ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НАҚЛИЁТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2000, №11, мод.507; с.2004, №7, мод.466; с.2007, №7, мод.674)
Ин Қонун фаъолияти интиқолдиҳандагонро дар нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, ҳавои ва оби бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кори системаи нақлиёти дар асоси механизмҳои бозори ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматҳои аз ҷиҳати иқтисоди самарабахши нақлиёти танзим менамояд.
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои дар ин Қонун қабулгардида
Дар ин Қонун истилоҳҳои зерин мафҳумҳои зайлро ифода мекунанд:
интиқолдиҳанда - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки воситаи нақлиётро бо ҳуқуқи моликияти хусуси ё дигар навъи моликият истифода менамояд, дар бобати кашонидани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва/ё почта ба ивази музд ё ба тариқи кироя хизмат мерасонад ва барои анҷом додани ин кор иҷозатномаи (литсензия) дахлдор дорад, ки он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудааст. Таҳти истилоҳи "интиқолдиҳанда" ҳамчунин танзимгари (оператори) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти гуногун, сарфи назар аз он ки зимнан он ягон воситаи нақлиётро истифода мекунад ё не, фаҳмида мешавад.
мизоҷ - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки мутобиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда нақлиётро истифода мебарад.
экспедитор - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки аз ҳисоби интиқолдиҳанда, борфиристонанда ё боргирандае, ки барои интиқоли бор шартнома мебандад ва шартномаи интиқоли борро иҷро мекунад ё иҷрои онро ташкил мекунад, фаъолият анҷом медиҳад.
нақлиёт - соҳаи истеҳсолоти моддиест, ки кашонидани борҳо, мусофирҳо ва бағоҷро амали мегардонад.
муассисаи нақлиёти - шахси ҳуқуқи, ки ба фаъолияти хоҷагию тиҷорати оид ба интиқоли бор ва мусофирон, хизматрасонии техники ва таъмири воситаҳои нақлиёт машғул мебошад.
муассисаи нақлиётии давлати - муассисае, ки дар он қисми зиёди саҳм (пакети саҳмияҳо) ба давлат тааллуқ дорад.
Моддаи 2. Қонунгузори оид ба нақлиёт
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи ҳамин Қонун қабулгардида, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст иборат мебошад.
Моддаи 3. Дар бораи моликият дар нақлиёт
Нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос меёбад. Моликони муассисаҳои нақлиёти дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун баҳраманд мебошанд.
Роҳҳои оҳани магистрали, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин роҳҳое, ки аҳамияти мудофиави доранд, бо иловаи иншоотҳои инженери, роҳҳои обии киштигард, дастгоҳҳо ва аломатҳои киштирони, танзим ва кафолати бехатарии киштигарди, дастгоҳҳои системаи батанзимдарории харакатҳои ҳавоии аэронавигатсиони, шабакаҳои телекомуникатсиони, инженери, ки ба таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавои алоқаманданд, моликияти давлати мебошанд.
Моддаи 4. Заминҳои барои мақсадҳои нақлиёт истифодашаванда
Истифода ва ҷудо намудани заминҳо барои мақсадҳои нақлиёти бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Ба мақсади таъмини боэтимоди истифодаи иншоотҳо ва дигар объектҳои нақлиёти дар минтақаҳои фурчрави, кандашави, обшчи, сел ва дигар таъсиррасонии хатарноки табии минтақаҳои муҳофизати муайян карда мешавад.
Корхонаҳои нақлиёти ва интиқолдиҳандагон бояд заминҳои ба онҳо ҷудошударо мувофиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои пешниҳодшуда, технологияҳои истеҳсолии муҳофизати табиат истифода бурда ба бадшавии вазъияти экологи дар минтақа дар натиҷаи фаъолияти худ роҳ надиҳанд.
ФАСЛИ II. ИДОРА ВА ТАНЗИМ
Моддаи 5. Идоракунии муассисаҳои нақлиёти
Ба муассисаҳои нақлиёти дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсоли соҳибихтиёри дода мешавад.
Тамоми навъҳои фаъолияти муассисаҳои нақлиёти бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом дода шавад.
Моддаи 6. Танзими фаъолияти нақлиёт
Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи нақлиёт бо роҳи таъмини ҳуқуқи, иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунони), андозбанди, кредитони, маблағгузори ва нархгузори, ба роҳ мондани сиёсати сармоягузори, иҷтимои ва илмию техники, назорати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба истифодаи ташкилотҳои нақлиёти сурат мегирад .
Мақомоти давлати ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии ташкилотҳои нақлиёти мудохила намоянд, инчунин кормандони ташкилотҳои нақлиётиро ба корҳои дигар ҷалб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст.
Хориҷ карда шуд (.
