Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 28 "Оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИДИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲАРАКАТИ РОҲ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи ҳаракати роҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, моддаи 336, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, моддаи 333) тағйирот ва иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Ба моддаи 1 қисми дуюм ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"Вазифаҳои ин Қонун аз ҳифз намудани ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани окибатҳои вазнини онҳо иборатанд".

2. Ба моддаи 3 сарсатрҳои панҷум - ҳафтум ба мазмуни зайл илова карда шаванд:

"ҳаракати роҳ - маҷмӯи муносибатҳое мебошанд, ки дар протсесси ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд;

бехатарии ҳаракати роҳ - ҳолати протсесси мазкур буда, инъикоскунандаи дараҷаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст;

таъмини бехатарии ҳаракати роҳ - фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини он нигаронида шудааст".

3. Дар моддаи 9:

ба қисми якум сарсатрҳои якум ва дуюм ба мазмуни зайл илова карда шаванд:

"муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ";

сарсатри ҳаштуми қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"назорат ва контроли давлатӣ ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳаракати роҳ ва таъмини бехатарии он";

сарсатрҳои дуюм - нуздаҳум мувофиқан чорум - бисту якум ҳисобида шаванд.

4. Ба қисми чоруми моддаи 14 баъди калимаҳои "бо шаҳодатномае, ки" калимаҳои "аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ дода мешавад" ҳамроҳ карда шаванд.

5. Моддаи 31 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 31. Манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт.

Истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад:

а) бо кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ дар чунин ҳолатҳо:

дар сурати ҷой доштани носозиҳо ва шартҳое, ки феҳристи онҳо дар қоидаҳои ҳаракати роҳ муқаррар карда шудааст;

аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бе иҷозати дахлдор;

нагузаштани муоинаи техникии давлатӣ;

надоштани санади суғуртаи масъулияти граждании соҳиби нақлиёт;

б) бо боздошт намудани воситаи нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:

идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати мастӣ, ҳамчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт;

идоракунии воситаҳои нақлиёти дорои сиёҳшиша;

идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё аломатҳои бақайдгириии давлатиашон пинҳон, сохтакорӣ ё бо ягон усул тағйир дода шудаанд, ҳамчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷати бақайдгирӣ зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт;

идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё аломатҳои бақайдгирӣ надоранд;

6. Дар моддаи 33:

ба сарсатри дуюм баъди калимаҳои "дар ҳолати мастӣ," калимаи "заҳролуд" илова карда шавад;

аз сарсатри панҷум калимаҳои "ҳар сол муоинаи техникии давлатӣ гузаронида шавад" хориҷ карда шавад.

7. Дар фасли 1Х калимаҳои "Назорат дар соҳаи ҳаракати роҳ" бо калимаҳои "Назорат ва контрол дар соҳаи ҳаракати роҳ ва таъмини бехатарии он" иваз карда шаванд.

8. Ба моддаи 39 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум ба мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои махсуси конролӣ, назоратӣ ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракати роҳ иҷро менамояд.

Ба системаи Бозрасии давлатии автомобилӣ мақоми ҷумҳуриявии идоракунии Бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти идоракунии Бозрасии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд.

Ба Бозрасии давлатии автомобилӣ Сарбозраси давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, сарбозрасҳои давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарӣ мекунанд".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 29 ноябри соли 2000 № 28