ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаи Қонуни мазкур
Мақсад ва вазифаи Қонуни мазкур аз танзими муносибатҳои ҷамъияти дар ин соҳа бо мақсади муҳайё сохтани муҳити табии мусоид барои зиндагии инсон, олами набототу ҳайвонот, ҳифзи тозаги ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани назорати давлати ба истифодаи ҳавои шаҳрҳо ва марказҳои саноати, дигар маҳалҳои аҳолинишин, манбаъҳои олудашавии ҳавои атмосфера, инчунин таҳкими қонунуният дар соҳаи ин муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯзаю оянда иборат аст .
Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген ва ба миқдори кам аз гази карбонат ва озон иборат аст;
- консентратсияи ҳадди ҷоиз - миқдори моддаҳои зарарнок, ки бо меъёри қонунӣ ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда шудааст ва ба саломатии инсон, муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот зараровар нест;
- қабати озонӣ - қабати атмосферие, ки байни баландии 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуоъи ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Принсипҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера
Принсипҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера аз инҳо иборатанд:
- таъмини тозагии ҳавои атмосфера аз ифлоскунандаҳои гуногун ва нигоҳ доштани он дар асоси қоидаю меъёрҳои илман асоснок;
- ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои дар масъалаи тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера;
- риояи манфиатҳои экологи, иқтисоди ва иҷтимоии ҷомеа;
- таъмини манфиатҳои милли ва байналмилали дар соҳаи ҳифз намудан ва истифода бурдани ҳавои атмосфера ;
- ошкорбаёни ҳангоми ҳалли вазифаҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва алоқаи зич бо ташкилотҳои ҷамъияти ва аҳоли;
- муқаррар намудани чораҳои ҷазо барои вайрон кардани қонунҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҷуброн кардани зараре, ки бо ин қонунвайронкуниҳо расонида шудааст;
- ба таври маҷмӯъ ҳал кардани масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера ва дигар ҷузъҳои муҳити табии зист.
Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Оли дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Бо мақсади таъмин намудани ягонагии танзими қонунгузории муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайлро анҷом медиҳад:
- самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера муайян менамояд;
- минтақаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи экологи ва ҳалли ҳуқуқии онҳоро эълон мекунад;
- барномаҳои экологии давлатиро, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера аз ифлосшави, таъмини бехатарии аҳоли, пешгири ва бартараф намудани оқибатҳои ифлосшавии атмосфера тасдиқ менамояд;
- дигар масъалаҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин қонун ҳал менамояд.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера корҳои зеринро иҷро менамояд:
- таҳия ва тадбиқи барномаҳои экологии давлати ва байнидавлати, барномаҳои муҳимтарини комплексии байнисоҳави ва ҳудудиро дар соҳаи ҳифзи атмосфера таъмин мекунад;
- тадбирҳои ҷумҳуриявиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ба нақша мегирад, барномаҳои ҷумҳуриявии компелкси соҳави, маблағгузори ва таъмини моддию техникии онҳоро тасдиқ мекунад;
- меъёрҳои консентрасияи ҳадди ҷоизи моддаҳои ифлосро дар ҳавои атмасфера ва дараҷаи таъсири зараровари физикию дигар партовҳои моддаҳои зараровар ва дигар таъсири зарарнок ба муҳити табиии зист муқаррар менамояд;
- дар бораи боздоштан ё ба воситаи суд манъ намудани фаъолияти корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва дар мавриди аз тарафи онҳо вайрон карда шудани қонунҳо дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера тобеъ гардонидани онҳо қарор қабул мекунад .
- тартиби ягонаи бароҳ мондани баҳисобгирии давлатии таъсири манфи ба ҳавои атмасфера, моноторинги вазъи ҳавои атмосфера, ташкили маълумоти ҷумҳурияви ва системаи ягонаи ахбор дар соҳаи ҳавои атмосфераро муқаррар мекунад;
- тадқиқоти илмиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера роҳнамо, мутобиқ ва ҳавасманд мекунад;
- дигар масъалаҳои танзими муносибатҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфераро ҳал мекунад;
Моддаи 6. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масъалаҳои танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Дар бобати танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ба салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаҳои зайл дохил мешаванд:
- таҳияю тасдиқи нақшаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;
- баҳисобгири ва санҷиши ҳаҷми партовҳои дар атмосфера бавуҷудомада дар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди вилоят воқеъ гардида;
хорич карда шуд .
