ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, № 1, мод. 15)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст .
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:
хориҷ карда шуд .
- муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба қаламрави он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати;
- муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳади - сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсарҳад ва сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати, бо шарти истиқомати доими дар ҳудуди давлати таркнамудаашон;
- коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешавад;
- коргари наздисарҳади - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рӯз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;
- давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
- давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад ;
- муҳоҷирати меҳнати - муҳоҷирати шахси воқеи аз як кишвар ба кишвари хориҷӣ бо мақсади мардикори ;
- муҳоҷирати дохили - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққати инчунин мавсимии шахси воқеи дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- муҳоҷири хориҷи - шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими омадаанд ;
- муҳоҷирати хориҷи - ҳиҷрати шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд ба Ҷумхурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими ;
- муҳоҷирати оилавии хориҷиён - ҳиҷрати гурӯҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими);
- муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён - муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчида омадани шаҳрвандони хориҷи ва шахси бешаҳрванд ;
- муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷи - шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд, ки мустақилона, бе иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани мӯҳлати будубош тарк накардаанд
- муҳоҷирон - шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ;
- муҳоҷирони иҷборӣ - шахсе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зӯровари ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажоди ё милли, эътиқоди дини, забони, мавқеи сиёси, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимои вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар қаламрави кишвари хориҷӣ мебошанд .
- маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон - маҳалли аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти марказии иҷроия бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавҷуданд, ки барои ҷойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷбори ва фирориён мувофиқанд , аз 12.01.2010 № 585);
- репатриатсия - ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарби, шахси зӯран кӯчонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон ;
- репатриантҳо - шахси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд ;
- эмигратсия - ҳиҷрати бебозгашт ё муваққатии шахси воқеи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ ;
- реэмигрантҳо - ба Ватан баргаштани шахси дар эмигратсия буда ;
- эмигрантҳо - шахси воқеие, ки эмигратсия мекунад ;
- муҳоҷири экологи - шахсе, ки манзили худро бар асари офатҳои экологи ноилоҷ тарк кардаанд ;
- муҳоҷирати экологӣ - ҷараёни маҷбурии кӯчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи ҳуқуқии муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ ;
- субъектҳои хоҷагидорӣ - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд .
Моддаи 2. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷират
1. Муҳоҷират бо принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиҷрат, озодии рафтуомад;
- норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз рӯи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, маълумот, вазъи ҳуқуқии иҷтимои ва молу мулк ;
- иштироки мақомоти дахлдори давлати дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;
- иштироки шахсии муҳоҷирон дар ҷобаҷокуни дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологи ва табии кӯчонида шудаанд;
- манъи бадарға ё баргардонидани маҷбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;
- ҳамкори бо кишварҳои хориҷӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Субъектҳои муҳоҷират
1. Шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони хориҷиро мегиранд .
2. Шахсоне, ки дар асоси қонуни барои истиқомати доими аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ кӯчидаанд (ғайр аз ходимони сафоратҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷи, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷи муваққатан фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, хизматчиёни ҳарбие, ки вазифаи ҳомиёни сулҳро иҷро мекунанд, инчунин шахсе, ки дар таҳсил, табобат, сафарҳои туристи ва хизмати мебошанд) вазъи ҳуқуқии муҳоҷиронро мегиранд .
3. Шахсоне, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷборан кӯчидаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони дохилиро мегиранд .
4. Шахсоне, ки ба муқобили сулҳ, башарият ҷиноят содир кардаанд, муҳоҷири хориҷи ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд .
Моддаи 5. Тартиби амали намудани муҳоҷирати дохили ва муҳоҷирати экологи
Тартиби амали намудани муҳоҷирати дохили ва муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Идораи равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) анҷом медиҳад
2. Низомномаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зайлро дорад :
1) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад;
2) ба шаҳрвандони хориҷи ва шахси бешаҳрванд барои анҷом додани фаъолияти меҳнати, иҷозати дахлдор медиҳад ;
3) равандҳои муҳочиратро дар кишвар таҳлил ва пешгӯи намуда, аз ин хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоъ медиҳад ;
4) ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули квотаҳои муҳоҷирати хориҷи пешниҳод манзур менамояд;
5) дар доираи квотаҳои тасдиқгардида кӯчонидан, қабул ва ҷобаҷокунии репатриантҳо, реэимигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ташкил мекунад;
6) бақайдгири, баҳисобгирии репатриантҳо, реэмигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро анҷом медиҳад;
7) Дархости хаттии шахсеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсиро доранд, қабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад ;
8) бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд ;
9) барои амалӣ гардонидани фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома медиҳад ва ҷиҳати ташкили фаъолият ба субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат намуда, санҷиши фаъолияти онҳоро амалӣ мекунад ;
10) муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонуниро пешгирӣ менамояд, дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои истиқомат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод таҳия мекунад
11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд .
2. Хориҷ карда шуд
Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
1. Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристодашаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
2. Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда мставонанд:
- дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнати ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
- иштироки давлати ҷои кор дар созишномаҳои байналмилали, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
- мавҷуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
- қабули тадбирҳои амалии мусби оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати ҷои кор .
Моддаи 8 (1). Тартиби фиристодан ва ҷалб намудани қувваи кори
Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашаванда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" сурат мегирад ,
Моддаи 8 (2) Тартиби рафту омади коргарони муҳоҷир
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарури раводиди намояндагии дипломати ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд.
2. Тартиби ҷалби коргарони муҳоҷир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои давлати ҷои кор ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Коргарони муҳоҷир барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раводиде, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, сафар менамоянд.
4. Раводид метавонад дар сурати пешниҳоди санадҳои тасдиққунандаи сабабҳои узрноки истифода набурдани он (бемори, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ва нигоҳ доштани ҷои кор, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Коргарони муҳоҷири ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили вобаста ба маҳалли истиқомати муваққати дар асоси пешниҳоди хаттии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд .
6. Коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи озодона тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба онро доранд.
7. Бо гузашти мӯҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнати коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ки давлати ҷои корро тарк намоянд .
Моддаи 8 (3). Шартномаи (қарордоди) меҳнати
1. Муносибатҳои меҳнатии коргари муҳоҷир бо корфармо тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад :
- мӯҳлати амали он, хусусият ва ҷои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз ҷумла барои кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид;
- андозаи мукофотпули, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
- ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати;
- ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ;
- тартиб ва шартҳои суғуртаи иҷтимоии коргари: муҳоҷир;
- тартиби ҷуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иҷтимои.
2. Корфармои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташударо дар мақомоти минтақавии муҳоҷират ба қайд гузорад.
3. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнати то сафар намудан ба давлати ҷои кор ба коргари муҳоҷир супорида мешавад .
Моддаи 8 (4). Додани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби додани иҷозат барои корро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 9. Муқаррар намудани квотаҳои муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷи
Квотаи муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қонун №31 аз 10.05.02с.)
Моддаи 9 (1). Ҳисоботи омори ва ахборот дар бораи муҳоҷират
1. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва оид ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ бе музд бо мақомоти давлатии манфиатдор санадҳои ҳисоботи ва дигар маълумотеро, ки барои иҷрои фаъолиятҳои онҳо зарур мебошанд, мубодила мекунад
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ нашри ҳисоботи омори ва маводҳои ахборотиро дар бораи вазъияти муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа ва муҳоҷират, талабот ва пешниҳоди муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа, имконияти бо кор таъминкуни, тадбирҳои интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд
Модда 9 (2). Таҳвили маблағҳои пули
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати таркнамудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд .
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирони хориҷи
Шахсе, ки муҳоҷири хориҷи эътироф шудааст ва иҷозат барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, инчунин барои ӯҳдадориҳои пешбиникардаи қонунҳо ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст .
Моддаи 11. Шахсе, ки муҳочири хориҷи намебошанд
1. Вазъи ҳуқуқии муҳоҷири хориҷи ба шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд дода намешаванд, агар онҳо :
- хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адо намоянд ;
- дар ҳайати намояндагиҳои дипломати ва ташкилотҳои байналмилалӣ бошанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм мекарда бошанд ё худ дар истеҳсолот ба коромӯзи машғул бошанд;
- тибқи шартномаҳои байналмилалӣ фаъолияти меҳнатиро анҷом медода бошанд;
- сайёҳ (турист), дар сафари хизмати, муҳоҷирони меҳнатии муваққати (аз ҷумла варзишгарон, дастаҳои варзишгарон, ҳунарпешагон), ки ба тариқи транзит мегузаранд, тоҷирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;
- намояндагони воситаҳои ахбори оммавии хориҷи, радио ва телевизион, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;
- дар иттиҳодияҳои диние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қайд гардидаанд, ба фаъолияти касби машғул бошанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кӯмаки хайрия ва башардӯстона омада бошанд;
- аъзои сарнишини киштиҳои баҳриву дарёи, нақлиёти ҳавои, роҳи оҳан ва автомобили бошанд.
