Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, № 282 "Дар бораи танзими нарху тарифҳои маҳсулот ва хизматрасонии монополистҳои воқеӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 маи соли 1998 № 153 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи танзими нарху тарифҳои маҳсулот ва хизматрасонии монополистҳои воқеӣ

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи истеъмолгарон, инчунин самаранокии фаъолияти иқтисодиёт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 июли соли 1996 нархи маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонии монополистҳои воқеӣ ба тартиби зерин тасдиқ мешаванд;

тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нархи интиқоли газ ба воситаи кубурҳо, фурӯши гази табиӣ, тарифҳои ҳамлу нақл ба воситаи роҳи оҳан, тарифҳои гармидиҳӣ ва оби гарм аз ҷониби Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тарифҳои мусофиркашонӣ ва интиқоли боғоҷ ба воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, тарифҳои таъминоти об ва канализация аз ҷониби Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо).

2. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд;

Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 маи соли 1993, № 235 "Дар бораи Реестри давлатии иттиҳодияю корхонаҳои монополистии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

замимаҳои № 1 ва 2 Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1993, № 498 "Дар бораи тасдиқ намудани тартиби танзими давлатии нархи маҳсулоти (молу хизматрасонии) иттиҳодияҳо ва корхонаҳои монополист ва декларациякунонии ин нархҳо";

Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 1994, № 358 "Дар бораи барқарор намудани амали тартиби танзими давлатӣ ва декларациякунонии нархи маҳсулоти (молу хизматрасонии) иттиҳодияю корхонаҳои монополист ва дохил намудани тағьироту иловаҳо ба он".

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. Раҳмонов

аз 25 июни соли 1996, № 282

ш.Душанбе

Отменен Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 мая 1998 г. № 153

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О регулировании цен и тарифов на продукцию и услуги естественных монополистов

В целях обеспечения социальной защиты прав потребителей, а также эффективности функционирования экономики Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Установить, что с 1 июля 1996года цены на продукцию и тарифы на услуги естественных монополистов утверждаются в следующем порядке:

тарифы на электроэнергию и теплоэнергию - Правительством Республики Таджикистан;

цены на транспортировку газа по трубопроводам, реализацию природного газа, тарифы на железнодорожные перевозки, тарифы на теплоснабжение и горячее водоснабжение - Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан;

тарифы на перевозку пассажиров и багажа общественным транспортом, тарифы на водоснабжение и канализацию - органами исполнительной власти н местах (хукуматами).

2.Признать утратившим силу:

постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 24 мая 1993года N235 "О Государственном реестре объединений и предприятиймонополистов Республики Таджикистан";

приложения NN1 и 2 к постановлению Совета Министров Республики Таджикистан от 29 сентября 1993года N 498 "Об утверждении Порядка государственного регулирования цен на продукцию 9товары, услуги) объединений и предприятиймонополистов и декларирования этих цен";

постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 19 июля 1994года N358 "О возобновлении действия Порядка государственного регулирования и декларирования цен на продукцию (товары, услуги) объединений и предприятиймонополистов, внесении в него изменений и дополнений".

Председатель

Правительства Республики Э.Рахмонов Таджикистан

от 25 июня 1996 года N 282

 г.Душанбе