- манъ кардани сохтмони объектҳое, ки ба меъёрҳои муқарраршудаи ҳудуди ҷоизи конcентраcияи моддаи ифлос дар ҳавои атмосфера ва сатҳи таъсири зараровари физикию дигар таъсир ба он ҷавоб намедиҳад;
- ҳали дигар масъалаҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера, агар онҳо ба салоҳияти мақомоти ҷумҳурияви дода шуда бошанд.
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимият дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ба ихтиёри мақомоти ҳокимиятмасъалаҳои зайл дода шудаанд:
- муайян кардани самтҳои асосии ҳифзи ҳавои атмасфера ва тасдиқи барномаҳо оид ба ҳифзи атмосфера аз таъсири зараровар дар ҳудудҳои тобеъашон;
- баҳисобгирии объектҳое, ки ба вазъи ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд;
- банақшагири, мабблағгузори ва таъмини моддию техникии иҷрои барномаҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмасфера
- мутобиқгардонии фаъолияти мақомоти идора, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияташон, инчунин умури экологи дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
хорич карда шуд .
- баррасии дигар масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҳудуди салоҳияти онҳо.
Моддаи 8. Идораи давлати дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера
Дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера идораи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти давлатии ҷумҳури оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти ваколатдори давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд , .
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатиро муайян мекунад .
БОБИ 2. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 9. Ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера
Ҳар як шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони воқеъи, ки дар қаламрави он зиндаги мекунанд, ба вазъи барои ҳаёту саломатии онҳо мусоиди ҳавои атмасфера ҳуқуқ доранд.
Ин ҳуқуқ ба таври зайл таъмин мегардад:
- татбиқи тадбирҳои давлати барои нигоҳдори, барқарор кардан ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмасфера;
- ӯҳдадории корхонаб муассисаҳо, ташкилотҳои ва шаҳрвандон ҷиҳати риоя кардани талаботи қонунгузори дар бораи ҳифзи ҳавои атмасфера, гузаронидани маҷмӯи тадбирҳои илман асосноки техники, иқтисоди, иҷтимои ва дигар тадбирҳо, ки ба пешгири намудан ва бартараф кардани ифлосшавии ҳавои атмасфера ва дигар таъъсирҳои зарарнок ба он равона гардидаанд;
- ба амал баровардани назорати давлатию ҷамъияти ба риояи қонунгузори дар бораи ҳифзи ҳавои атмасфера;
- иштироки ташкилотҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти оид ба ҳифзи ҳавои атмасфера;
- ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи ифлос кардани ҳавои атмасфера ва дигар чорабиниҳо ба саломати ва амволи шаҳрвандон расонида шудааст.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки:
- дар муҳокимаи лоиҳаи санадҳои қонунгузори ва дигар санадҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера иштирок намоянд;
- оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмасфера бо мактуб, шикоятнома ва ариза муроҷиат кунанд;
- дар бораи вазъи ҳавои атмасфера ва тадбирҳои муҳофизати он маълумоти аниқ гиранд;
- дар гузаронидани экспертизаҳои ҷамъиятии экологи иштирок намоянд, дар суд нисбат ба корхонаю муассисаҳо , ташкилотҳои ва шаҳрвандон оид ба талофии зараре, ки дар натиҷаи ифлос намудани ҳавоиа ба саломати ва амволи онҳо расонида шудааст, даъво намоянд;
- оид ба ҳифзи саломатию ҳаёташон кафолат талаб намоянд, инчунин дар манбаъҳои заҳролудшави ва минтақаҳои ифлосшавии ҳавои атмасфера дар тадбирҳои таъхирнопазир иштирок намоянд.
