ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУРУДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Таҳрири нави матну оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои саросарии Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин Қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда мешавад.
3. Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1977 "Дар бораи таҳрири нави матни Гимни РСС Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, 1977, № 23, моддаи 245) беэътибор дониста шавад.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
7 сентябри соли 1994 № 1074
ш. Душанбе
7 сентябри соли 1994 № 1074
...