×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 42 "Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ"

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1593 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД КАРДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171)

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 3. Мафҳумҳои асоси

Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сарватҳои таърихию фарҳанги - ашёи манқули олами модди, ки арзишҳои милли, таърихи, бадеи, илмию маърифати, маънавию ахлоқи ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангитавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраргардида (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- муваққатан дохил кардани сарватҳои таърихию фарҳангитавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда.

- экспертизаи бадеи - аз ҷониби мутахассис (эксперт) ё гурӯҳи мутахассисон омӯхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти касби ва донишҳои махсусро тақозо дорад.

Моддаи 4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Сарватҳои таърихию фарҳангии зерин таҳти амали ин Қонун қарор мегиранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

- офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- офаридаҳои шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бозёфтҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480);

- гирдовардаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинофото-фонотекаҳо, нигористонҳо ва дигар маҳзанҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- бозёфтҳои экспедитсияҳои археологи, этнографи, фолклори ва табиии илмӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- дар натиҷаи мубодилаи ихтиёри ба даст омадаҳо;

- ба сифати мерос ё ҳадя бадастомада ва ё бо розигии мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳое, ки ин сарватҳо аз қаламрави онҳо пайдо шудаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлати дар соҳаи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Танзими берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мекунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

- категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарватҳои таърихию фарҳанги мансубанд, муайян мекунад;

- оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги тибқи конунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;

- сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда, инчунин муваққатан берунбаровардашаванда ва муваққатан воридкардашавандаро ба қайд мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- экспертизаи сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд таъмин мекунад;

- барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги шаҳодатнома медиҳад;

- сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатй дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузори оид ба тартиби берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги амалй мегардонад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Тартиби гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлати ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

- офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби буҷаи давлати;

- офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои фарҳанги офарида ё ба даст оварда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- сарватҳои таърихию фарҳангии бамеросмонда (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

- дигар асосҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.

Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти зеҳнӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги аз ҷониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори ӯ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дода мешавад иҷро мегардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои таърихию фарҳангии офаридаашро, ки моликияти ӯст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 8. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун бароварда намешаванд

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

Сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;

аз ҷониби давлат ба рӯйхат ва феҳристи нигоҳбони дохилшуда (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлативу ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 9. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин муваққатан берун бароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

барои ташкили намоишгоҳҳо;

барои гузаронидани корҳои реставратсиони ва тадқиқоти илми;

вобаста ба фаъолияти театри, консерти ва фаъолиятҳои дигари ҳунари;

барои ороиши сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 10. Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Асоси муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги шаҳодатномаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангмебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи мувақатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

шартнома бо ҷониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мӯҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171);

санади суғуртавии (шаҳодатнома, сертификат, пардохтнома) шартномаи суғуртаи молумулки оид ба сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо назардошти ҳама ҳолатҳои эҳтимолии суғуртави (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171);

кафолати хаттии мақомоти давлатии ҷониби қабулкунанда оид ба ҳифз, нигоҳдори ва сари вақт баргардонидани сарватҳои фарҳангие, ки муваққатан ба ҳудуди он давлат ворид карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги аз тарафи шахсони ҳуқуқи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шуданд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи шахсони воқеи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сахати сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 11. Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги дар ҳолатҳои зерин дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171):

ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд;

вазъи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда тағйир додани шароити нигоҳдории онҳоро напазирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171);

молики сарватҳои таърихию фарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, муайян нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171);

сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавзӯи баҳси ҳуқуқи моликиятанд;

дар кишваре, ки ба он муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги дар назар аст, офатҳои табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан берунбаровардашаванда гардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 12. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берунбаровардашуда

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берунбаровардашударо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати қабулкунанда таъмин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридкардашуда

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашударо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 14. Манъи ворид кардани ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Ворид кардани маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади тағйир додани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, зӯроварӣ, экстремизм ва нажодпарастӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 15. Пешгирии ғайриқонуни ворид кардан ва харидани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор боздошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Бо мақсади пешгирии азхудкунии сарватҳои таърихию фарҳангии аз давлатҳои дигар ғайриқонуни берунбаровардашуда, дуздидашуда ва ё ғайриқонуни харидашуда, осорхонаҳои давлати, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлати вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарури дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Пешниҳоди сарватҳои таърихию фарҳанги ба фурӯши оммави бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг, амали мегардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду фуруши сарватҳои фарҳанги иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро гиранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 17. Транзит ва ирсоли сарватҳои таърихию фарҳанги тавассути почта

