Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 № 19 "Дар бораи хазинадорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 16.06.2008 № 396 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ

Қонуни мазкур мавқеъ, сохтор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хазинадориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 1. Мақоми хазинадорӣ

Хазинадорӣ мақоми давлатӣ буда ташкили назорати даромаду хароҷот ва иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Хазинадорӣ воҳиди сохтории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Моддаи 2. Система ва сохтори хазинадорӣ

Хазинадорӣ аз Хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе бевосита ба шӯъбаҳои хазинадории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ҳисоботдиҳанда мебошанд.

Шӯъбаҳои хазинадории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеияти ҷумҳуриявӣ бевосита ба Хазинадории марказӣ ҳисоботдиҳанда мебошанд.

Хазинадории марказиро директор ва шӯъбаҳои маҳаллии онро сардор роҳбарӣ мекунад.

Дар сохтори Хазинадории марказӣ хадамот оид ба аудит ва назорати дохилӣ таъсис дода мешавад, ки ташкили назорату истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро таъмин менамояд.

Сохтори Хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии он таъин ва аз вазифа озод намудани директори Хазинадории марказӣ, сардорони шӯъбаҳои маҳаллии он фаъолияти хадамот оид ба аудит ва назорати дохилӣ, ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти кормандони он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаҳои хазинадорӣ ва хадамот оид ба аудит ва назорати дохилӣ, ки аз тарафи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида иборат мебошад.

Моддаи 4. Мафҳум ва истилоҳоте, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ суратҳисобҳои ягонаи муттаҳидшудаи бонкии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода мешаванд.

Суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ, ки аз ҷониби шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии буҷетҳои маҳаллӣ дар бонкҳои ваколатдор кушода мешаванд.

Суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ суратҳисобҳое, ки дар бонкҳои ваколатдор аз ҷониби шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ барои андӯхту ирсоли ҳаррӯзаи даромади буҷети ҷумҳуриявии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъшуда ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ кушода мешаванд.

Моддаи 5. ӯҳдадориҳои хазинадорӣ

Хазинадорӣ ӯҳдадор аст, барои:

- назорати иҷрои мунтазами хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, пешбурду идора кардани суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ;

- таъмини таҳия ва нашри ҳисоботи даврагӣ оиди иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми ба охир расидани соли молиявӣ пешниҳод намудани ҳисоботи зарурӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи дастурамал, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисобот оиди иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба даромаду хароҷот инчунин оид ба қоидаҳои андухти пурраи даромадҳои давлатӣ (воридоти андозию ғайриандозии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳалли) муттаҳидгардонии ҳамаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ;

- баҳисобгирии активҳои давлатӣ аз ҷумла даромад аз саҳмияҳои ба давлат тааллуқ доштаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ, санаду фаъолият оиди идоракунию хизматрасонии активҳои молиявӣ ё қарзҳои дохилию берунӣ;

- вобаста кардани муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии буҷетӣ ба хазинадории муайян, ҷиҳати маблағгузорӣ ба онҳо;

- дар айни вақт ва пурра тибқи тартиби муқарраргардида ҷудо кардану гузаронидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои муассисаҳои буҷетӣ.

Моддаи 6. Ҳуқуқи хазинадорӣ

Хазинадорӣ ҳуқуқ дорад:

- тибқи зарурат фаъолияти бонкҳоро вобаста ба амалиёти онҳо доир ба иҷрои даромаду хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ санҷад ва агар амалиёти шӯъбаҳои (филиалҳои) бонкҳо ба талаботи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набошанд, доир ба боздошти фаъолияти онҳо дар соҳаи гузаронидани амалиёт бо маблағҳои буҷетӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия диҳад;

- аз муассисаҳои буҷетӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумотҳоеро, ки барои омӯхтан ва иҷозат додани маблағгузорӣ заруранд, талаб намояд;

- вазъи баҳисобгирию ҳисобот, инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои ба муассисаҳои буҷетӣ аз Буҷетӣ давлатӣ ҷудошударо санҷад;

- ба хароҷоту гузаронидани амалиёти муҳосибавӣ, ки ба талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузорӣ оид ба буҷет мухолиф мебошанд, роҳ надиҳад;

- дигар ваколатҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, анҷом диҳад.

Моддаи 7. Суратҳисобҳои хазинадорӣ

Даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ворид мегарданд ва ҳамаи хароҷоти буҷетӣ ҷумҳуриявӣ аз ҳамин суратҳисобҳо анҷом дода мешавад.

Муассисаҳои буҷетӣ, сарфи назар аз тобеияти идорави метавонанд бо иҷозати дахлдори Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягон ҷои муайян суратҳисобҳои бонкӣ (сомонӣ, асъорӣ, суратҳисоби махсус) кушоянд.

Даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ ба суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ ворид мегарданд ва ҳамаи хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳамин суратҳисобҳо иҷро карда мешавад.