2. Вазъи ҳуқуқии шахсе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, бо қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 12. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархости шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунанд, агар онҳо иҷозати дахлдори бо гувоҳномаи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашударо дошта бошанд.
2. Ариза оид ба додани иҷозат барои истиқомати доимӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони дар хориҷа истиқоматкунанда бошанд, ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад .
3. Қарорро оид ба дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар бораи ба онҳо додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти мақомоти корҳои дохилӣ қабул менамояд .
4. Мӯҳлати баррасии мавод дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз як моҳ зиёд бошад.
5. Қарор дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмият даровардан ва ба онҳо додани гувоҳномаи истиқомат асос шуда метавонад.
6. Қарор дар бораи рад намудани истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се рӯз аз рӯзи қабули қарор ба аризадиҳандагон ба таври хатти хабар дода мешавад .
Моддаи 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки барои муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
1. Ҳангоми бақайдгирии дархост дар бораи муҳоҷирони хориҷи ва муҳоҷир эътироф кардани шахсе, ки дархост додаанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, онҳо ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирони хориҷи, муҳоҷирон, аз ҷумла ба ҷои мустақилона интихобнамудаашон, ки ҳатман бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа шудааст, роҳхат мегиранд
2. То ҳаллу фасли масъалаи ҳамчун муҳоҷири хориҷи ё муҳоҷир эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти барраси қарор доштани дархост дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои барои шаҳрвандони хориҷи ва шахси бешаҳрванд пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва дорои масъулият мебошад .
3. Дар мавриди эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир ба вай дар давоми си рӯз аз рӯзи қабули қарор огоҳномаи хатти дода мешавад.
4. Агар шахси мазкур берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба вай огоҳномаи хатти бо нишондоди сабабҳои эътироф нашудан ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир ва тартиби шикоят аз болои қарори қабулшуда фиристода мешавад.
5. Қарор дар бобати эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир аз тарафи ин шахс дар мақоми ваколатдори давлатӣ болои ё бо тартиби суди дар мӯҳлати як моҳ пас аз гирифтани огоҳнома метавонад мавриди барраси қарор гирад
6. Қарор оиди эътироф нагаштани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир ба мақомоти корҳои дохилӣ барои ташкили баромада рафтани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад .
Моддаи 14. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки барои репатриант, муҳоҷирони иҷбори ва реэмигрант эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
1. То ҳал шудани масъалаи ҳамчун репатриант, муҳоҷири иҷбори ва реэмигрант эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти барраси қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад аз тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷи ва шахси бешаҳрванд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст истифода мебарад
2. Шартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон истиқомат кардани шахсе, ки дар бораи репатриант, реэмигрант, муҳоҷирони иҷбори эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд, тартиби пардохти хароҷоти хизмати коммунали, ёрии тиббии расонидашаванда, фароҳам овардани дигар имтиёз ва ҷубронпулиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
3. Шахси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки репатриант, муҳоҷири иҷбори ва реэмигрант эътироф шуданашро дархост кардааст, вазифадор аст:
- баъди гирифтани роҳхат ба маҳалли муваққатии сукунати муҳоҷирон дар давоми як моҳ ба он ҷо ҳозир шавад ва агар ҷои сукунатро мустақилона интихоб карда бошад, барои ин розигии мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст
- тартиби муқарраргардидаи сукунатро дар маҳалли зисти муваққатии муҳоҷирон риоя намояд;
- бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муоинаи тиббӣ гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, ҳамчунин дастурҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро ба ҷо оварад ;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар диҳад
Моддаи 15. Тартиби репатриант, муҳоҷирони иҷбори, реэмигрант эътироф кардани шахс
1. Қарори репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф намудани шахс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми си рӯзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф намудани шахс қабул карда мешавад
2. Ба шахсе, ки репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф шудааст шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад.
3. Дар сурати репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф нашудани шахс ӯ дар мӯҳлати си рӯзи баъди қабули қарор ба таври хатти огоҳ карда мешавад. Агар шахси зикршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар он ҳолат ба ӯ бо зикри сабаби рад ва тартиби шикоят кардани қарори қабулгардида ба таври хатти огоҳнома ирсол карда мешавад.
