Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2009 № 557 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, №3, мод. 53; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 2007, №5, мод. 370) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "Фасли" ба калимаи "Боби" иваз карда шуда, бобҳо ва қисмҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.

2. Номи Фасли 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Боби 1. Муқаррароти умумӣ"

3. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои "Вазифаи қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера" ба калимаҳои "Мақсад ва вазифаи Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

4. Ба Қонун моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген ва ба миқдори кам аз гази карбонат ва озон иборат аст;

- консентратсияи ҳадди ҷоиз - миқдори моддаҳои зарарнок, ки бо меъёри қонунӣ ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда шудааст ва ба саломатии инсон, муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот зараровар нест;

- қабати озонӣ - қабати атмосферие, ки байни баландии 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуоъи ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад.".

5. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

6. Дар моддаи 3 ва дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис (-) ишора карда шуда, калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ", калимаҳои "қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера" ба калимаҳои "қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера" ва калимаҳои "муҳити табии зист" ба калимаҳои "муҳити зист" иваз карда шаванд.

7. Дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 8 калимаҳои "мақомоти давлатии махсус ваколатдор" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ" калимаҳои "Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "мақомоти давлатии оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера махсус ваколатдорро" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатиро" иваз карда шаванд.

8. Дар номи Фасли 2, ном ва матни моддаи 9 калимаҳои "вазифаҳои" ва "вазифадоранд" мутаносибан ба калимаҳои "ӯхдадориҳои" ва "ӯхдадоранд" ва дар сархати чоруми қисми сеюм ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "талофии" ва "талофӣ" мутаносибан ба калимаҳои "ҷуброни" ва "ҷуброн" иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 10:

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, шахсони мансабдори онҳо ӯҳдадоранд дар кори ташкили ҳифзи ҳавои атмосфера ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, пешниҳоду талаботи онҳоро оид ба масъалаи мазкур сари вақт баррасӣ намоянд.";

- дар қисми сеюм калимаҳои "мувофиқи қонунҳои ҷории" ба калимаҳои "тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории" иваз карда шаванд.

10. Дар моддаи 11:

- қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои моддаи мазкур партофтани моддаҳои ифлосро ба атмосфера бояд маҳдуд карда, боздошта ва ё манъ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (аз ҷумла корхонаҳои комплекси саноати ҳарбӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қатъ карда шавад.";

- дар қисми ҳаштум калимаҳои "мақомоте, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорат мебаранд" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера" иваз карда шаванд.

11. Дар қисми дуюми моддаи 13 баъди калимаи "мақомоти" калимаи "ваколатдори" илова карда шавад.

12. Дар моддаи 14:

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки дар пешгирӣ аз таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, нурпошӣ ва дигар манбаъҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд.";

- дар сархати дуюми қисми панҷум калимаҳои "аэродрому аэропортҳо", ба калимаи "фурудгоҳҳо" иваз карда шаванд;

- дар қисми шашум калимаҳои "квартираҳо, инчунин ҳавлиҳои хонаҳои истиқоматӣ" ба калимаҳои "манзили истиқоматӣ" иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 17:

- "- ҷумлаи якуми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Маблағгузории барномаҳо ва тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ карда мешаванд:";

- сархати сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

-"- қарзҳои (кредитҳои) бонкӣ ва грантҳо;

- дар сархати чоруми қисми якум калимаҳои "шахсони юридикию шаҳрвандон" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "Маблағҳои пулӣ" ба калимаи "Маблағҳо" иваз карда шаванд.

14. Дар сархати сеюми моддаи 18 калимаи "авариявӣ" ба калимаи "садамавӣ" иваз карда шавад.

15. Дар қисми сеюми моддаи 19 калимаи "методикаҳое" ба калимаи "усулҳое" иваз карда шавад.

16. Дар қисми якуми моддаи 20 калимаи "методикаи" ба калимаи "усули" ва калимаҳои "мақомоти давлатии оид ба ҳифзи табиат ва тандурустӣ махсус ваколатдор" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.

17. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаҳои "мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" ба калимаҳои "мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологӣ" иваз карда шаванд.

18. Дар номи Фасли 6 калимаи "навъҳои" ба калимаи "намудҳои" иваз карда шавад.

19. Дар моддаи 26:

- дар қисми якум калимаи "Ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон" ба калимаҳои "Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаи "мақомоти давлатии махсус ваколатдор" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.".

20. Дар қисми дуюми моддаи 28 калимаи "Ҳукумат" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

21. Ба Қонун боби 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Боби 8. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера

Моддаи 31(1). Принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера амалӣ намуда, принсипҳои риояи бехатарии байниҳамдигариро оид ба таъмини шароити мусоид барои зисти инсон, олами наботот ва ҳайвонот, муҳити зист мутобиқи стандартҳои байналмилалии ин соҳа ба роҳбарӣ мегирад.

"Моддаи 31(2). Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти шахсони воқеӣ ва хуқуқии хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи хавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.".

22. Фаслҳои 8 ва 9 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Боби 9. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 32. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.

Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

23. Фасли 10 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 16 октябри соли 2009 № 557

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи кабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С.ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2009 № 1401

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 3 октябри соли 2009 № 686

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 февраля 1996 года "Об охране атмосферного воздуха" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №3, ст. 53; 1997 г., №23-24, ст. 333; 2007г., №5, ст. 370) следующие изменения и дополнения:

1. Во всем тексте Закона слово "Раздел" заменить словом "Глава", главы и части обозначить арабскими цифрами.

2. Название Раздела 1 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ".

3. В названии и тексте статьи 1 слова "Задачи законов об охране атмосферного воздуха" и "Задачами законов об охране атмосферного воздуха" соответственно заменить словами "Цели и задачи настоящего Закона" и "Целями и задачами настоящего Закона".

4. Закон дополнить статьей 1 (1) следующего содержания:

"Статья 1(1). Основные понятия

Основные понятия, используемые в настоящем Законе:

- атмосфера - газовая оболочка, окружающая землю и состоящая в основном из азота, кислорода и в малом количестве из углекислого газа и озона;

- предельно допустимая концентрация - законно или установленный государственным уполномоченным органом норматив количества вредного вещества, не влияющее на здоровье человека, окружающую среду, флору и фауну;

- озоносфера - слой атмосферы, лежащий между 7-8 км над полюсами, 17-18 км на экваторе и с наибольшей плотностью на высотах 20-22 км над поверхностью планеты, отличающийся повышенной концентрацией молекул озона, отражающих жесткое ультрафиолетовое космического излучение, гибельное для живых существ.".

5. Статью 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан об охране атмосферного воздуха

Законодательство Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

6. В статье 3 и во всем тексте Закона абзацы обозначить знаком дефис (-), слова "законы об охране атмосферного воздуха" заменить словами "законодательства об охране атмосферного воздуха".

7. В частях первой, второй и третьей статьи 8 слова "специально уполномоченными государственными органами" и "специально уполномоченных государственных органов" соответственно заменить словами "уполномоченными государственными органами" и "уполномоченных государственных органов", слова "Министерство охраны природы Республики Таджикистан" заменить словами "Комитет по охране окружающей среды".

8. Часть вторую статьи 10 изложить в следующей редакции:

"2. Местные исполнительные органы государственной власти и уполномоченные органы по охране атмосферного воздуха, их должностные лица обязаны всесторонне содействовать гражданам и общественным организациям в организации охраны атмосферного воздуха и своевременно рассматривать их предложения и требования по данному вопросу.".

9. В статье 11:

- часть шестую изложить в следующей редакции:

"6. При невыполнении требований указанных нормативов настоящей статьи выброс загрязняющих веществ должен быть ограничен, приостановлен или запрещен, а в необходимых случаях прекращена деятельность физических и юридических лиц ( в том числе предприятий военно-промышленного комплекса) в порядке, установленном настоящим Законом.";

- в части восьмой слова "органам, осуществляющим государственный контроль за охраной атмосферного воздуха" заменить словами "государственный уполномоченный орган по охране атмосферного воздуха".

10. Часть вторую статьи 13 после слова "государственными" дополнить словом "уполномоченными".

11. Часть вторую статьи 14 изложить в следующей редакции:

"2. Физические и юридические лица обязаны принимать необходимые меры по предупреждению вредного воздействия шума, вибрации, электромагнитных полей, излучений и других источников на окружающую среду и здоровье человека.".

12. В статье 17:

- абзац третий части первой после слово "банков" дополнить словами "и грантов;";

- в абзаце четвертом части первой слова "юридических лиц и граждан"заменить словами "физических и юридических лиц;";

- в части второй слова "Денежные средства" заменить словом "Средства".

13. В части первой статьи 20 слова "специально - уполномоченных на то государственных органов" заменить словами "уполномоченных государственных органов".

14. В части первой статьи 22 слова "в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об охране природы" заменить словами "в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об экологической экспертизе".

15. В статье 26:

- в части первой слова "Предприятия, организации и граждане" заменить словами "физические и юридические лица";

- в части второй слова "специально уполномоченных на то государственных органов" заменить словами "уполномоченных государственных органов".

16. В части второй статьи 28 слово "Правительством" заменить словами "Правительством Республики Таджикистан".

17. Закон дополнить главой 8 следующего содержания:

"Глава 8. Международное сотрудничество в области охраны атмосферного воздуха

Статья 31(1). Принципы международного сотрудничества в области охраны атмосферно воздуха

Республики Таджикистан, осуществляя международное сотрудничество в области охраны атмосферного воздуха, руководствуется принципами соблюдения взаимной безопасности для проживания человека, флоры и фауны, охраны окружающей среды в соответствии с международными стандартами в этой области.

Статья 31(2). Деятельность иностранных физических и юридических лиц

Деятельность иностранных физических и юридических лиц в области охраны атмосферного воздуха в Республики Таджикистан, осуществляются с соблюдением норм законодательства Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

18. Разделы 8 и 9 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 9. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 32. Порядок рассмотрения споров по вопросам охраны атмосферного воздуха

Споры по вопросам охраны атмосферного воздуха разрешаются судом.

Статья 33. Ответственность за нарушение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за нарушение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан".

19. Раздел 10 исключить.

Статья 2. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 16 октября 2009 года № 557

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в  Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                                  С. Хайруллоев

г. Душанбе, 1 октября 2009 № 1401

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в  Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха"

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                                   М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 3 октября 2009 года №686