Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1998, № 11 "Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 896 "Дар бораи зиёд кардани маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни: 28.01.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 896 "Дар бораи зиёд кардани маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия"

(қарор аз 8.12.1998с. № 488)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 896 "Дар бораи зиёд кардани маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 1998:

- маоши ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1000 рубл дар як моҳ;

- андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол бо дарназардошти собиқаи умумии кор, ки бо собиқаи барои -ҳисоби пурраи нафақа зарур баробар аст, ба андозаи 1000 рубл дар як моҳ.;

- даромади ҳадди ақали андозбандинашаванда ба андозаи 2000 рубл дар як моҳ тасдиқ карда шавад.

2. Ставкаҳои амалкунандаи музди меҳнати муаллимони ҳама гуна навъ ва номгӯи мактабҳои маълумоти умумӣ аз 1 январи соли 1998 1,4 баробар ва аз 1 июли соли 1998 1,1 баробар зиёд карда шаванд.

3. Андозаи ставкаҳои амалкунандаи музди меҳнат ва маоши хизматии кормандони ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда, хизматчиёни ҳарбӣ ва ашхоси ҳайати қаторию фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои дигаре, ки аз рӯи пардохти музди мехнат ба идораҳои низомӣ (аз он ҷумла маош аз рӯи рутбаҳои ҳарбӣ (махсус)), инчунин андозаи нафақаю стипендия ба истиснои ставкаҳои музди маоши кормандони дар банди 2 ҳамин қарор зикргардида, аз 1 январи соли 1998 1,2 баробар ва аз 1 июли соли 1998 1,1 баробар зиёд карда шавад.

4. Аз 1 январи соли 1998 андозаи музди меҳнате, ки ба он коэффиценти ноҳиявӣ ва коэффицент барои шароити баландкӯҳ, биёбон ва беобӣ ҳисоб карда мешавад, ба андозаи ду маоши ҳадди ақал муқаррар карда шавад.

5. Банди 3 қарори мазкур ба кормандони дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ, дастгоҳҳои Судҳои Конституционӣ, Олӣ, олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, прокуратура, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии андоз, санитарӣ ва маҷмӯи меҳмонхонаҳои идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, дигар ташкилоту муассисаҳое, ки шартҳои пардохти музди меҳнати кормандонашон ба шартҳои пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои дар ҳамин банд номбаршуда баробар карда шудаанд, дахл надорад.

6. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 1998 ва 1 июли соли 1998 ҳисоби музди миёнаи меҳнат ҷиҳати пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, маоши аз кор рафтан, кӯмакпулиҳое, ки барои ҷубронӣ ҳисороти ба маъюб расонидашуда медиҳанд ва дар дигар ҳолатҳои марбут ба пардохти музди миёнаи меҳнат бо дарназардошти музди меҳнат мутобиқи маоши хизматӣ ва меъёрҳои тарифии тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 896 муқаррар гардида, анҷом дода мешавад.

7. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, концернҳо, ассоциацияҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон а.з 1 январи солм 1998 андозаи ҳадди ақалли меъёрҳо ва маошҳои хизматиро ба банди 1 қарори мазкур мутобиқ гардонанд.

8. Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мутобиқи Қонун "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳоро аз нав ҳисоб карда, онҳоро тибқи бандҳои 1 ва 3 қарори мазкур зиёд намояд;

якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурин Тоҷикистон дар мӯҳлати даҳрӯза оид ба такмили таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 1 январи соли 1996 ба нафақа баромадаанд, инчунин аз вазифаҳо ва корхонаҳое, ки шароити вазнин ва зараррасони меҳнат доранд, пешниҳодот таҳия намоянд.

9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва сарчашмаҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори мазкурро муайян кунад (карор аз 8.12.1998 № 488).

10. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1996 № 53 "Дар хусуси тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1996 № 417 "Дар бораи баланд бардоштани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, ёрдампулию стипендияҳо ва чораҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад (карор аз 8.12.1998 № 488).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 28 январи соли 1998 № 11

ш.Душанбе