4. Оид ба қарори репатриант, муҳоҷири иҷбори ва реэмигрант эътироф нашудани шахс метавонад дар тули як моҳи баъди гирифтани огоҳномаи хатти ба мақомоти ваколатдори болои тибқи тартиби суди шикоят арз намояд .
5. Қарори дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф нашудани шахс, ки эътибори қонуни пайдо кардааст, ҳамчунин ба мақомоти дахлдори корҳои дохили ҷиҳати ташкили аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани шахсе, ки ҷавоби рад гирифтааст, фиристода мешавад
Моддаи 16. Мухочирати оилавии хоричиён
1. Шахсе, ки оилаи муҳоҷири хориҷиро ташкил медиҳанд - шавҳар (зан), падару модари онҳо ва фарзандони таҳти таъминоти шавҳар (зан) қарордошта, аз ҷумла писархондҳо (духтархондҳо), инчунин бародарону хоҳарони ноболиғи бе падару модар ё худ бе васи ва дигар хешу табори корношоями таҳти таъминоти шавҳар (зан) буда, ки барои таъмини онҳо дар маҳалли пештараи истиқомат ӯҳдадор буданд, мебошанд .
2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиҷрат намудани кӯдакони то синни ҳаждахсола бо розигии падару модар ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони) онҳо ҳал карда мешавад. Дар айни замон барои кӯдакони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола розиномаи ба тариқи нотариали тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда мешавад .
Моддаи 17. Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён
Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муташаккилона кӯчонидани шахсе, ки хоҳиши ба тариқи коллективона ба ватани аҷдодиашон баргаштанро изҳор кррдаанд, сурат мегирад .
Моддаи 18. Тартиби ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад .
Моддаи 19. Асосҳои ба шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванд рад кардани ҳиҷрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳиҷрати шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) агар ӯ зидди сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир карда бошад;
2) агар ӯ хусумати байнидавлати, байналмилли ва диниро барангезад;
3) агар ӯ дидаву дониста муқобили соҳибихтиёри ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад;
4) агар ӯ барои амали террористӣ ва экстремистӣ маҳкум ё худ барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини қаблан содиркардааш доғи суди дошта бошад ;
5) агар ӯ ҳангоми пешниҳоди дархост дар хусуси ҳиҷрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
6) агар ӯ қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда бошад;
7) агар дар вақти будубоши қабли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ӯ ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида бошад ;
8) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад.
9) агар амалҳои ӯ ба саломатии аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намоянд ;
10) агар амалҳои ӯ ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавф дошта бошанд ;
11) агар ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстремистӣ, хариду фурӯши одамон, силоҳу аслиҳа ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки ба мудофиаи давлат, амният ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар мерасонанд, иртибот дошта бошад
Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро гирифтаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ иҷозат барои истиқомат ва ба шахсони бешаҳрванд бошад, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дода мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад
Моддаи 21. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд
1. Додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси зерин рад шуданаш мумкин аст :
1) ба муҳоҷири ғайриқонунии хориҷи;
2) ба шахсе, ки аз ҳабс озод шуданду маҳалли истиқомати доимии онҳо то содир кардани ҷиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ;
3) ба шахсе, ки зидди инсоният ҷиноят содир кардаанд;
4) ба шахси мубталои беморие, ки он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад
5) шахсе, ки қонунгузориро дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, дар асоси қарори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомотҳои корҳои дохили ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст
2. Оид ба радди додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мақомоти ваколатдори болои ё суд шикоят арз кардан мумкин аст .
Моддаи 22. Шахсе, ки репатриант мебошад
1. Вазъи ҳуқуқии репатриант ба гурӯҳи шахси миллати таҳҷои, ки қурбони ҷазоҳои оммавии сиёси мебошанд, ҳамчунин ба хешу авлоди онҳо дода мешавад , .