Моддаи 7. Идоракунии давлатии нақлиёт
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт иборатанд аз:
- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;
- амали гардонидани ҳамкориҳои байнидавлати ва байналхалқи дар соҳаи нақлиёт;
- коркарди лоиҳаҳои қонунгузори ва асноди дигар, стандартҳо, нормаҳои муайянкунандаи тартиби ҳуқуқи ва меъёрии фаъолияти тамоми шаклҳои нақлиёт новобаста аз шакли моликияташон;
- таҳияи барномаҳои милли ва консепсияи тарақии тамоми шаклҳои нақлиёт, ташаккул ва ҷори намудани сиёсати инвеститсиони, илмию-техники ва иҷтимои , тайёр намудани кадрҳо;
- ба вуҷуд овардани шароит барои таъмини зарурияти иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳури бо ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он вобаста;
- назорати риояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони нақлиёт;
- коркарди дурнамо дар таъмини босифати саривақтии эҳтиёҷоти давлатии ҷумҳури ва аҳоли ба ҳамлу нақл.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар соҳаи нақлиёт
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ваколатҳои худро дар соҳаи нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом медиҳанд.
Моддаи 9. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт
Мақоми вақолатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - мақоми ваколатдор) барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи наклиёт масъул мебошад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фаъолият ва салоҳияти мақоми ваколатдор тибқи Низомнома муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад .
Моддаи 10. Салоҳяти мақоми ваколатдор
Салоҳияти мақоми ваколатдор аз инҳо иборат аст :
- хориҷ карда шуд ;
- банақшагири ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобати ва самараноки захираҳо ва баланд бардоштани самараи кори системаҳои нақлиёти, мониторинги тарифҳо ва боҷҳои аз ҷониби муассисаҳои нақлиётии давлати ва хусуси ситонидашаванда мусоидат менамоянд;
- хориҷ карда шуд ;
- таҳияи нақшаҳои рушди соҳаи нақлиёт;
- таҳлили талаботи сармоягузории соҳаи нақлиёт ва имкониятҳои муассисаҳои нақлиёти, таҳияи барномаи дарозмчҳлати сармоягузории давлати;
- мусоидат намудан ба рақобат баҳри роҳ ёфтан ба бахшҳои нақлиёти;
- мусоидат ба иттиҳодиякунони, тиҷоратикунони ва хусусигардонии муассисаҳои нақлиётии давлати;
- мусоидат ба ҳамкории байналмилали ва минтақави дар соҳаи нақлиёт ;
- муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳои амният ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии ва стандартҳои усулҳои пешқадами идора;
- бастани шартномаҳо барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба сохтмон дар соҳаи нақлиёт, бо пудратчиёни бахши хусуси, ки дар асоси рақобат ва ошкоро муайян карда мешаванд;
- тасдиқи қоидаҳои мустақими ба амал баровардани боркашони омехта;
- дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд .
Хориҷ карда шуд .
Моддаи 11. Комиссияи байниидоравии машварати оид ба нақлиёт
Бо максади баррасии пешниҳодҳои вобаста ба сиёсати соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани самара ва такмили усулҳои хоҷагидорй, ҳифзи манфиатҳои муассисаҳои нақлиёти, интиколдиҳандагон, мизоҷон ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии машваратии оид ба нақлиётро таҳти раисии роҳбари мақоми ваколатдор таъсис медиҳад .
Ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машварати оид ба нақлиёт намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илми, корхонаҳои наклиёти, интиқолдиҳандагон ва мизоҷон дохил мешаванд .
Комиссияи байниидоравии машварати оид ба нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анҷом медиҳад.
ФАСЛИ III. ФАЪОЛИЯТ ДАР НАҚЛИЁТ
Моддаи 12. Асосҳои фаъолияти иқтисоди ва хоҷаги
Асоси муносибатҳои иқтисоди ва хоҷагии нақлиётро бозори талабот ва пешниҳоди нақлиёти хизматрасони ба вуҷуд меорад.
Мақомоти идоракуни, ки оиди ташкили интиқоли мусофирон қарор қабул кардаанд ва аз сабаби истифодаи нархномаҳои танзимшаванда даромадноки таъмин намешавад, бояд аз буҷети дахлдор иловапули диҳанд.
Моддаи 13. Тарифҳо
Барои интиқоли бор, мусофирон, бағоҷ ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастаанд, тарифҳои озоди шартномави муайян мегарданд.
Моддаи 14. Муассисаҳои нақлиётии давлати
Муассисаҳои нақлиётии давлати фаъолияти худро дар асоси тиҷорати ба сифати воҳидҳои хоҷагиҳои мустақил бо роҳи бастани созишномаҳо бо мақоми ваколатдор анҷом медиҳанд .
Чунин созишномаҳо нисбати корхонаҳои нақлиётии давлати бояд асноди зеринро дар бар гиранд иборат бошанд:
- статуси корпоративи ва тиҷорати;
- нақша-ҷадвали корҳо ва мустақилияти идора;
- стандарту меъёрҳои корҳо ва тобеияти роҳбарият;
- принсипҳо ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳи, аз ҷумла таҳияи ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи фаъолият, муқаррар намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокуни ба хчрдашавии он;
- муайян намудани корҳо ва хизматрасоние, ки барои эҳтиёҷоти давлати иҷро карда мешаванд ва муайян намудани арзиши онҳо;
- нишондиҳандаҳои солонаи молияви ва нақшавии истеҳсоли.
