Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 23 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУДОФИА"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мудофиа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 23-24, мод. 366; соли 1998, № 23-24, мод. 353, соли 1999. № 12, мод. 310) иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар қисми якуми моддаи 2 калимаҳои "мақомоти олии ҳокимияти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 6. Салоҳиятҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон):

- паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат мешунавад;

- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳад;

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз мегардонад;

- Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуҷудоӣ ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи ҷавобшавӣ аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- Масъалаҳое, ки бо сарҳади давлатӣ вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунад. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

- қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад;

- барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарбӣ ризоият медиҳад;

- судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад;

- масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

- аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари ҳарбиро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, тасдиқ мекунад;

- доктринаи ҳарбӣ ва ҳаҷми маблағҷудокуниро аз буҷет барои мудофиа тасдиқ мекунад;

- шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳарбӣ тасдиқ ва бекор мекунад;

- рутбаҳои ҳарбиро муқаррар мекунад;

- матни Савганди ҳарбӣ, Оинномаҳои умумиҳарбӣ, байрақҳои ҷангӣ ва парчамҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.

3. Дар қисми дуюми моддаи 7:

- зербанди нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"сиёсати ҳарбии давлатиро муайян мекунад".

- дар зербанди сеюми қисми дуюм баъд аз калимаҳои "ба тасдиқи" калимаҳои "Маҷлиси намояндагон" илова карда шавад:

- баъд аз зербанди сеюм зербанди нав ба тарзи зайл илова карда шавад;

- "самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ муайян мекунад".

4. Дар моддаи 11:

дар зербанди чорум баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон ба" калимаҳои "Маҷлиси намояндагони" илова карда шавад.

Зербанди понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"муборизаро бар зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба амал мебарорад;"

зербанди понздаҳум, зербанди шонздаҳум ҳисобида шавад.

5. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаи "комплекткунонӣ" ба калимаи "пурра кардан" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "Кумита оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

6. Дар матни Қонуни мазкур калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 29 ноябри соли 2000 № 23