Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 1992, № 252 "Дар барои дохил намудани тағъирот ба қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1992 № 3 ва аз 8 январи с.1991 № 2"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.05.1995 № 310 беэътибор дониста шуд 

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар барои дохил намудани тағъирот ба қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1992 № 3 ва аз 8 январи с.1991 № 2

 

Бо мақсади солим гардонидани вазъи молиявии савдо ва дарьёфти захираҳои иловагии мол Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Абзаци чорует банди 3,3 Низомномаи муваққатии тартиби истифодаи нарху тарифҳои озод (бозорӣ) нисбат ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои талаботи халқ ва хизматрасонӣ, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1992 № 3 тасдиқ гардидааст ва банди 8 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1991 № 2 "Дар бораи азнавнархгузории маҳсулоту молҳо бо сабаби ҷорӣ намудани нархҳои озод" қисман тағьир дода, ба Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикматлубот мутобиқан ҳуқуқ дода шавад, ки:

а) мустақилона нархи чаканаи молҳои ғайриозуқавории истеъмоли халқро, ки аз хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон харида мешаванд, бе маҳдудияти андозаи иловапулии савдо (ба нархи харид) муқаррар намоянд;

б) фарқи байни арзиши молҳои харидашуда ва фурӯхташударо, ки ҳангоми фурӯш ба даст омадааст, барои пурра гардонидани маблағҳои гардони худӣ ва таъсиси фонди нархфарорӣ истифода намоянд.

 

Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              А. Мирзоев

Ҷонишини

Мудири Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              И. Бозоров

ш. Душанбе,

аз 10 июли соли 1992, № 252