Моддаи 15. Ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷ
Кашонидани борҳо, мусофирон ва бағоҷ, аз ҷумла хизматрасониҳои экспедитсиони дар асоси шартномаи байни мизоҷ ва интиқолдиҳанда анҷом дода мешавад.
Шартҳои кашонидан, татбиқи фаъолияти нақлиёти-экспедитсиони, тартиби истифодаи воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат, риояи қоидаи ҳифзи меҳнат, бехатарии зидди счхтор, нормаҳои техникию-технологи ва санитариро қонунҳо, оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёри, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад.
Моддаи 16. Робитаи мустақими омехта бо иштироки намудҳои гуногуни нақлиёт
Нақлиёти роҳи оҳан, обии дохили, ҳавои ва автомобили системаи робитаи мустақими омехтаро ташкил медиҳанд.
Муносибатҳо байни ташкилотҳои наклиёти ҳангоми робитаҳои мустақими омехта, инчунин тартиби ташкили ҳамлу нақл ба воситаи созишномаҳое, ки байни ташкилотҳои намудҳои дахлдори нақлиёт бо қоидаҳои аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқшуда баста мешаванд, муайян мегарданд .
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва чҳдадориҳои мусофирон
Ҳуқуқ ва чҳдадориҳои мусофироне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии нақлиёти истифода мекунанд, мутобиқи шартномаи байни мусофир ва интиқолдиҳанда, ки тибқи қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, муайян карда мешаванд.
Мусофир ҳуқуқ дорад:
- ҳамроҳ бо худ кудакони то сини 5-солаи худро, бе ҷудо кардани ҷои алоҳида дар нақлиёти ҳавои, роҳи оҳан ва нақлиёти дохилии оби, дар автобусҳои байнишаҳри, инчунин дар нақлиёти шаҳри ва наздишаҳри ғайр аз такси бепул барад;
- барои хурдсолони синнашон аз 5 то 12 сола бо пардохти 50 фоизи арзиши он чипта харад.
Дар нақлиёти ҳавои, автобусҳои шаҳри ва наздишаҳри кашондани бори дасти ва бағоҷ бепул то вазни на бештар аз 20 кг муқаррар карда мешавад.
Дар нақлиёти роҳи оҳан, дохилии оби, инчунин автобусҳои байнишаҳри бепул кашондани бори дасти ва бағоҷи вазнаш на бештар аз 35 кг муқаррар мегардад.
Интиқолдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки вазни бори бепул кашондашударо зиёд кунанд ва дигар имтиёзҳоро муқаррар намоянд.
Мусофир ҳуқуқ дорад аз интиқолдиҳандае, ки аз давом додани интиқол даст кашидааст ё ба рчзи дигар мавқуф гузоштааст талаб намояд, ки чро ба маконаш расонад ва ҳамаи зарареро, ки ба бекор кардани шартнома ба ч мерасад баргардонад.
Мусофир ба имтиёзҳои дигари дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда хуқуқ дорад.
Моддаи 18. Ҳамлу нақли байнидавлати ва транзити
Ҳамлу нақли транзитии борҳо ва мусофирон тавассути худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мутобиқи созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ IV. БЕХАТАРИ ВА МАСЪУЛИЯТ ДАР НАҚЛИЁТ
Моддаи 19. Талабот ва масъулият дар нақлиёт
Воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, ки бо стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи нақлиёт муқаррар шудаанд, мутобиқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд .
Моддаи 20. Ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёти
Талаботи дараҷаи касби барои идораи воситаҳои нақлиёти ва меъёрҳои баҳодиҳии мувофиқати ҳолати саломатии ашхос доир ба идораи воситаҳои нақлиёти аз ҷониби мақоми ваколатдор якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Ҳуқуқ ба идораи воситаи нақлиёт ба шахсе дода мешавад, ки тахассуси мувофиқ ба ин кор дошта бошад ва аз назорати тибби доир ба ҳолати саломати гузашта, барои идора намудани воситаи нақлиёт асноди муқарраршуда гирифта бошад.
Моддаи 21. Масъулияти интиқолдиҳанда
Интиқолдиҳанда нигаҳдории борҳо ва бағоҷро аз лаҳзаи қабул то супоридан ба соҳибаш таъмин менамояд.
Интиқолдиҳанда барои гум шудан, норасои ва осеб дидани бор ё бағоч, агар исбот карда натавонад, ки ин камбудиҳо на бо айби ч рух додааст, ҷавобгар аст.
Зарари ҳангоми интиқоли бор ё бағоч расондашуда аз тарафи интиқолдиҳанда ҷуброн карда мешавад.