2. Шахси зайл хешу авлоди репатриантҳо дониста мешаванд :
- фарзандон (аз ҷумла писархондҳо), шавҳари (зани) репатриант;
- бародарон ва хоҳарони репатриант;
- набера ва аберагони репатриант;
- оилаҳое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиғи репатриант бунёд кардаанд. Қарори репатриант эътироф намудани шахсро мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми си рӯзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс қабул мекунад
Моддаи 23. Имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳое, ки ба репатриантҳо дода мешаванд
1. Давлат барои репатриатсияи шахси воқеи ба ватани аҷдоди, ҷобаҷокуни, мутобиқшавии онҳо шароити имтиёзнок муҳайё мекунад ва таъминоти зайлро анҷом медиҳад :
1) худашон ва молу мулки онҳоро бепул ба маҳалли истиқомати маваққатии муҳоҷирон ё маҳалли истиқомати доими мерасонад ;
2) ҳифзи давлатии интиқоли маблағи пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи мерос гирифтани онро таъмин менамояд;
3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати ғайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз мӯҳлати истиқомат вобаста ба бекори ба гирифтани кӯмакпули кӯмак мерасонад;
4) пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
5) пардохти кӯмакпулиҳои яквақта, ҷудо намудани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагиҳоро тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад;
6) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар имтиёзҳоро фароҳам меорад.
Моддаи 24. Тартиби ба расмият даровардан ва маблағгузории ҳиҷрати эмигрантҳо
1. Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати эмигрантҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Маблағгузории хароҷоти ҳиҷрати шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доими ба кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағи худи эмигрантҳо сурат мегирад ва инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо низ анҷом додан мумкин аст агар он хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истиқомати доими ба дигар давлатҳо баромада мераванд, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби хеш молу мулки худ ва амволи аъзоёни оилаашонро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд .
4. Аз ҷониби шаҳрвандон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ашъёҳое, ки аҳамияти фарҳанги ва таърихи барои давлат доранд, баровардани онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байнидавлати танзим мегардад .
Моддаи 25. Асосҳои рад кардани ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҳиҷратро рад кардан мумкин аст, агар ӯ:
1) аз маълумоти дорои сирри давлати ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
2) дар содир кардани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда ҷалб шуда бошад - то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд;
3) барои содир намудани чиноят махкум шуда бошад - то адои мухлати чазо;
4) дар хизмати ҳарбии ҳатми бошад - то анҷоми мӯҳлати адои ин хизмат;
5) ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода бошад - то аз ҷониби мақоме, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
6) аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи ӯ гузоштааст саркаши кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;
7) нисбат ба ӯ ба суд даъвои шаҳрванди пешниҳод шуда бошад - то анҷоми истеҳсолоти парванда.
Моддаи 26. Масъулият барои ғайриқонуни даромадан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайри қонуни баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъулият барои ғайриқонуни дохил шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрванди ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ғайриқонуни аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов
ш. Душанбе
11 декабри соли 1999 № 881
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
(Қонун аз 10.05.02 № 31, аз 28.12.05 № 145)
Ҳамин қонун муносибатҳоро дар соҳаи муҳоҷирати аҳоли танзим карда, асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии равандҳои муҳоҷират, инчунин муҳайё сохтани шароити зарурии ҳаётро дар маҳалли нав барои ашхос ва оилаҳое, ки ба Ватани аҷдодии худ бармегарданд, муайян менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси, ки дар ҳамин қонун истифода мегарданд
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:
хориҷ карда шуд (Қонун аз 10.05.02с. № 31).
муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба қаламрави он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати;
муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳади - сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсарҳад ва сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати, бо шарти истиқомати доими дар ҳудуди давлати таркнамудаашон;
коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешав ад;
коргари наздисарҳади - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рӯз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;
давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад (Қонун аз 10.05.02с. № 31);
муҳоҷирати меҳнати - муҳоҷирати ашхоси воқеи аз як кишвар ба кишвари дигар бо мақсади мардикори;
муҳоҷирати дохили - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққати инчунин мавсимии ашхоси воқеи дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муҳоҷири хориҷи - шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрванди, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими омадаанд;
муҳоҷирати хориҷи - ҳиҷрати шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрванди ба Ҷумхурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими;
муҳоҷирати оилавии хориҷиён - ҳиҷрати гурӯҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими;
муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён - муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчида омадани шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди;
муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷи - шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрванди, ки мустақилона, бе иҷозати дахлдори мақоми ваколатдор ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани мӯҳлати будубош тарк накардаанд;
муҳоҷирон - ашхосе, ки ихтиёран кишвари итиқомати доимии худро тарк карда, барои истиқомати доими ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд:
1. бо мақсади якҷоя шудан бо оилае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад;
2. бо мақсади баргаштан ба маҳалли пештараи истиқомат;
3. бо мақсади баргаштан ба ватани аҷдоди (репатриантҳо);
4. бо сабаби бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муҳоҷирони иҷбори - ашхосе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зӯровари ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажоди ё милли, эътиқоди дини, забони, ақидаҳои сиёси, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимои вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар қаламрави кишвари дигар мебошанд.
маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон - маҳалли аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми марказии иҷроия бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии иҷроия ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавҷуданд, ки барои ҷойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷбори ва фирориён мувофиқанд;
репатриатсия - ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарби, ашхоси зӯран кӯчонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон;
репатриантҳо - ашхоси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд;
эмигратсия - ҳиҷрати бебозгашт ё муваққатии ашхоси воқеи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дигар;
реэмигрантҳо - ба Ватан баргаштани ашхоси дар эмигратсия буда;
эмигрантҳо - ашхоси воқеие, ки эмигратсия мекунад;
муҳоҷирати экологи - ашхосе, ки манзили худро бар асари офатҳои экологи ноилоҷ тарк кардаанд;
Моддаи 2. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷират
Муҳоҷират бо принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиҷрат, озодии рафтуомад;
- норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз рӯи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, маълумот, вазъи иҷтимои ва молу мулк;
- иштироки мақомоти дахлдори давлати дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;
- иштироки шахсии муҳоҷирон дар ҷобаҷокуни дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологи ва табии кӯчонида шудаанд;
- манъи бадарға ё баргардонидани маҷбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;
- ҳамкори бо дигар кишварҳо.
Моддаи 3. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда иборат аст.
Моддаи 4. Субъектҳои муҳоҷират
Ашхосе, ки дар асоси қонуни барои истиқомати доими ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо кӯчидаанд, статуси муҳоҷирони хориҷиро мегиранд.
Ашхосе, ки дар асоси қонуни барои истиқомати доими ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо кӯчидаанд (ғайр аз ходимони сафоратҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷи, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷи муваққатан фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, хизматчиёни ҳарбие, ки вазифаи ҳомиёни сулҳро иҷро мекунанд, инчунин ашхосе, ки дар таҳсил, табобат, сафарҳои туристи ва хизмати мебошанд) статуси муҳоҷиронро мегиранд.
Ашхосе, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ иҷборан кӯчидаанд, статуси муҳоҷирони дохилиро мегиранд.
Ашхосе, ки ба муқобили сулҳ, башарият ҷиноят содир кардаанд, муҳоҷири хориҷи ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд.
Моддаи 5. Тартиби амали намудани муҳоҷирати дохили ва муҳоҷирати экологи
Тартиби амали намудани муҳоҷирати дохили ва муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 6. Мақоми ваколатдор оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идораи равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда (минбаъд - мақоми ваколатдор) анҷом медиҳад.
Низомномаи мақоми ваколатдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ваколатҳои зайлро дорад:
1) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад;
2) ба шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди барои анҷом додани фаъолияти меҳнати, иҷозати дахлдор медиҳад;
3) равандҳои муҳочиратро дар кишвар таҳлил ва пешгӯи намуда, аз ин хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махаллии ҳокимияти иҷроия иттилоъ медиҳад;
4) ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули квотаҳои муҳоҷирати хориҷи пешниҳод манзур менамояд;
5) дар доираи квотаҳои тасдиқгардида кӯчонидан, қабул ва ҷобаҷокунии репатриантҳо, реэимигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ташкил мекунад;
6) бақайдгири, баҳисобгирии репатриантҳо, реэмигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро анҷом медиҳад;
7) Дархости хаттии ашхосеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсиро доранд, қабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад;
Мақоми ваколатдор дигар ваколатҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, анҷом медиҳад.
Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристодашаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда мставонанд:
дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнати ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
иштироки давлати ҷои кор дар созишномаҳои байналмилали, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
мавҷуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
қабули тадбирҳои амалии мусби оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати ҷои кор (Қонун аз 10.05.02с. № 31).
Моддаи 8 (1). Тартиби фиристодан ва ҷалб намудани қувваи кори
Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" сурат мегирад (Қонун аз 10.05.02с. № 31, Қонун аз 28.12.05с. № 145).
Моддаи 8.2 Тартиби рафту омади коргарони муҳоҷир
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарури раводиди намояндагии дипломати ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд.
Тартиби ҷалби коргарони муҳоҷир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои давлати ҷои кор ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Коргарони муҳоҷир барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раводиде, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, сафар менамоянд.
Раводид метавонад дар сурати пешниҳоди санадҳои тасдиққунандаи сабабҳои узрноки истифода набурдани он (бемори, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ва нигоҳ доштани ҷои кор, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Коргарони муҳоҷири ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили вобаста ба маҳалли истиқомати муваққати дар асоси пешниҳоди хаттии мақомоти ваколатдор ба қайд гирифта шаванд.
Коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи озодона тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба онро доранд.
Бо гузашти мӯҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнати коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ки давлати ҷои корро тарк намоянд (Қонун аз 10.05.02с. № 31).
Моддаи 8 (3). Шартномаи (қарордоди) меҳнати
Муносибатҳои меҳнатии коргари муҳоҷир бо корфармо тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнати ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
мӯҳлати амали он, хусусият ва ҷои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз ҷумла барои кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид;
андозаи мукофотпули, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати;
ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ;
тартиб ва шартҳои суғуртаи иҷтимоии коргари: муҳоҷир;
тартиби ҷуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иҷтимои.
Корфармои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташударо дар мақомоти минтақавии муҳоҷират ба қайд гузорад.
Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнати то сафар намудан ба давлати ҷои кор ба коргари муҳоҷир супорида мешавад (Қонун аз
10.05.02с. № 31).
Моддаи 9. Муқаррар намудани квотаҳои муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷи
Квотаи муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қонун №31 аз 10.05.02с.)
Моддаи 9 (1). Ҳисоботи омори ва ахборот дар бораи муҳоҷират
Барои баҳодиҳии воқеи ба вазъияти муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа ва вазъияти соҳаи муҳоҷират ҳисоботи давлатии омори муқаррар карда мешавад.
Мақоми ваколатдор бе музд бо мақомоти давлатии манфиатдор санадҳои ҳисоботи ва дигар маълумотеро, ки барои иҷрои фаъолиятҳои онҳо зарур мебошанд, мубодила мекунад.
Мақоми ваколатдор нашри ҳисоботи омори ва маводҳои ахборотиро дар бораи вазъияти муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа ва муҳоҷират, талабот ва пешниҳоди муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа, имконияти бо кор таъминкуни, тадбирҳои интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд (Қонун аз 10.05.02с. № 31).
Модда 9 (2). Таҳвили маблағҳои пули
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати таркнамудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд (Қонун аз 10.05.02с. № 31).
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирони хориҷи
Шахсе, ки муҳоҷири хориҷи эътироф шудааст ва барои истиқомат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, инчунин барои ӯҳдадориҳои пешбиникардаи қонунҳо ё шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст.
Моддаи 11. Ашхосе, ки муҳочири хориҷи намебошанд
Статуси муҳоҷири хориҷи ба шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрванди, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд дода намешаванд, агар онҳо:
- хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адо намоянд;
- дар ҳайати намояндагиҳои дипломати ва ташкилотҳои байналхалқи бошанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм мекарда бошанд ё худ дар истеҳсолот ба коромӯзи машғул бошанд;
- тибқи шартномаҳои байналхалқи фаъолияти меҳнатиро анҷом медода бошанд;
- сайёҳ (турист), дар сафари хизмати, муҳоҷирони меҳнатии муваққати (аз ҷумла варзишгарон, дастаҳои варзишгарон, ҳунарпешагон), ки ба тариқи транзит мегузаранд, тоҷирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;
- намояндагони воситаҳои ахбори оммавии хориҷи, радио ва телевизион, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;
- дар иттиҳодияҳои диние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қайд гардидаанд, ба фаъолияти касби машғул бошанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кӯмаки хайрия ва башардӯстона омада бошанд;
- аъзои сарнишини киштиҳои баҳриву дарёи, нақлиёти ҳавои, роҳи оҳан ва автомобили бошанд.
Статуси ҳуқуқии ашхосе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, бо қонунҳо ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархости шахс дар бораи муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир эьтироф кардани ӯ
Дархост дар бораи муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир эътироф кардани шахс аз ҷониби худи ӯ шахсан ё тавассути намояндаи ба ин кор ваколатдоршуда ба намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё ба мақоми ваколатдор дода мешавад.
Мақоми ваколатдор дархостро дар бораи муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир эътироф кардани шахс барраси менамояд ва аз рӯи он мутобиқи квотаи муқарраргардидаи муҳоҷирати хориҷи ва муҳоҷир дар мӯҳлати ду моҳи аз рӯи ба қайд гирифта шудани дархост қарор қабул мекунад.
Мақомоти корҳои дохили дар сурати муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир эътироф шудани шахс дар мӯҳлати 15 рӯзи аз лаҳзаи муроҷиат ба онҳо ба ӯ ҳуҷҷати намунаи муқарраргардида - рухсатномаи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳанд.