Шаҳрвандон вазифадоранд, ки:
- талаботи қонунро дар бораи ҳифзи ҳавои атмасфера қатъиян риоя кунанд;
- талаботҳои қонунии кормандони мақомоти ҳифзи табиатро ҳатман иҷро намоянд;
- зарареро, ки онҳо ба сифати ҳавои атмасфера расонидаанд, пурра талофи кунанд.
Моддаи 10. Вазифаҳои мақомоти давлати дар бораи баҳисобгирии пешниҳоди шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъияти оид ба беҳтар намудани ҳифзи ҳавои атмасфера
Давлат ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъияти ҳангоми тадбиқи тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера имконияти амали гардонидани ҳуқуқҳои мувофиқи қонунҳои ҷори ба онҳо додашударо кафолат медиҳад.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, шахсони мансабдори онҳо ӯҳдадоранд дар кори ташкили ҳифзи ҳавои атмосфера ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, пешниҳоду талаботи онҳоро оид ба масъалаи мазкур сари вақт баррасӣ намоянд .
Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъияти барои татбиқи ҳуқуқу вазифаҳояшон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера монеъ мешаванд, инчунин бо амалиёти худ ё дар натиҷаи бефаъолиятиашон ба онҳо зарар мерасонанд, мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
БОБИ 3. БА МЕЪЁРДАРОРИИ СИФАТИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 11. Талаботи асоси нисбати ба меъёр даровардани сифати ҳавои атмосфера
Ба меъёр даровадани сифати ҳавои атмосфера бо мақсади муқаррар намудани меъёри ҳадди ҷоизи таъсир ба ҳавои атмосфера, ки бехатарии экологии аҳоли ва муҳити табиии зистро дар натиҷаи фаъолияти хоҷаги ва дигар навъи фаъолият таъмин мекунад, ба амал бароварда мешавад.
Ин меъёрҳо, ки дар асоси стандартҳо, конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилали ва комёбиҳои навтарини илми ҷаҳони таҳя мегарданд, бояд ба манфиати ҳифзи саломатии одамон ва ҳифзи муҳити табиии зист ҷавоб диҳанд, инчунин инҳоро муқаррар намоянд :
- конcентраcияи ҳадди ҷоизи моддаҳои ифлос дар ҳавои атмосфера;
- партовҳои ҳадди ҷоизи моддаҳои ифлос манбаъҳои ғайрисайёр (стасионари) ва сайёр.
- дараҷаи ҳадди ҷоизи садо, ларзиш, майдонҳои электромагнити афканишот ва дигар таъсироти зараровари физики.
Ин меъёрҳо барои ҳар як манбаи ғайрисайёри партовҳо ё дигар таъсироти зарарнок ба ҳавои атмасфера, инчунин барои ҳар як модели воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаю дастгоҳҳои сайёр муайян карда мешаванд.
Меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера ва таъсири ҳадди ҷоизи зараровари физики ба он ба дараҷае муқаррар карда мешавад, ки дар сурати он партовҳо ва таъсироти физики аз манбаи мушаххас ва тамоми дигар манбаъҳо дар ноҳияи муайян бо дарназардошти пешомади тараққиёти он боиси аз ҳадди ҷоиз зиёд шудани консентрасияи моддаҳои ифлос дар ҳавои атмосфера ва дараҷаи ҳадди ҷоизи таъсироти зарарноки физики намегарданд.
Дар мавриди зарурат барои ноҳияҳои ҷудогона меъёрҳои нисбатан қатъии ҳадди ҷоизи консентрасияи моддаҳои ифлос дар ҳавои атмосфера ва таъсири зарарноки физики ба онро муқаррар кардан мумкин аст.
Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои моддаи мазкур партофтани моддаҳои ифлосро ба атмосфера бояд маҳдуд карда, боздошта ва ё манъ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (аз ҷумла корхонаҳои комплекси саноати ҳарбӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қатъ карда шавад .
Корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера вобаста мебошанд, сарфи назар аз тааллуқият ва шакли моликияташон, вазифадоранд барои ба атмосфера партофтани моддаҳои заҳрнок аз мақомоте, ки ба ҳифзи атмосфера назорат мебаранд, иҷозат гиранд, ҷиҳати таъмин намудани иҷрои шарту талаботи дар иҷозатнома барои партов ба атмосфера пешбинишуда тадбирҳои ташкилию хоҷаги, техники ва дигар тадбирҳо андешанд, дар бобати кам кардани партовҳо моддаҳои ифлос чораҳо бинанд, кори самараноку мунтазам ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоот, таҷҳизот ва асбобҳо барои тоза кардани партовҳо ва назорат ба онҳоро таъмин кунанд, инчунин миқдор ва тартиби моддаҳои ифлоси ба атмосфера партофташавандаро доим ба ҳисоб гиранд. Тадбиқи тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера набоядбоиси ифлосшавии хок, об ва дигар объектҳои табиат гардад.
Ҳангоми дар натиҷаи садама дар атмосфера зиёд шудани меъёри муқарраршудаи ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлос, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадоранд дар ин бора фавран ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, хабар диҳанд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳифзи атмосфера ва бартараф намудани сабабу оқибатҳои ифлосшавии он мувофиқи қонунҳои ҷори тадбирҳо андешанд .
Моддаи 12. Танзими партови моддаҳои ифлос ба атмосфера ҳангоми шароити номусоиди метерологи
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳои вобаcта ба шароити номусоиди метеорологи ва баландшавии имконпазири консентрасияи моддаҳои ифлос вазифадоранд дар бобати дар ин давраҳо якбора кам кардани партови чунин модаҳо ба атмосфера тадбирҳое андешиданд, ки онҳо бо мувофиқаи мақомоти ба ҳифзи ҳавои атмосфера назораткунанда махсус таҳия шудаанд.
Моддаи 13. Ба меъёр даровардан ва танзим намудани партови моддаҳои ифлоси воситаҳои дастгоҳҳои сайёр ба атмосфера
Миқдори моддаҳои ифлосе, ки воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаи дастгоҳҳои сайёр ба ҳаво хориҷ мекунанд, набояд аз меъёри ҳадди ҷоизи партовҳо зиёд бошад.
Ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаю дастгоҳҳои дар истифода буда бояд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат барои риояи меъёри ҳадди ҷоизи партовҳои моддаҳои ифлос таҳти назорат қарор гиранд .
Истеҳсолу истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаю дастгоҳҳои сайёр, ки дар партови онҳо моддаҳои ифлос меъёри муқарраршудаи зиёд аст, иҷозат дода намешавад.
Бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти маҳаллии ҳокимият метавонанд рафту омади нақлиёт ё дигар воситаҳои ҳаракатро ба минтақаҳои муайян, маҳалҳои аҳолинишин, ҷойҳои истироҳат ва туризм муваққатан ё доиман манъ кунанд.
Моддаи 14. Танзими таъсири зараровари физики ба атмосфера
Дараҷаҳои ҳадди ҷоизи садо, ларзиш, майдонҳои электромагнити, афканишот ва дигар таъсири зараровари физикиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки дар пешгирӣ аз таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, нурпошӣ ва дигар манбаъҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд .
Ҳамагуна таъсири зараровари физики ба ҳавои атмосфера дар сурати риоя кардани меъёрҳои хадди ҷоиз дар мавриде, ки агар барои он мақомоти давлатии махсус ваколатдор иҷозат дода бошанд ҳамчунин дар сурати риоя кардани дигар талаботи пешбининамудаи ин иҷозатнома роҳ дода мешавад.
Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур фаъолияти дахлдори корхонаҳои ҷудогонаи саноати, муассисаҳо, ташкилотҳо, консернҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо, дигар иттиҳодияҳо, кооперативҳо, корхонаҳои хурд, cехҳо ва дастгоҳҳоро ба қарори мақоме, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорати давлати мебаранд, то вақти бартараф кадани сабабу шароите, ки боиси вайронкуни мегарданд, боздоштан, маҳдуд ё манъ кардан мумкин аст.