Дар ҳолати нобуд шудан, кам омадан, интиқолдиханда якҷоя бо пардохти қимати бор ё бағоҷ маблағи боркашониро ҷуброн мекунад.
Дар санадҳои қонунгузори инчунин дигар намудҳои масъулият пешбини шуданашон мумкин аст.
Моддаи 22. Масъулияти мусофир, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ
Мусофирон, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ барои зараре, ки бо гуноҳи онҳо ба дигар шахсон, ба моли интиқолдиҳанда ё ба моли дигар ашхосе, ки масъулияти онро интиқолдиҳанда дорад, ҷавобгаранд.
Ирсолкунанда барои зараре, ки ба сабаби маълумоти ноаниқ, нодуруст ё нопурраи ҳуҷҷатҳои нақлиёти ба интиқолдиҳанда ё дигар шахс расонидааст, ҷавобгар аст.
Моддаи 23. Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда ва объектҳо дар нақлиёт
Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда, объектҳои нақлиёт ва анҷом додани корҳои профилактикии зидди счхтор дар нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 24. Масъулият барои бехатарии ҳамлу нақл
Масъулият барои бехатарии интиқоли борҳо ва мусофирон ба дчши интиқолдиҳанда аст. Талаботи бехатари бо конунҳо ва дигар санадхои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Интиқолдиҳанда барои зарари дар натиҷаи дучоршави ба марг ё зарар дидани саломатии мусофир ҳангоми интиқол ба амал омада, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи қасди зарардида ё қувваи ногаҳони ба амал омадааст, ҷавобгарии амволи дорад.
Ҷавобгарии интиқолдиҳанда аз рчи чҳдадориҳое, ки дар натиҷаи марг ё зарар дидани саломати ба амал меояд, аз рчи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 25. Ташкили кори нақлиёт ҳангоми ҳолати фавқулодда
Ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (заминҷунби, обхези, счхтор, тарма, паҳншавии касалиҳо ва дигар фалокатҳои табии) муносибатҳои шартномавии корхонаҳои нақлиёти дар ин вақт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабули тадбирҳои барҳам додани фалокатҳо ва оқибатҳои онҳо боздошта шуда метавонанд .
Хароҷоти корхонаҳои нақлиёти ҳангоми ҳолатҳои фавқулода доир ба анҷом додани интиқоли бо таъмини тайёрии сафарбари, тадбирҳои мудофиаи граждани ва корҳои тасодумию наҷотдиҳи дар ҷумҳури аз тарафи буҷет ҷуброн мешавад.
Корҳонаҳои нақлиёти вазифадоранд, ки оҷилан тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо ва садамаҳо, инчунин дигар ҳолатҳоро андешанд, ки характери фавқулодда доранд.
Моддаи 26. Масъулият барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии
Интиқолдиҳандагон ва муассисаҳои нақлиёти чҳдадоранд барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии аз ҳама гуна таъсири манфи дар натиҷаи интиқоли бор дар дохили кишвар ё ба тариқи транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарури андешанд.
Моддаи 27. Суғурта кардан
Интиқолдиҳанда дар назди мусофирон ҳангоми сафар дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои, оби, нақлиёти автомобилии байнидавлати ва байнивилояти масъулияти суғуртакунии ҳатмй ва масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилиро ба чҳда мегирад.
Моддаи 28 Масъулият барои вайрон кардани конунгузори оид ба нақлиёт
Шахсони ҳуқуқи ё воқеие, ки барои вайрон кардани ин Қонун гунаҳгоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
ФАСЛИ V. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Назорат аз болои кори нақлиёт
Назорат аз болои иҷрои қонунгузории нақлиёт, талаботи бехатарии ҳаракат, экология ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз тарафи мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатии идоракуни, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамояд, бурда мешавад .
Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҳолатҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронида мешавад.
Моддаи 30. Муносибатҳои байнидавлати дар соҳаи нақлиёт
Интиқолдиҳандагон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамкории иқтисодии хориҷиро бо ашхоси ҳуқуқи ва воқеии дигар давлатҳо инкишоф диҳанд ва воридоту содироти маҳсулотро (корҳоро, хизматрасониҳоро) ба амал бароранд.
Дар сурати ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои Қонуни мазкур, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд .
Моддаи 30 (1). Аз эьтибор соқит донистаии баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 2324, мод. 340), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, № 5, мод. 71) аз эътибор соқит дониста шавад .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
29 ноябри соли 2000 № 22
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НАҚЛИЁТ
(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 59)
Ин Қонун фаъолияти интиқолдиҳандагонро дар нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, ҳавои ва оби бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кори системаи нақлиёти дар асоси механизмҳои бозори ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматҳои аз ҷиҳати иқтисоди самарабахши нақлиёти танзим менамояд.
