ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , соли 1996, № 3, моддаи 55; соли 1997, № 9, моддаи 117; соли 1998, № 10, моддаи 119) тағйироти зайл дохил карда шавад:
1. Моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 5. Сукунати доимӣ ва муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси раводиди омадурафт ворид шуда метавонанд, ки онро Вазорати корҳои хориҷӣ, сохторҳои дар хориҷа будаи он ва инчунин сафоратхонаву муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷие додаанд, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои дахлдор бастааст.
Агар шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ ворид шаванд, онҳо бояд ҳатман аз мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаи иқомат гиранд. Мӯҳлати гувоҳномаи иқомат дар баробари дароз кардани мӯҳлати раводиди омадурафт дароз карда мешавад. Бе дароз кардани мӯҳлати раводиди омадурафт мӯҳлати гувоҳномаи иқоматӣ дароз карда намешавад. Мӯҳлати гувоҳномаи иқомати дарозкардашуда бе дароз кардани мӯҳлати раводиди омадурафт беэътибор дониста мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки бо дигар асосҳои қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, сокинони муваққатӣ ҳисобида мешаванд. Онҳо ӯҳдадоранд мувофиқи тартиби муайяншуда шиносномаҳои миллии худ ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онро дар мӯҳлати то се шабонарӯз аз қайд гузаронида, бо хотима ёфтани мӯҳлати сукунат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк кунанд".
2. Қисми якуми моддаи 25 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои онҳоро ивазкунанда, дар сурати ба итмом расидани мӯҳлати раводидҳои омадурафт ва ё дароз кардани муддати гувоҳномаи иқомат, дар ҳолати мавҷудияти раводидҳои рафтан, ки онҳоро мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати корҳои хориҷӣ додаанд, тарк менамоянд".
3. Аз моддаи 26 калимаҳои "Вазорати корҳои дохилӣ ва" хориҷ карда шаванд.
4. Дар қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои "Вазорати амният ё Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати Прокурори генералии ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералии ҷумҳурӣ" иваз карда шаванд.
5. Дар сатри саввуми банди дуввуми моддаи 2, сатри саввуми банди якуми моддаи 17 ва сатри саввуми моддаи 34 калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
6 августи соли 2001 № 33