Бо мақсади мубориза бо садоҳои истеҳсоли ва дигар садоҳо бояд аз ҷумла корҳои зайл ба анҷом расонида шаванд:
- татбиқи проcессҳои технологии камсадо;
- беҳтар намудани конструкcияи воситаҳои нақлиёт ва истифодаи онҳо, инчунин нигоҳубини роҳҳои оҳан ва трамвай, автомобилгард, кӯчаҳо, ҷойгиркунонидани фурудгоҳҳо, иншооту таҷҳизоти саноати ва дигар иншооту таҷҳизоте, ки манбаи садо мебошад, дар масофаи зарури аз маҳалҳои аҳолинишин ва ноҳияҳои сераҳоли ;
- беҳтар кардани банақшагири ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин;
- тадбирҳои ташкили оид ба пешгири намудан ва кам кардани садоҳои маиши;
- шаҳрвандон вазифадоранд, ки талаботи бо мақсади мубориза бо садоҳои маиши дар манзили истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҷойҳои истироҳат ва дигар ҷойҳои ҷамъияти муқарраршударо риоя намоянд .
БОБИ 4. МЕХАНИЗМИ ИҚТИСОДИИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 15. Мақсад ва вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи ҳавои атмосфера
Вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи ҳавои атмосфера аз банақшагири ва маблағгузории тадбирҳо, маҳдуд кардани таъсири зараровари фаъолияти хоҷаги ва дигар навъи фаъолият ба вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос ба ҳавои атмосфера ва муқаррар намудани имтиёзҳои дахлдор иборат аст (Қонун аз 12.12.1997с. № 498).
Моддаи 16. Банақшагирии тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Банақшагирии тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера бояд мувофиқати илман асосноки манфиатҳои иқтисодию экологии ҷамъиятиро таъмин намояд.
Банақшагирии ҷори ва дарозмуддати тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера дар таркиби пешгӯии тараққии иқтисодию иҷтимои дар асоси Барномаҳои давлатии экологи бо назардошти талаботи қонунҳо оид ба ҳифзи табиат ба амал бароварда мешавад.
Банақшагирии ҳудуди тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз тарафи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ анҷом дода мешаванд.
Лоиҳаи нақшаҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера бояд бо мақоме, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорати давлати мебарад, мувофиқа карда шавад.
Моддаи 17. Маблағгузории барномаҳо ва тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Маблағгузории барномаҳо ва тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ карда мешаванд :
- буҷетҳои ҷумҳурию маҳалли (Қонун аз 12.12.1997с. № 498);
- корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои, колективҳои иҷорави, корхонаҳои кооперативи, шахси ё муштарак;
- қарзҳои (кредитҳои) бонкӣ ва грантҳо ;
- пардохтҳои ихтиёри ва хайрияҳои, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инчунин дигар манбаъҳо .
Маблағҳо ва захираҳои моддии ба мақсади иҷрои тадбирҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера пешбинишударо барои дигар мақсадҳо истифода бурдан манъ аст .
Моддаи 18. Пардохтҳо барои ифлос кардани ҳавои атмосфера
Пардохтҳо барои ифлос кардани ҳавои атмосфера маблағҳои зайлро дарбар мегиранд:
- пардохт барои партови моддаҳои ифлос ба атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ҳадди ҷоиз партовҳои меъёри муваққатан мувофиқашуда;
- пардохт барои партови моддаҳои ифлос ба атмосфера зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда;
- пардохт барои партовҳои садамавӣ ба атмосфера .
Моддаи 19. Пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда
Тартиби ҳисоб кардани ҳаҷм ва тадбиқи пардохтро барои ифлос кардани ҳавои атмосфера дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумат муайян мекунад.
Пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера шакли талофи намудани зараре мебошад, ки дар натиҷаи ифлос кардани ҳавои атмосфера расонида шудааст.
Ҳаҷми пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос дар асоси усулҳое, ки бо дарназардошти шароити маҳалли, таркиб ва хусусиятҳои моддаҳои зараровари партовшаванда аз тарафи мақомоти давлатии махсус ваколатдор тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад .
Пардохтҳо барои партовҳои ҳадди ақал ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматҳо) дохил карда мешаванд.
