ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ кардани меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.
1. Меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқ гардида, аз 1 апрели соли 1999 мавриди иҷро қарор гирад (замима мегардад).
2 Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридшавандаи зераксизӣ мувофиқи номгӯи 4011, 4012, 8703, нархи ин молҳоро дар бозори ҷаҳонӣ ба назар гирад.
3. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ҳар моҳ пешниҳод намудани нархҳоеро, ки ба молҳои зераксизӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ муайян шудаанд, таъмин намояд;
якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои истифодашавандаи аксизҳоро ба молҳои аз мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷумҳурӣ воридшаванда вобаста бо ҳаҷми аксизи дар ин мамлакатҳо ҳангоми содирот супурдашаванда муайян намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 1997 № 517 "Дар бораи меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз худуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридшаванда":
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 маи соли 1998 № 189 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз худуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридшаванда";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998 № 193 "Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз худуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридшаванда" аз эътибор соқит карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 31 марти соли 1999 №117
ш. Душанбе