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои дар ин Қонун қабулгардида
Дар ин Қонун истилоҳҳои зерин мафҳумҳои зайлро ифода мекунанд:
интиқолдиҳанда - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки воситаи нақлиётро бо ҳуқуқи моликияти хусуси ё дигар навъи моликият истифода менамояд, дар бобати кашонидани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва/ё почта ба ивази музд ё ба тариқи кироя хизмат мерасонад ва барои анҷом додани ин кор иҷозатномаи (литсензия) дахлдор дорад, ки он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудааст. Таҳти истилоҳи ,интиқолдиҳанда, ҳамчунин танзимгари (оператори) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти гуногун, сарфи назар аз он ки зимнан он ягон воситаи нақлиётро истифода мекунад ё не, фаҳмида мешавад.
мизоҷ - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки мутобиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда нақлиётро истифода мебарад.
экспедитор - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки аз ҳисоби интиқолдиҳанда, борфиристонанда ё боргирандае, ки барои интиқоли бор шартнома мебандад ва шартномаи интиқоли борро иҷро мекунад ё иҷрои онро ташкил мекунад, фаъолият анҷом медиҳад.
нақлиёт - соҳаи истеҳсолоти моддиест, ки кашонидани борҳо, мусофирҳо ва бағоҷро амали мегардонад.
муассисаи нақлиёти - шахси ҳуқуқи, ки ба фаъолияти хоҷагию тиҷорати оид ба интиқоли бор ва мусофирон, хизматрасонии техники ва таъмири воситаҳои нақлиёт машғул мебошад.
муассисаи нақлиётии давлати - муассисае, ки дар он қисми зиёди саҳм (пакети саҳмияҳо) ба давлат тааллуқ дорад.
Моддаи 2. Қонунгузори оид ба нақлиёт
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи ҳамин Қонун қабулгардида, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст иборат мебошад.
Моддаи 3. Дар бораи моликият дар нақлиёт
Нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос меёбад. Моликони муассисаҳои нақлиёти дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун баҳраманд мебошанд.
Роҳҳои оҳани магистрали, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин роҳҳое, ки аҳамияти мудофиави доранд, бо иловаи иншоотҳои инженери, роҳҳои обии киштигард, дастгоҳҳо ва аломатҳои киштирони, танзим ва кафолати бехатарии киштигарди, дастгоҳҳои системаи батанзимдарории харакатҳои ҳавоии аэронавигатсиони, шабакаҳои телекомуникатсиони, инженери, ки ба таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавои алоқаманданд, моликияти давлати мебошанд.
Моддаи 4. Заминҳои барои мақсадҳои нақлиёт истифодашаванда
Истифода ва ҷудо намудани заминҳо барои мақсадҳои нақлиёти бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Ба мақсади таъмини боэтимоди истифодаи иншоотҳо ва дигар объектҳои нақлиёти дар минтақаҳои фурчрави, кандашави, обшчи, сел ва дигар таъсиррасонии хатарноки табии минтақаҳои муҳофизати муайян карда мешавад.
Корхонаҳои нақлиёти ва интиқолдиҳандагон бояд заминҳои ба онҳо ҷудошударо мувофиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои пешниҳодшуда, технологияҳои истеҳсолии муҳофизати табиат истифода бурда ба бадшавии вазъияти экологи дар минтақа дар натиҷаи фаъолияти худ роҳ надиҳанд.
ФАСЛИ II. ИДОРА ВА ТАНЗИМ
Моддаи 5. Идоракунии муассисаҳои нақлиёти
Ба муассисаҳои нақлиёти дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсоли соҳибихтиёри дода мешавад.
Тамоми навъҳои фаъолияти муассисаҳои нақлиёти бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом дода шавад.
Моддаи 6. Танзими фаъолияти нақлиёт
Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи нақлиёт бо роҳи таъмини ҳуқуқи, иҷозатномаи (литсензиякунони), андозбанди, кредитони, маблағгузори ва нархгузори, ба роҳ мондани сиёсати сармоягузори, иҷтимои ва илмию техники, назорати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба истифодаи муассисаҳои нақлиёти сурат мегирад.
Мақомоти давлати ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии ташкилотҳои нақлиёти мудохила намоянд, инчунин кормандони ташкилотҳои нақлиётиро ба корҳои дигар ҷалб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст.
Фаъолияти вобаста ба амали сохтани ҷараёни (протсесс) нақлиёти дар асоси иҷозатномаи (литсензия), ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 7. Идоракунии давлатии нақлиёт
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт иборатанд аз:
- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;
- амали гардонидани ҳамкориҳои байнидавлати ва байналхалқи дар соҳаи нақлиёт;
- коркарди лоиҳаҳои қонунгузори ва асноди дигар, стандартҳо, нормаҳои муайянкунандаи тартиби ҳуқуқи ва меъёрии фаъолияти тамоми шаклҳои нақлиёт новобаста аз шакли моликияташон;
- таҳияи барномаҳои милли ва консепсияи тарақии тамоми шаклҳои нақлиёт, ташаккул ва ҷори намудани сиёсати инвеститсиони, илмию-техники ва иҷтимои , тайёр намудани кадрҳо;
- ба вуҷуд овардани шароит барои таъмини зарурияти иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳури бо ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он вобаста;
- назорати риояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони нақлиёт;
- коркарди дурнамо дар таъмини босифати саривақтии эҳтиёҷоти давлатии ҷумҳури ва аҳоли ба ҳамлу нақл.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар соҳаи нақлиёт
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ваколатҳои худро дар соҳаи нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом медиҳанд.
