Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 маи соли 1997 № 179
тасдиқ шудааст
Тартиби ҷудо намудани бахшҳо ва воҳидҳои сохтории корхонаҳо бо мақсади фурӯши минбаъдаи онҳо ҳамчун объектҳои мустақили хусусигардонӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.02.1998с.№ 58, аз 28.12.2006с. № 590)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Тартиби мазкур ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 маи соли 1997 № 464 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 631 "Дар бораи тадбирҳои суръатбахшии саҳомикунонии корхонаҳо" таҳия гардидааст
1.2. Меъёрҳои ин Тартиб ба корхонаҳои давлатии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ки дар моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ мебошанд, татбиқ мегарданд.
1.3. Ҷудо намудан - дар заминаи бахшҳои корхонаҳои давлатӣ, воҳидҳои хоҷагидории аз ҷиҳати технологӣ яклухт бо тартибдиҳии ҳатмии баланси тақсимот, барои хусусигардонии минбаъдаи онҳо ҳамчун объектҳои мустақили хусусигардонӣ мебошад. Ҷудо намудан бо мақсади ташкили шабакаи корхонаҳои хурди шакли моликияташон ғайридавлатӣ, ғайримонополӣ намудани бозор ва вусьати муносибатҳои рақобатнок анҷом дода мешавад.
II. ТАРТИБИ ҶУДО НАМУДАН
2.1. Тартиби мазкур ба объектҳое, ки ҷудо кардани онҳо доираи баҳампайвастан технологии корхонаи сохтораш тағьирдодашавандаро вайрон намекунад, татбиқ мегардад. Объектҳое, ки мансуб ба давлат, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хизмати маишӣ, савдо, хӯроки умумӣ, объектҳои инфраструктураи истеҳсолӣ ва дигар объектҳо, ки хусусигардонии онҳоро асноди қонунгузорӣ манъ накардаанд, бояд ҷудо карда шаванд. Звенои чакана аз яклухт ҷудо мегардад. Объектҳои инфраструктураи иҷтимоию маишӣ, корхонаҳои давлатии нақлиёти автомобилӣ, ҳамчунин корхонаҳои таъминоти моддию техникӣ, хизматрасонӣ ва хадамоти таъмир ҳатман бояд ҷудо карда шаванд. Дар навбати аввал корхонаҳои фоидаовариашон паст ва зараровар, ҳамчунин корхонаҳои муфлисшуда бояд ҷудо карда шаванд
Қарор дар бораи ба мақсад мувофиқ набудани ҷудокунии бахш ва (ё) воҳиди сохторӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад, ки агар:
- ба бахш ё воҳиди сохтории ҷудошаванда рухсат мавҷуд набошад ё ҷудо кардани он ғайриимкон бошад, то ки он фаъолияти мӯътадили тамоми корхонаи сохтораш тағьирдодашавандаро вайрон насозад;
- бахш ё воҳиди сохтори бинои алоҳида набошад.
Дар дигар ҳолатҳо дар хусуси ба мақсад мувофиқ набудани ҷудокунии бахш ва (ё) воҳиди сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
2.2. Қарор дар бораи тағьири сохтори корхона бо мақсади аз ҳайати он ҷудо кардани бахшҳо ва воҳидҳои сохторие, аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ ё Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ якҷоя бо мақоми минтақавии идораи амволи давлати (минбаъд - мақоми минтақавии Кумита дар қисмати моликияти коммуналӣ қабул карда мешавад
2.3. Баъди қабули қарори дахлдор барои иҷрои корҳо оид ба тағьири сохтори корхона Комиссия ташкил карда мешавад. Ба ҳайати Комиссия намояндаи Кумита - раиси Комиссия, намояндагони Ҳукумат (ҳангоми баррасии масъалаҳои вобаста ба моликияти коммуналӣ), бонки хизматрасон, маъмурияти корхонае, ки сохтораш тағьир дода мешавад ва дигар мутахассисон дохил мешаванд.
2.4. Комиссия дар бораи тағьири сохтори корхона мувофиқи рӯйхати бахшҳо ва воҳидҳои сохтории он, ки бояд ҳатман ба субъекти мустақили хоҷагидорӣ ҷудо карда шаванд, бо додани ҳуқуқи шахси юридикӣ ё бе он, пешниоҳдоти худро тайёр менамояд.
