Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 128 "Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ХУСУСИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АМНИЯТ"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунгузори қарор мекунад;

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи амният" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 3-4, соли 1994, м.

64) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:

"Моддаи 10. Тафриқаи ваколатҳои мақомоти ҳокимият дар системаи амният

Таъмини амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат дар асоси тафриқаи ваколатҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузори, иҷроия ва суди дар соҳаи мазкур сурат мегирад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

самтҳои асосии амнияти дохилӣ ва хориҷиро муайян менамояд;

системаи танзими ҳуқуқии муносибатҳоро дар соҳаи амният таҳия менамояд;

маблағҷудокунии буҷетиро барои бопултаъминкунии мақомоти таъмини амният ва барномаи ҷумҳуриявиро дар соҳаи амният тасдиқ менамояд;

аҳдномаю созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои таъмини амният тасвиб ва беэътибор мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, истиқлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, давомот ва пойдории давлат, фаъолияти мутобиқгардида ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлати, риоя гардидани аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда:

амнияти шахсият, чамъият ва давлатро таъмин менамояд;

афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро муайян мекунад;

тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти амниятро муқаррар месозад;

ба сиёсати кадрҳо дар мақомоти давлатии таъмини амният назорат мекунад;

таҳия ва татбиқи барномаи давлатии таъмини амниятро ташкил менамояд;

ба таъмин гардидани иҷрои қонунҳое, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният танзим менамоянд, назорат мекунад;

мутобиқи қонун мақомоти давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва барҳам медиҳад.

Ҳокимияти суди мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои шахсият, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро муҳофизат мекунад".

2. Дар моддаи 11:

дар қисми якум ва дуюм калимаҳои "Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

дар қисми дуюм сарсатри нав бо таҳрири зайл илова карда шавад:

"Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбари мекунад";

дар сарсатри панҷуми қисми дуюм калимаҳои "ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

дар қисми сеюм калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

дар қисми чорум калимаҳои "мувофиқи амрҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мувофиқи фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 12:

дар қисми якум калимаҳои "қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

дар қисми дуюм калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

2. Моддаи 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 13. Ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми роҳбарии коллегиали оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташкил ва тартиби фаъолият, ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад".

5. Дар моддаи 14:

қисми дуюм, сеюм, чорум ва панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Ба ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:

раис, котиб, аъзоёни доими ва аъзоёни Шӯрои амният.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа Раиси Шӯрои амният мебошад.

Ба ҷумлаи аъзои доимии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифаашон инҳо дохил мешаванд: Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Котиби Шӯрои амният ба ҷумлаи аъзои доимии Шӯрой амният дохил шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва дар вазифааш аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад";

дар қисми шашум калимаҳои "Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Моддаҳои 15, 16, 17, 18 ва 19 хориҷ карда шаванд.

Моддаи 20 мутаносибан моддаи 15 ҳисобида шавад.

8. Фасли панҷуми Қонун хориҷ карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 4 ноябри соли 1995 № 128