Моддаи 9. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идораи давлатие мебошад, ки сиёсати ягонаи нақлиётиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори он аз ҷониби Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз департаментҳои алоҳидае иборат аст, ки масъули бахшҳои нақлиёти автомобили ва оби, хоҷагии роҳ, роҳҳои оҳан ва ҳавои (аз ҷумла танзими ҳаракати ҳавои дар ҳавопаймоии шаҳрванди) мебошанд.
Статуси ҳуқуқии департаментҳоро низомномаҳое, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.
Моддаи 10. Ваколатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба доираи ваколатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:
- тасдиқ намудани низомномаҳои департаментҳои вазорат;
- банақшагири ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобати ва самараноки захираҳо ва баланд бардоштани самараи кори системаҳои нақлиёти, мониторинги тарифҳо ва боҷҳои аз ҷониби муассисаҳои нақлиётии давлати ва хусуси ситонидашаванда мусоидат менамоянд;
- додани иҷозатнома (литсензия) барои анҷом додани фаъолияти нақлиёти;
- таҳияи нақшаҳои рушди соҳаи нақлиёт;
- таҳлили талаботи сармоягузории соҳаи нақлиёт ва имкониятҳои муассисаҳои нақлиёти, таҳияи барномаи дарозмчҳлати сармоягузории давлати;
- мусоидат намудан ба рақобат баҳри роҳ ёфтан ба бахшҳои нақлиёти;
- мусоидат ба иттиҳодиякунони, тиҷоратикунони ва хусусигардонии муассисаҳои нақлиётии давлати;
- мусоидат ба ҳамкории байналхалқи ва минтақави дар соҳаи нақлиёт;
- муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳои амният ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии ва стандартҳои усулҳои пешқадами идора;
- бастани шартномаҳо барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба сохтмон дар соҳаи нақлиёт, бо пудратчиёни бахши хусуси, ки дар асоси рақобат ва ошкоро муайян карда мешаванд;
- тасдиқи қоидаҳои мустақими ба амал баровардани боркашони омехта.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигареро, ки ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, анҷом медиҳад.
Моддаи 11. Комиссияи байниидоравии машварати оид ба нақлиёт
Бо максади баррасии пешниҳодҳои вобаста ба сиёсати соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани самара ва такмили усулҳои хоҷагидорй, ҳифзи манфиатҳои муассисаҳои нақлиёти, интиколдиҳандагон, мизоҷон ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии машваратии оид ба нақлиётро таҳти раисии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
Ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машварати оид ба нақлиёт намояндагони мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои маҳалли, дигар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илми, корхонаҳои наклиёти, интиқолдиҳандагон ва мизоҷон дохил мешаванд.
Комиссияи байниидоравии машварати оид ба нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анҷом медиҳад.
ФАСЛИ III. ФАЪОЛИЯТ ДАР НАҚЛИЁТ
Моддаи 12. Асосҳои фаъолияти иқтисоди ва хоҷаги
Асоси муносибатҳои иқтисоди ва хоҷагии нақлиётро бозори талабот ва пешниҳоди нақлиёти хизматрасони ба вуҷуд меорад.
Мақомоти идоракуни, ки оиди ташкили интиқоли мусофирон қарор қабул кардаанд ва аз сабаби истифодаи нархномаҳои танзимшаванда даромадноки таъмин намешавад, бояд аз буҷети дахлдор иловапули диҳанд.
Моддаи 13. Тарифҳо
Барои интиқоли бор, мусофирон, бағоҷ ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастаанд, тарифҳои озоди шартномави муайян мегарданд.
Моддаи 14. Муассисаҳои нақлиётии давлати
Муассисаҳои нақлиётии давлати фаъолияти худро дар асоси тиҷорати ба сифати воҳидҳои хоҷагиҳои мустақил бо роҳи бастани созишномаҳо бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
Чунин созишномаҳо нисбати корхонаҳои нақлиётии давлати бояд асноди зеринро дар бар гиранд иборат бошанд:
- статуси корпоративи ва тиҷорати;
- нақша-ҷадвали корҳо ва мустақилияти идора;
- стандарту меъёрҳои корҳо ва тобеияти роҳбарият;
- принсипҳо ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳи, аз ҷумла таҳияи ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи фаъолият, муқаррар намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокуни ба хчрдашавии он;
- муайян намудани корҳо ва хизматрасоние, ки барои эҳтиёҷоти давлати иҷро карда мешаванд ва муайян намудани арзиши онҳо;
- нишондиҳандаҳои солонаи молияви ва нақшавии истеҳсоли.