2.5. Ҳангоми ба тағьири сохтор тайёр кардани корхона барои ҳар бахш ва (ё) воҳиди сохторие, ки мустақил гардонда мешаванд, баланси тақсимот тайёр карда мешавад. Комиссия эътимоднок будани балансҳои тақсимотро месанҷад. Мавод оид ба ҷудо намудани бахш ва воҳидҳои сохтори аз ҳайати корхона, вобаста ба шакли моликияти ин ё он корхона, барои тасдиқ ба Кумита ё мақоми минтақавии он пешниҳод мегардад.
2.6. Кумита ё мақоми минтақавии он, вобаста ба шакли моликияти корхонае, ки сохтораш тағьир дода мешавад, дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи Комиссия дар бораи дар заминаи бахш ва (ё) воҳиди сохтории корхона ташкил кардани субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ дар доираи қонунгузории амалкунаида қарор қабул мекунад.
2.7. Субъекти мустақили хоҷагидории навтаъсис, ки дар бораи ба он додани статуси шахси ҳуқуқӣ (табдил додан ба ҷамъияти саҳомӣ ё навъи дигари рафоқат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ) қарор қабул карда шудааст, бояд мувофиқи тартиботи пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда аз қайд гузарад. Роҳбарияти бахш ва (ё) воҳиди сохторӣ барои сари вақт аз қайд гузаштани корхонаи мустақили навтаъсис ва статуси шахси ҳуқуқиро гирифтани он вазифадор мебошад. Назорат барои сари вақт аз қайд гузаштани корхона ба зиммаи Кумита ё мақоми минтақавии он гузошта мешавад.
Дар ҳолати қабули қарор дар бораи ба мақсад мувофиқ набудани ба воҳиди ҷудошуда додани статуси шахси ҳуқуқӣ, он ҳамчун маҷмӯи амволи бидуни бақайдгирии пешакӣ ба объекти хусусигардонӣ табдил меёбад.
Ҷараёни минбаъдаи хусусигардонии ашхоси ҳуқуқии навтаъсис бо Қонун "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ва дигар асноди меъёри танзим мегардад (қарор аз 20.02.98с. № 58).
2.8. Оид ба объектҳои хусусигардонии ҷудошудае, ки дар биноҳои ҷудогона ҷой гирифтаанд ва дар шафати онҳо сохта шудаанд, объектҳо мувофиқи баланси тақсимот пурра таҳвил дода мешаванд, яъне биноҳо, утоқҳо ва ҳамаи амволи бахши ҷудошаванда бо ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои он ҷудошуда, агар ин мувофиқи нақшаи қитъаи замин имконпазир бошад, низ таҳвил мегарданд.
2.9. Идоракунии объекти ҷудошуда, ки бояд аз қайд гузашта, хусуси гардонида шавад, дар фосилаи байни ҷудокунӣ, бақайдгирӣ ва хусусигардонии он аз тарафи роҳбарияти бахш (ё) воҳиди сохтории ҷудошуда сурат мегирад, ки ӯ дар навбати худ ба Кумита ё мақоми минтақавии он тобеъ мебошад. Идоракунии объекти ҷудошуда, ки бе бақайдгирии пешакӣ хусусӣ гардонида мешавад, дар фосилаи байни ҷудокунӣ ва хусусигардонӣ аз тарафи Кумита ё мақоми минтақавии он анҷом дода мешавад.
2.10. Дар мавриди дар корхонаи савдои яклухту чакана ва базаи меваю сабзавот мавҷуд будани захираи молҳои барои ҳолатҳои таъҷилӣ пешбинишуда, яъне захираҳое, ки дар вақти офатҳои табиат, фалокатҳо, садамотҳо истифода мешаванд, инчунин дигар захираҳое, ки ҳамчун захираи ҳукумати пешбинӣ гаштаанд, онҳо бояд ба ҷои дигар интиқол дода шаванд ё дар ҳамон анборҳо то вақти қабул шудани қарори Ҳукумат оид ба онҳо нигоҳ дошта мешаванд.