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзити ворид кардани сарватҳои фарҳангиро аз рӯи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Ирсоли сарватҳои таърихию фарҳанги тавассути почта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Харидори боинсофи сарватҳои таърихию фарҳангии аз кишварҳои дигар ғайриқонуни баровардашуда, дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад. Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рӯи тартиби муқарраргардида ҷубронпули дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Сарватҳои таърихию фарҳангии мутобиқи қисми якуми ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумруки ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд. Хароҷоти дигарро оид ба баргардонидани онҳо ҷониби талабкунанда пардохт мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 19. Баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Давлат барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ғайриқонунӣ берун бароварда шудаанд, чораҳо меандешад.

Мӯҳлати даъво ба талаб дар бораи баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то эълони истиқлолияти давлатии он баровардашуда паҳн намегардад.

Моликони сарватҳои таърихию фарҳангии баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 21. Пардохтҳои гумруки барои сарватҳои таърихию фарҳанги

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1171)

Пардохтҳои гумруки ҳангоми берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480, аз 31.12.2014 № 1171).

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

аз 6 августи соли 2001 № 42

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ДОХИЛ КАРДАНИ САРВАТҲОИ ФАРҲАНГИ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480)

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигаҳдории мероси фарҳангиро ба танзим дароварда, тартиби ягонаи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани сарватҳои фарҳангиро муқаррар намуда, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда иборат аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда қоидаҳои дигар нисбат ба онҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги дарбар гирифтааст, мавҷуд бошанд, онгоҳ қоидаҳои шартномаҳои байналмилали амал мекунанд.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асоси

Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

Сарватҳои фарҳанги - ашёи манқули олами модди, ки арзишҳои милли, таърихи, бадеи, илмию маърифати, маънавию ахлоқи ва дигар арзишҳои фарҳангиро ифода мекунанд;

берун баровардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;

дохил кардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;

муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраргардида;

муваққатан дохил кардани сарватҳои фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда.

экспертизаи бадеи - аз ҷониби мутахассис (эксперт) ё гурӯҳи мутахассисон омӯхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти касби ва донишҳои махсусро тақозо дорад.

Моддаи 4. Сарватҳои фарҳангии таҳти амали Қонуни мазкур қарор гирифта

Сарватҳои фарҳангии зерин таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд:

Офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Офаридаҳои шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бозёфтҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480);

Гирдовардашудаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинофото-фонотекаҳо, нигористонҳо ва дигар маҳзанҳо;

Бозёфтҳои экспедитсияҳои археологи, этнографи, фолклори ва табии илми бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд;

дар натиҷаи мубодилаи ихтиёри ба даст омадаҳо;

ба сифати мерос, ҳадя қонуни ба дастомада ё бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд;

аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардонидашуда.

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлати дар соҳаи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги

Танзими берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мекунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Салоҳияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарватҳои фарҳанги мансубанд, муайян мекунад;

оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги тибқи конунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;

ба қайдгирии сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда, инчунин муваққатан берун баровардашаванда ва муваққатан дохил кардашавандаро ба амал мебарорад;

экспертизаи сарватҳои фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд таъмин мекунад;

барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги шаҳодатнома медиҳад;

сарватҳои фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатй дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузори оид ба тартиби берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги амалй мегардонад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Тартиби гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда

Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлати ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда инҳо мебошанд:

офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби буҷаи давлати;

офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби фаъолияти худии шахсони ҳуқуқи ва воқеи;

аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои фарҳанги офарида ё ба даст дароварда шудаанд;

ба мерос монда;

дигар асосҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.

Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти ақли мебошанд, мутобиқи қонунгузори танзим мегардад.

Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани сарватҳои фарҳанги

Берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори ӯ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад иҷро мегардад.

Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои фарҳангии офаридаашро, ки моликияти ӯст, тибқи қонунгузории муқарраршуда берун бароварад.

Моддаи 8. Сарватҳои фарҳангии берун бароварданашаванда

Берун баровардани сарватҳои фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

Сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;

аз ҷониби давлат ба рӯйхат ва реестри нигоҳбони дохилшуда;

дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлативу ҷамиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда.