Моддаи 15. Ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷ
Кашонидани борҳо, мусофирон ва бағоҷ, аз ҷумла хизматрасониҳои экспедитсиони дар асоси шартномаи байни мизоҷ ва интиқолдиҳанда анҷом дода мешавад.
Шартҳои кашонидан, татбиқи фаъолияти нақлиёти-экспедитсиони, тартиби истифодаи воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат, риояи қоидаи ҳифзи меҳнат, бехатарии зидди счхтор, нормаҳои техникию-технологи ва санитариро қонунҳо, оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёри, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад.
Моддаи 16. Робитаи мустақими омехта бо иштироки намудҳои гуногуни нақлиёт
Нақлиёти роҳи оҳан, обии дохили, ҳавои ва автомобили системаи робитаи мустақими омехтаро ташкил медиҳанд.
Муносибатҳо байни ташкилотҳои наклиёти ҳангоми робитаҳои мустақими омехта, инчунин тартиби ташкили ҳамлу нақл ба воситаи созишномаҳое, ки байни ташкилотҳои намудҳои дахлдори нақлиёт бо қоидаҳои аз тарафи Вазорати нақлиёт тасдиқшуда баста мешаванд, муайян мегарданд.
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва чҳдадориҳои мусофирон
Ҳуқуқ ва чҳдадориҳои мусофироне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии нақлиёти истифода мекунанд, мутобиқи шартномаи байни мусофир ва интиқолдиҳанда, ки тибқи қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, муайян карда мешаванд.
Мусофир ҳуқуқ дорад:
- ҳамроҳ бо худ кудакони то сини 5-солаи худро, бе ҷудо кардани ҷои алоҳида дар нақлиёти ҳавои, роҳи оҳан ва нақлиёти дохилии оби, дар автобусҳои байнишаҳри, инчунин дар нақлиёти шаҳри ва наздишаҳри ғайр аз такси бепул барад;
- барои хурдсолони синнашон аз 5 то 12 сола бо пардохти 50 фоизи арзиши он чипта харад.
Дар нақлиёти ҳавои, автобусҳои шаҳри ва наздишаҳри кашондани бори дасти ва бағоҷ бепул то вазни на бештар аз 20 кг муқаррар карда мешавад.
Дар нақлиёти роҳи оҳан, дохилии оби, инчунин автобусҳои байнишаҳри бепул кашондани бори дасти ва бағоҷи вазнаш на бештар аз 35 кг муқаррар мегардад.
Интиқолдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки вазни бори бепул кашондашударо зиёд кунанд ва дигар имтиёзҳоро муқаррар намоянд.
Мусофир ҳуқуқ дорад аз интиқолдиҳандае, ки аз давом додани интиқол даст кашидааст ё ба рчзи дигар мавқуф гузоштааст талаб намояд, ки чро ба маконаш расонад ва ҳамаи зарареро, ки ба бекор кардани шартнома ба ч мерасад баргардонад.
Мусофир ба имтиёзҳои дигари дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда хуқуқ дорад.
Моддаи 18. Ҳамлу нақли байнидавлати ва транзити
Ҳамлу нақли транзитии борҳо ва мусофирон тавассути худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мутобиқи созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ IV. БЕХАТАРИ ВА МАСЪУЛИЯТ ДАР НАҚЛИЁТ
Моддаи 19. Талабот ва масъулият дар нақлиёт
Воситаҳои нақлиёт бояд сертификате дошта бошанд, ки он ба талаботи бехатари, меъёрҳои тиббию санитари, меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва экология, стандартҳои байналхалқи ва давлати ва шартҳои техники мувофиқ бошад ва онҳо бояд тибқи тартиботи қонуни аз қайд гузашта бошанд.
Воситаҳои нақлиёте, ки сертификат надоранд ва тибқи муқаррарот аз қайд нагузаштаанд, истифодаашон манъ аст.
Тартиботи сертификатсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 20. Ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёти
Талаботи дараҷаи касби барои идораи воситаҳои нақлиёти ва меъёрҳои баҳодиҳии мувофиқати ҳолати саломатии ашхос доир ба идораи воситаҳои нақлиёти аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳуқуқ ба идораи воситаи нақлиёт ба шахсе дода мешавад, ки тахассуси мувофиқ ба ин кор дошта бошад ва аз назорати тибби доир ба ҳолати саломати гузашта, барои идора намудани воситаи нақлиёт асноди муқарраршуда гирифта бошад.
Моддаи 21. Масъулияти интиқолдиҳанда
Интиқолдиҳанда нигаҳдории борҳо ва бағоҷро аз лаҳзаи қабул то супоридан ба соҳибаш таъмин менамояд.
