ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1995 № 223 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, ёрдампулӣ ва стипендияҳо"
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 май соли 1995 № 223 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, ёрдампулӣ ва стипендияҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳои Чумҳурии Тоҷикистон, концерну ассоциацияҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1 май соли 1995 ставкаю маошҳои ҳадди ақали тамоми категорияи кормандонро дар асоси музди меҳнати ҳадди ақали ба маблағи 14400 рубль дар як моҳ муқарраршуда ҳисоб ва тасдиқ намоянд.
2. Муқаррар карда шавад, ки ба андозаи 2,3 баробар зиёд шудани ставкаю маошҳои амалкунандаи тарифӣ ба кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, муассисаҳои архив ва таъминоти иҷтимоӣ, ки вазифаҳояшон дар номгӯй пешбинӣ шудаанд, дахл дорад.
Амали банди мазкур ба он кормандони соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои архив ва таъминоти иҷтимоӣ, ки музди меҳнаташон мутобиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1994 № 194 "Дар бораи муқаррар намудани дараҷаю коэффициентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлатӣ, додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ" муайян шудааст, дахл надорад.
3. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 май соли 1995 ҳисобу китоби маоши миёна барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, ёрдампулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, ёрдампулӣ ҳангоми аз кор рафтан, ёрдампулиҳое, ки ҷиҳати талофии зарар ба маъюбон пардохта мешавад ва дар ҳолатҳои дигари вобаста бо пардохти музди меҳнати миёна, ба дарназардошти даромади дар асоси маоши хизматӣ ва ставкаҳои тарифии мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда пардохта мешавад.
4. Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои мутобиқи Қонуни таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда, инчунин нафақаҳои барои хизматҳои шоистаи махсус дар назди Чумҳурии Тоҷикистонро, ки мутобиқи Низомномаи бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1994 № 115 тасдиқшуда таъин мегарданд, аз нав ҳисоб намуда, онҳоро аз 1 май соли 1995 1,8 баробар зиёд кунад.
5. Тартиби пардохти стипендияҳо ва андозаи фоизҳои ҳисоб кардани иловапулиҳо ба стипендияҳои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва талабагони мактабҳои махсус, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ва дигар категорияҳои талабагони дар бандҳои 9-16 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 май соли 1992 № 179 пешбинигардида нигоҳ дошта шавад. Ҳисоббарорӣ дар асоси андозаи муқарраргардидаи музди меҳнати ҳадди ақал - 14400 рубль ба амал бароварда шавад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои тағъир додани маблағҳои сафархарҷӣ ва тартибу манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои иҷрои қарори мазкурро муайян намояд.
7. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 № 570 "Дар хусуси баъзе чораҳои татбиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 1993 № 126 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, ёрдампулӣ ва стипендияҳо" ва қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1993 № 379 "Дар бораи пардохти ёрдампулии ҳармоҳа ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ гардидани нархҳои ниҳоии танзимшавандаи орд, нон, маҳсулоти ғалла ва равғани растанӣ дар давраи амали Қонун дар бораи буҷети фавқулодда" беэтибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 5 май соли 1995 № 322
ш. Душанбе