Муассисаҳои буҷетӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ, аз ҷумла ба суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ (ба зерсуратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ аз ҷумла маҳаллӣ) воридшавии пурраи даромади аз кор ва хизматрасонӣ ба даст овардашударо таъмин менамоянд.

Бе ворид шудани маблағҳо ба суратҳисобҳою зерсуратҳисобҳои номбурда иҷро кардани хароҷот манъ аст.

Моддаи 8. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ ва иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хазинадорӣ андухти маҷмӯи даромадҳои давлатӣ, инчунин ҳамаи намудҳои хароҷоти давлатиро, ки муассисаҳои буҷетӣ ба ҷо меоранд, ташкил мекунад ва ба ҳисоб мегирад.

Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавиро, ки ба иҷрои хазинавии буҷетӣ ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ тааллуқ доранд. Хазинадории марказӣ муайян менамояд.

Иҷрои буҷетӣ ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ дар асоси принсипи ягонагии касса ҷараён мегардад.

Маълумот дар бораи иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи даромад ва хароҷот, ки дар ҳисоботи молиявии Хазинадории марказӣ зикр ёфтааст ҳамчун маълумоти ягона, ҳақиқӣ ва ниҳои шуморида мешавад.

Хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии он ҳармоҳи ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд, ки мазмуни он таснифи муфассали даромаду хароҷотро дар бар мегирад. Бо анҷом ёфтани соли буҷетӣ Хазинадории марказӣ дар тули се моҳ дар бораи иҷрои хазинавии Буҷетӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро тартиб медиҳад ва онро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Моддаи 9. Механизмҳои бонкӣ

Тамоми даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бояд ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ мустақиман ё ба воситаи суратҳисобҳои транзитии хазинадории шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ ворид карда шаванд.

Маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ аз суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ танҳо дар асоси супоришномаҳои имзошудаи пардохтие, ки Хазинадории марказӣ ё шӯъбаҳои маҳалии хазинадорӣ медиҳанд, сурат мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ хизмат мерасонад ва бонкҳои ваколатдори ба суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ хизматрасонанда ба Хазинадории марказӣ ва мутобиқан ба шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ нусхаҳои ҳаррӯзаи бонкиро бо зикри воридоти ҳаррузаи даромаду хароҷоти иҷро кардашуда мефиристанд. Инчунин дар санаи сеюми ҳар моҳ Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ваколатдори ба суратҳисобҳои хазинадорӣ хизматрасонанда ба Хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ нусхаи як моҳаи рӯз ба рӯзи моҳи гузаштаро дар бораи даромад ва хароҷот аз рӯи суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ мефиристанд.

Хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ танҳо аз хизматрасонии як бонки ваколатдор истифода менамоянд.

Шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ барои андӯхти даромадҳои ҷумҳуриявӣ ва ба ҷо овардани хароҷот оид ба буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо дар бонки ваколатдоре суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ мекушоянд, ки дар ҳамин бонк суратҳисоби ягонаи маҳаллии хазинадорӣ дошта бошанд. Бонкҳои ваколатдор даромадҳои рӯзмарраи буҷети ҷумҳуриявиро, ки ба суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ ворид мешаванд ба суратҳисобҳои ягонаи Хазинадории марказӣ мегузаронанд. Бақияи ҳаррӯзаи суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ноли (сифр) бошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ваколатдор ҳуқуқи бе иҷозати Хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии он аз суратҳисобҳои хазинадорӣ аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ ва ба ҷо овардани дигар амалиётро надоранд.

Моддаи 10. Баҳисобгирӣ ва хизматрасонии қарзу активҳои давлатӣ

Хазинадории марказӣ активу қарзҳои дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳисоб мегирад.

Ҳисоботи молиявии ҷамъбастӣ дар бораи активу қарзҳо, ки ҳар сол таҳия карда мешавад, қисми ҷудонашавандаи ҳисобот оиди Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 11. Махфӣ будани иттилоот ва аудит

Тамоми санадҳои пардохти хазинадорӣ, аз ҷумла дафтарҳои қайд (дафтарҳои баҳисобгирии даромаду хароҷот) ва ҳуҷҷатгузории хазинадорӣ махфӣ мебошанд. Гирифтани хуҷҷатҳои номбурда танҳо бо иҷозати прокуроре қарори суд анҷом дода мешавад.

Аудиторҳое, ки мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин фаъолият ваколатдоранд, метавонанд тамоми ҳуҷҷатҳои хазинадориро дастрас намоянд.

Моддаи 12. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузории хазинадорӣ

Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории хазинадорӣ муассисаҳои буҷетӣ (шахсони масъули онҳо). Хазинадории марказӣ, шӯбаҳои маҳалии он, инчунин шахсони мансабдори онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе

 12 майи соли 2001 № 19