Интиқолдиҳанда барои гум шудан, норасои ва осеб дидани бор ё бағоч, агар исбот карда натавонад, ки ин камбудиҳо на бо айби ч рух додааст, ҷавобгар аст.
Зарари ҳангоми интиқоли бор ё бағоч расондашуда аз тарафи интиқолдиҳанда ҷуброн карда мешавад.
Дар ҳолати нобуд шудан, кам омадан, интиқолдиханда якҷоя бо пардохти қимати бор ё бағоҷ маблағи боркашониро ҷуброн мекунад.
Дар санадҳои қонунгузори инчунин дигар намудҳои масъулият пешбини шуданашон мумкин аст.
Моддаи 22. Масъулияти мусофир, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ
Мусофирон, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ барои зараре, ки бо гуноҳи онҳо ба дигар шахсон, ба моли интиқолдиҳанда ё ба моли дигар ашхосе, ки масъулияти онро интиқолдиҳанда дорад, ҷавобгаранд.
Ирсолкунанда барои зараре, ки ба сабаби маълумоти ноаниқ, нодуруст ё нопурраи ҳуҷҷатҳои нақлиёти ба интиқолдиҳанда ё дигар шахс расонидааст, ҷавобгар аст.
Моддаи 23. Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда ва объектҳо дар нақлиёт
Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда, объектҳои нақлиёт ва анҷом додани корҳои профилактикии зидди счхтор дар нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 24. Масъулият барои бехатарии ҳамлу нақл
Масъулият барои бехатарии интиқоли борҳо ва мусофирон ба дчши интиқолдиҳанда аст. Талаботи бехатари бо конунҳо ва дигар санадхои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Интиқолдиҳанда барои зарари дар натиҷаи дучоршави ба марг ё зарар дидани саломатии мусофир ҳангоми интиқол ба амал омада, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи қасди зарардида ё қувваи ногаҳони ба амал омадааст, ҷавобгарии амволи дорад.
Ҷавобгарии интиқолдиҳанда аз рчи чҳдадориҳое, ки дар натиҷаи марг ё зарар дидани саломати ба амал меояд, аз рчи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 25. Ташкили кори нақлиёт ҳангоми ҳолати фавқулодда
Ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (заминҷунби, обхези, счхтор, тарма, паҳншавии касалиҳо ва дигар фалокатҳои табии) муносибатҳои шартномавии корхонаҳои нақлиёти дар ин вақт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷрояи маҳалли барои қабули тадбирҳои барҳам додани фалокатҳо ва оқибатҳои онҳо боздошта шуда метавонанд.
Хароҷоти корхонаҳои нақлиёти ҳангоми ҳолатҳои фавқулода доир ба анҷом додани интиқоли бо таъмини тайёрии сафарбари, тадбирҳои мудофиаи граждани ва корҳои тасодумию наҷотдиҳи дар ҷумҳури аз тарафи буҷет ҷуброн мешавад.
Корҳонаҳои нақлиёти вазифадоранд, ки оҷилан тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо ва садамаҳо, инчунин дигар ҳолатҳоро андешанд, ки характери фавқулодда доранд.
Моддаи 26. Масъулият барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии
Интиқолдиҳандагон ва муассисаҳои нақлиёти чҳдадоранд барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии аз ҳама гуна таъсири манфи дар натиҷаи интиқоли бор дар дохили кишвар ё ба тариқи транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарури андешанд.
Моддаи 27. Суғурта кардан
Интиқолдиҳанда дар назди мусофирон ҳангоми сафар дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои, оби, нақлиёти автомобилии байнидавлати ва байнивилояти масъулияти суғуртакунии ҳатмй ва масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилиро ба чҳда мегирад.
Моддаи 28 Масъулият барои вайрон кардани конунгузори оид ба нақлиёт
Шахсони ҳуқуқи ё воқеие, ки барои вайрон кардани ин Қонун гунаҳгоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
ФАСЛИ V. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ
Моддаи 29. Назорат аз болои кори нақлиёт
Назорат аз болои иҷрои қонунгузории нақлиёт, талаботи бехатарии ҳаракат, экология ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз тарафи Вазорати нақлиёт ва дигар мақомоти давлатии идоракуни, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамояд, бурда мешавад.
Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҳолатҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронида мешавад.
Моддаи 30. Муносибатҳои байнидавлати дар соҳаи нақлиёт
Интиқолдиҳандагон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамкории иқтисодии хориҷиро бо ашхоси ҳуқуқи ва воқеии дигар давлатҳо инкишоф диҳанд ва воридоту содироти маҳсулотро (корҳоро, хизматрасониҳоро) ба амал бароранд.
Дар сурате, ки шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда қоидаҳои дигарро муқаррар кардаанд, қоидаҳои ин шартномаҳо амал мекунанд.
Моддаи 30 (1). Аз эьтибор соқит донистаии баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 2324, мод. 340), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, № 5, мод. 71) аз эътибор соқит дониста шавад (Қонун аз 15.07.04с. № 59).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 29 ноябри соли 2000 № 22