Пардохтҳо барои партови моддаҳои ифлос ба атмосфера истифодабарандагони табиатро аз талофи кардани зараре, ки ба муҳити табиии зист расонидаанд, озод намекунад.
Моддаи 20. Пардохт барои партовҳои зиёда аз меъёри моддаҳои зараровар ба атмосфера
Пардохт барои партовҳои зиёда аз меъёри моддаҳои зараровар ба атмосфера, инчунин пардохтҳои садамаҳо ба андозаи дукарата, дар асоси хароҷот барои солимгардонии ҳавои атмосфера, бартараф кардани оқибатҳои партовҳои садамаҳо ва якҷоя, тибқи усули мавҷудаи аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқшуда муайян карда мешаванд .
Роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки ба ҳавои атмосфера таъсири зараровар мерасонанд, вазифадоранд риояи меъёрҳои муқарраршудаи партовҳоро таъмин намоянд; барои партовҳои зиёда аз меъёри дар як вақт суратгиранда онҳо шахсан масъул мебошанд.
Партовҳои моддаҳои зарарнок ба атмосфера бе иҷозати мақомоти давлатии махсус ваколатдор партовҳои зиёда аз меъёр буда, пардохт барои онҳо мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 21. Хориҷ карда шуд (Қонун аз 12.12.1997с. № 498)
БОБИ 5. ХОРИҶ КАРДА ШУД
Моддаи 22. Хориҷ карда шуд
БОБИ 6. ТАЛАБОТ ОИД БА ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА ҲАНГОМИ ПЕШ БУРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИ ВА ДИГАР НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Моддаи 23. Риояи талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмасфера ҳангоми ба даст овардани канданиҳои фоиданок, корҳои таркониш, ҷойгиронии терриконҳо, хоктӯда ва ахлотдонҳо
Ба даст овардани канданиҳои фоиданок анҷом додани корҳои таркониш, ҷойгиронии хоктӯдаю терриконҳо, ва ахлотҳо бояд бо риояи талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва усулҳои бо мақомоти оид ба ҳифзи табиат мувофиқа кардашуда гузаронида шаванд.
Дар маҳалҳои аҳолинишин ва дар наздики ҳудуди онҳо ҷойгир кардани хоктӯдаҳо, террикон ва ахлотдонҳои ҳама гуна шаклҳои партовҳое, ки манбаи ифлос кардани ҳавои атмосфера мебошанд, инчунин сӯхтани партовҳои мазкур манъ аст.
Ташкилоту корхонаҳо вазифадоранд, ки кашондани партову дигар моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераро ба корхонаҳои коркард ва ахлотдонҳои махсус таъмин намоянд.
Моддаи 24. Шартҳои ҷойгирони, балоиҳагири, сохтмон ва ба истифода додани корхонаю иншоот ва дигар объектҳое, ки ба вазъи ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд
Ҳангоми ҷойгирони, балоиҳагири, сохтмон, таҷдид, васеъ кардан ва азнавҷиҳозонии техникии корхонаю иншоот ва дигар объектҳо бояд риояи меъёрҳои муқарраршудаи ҳадди ҷоизи таъсири зарарнок ба ҳавои атмосфера ва дигар талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера таъмин карда шавад .
Моддаи 25. Риояи талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз ифлосшавии радиоактиви
Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо ҳангоми ба даст овардани масолеҳи бинокори, интихоби майдон барои сохтмон ва гӯрондани партовҳои радиоактиви бояд риояи қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдори, гӯрондани партовҳои радиоактивиро таъмин намоянд, ҳамчунин вазифадоранд бо мақсади риояи меъёрҳои санитарии муқарраршуда ченкунии радиометри гузаронанд.
Моддаи 26. Риояи талабот ҳангоми истифодаи моддаҳои химияви ва муҳофизат аз таъсири биологии назоратнашаванда
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳангоми истеҳсол, нигоҳдори, истифода ва ҳамлу нақли моддаҳои химиявию биологи (занбуруғҳо, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо, ки ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд), вазифадоранд, ки оид ба пешрави ва бартараф намудани оқибатҳои таъсири зарарнок ба ҳаво тадбирҳо андешанд .