Моддаи 9. Муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги

Муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

барои ташкили намоишгоҳҳо;

барои гузаронидани корҳои реставратсиони ва тадқиқоти илми;

вобаста ба фаъолияти театри, консерти ва фаъолиятҳои дигари ҳунари;

барои ороиши сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузори пешбини кардааст.

Сарватҳои фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст.

Моддаи 10. Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги

Барои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи мувақатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи осорхонаҳои давлати, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлати ариза пешниҳод мешавад, ки ба он ҳуҷаттҳои зерин замима мегарданд:

шартнома бо ҷониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мӯҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480);

санади суғуртавии (шаҳодатнома, сертификат, квитансия) шартномаи суғуртаи амволи оид ба сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо таъмини ҳама ҳолатҳои эҳтимолии суғуртави;

кафолати хаттии мақомоти давлатии ҷониби қабулкунанда оиди ҳифз, нигоҳдори ва сари вақт баргардонидани сарватҳои фарҳангие, ки муваққатан дохил карда мешаванд.

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи шахсони ҳуқуқи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегардад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми аввали ҳамин модда зикр гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи шахсони воқеи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сахати сеюми қисми аввали ҳамин модда зикр гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 11. Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги

Шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:

ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд;

вазъи сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда тағйир додани шароити нигоҳдории онҳоро напазирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480);

молики сарватҳои фарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, муайян нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480);

сарватҳои фарҳангие, ки мавзӯи баҳси ҳуқуқи моликиятанд;

дар кишваре, ки ба он муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги дар назар аст, офатҳои табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда гардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 12. Ҳифзи сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашуда

Ҳифзи сарватҳои фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун баровардашударо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати қабулкунанда таъмин мекунанд.

Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан дохил кардашуда

Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии ба Тоҷикистон муваққатан дохил кардашударо бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Моддаи 14. Манъи дохил кардани ашёи дигар таҳти намуди сарватҳои фарҳанги

Дохил гардонидани ашёи дигар таҳти намуди сарватҳои фарҳанги, ки ба вайронии сохти конститутсиони ва истиқлолияти давлати, халали тамомияти қаламрави кишвар, тартиби ҷанг, терроризм, таҷовуз, экстремизми дини, нажодпарасти равона шудааст ва ҳамчунин маводи мундариҷааш фаҳш ва зури, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 15. Пешгирии ғайриқонуни дохил кардан ва харидани сарватҳои фарҳанги

Сарватҳои фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор боздошта мешаванд.

Бо мақсади пешгирии ба дастовардани сарватҳои фарҳангии аз давлатҳои дигар ғайриқонуни берун баровардашуда, дуздидашуда ва ё ғайриқонуни харидашуда, осорхонаҳои давлати, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлати вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарури дошта бошанд.

Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои фарҳанги

Фурӯши сарватҳои фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад.

Пешниҳоди сарватҳои фарҳанги ба фурӯши оммави бо ризоияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Шахсони ҳуқуқие, ки дар фуруши сарватҳои фарҳанги иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 17. Транзит ва ирсоли сарватҳои фарҳанги тавассути почта

Ҳангоми транзити сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзити дохил кардани сарватҳои фарҳангиро аз рӯи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

Ирсоли сарватҳои фарҳанги тавассути почта аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузори сурат мегирад.

Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои фарҳанги

Харидори боинсофи сарватҳои фарҳангии аз кишварҳои дигар ғайриқонуни баровардашуда, дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад. Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рӯи тартиби муқарраргардида ҷубронпули дода мешавад.

Сарватҳои фарҳангии мутобиқи банди аввали ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумруки ва пардохти боҷҳои дигар озод мешаванд. Хароҷотҳои дигарро оиди баргардонидани онҳо ҷониби талабкунанда пардохт мекунад.

Моддаи 19. Бозгардонидани сарватҳои фарҳанги

Давлат барои бозгардонидани сарватҳои фарҳангие, ки ғайриқонуни берун бароварда шудаанд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баргардонида шаванд, чораҳо меандешад.

Ба талаботи бозгардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонуни аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардашуда то эълони истиқлолияти он мӯҳлати мурур паҳн намешавад.

Моликони сарватҳои фарҳангии бозгардонидашуда аз пардохти боҷи гумруки ва пардохтҳои махсус ҳангоми баргардонидани онҳо озод мешаванд.

Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ

Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 21. Пардохтҳои гумруки барои сарватҳои фарҳанги

Пардохтҳои гумруки ҳангоми берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳанги бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 480).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 6 августи соли 2001 № 42