Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъёри акцизҳо барои баъзе молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшавандава ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридшаванда"
Бо мақсади ғани гардонидани бозор бо моли мавриди ниёзи мардум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Аз 1 июни соли 1998 аз номгӯи молҳои тахти акциз қарордошта, ки дар замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 1997 № 517 "Дар бораи меъёри акцизҳо барои баъзе молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди давлатҳои аъзои иттиҳоди Давлатҳои Мустакил воридшаванда", ки ба кодҳои зайл шомиланд, хориҷ карда шаванд:
170490750 тоффи, карамелҳо ва маҳсулоти қаннодии мушобеҳ
2009 Шарбати мева (аз ҷумла шираи ангур) ва сабзавоти нотуршонидаи таркибаш беспирт, ки ба он қанд ва ё дигар маводи ширинӣ ҳамроҳ карда шудааст ё нашудааст
2201 Обҳо, аз ҷумла обҳои табиӣ ва сунъии маъданӣ, обҳои газдори беқанд ё бе дигар маводи-ширинкунанда ё хушбӯйкунанда, ях ва ё барф
2202 Обҳо, аз ҷумла обҳои маъданӣ ва газдори ба таркибашон қанд, дигар маводи ширинӣ ё хушбӯй ҳамроҳкардашуда ва дигар нӯшокиҳои беспирт, ба истиснои шарбатҳои мева ва сабзавоти дар номгӯи моли 2009 зикршуда
4303 Либоси мӯина, лавозимоти он ва дигар маснуоти пӯсту мӯина
6506 Кулоҳҳо бо астар ё беастар, бо ороиш ё бе ороиш
7013 Зарфи шишагии таомхурӣ ва ошхона, лавозими ташноб ва ашьёи идора маснуоти шишагин барои хона ё маснуоти ба ҳамин монанд (ғайр аз маҳсулоти номгӯи молии 7010 ё 7018)
Раиси
Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 маи соли 1998 № 189
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в Приложение к постановлению Правительства Республики Таджикистан "О ставках акцизов на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые на территорию Республики Таджикистан из-за пределов государств-участников Содружества Независимых Государств"
В целях насыщения рынка товарами народного потребления Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Исключить с 1 июня 1998 года из перечня подакцизных товаров, указанных в приложении к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 17 декабря 1997 года № 517 "О ставках акцизов на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые на территорию Республики Таджикистан из-за пределов государств-участников Содружества Независимых Государств" товары, относящиеся к следующим кодам:
170490750 тоффи, карамели и аналогичные сладости
2009 Соки фруктовые (включая виноградное сусло) и соки овощные, несброженные и не содержащие добавок спирта, с добавлением, или без добавления сахара, или других подслащивающих веществ
2201 Воды, включая натуральные, или искусственные минеральные, газированные без добавления сахара или других подслащивающих или ароматических веществ; лёд или снег
2202 Воды, включая натуральные и газированные, содержащие добавки сахара или подслащивающих или ароматических веществ, и прочие безалкогольные напитки, за исключением фруктовых или овощных соков товарной позиции 2009
4303 Одежда меховая и её принадлежности и прочие пушномеховые изделия
6506 Головные уборы, прочие с подкладкой или без подкладки с отделкой или без отделки
7013 Посуда столовая и кухонная, стеклянная, принадлежности туалетные и канцелярские, стеклянные изделия для домашнего или аналогичных целей (кроме товарной позиции 7010 или 7018).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 30 мая 1998 года, № 189
г. Душанбе