Иҷро накардани талаботи экологии муносибат бо моддаҳои химияви дар натиҷаи таъсири биологии назоратнашаванда, ки ба ифлосшавии муҳити табии, саломатии инсон ва генофонд хатар дорад, боиси бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ манъ кардан ё боздоштани чунин навъи фаъолият мегардад .
Моддаи 27. Ҳифзи иқлим ва қабати озонии замин
Ҳифзи иқлим ва қабати озонии замин аз таъсири фаъолияти хоҷаги ва дигар навъи фаъолият бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд:
- риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлосе, ки ба вазъи иқлим ва қабати озонии замин таъсир мерасонанд;
- кам кардани партови моддаҳои зарарноке, ки самараи гарми меоранд, танзими истеҳсол ва дар рӯзгор истифода бурдани моддаҳои химияви, ки қабати озонро вайрон мекунанд;
- татбиқи чораҳои масъулият барои вайрон кардани талаботи мазкур;
- иҷро кардани дигар тадбирҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат".
БОБИ 7. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРНОК БА ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 28. Баҳисобгирии давлатии таъсири зарарнок ба атмосфера
Объектҳое, ки ба ҳавои атмосфера таъсири бад мерасонанд, намуду миқдори моддаҳои зарарноки ба атмосфера партофташаванда, ҳамчунин таъсири физики ба он бояд ба ҳисоби давлати гирифта шаванд.
Тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии таъсири зарарнок ба ҳавои атмосфераро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Моддаи 29. Назорат ба вазъи ҳавои атмосфера
Ба вазъи ифлосшавии ҳавои атмосфера аз рӯи нишондиҳандаҳои химияви, физики ва биологи умури давлатии назорат ба сатҳи ифлосшавии муҳити табии, қисмҳои таркибии илмии идораҳои дахлдори ҷумҳурияви, ки ташкилоту шаҳрвандони манфиатдорро дар бораи сатҳи ифлосшавии атмосфера бо маълумот ва пешгӯиҳо таъмин менамоянд, назорат мебаранд.
Моддаи 30. Назорати давлати дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ва мақомоти давлатии махсус ваколатдори бо ҳамин қонун муқарраршуда назорати давлати мебаранд .
Ба ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла ба риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлос ба ҳавои атмосфера ва таъсири зарарноки физики ба он мақомоте, ки корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ба ҳавои атмосфера таъсири бад расонанда дар тобеияташон мебошанд, назорати идори мебаранд.
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом дода мешавад .
Роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳавои атмосфера таъсири бад мерасонанд, вазифадоранд, ки назорати риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлосро ба ҳавои атмосфера ва таъсири зарарноки физики ба онро дар ҳар участкаи истеҳсолот таъмин намоянд.
Моддаи 31. Минтақаҳои офатҳои экологи ва ҳолатҳои фавқулоддаи экологи
Минтақаҳои офатҳои экологи ва ҳолатҳои фавқулоддаи экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Солимгардонии минтақаҳо ва барқарор кардани вазъи экологиро аз ҳисоби маблағи ташкилоту корхонаҳо, муасисаҳо ва шахсоне, ки бо гуноҳи онҳо харобии экологи ё вазъи фавқулоддаи экологи рӯй додаст инчунин маблағҳои мақсадноки буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳалли бо пул таъмин кардан мумкин аст.
БОБИ 8. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 31(1). Принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера амалӣ намуда, принсипҳои риояи бехатарии байниҳамдигариро оид ба таъмини шароити мусоид барои зисти инсон, олами наботот ва ҳайвонот, муҳити зист мутобиқи стандартҳои байналмилалии ин соҳа ба роҳбарӣ мегирад .
Моддаи 31(2). Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти шахсони воқеӣ ва хуқуқии хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи хавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад .
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 32. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера
Баҳсҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд .
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
БОБИ 10. ХОРИҶ КАРДА ШУД
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
1 феврали соли 1996 № 228