ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи тартиби ташаккулдиҳӣ ва татбиқи нарху тарифҳои озод
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 8 "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи таъмиқи бозсозиҳои иқтисодӣ ва тезонидани ҷараёни гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи тартиби ташаккулъёбӣ ва мавриди истифода қарор додани нарху тарифҳои озод аз 10 май соли 1995 тасдиқ карда, амалӣ гардонда шавад.
2. Дар баробари қабул гардидани ҳамин қарор:
Низомномаи муваққатии тартиби истифодаи нарху тарифҳои озод (бозорӣ) нисбат ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои талаботи халқ ва хизматрасонӣ, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1992 № 3 тасдиқ гардидааст:
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 1992 № 252 "Дар бораи дохил намудани тағъирот бо қарорҳои Девони Вазирони Чумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1992 № 2 ва аз 8 январи соли 1992 № 3";
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1993 № 7 "Дар бораи паҳн намудани амали қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 1992 № 252 ба озуқаворие, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мегардад", беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 4 маи соли 1995 № 310
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Положения о порядке формирования и применения свободных цен и тарифов
Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 3 декабря 1994 года N 8 "О первоочередных мерах по углублению экономических преобразований и ускорению перехода к рыночным отношениям" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемое Положение о порядке формирования и применения свободных цен и тарифов и ввести его в действие с 10 мая 1995 года.
2. Признать утратившими силу:
Временное положение о порядке применения свободных (рыночных) цен и тарифов на продукцию производственно-технического назначения, товары народного потребления и услуги, утвержденное постановлением Кабинета Министров Республики Таджикистан от 8 января 1992 года N3;
постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан от 10 июля 1992 года N 252 "О внесении некоторых изменений в постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 8 января 1992 года N 2;
постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 8 января 1993 года N 7 "О распространении действия постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 10 июля 1992 года N 252 на продовольственные товары, закупаемые за пределами Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе
от 4 мая 1995 г. № 310