоти дахлдори меъмори ва шаҳрсози ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти давлати, инчунин шахсони сеюм, ки заминсози ба ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонуни онҳо дахл мекунад, мувофиқат карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои заминсози дар ҳолатҳои дахлдор ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун таҳти ташхиси давлатии экологи қарор дода мешаванд.

Моддаи 31. Тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсози

Ҳуҷҷатҳои тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқатшуда аз ҷониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:

1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлати алоқаманд мебошанд;

2) мақомоти ҳокимияти давлати - ҳуҷҷатҳои заминсозии марбут ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти минтақави ва дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда гузаронда мешавад;

3) мақомоти худидораи маҳалли - ҳуҷҷатҳои заминсозии марбут ба иҷрои корҳо дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда;

4) заминистифодабарандагон, иҷорагирони қитъаҳои замин ва дигар фармоишгарон - лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷаги ва лоиҳаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи заминҳо, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ки аз ҳисоби маблағи онҳо таҳия ва татбиқ карда мешаванд, бо мувофиқати мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин.

Ҳуҷҷатҳои заминсозии вобаста ба ташкили сарадҳои қитъаҳои замин, марзакашии заминҳо, тайёр кардани нақшаи қитъаи замин, ҳамчунин маводи топографию геодези ва корҳои картографи, тадқиқоти таркиби агрокимиёви, геоботаникии хок ва дигар корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯи оид ба заминсози, доир ба тартиб додани харитаҳои махсуси мавзӯи ҳолат ва истифодаи захираҳои замин аз ҷониби мақоми ваколатдори дахлдори давлати оид ба идораи захираҳои замин барраси ва қабул карда мешаванд.

Тартиби мувофиқатсози ва тасдиқи навъи мушаххаси ҳуҷҷати заминсозиро вобаста аз сатҳи таҳияи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо муқаррар менамоянд.

Моддаи 32. Парвандаи заминсози

Натиҷаҳои корҳои гузаронидашудаи заминсози оид ба ҳар як обьекти заминсози дар парвандаи заминсози гирдоварда мешаванд.

Ба парвандаи заминсози нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар рафти корҳои омодаги, тадқиқот ва ҷустуҷӯҳои саҳрои бадастомада, нусхаҳои муаллифии маводи лоиҳави (барнома, нақша, лоиҳаҳо ва ғайра), нусхаҳои аслии маводи картографи, нақшаҳо, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои мувофиқатсози ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсози, дигар мавод, маълумотҳо оид ба объекти мазкури заминсози дохил карда мешаванд.

Парвандаи заминсозиро таҳиягари ҳуҷҷати заминсози нигоҳ медорад.

Моддаи 33. Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози

Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози қисми таркиби Фонди давлатии маводи геодези, картографи, заминсози, кадастри замин ва дигар маводу маълумот оид ба ҳолат ва истифодаи заминҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози ба таркиби амволи хусусишавандаи ташкилотҳо дохил карда намешаванд.

Маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози, ки ба таркиби Фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, мутобиқи қонун нигоҳ дошта мешаванд.

Истифодаи маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии заминсози, ки дорои маьлумоти сирри давлати мебошанд, мутобиқи қонун сурат мегиранд.

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки аз ҳисоби маблағҳои фармоишгар ҳуҷҷатҳои заминсозиро таҳия кардаанд, ӯҳдадоранд як нусха аз ҳуҷҷатҳои таҳиянамудаи худро ба мақомоти ваколатдори дахлдори давлати оид ба идораи захираи замин ҷиҳати бақайдгири ва дохил кардани он ба фонди давлатии заминсози бо нигоҳ доштани ҳуқуқи муаллифи ройгон диҳанд.

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи - истифодабарандагони маводу ҳуҷҷатҳои фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози ӯҳдадоранд:

1) ҳифзи мавод ва ҳуҷҷатҳоеро, ки муваққатан барои истифода гирифтаанд, таъмин намоянд ва дар мӯҳлати муайяншуда онҳоро баргардонанд;

2) маълумоти дар маводу ҳуҷҷатҳои зикршуда мавҷудбудаи дорои сирри давлатиро ошкор накунанд.

Низомнома оид ба фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсози, номгӯи маводу ҳуҷҷатҳои ба он дохилшаванда ва тартиби истифодаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

БОБИ V. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИ ОИД БА ЗАМИНСОЗИ

Моддаи 34. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оид ба заминсози

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои вайрон кардани қонунгузори оид ба замин ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти заминсози расидааст

Зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти заминсози расонида шудааст бо тартиби муқарраркардаи қонун ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 36. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои заминсози

Баҳсҳои миёни иштирокчиёни муносибатҳои заминсози, ки ҳангоми заминсози ба миён меоянд, аз ҷониби суд мутобиқи қонун ҳал карда мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов

ш. Душанбе аз 12 майи соли 2001 № 20