ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи зиёд кардани маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳоли, тақвияти нақши ҳавасмандкунандаи музди меҳнат ва баланд бардоштани дараҷаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли фармон медиҳам:
1. Аз 1 январи соли 1998:
маоши ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1 000 рубл дар як моҳ;
андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, дар сурати барои ҳисоби нафақаи пурра мувофиқ будани собиқаи кор, ба андозаи 1000 рубл дар як моҳ;
даромади ҳадди ақали андозбандинашаванда ба андозаи 2 000 рубл муқаррар карда шавад.
2. Ставкаҳои амалкунандаи музди меҳнати муаллимони ҳама гуна навъ ва номгӯи мактабҳои маълумоти умуми аз 1 январи соли 1998 1,4 баробар ва аз 1 июли соли 1998 1,1 баробар зиёд карда шаванд.
3. Андозаи ставкаҳои амалкунандаи музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаои аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда, хизматчиёни ҳарби ва ашхоси ҳайати қаторию фармондиҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои дигаре, ки аз рӯи пардохти музди меҳнат ба идораҳои соҳибқудрат баробар карда шудаанд, инчунин андозаи нафақаю стипендия, ба истиснои кормандони дар банди 2 ҳамин Фармон зикргардида, аз 1 январи соли 1998 1,2 баробар ва аз 1 июли соли 1998 1,1 баробар зиёд карда шавад (зимнан тафриқа, дараҷа ва коэффициентҳои тарифии мавҷудаи онҳо нигоҳ дошта шавад).
4. Аз 1 январи соли 1998 андозаи музди меҳнате, ки ба он коэффициенти ноҳияви ва коэффициент барои шароити баландкӯҳ, биёбон ва беоби зам мегардад, ба андозаи ду маоши ҳадди ақал муқаррар карда шавад.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
андозаи нафақа ва стипендияро мутобиқи банди 3 ҳамин фармон таҷдиди назар намояд;
тартиб ва манбаъҳои маблағгузории тадбирҳоро оид ба иҷрои Фармони мазкур муайян намояд;
тартиби муайян намудани музди меҳнати миёнаро барои пардохти корношоямии муваққати, рухсатипули ва ҳолатҳои дигаре, ки ҳисоби музди меҳнати миёна зарур аст, тасдиқ намояд;
дар хусуси такмили таъминоти нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 1 январи соли 1996, инчунин аз вазифаҳою истеҳсолоти дорои шароити вазнин ва зарарноки меҳнат ба нафақа баромадаанд, пешниҳодот таҳия намояд.
6. Банди 3 Фармон ба кормандони дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ, дастгоҳҳои Судҳои конститутсионӣ, олӣ, олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, судҳои вилояти ва шаҳрию ноҳиявӣ, прокуратура, идораҳои нотариати давлатӣ, мақомоти андоз (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ), қисми тиббию санитарӣ ва маҷмӯи меҳмонхонаҳои Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилоту муассисаҳое, ки шартҳои пардохти музди меҳнати кормандонашон ба шартҳои пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои дар ҳамин банд номбаршуда баробар карда шудаанд, дахл надорад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 декабри соли 1997 № 896
ш. Душанбе
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
УКАЗ
"ОБ УВЕЛИЧЕНИИ МИНИМАЛЬНОЙ ЗАРАБОТНОЙ ПЛАТЫ, ОПЛАТЫ ТРУДА РАБОТНИКОВ БЮДЖЕТНЫХ УЧРЕЖДЕНИЙ И ОРГАНИЗАЦИЙ, ПЕНСИЙ И СТИПЕНДИЙ"
В целях улучшения материального положения населения, усиления стимулирующей роли заработной платы и повышения уровня социальной защищённости постановляю:
1. Установить с 1-го января 1998 года:
- минимальную заработную плату во всех отраслях экономики Республики Таджикистан в размере 1 000 рублов в месяц;
- минимальный размер пенсии по возрасту при общем трудовом стаже, равном требуемому для начисления полной пенсии, в размере 1 000 рублов в месяц;
- необлагаемый налогом минимум дохода в размере 2 000 руб в месяц,
2. Увеличить с 1-го января 1998 года в 1,4 раза и с 1-го июля 1998года в 1,1 раза действующие ставки заработной платы учителей общеобразовательных школ всех типов и наименований.
3. Увеличить с 1-го января 1998 года в 1,2 раза и с 1-го июля 1998 года в 1,1 раза размеры действующих ставок заработной платы и должностных окладов (сохранив при этом существующую их дифференциацию, разряды и тарифные коэффициенты) работников организаций-учреждений, находящихся на бюджетном финансировании, военнослужащих и лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и других формирований, приравненных по оплате труда к силовым ведомствам, а также размеры пенсий и стипендий, за исключением работников, указанных в пункте 2 настоящего Указа.
4. Установить с 1-го января 1998 года размер заработной платы на который начисляется районный коэффициент и коэффициент за высокогорье, пустынность и безводность, в размере двух минимальных заработных плат.
5. Правительству Республики Таджикистан:
- пересмотреть размеры пенсий и стипендий в соответствии с пунктом 2 настоящего Указа;
- определить порядок и источники финансирования мероприятий по выполнению настоящего Указа;
- утвердить порядок определения средней заработной платы для оплаты временной нетрудоспособности, оплаты отпускных и других случаев, когда требуется расчёт средней заработной платы:
- подготовить предложения о совершенствовании пенсион обеспечения граждан Республики Таджикистан, вышедших на пенсию до 1-го января 1996 года, а также с должностей и производств с тяжелыми и вредными условиями труда.
6. Пункт 3 Указа не распространяется на работников Аппарата Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, органов государственного управления, аппаратов Конституционного, Верховного и Высшего экономического судов Республики Таджикистан, областных, городских и районных Хукуматов, Джамоати шахрак и Джамоати дехот, областных, городских и районных судов, прокуратуры, государственных нотариальных контор и налоговых органов (республиканского, областных, городских и районных), медико-санитарной части и гостиничного комплекса финансово-хозяйственного управления Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, других организаций и учреждений, условия оплаты труда работников которых приравнены к условиям оплаты труда в организациях и учреждениях, перечисленных в настоящем пункте.
Президент Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ
г Душанбе,
27 декабря 1997 года,№ 896