Ҳуҷҷатҳое, ки иҷозати истиқомати муҳоҷири хориҷиро ва муҳоҷирро тасдиқ мекунад, барои таъмин бо кор ва дар мақомоти корҳои дохили ба қайд гирифта шудани муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир асос буда, дар ҳолатҳои тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи пешбинишуда барои гирифтани кӯмакпули имконият медиҳад.
Мақоми ваколатдор ва сохторҳои дахлдори минтақавии он вазифадоранд шахсеро, ки статуси муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир гирифтааст, бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш, ки аз ҳамин Қонун бармеоянд, шинос карда, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд.
Моддаи 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ашхосе, ки барои муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
Ҳангоми бақайдгирии дархост дар бораи муҳоҷирони хориҷи ва муҳоҷир эътироф кардани ашхосе, ки дархост додаанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, онҳо ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирони хориҷи, муҳоҷирон, аз ҷумла ба ҷои мустақилона интихобнамудаашон, ки ҳатман бо хадамоти дахлдори мақоми ваколатдор мувофиқа шудааст, роҳхат мегиранд.
То ҳаллу фасли масъалаи ҳамчун муҳоҷири хориҷи ё муҳоҷир эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти барраси қарор доштани дархост дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои барои шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва дорои масъулият мебошад.
Дар мавриди эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир ба вай дар давоми си рӯз аз рӯзи қабули қарор огоҳномаи хатти дода мешавад.
Агар шахси мазкур берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба вай огоҳномаи хатти бо нишондоди сабабҳои эътироф нашудан ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир ва тартиби шикоят аз болои қарори қабулшуда фиристода мешавад.
Қарор дар бобати эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир аз тарафи ин шахс дар мақоми ваколатдори болои ё бо тартиби суди дар мӯҳлати як моҳ пас аз гирифтани огоҳнома метавонад мавриди барраси қарор гирад.
Қарор оиди эътироф нагаштани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷи ва муҳоҷир инчунин ба мақоми дахлдори умури дохили барои ташкили баромада рафтани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
Моддаи 14. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ашхосе, ки барои репатриант, муҳоҷирони иҷбори ва реэмигрант эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
То ҳал шудани масъалаи ҳамчун репатриант, муҳоҷири иҷбори ва реэмигрант эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти барраси қарор доштани дархост дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад аз тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст истифода мебарад.
Шартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон истиқомат кардани ашхосе, ки дар бораи репатриант, реэмигрант, муҳоҷирони иҷбори эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд, тартиби пардохти хароҷоти хизмати коммунали, ёрии тиббии расонидашаванда, фароҳам овардани дигар имтиёз ва ҷубронпулиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Шахси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки репатриант, муҳоҷири иҷбори ва реэмигрант эътироф шуданашро дархост кардааст, вазифадор аст:
- баъди гирифтани роҳхат ба маҳалли муваққатии сукунати муҳоҷирон дар давоми як моҳ ба он ҷо ҳозир шавад ва агар ҷои сукунатро мустақилона интихоб карда бошад, барои ин розигии умури дахлдори мақоми ваколатдор оид ба идораи раванди муҳоҷират зарур аст;
- тартиби муқарраргардидаи сукунатро дар маҳалли зисти муваққатии муҳоҷирон риоя намояд;
- бо талаби мақомоти нигаҳдории тандурусти муоинаи тибби гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, ҳамчунин дастурҳои мақомоти нигаҳдории тандурустиро ба ҷо оварад;
- ба умури дахлдори мақоми ваколатдор оид ба идораи раванди муҳоҷират маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар диҳад.
Моддаи 15. Тартиби репатриант, муҳоҷирони иҷбори, реэмигрант эътироф кардани ашхос
Қарори репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф намудани шахс аз ҷониби хадамоти дахлдори минтақавии мақоми ваколатдор дар давоми си рӯзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф намудани шахс қабул карда мешавад.
Ба шахсе, ки репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф шудааст шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад.
Дар сурати репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф нашудани шахс ӯ дар мӯҳлати си рӯзи баъди қабули қарор ба таври хатти огоҳ карда мешавад. Агар шахси зикршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар он ҳолат ба ӯ бо зикри сабаби рад ва тартиби шикоят кардани қарори қабулгардида ба таври хатти огоҳнома ирсол карда мешавад.
Оид ба қарори репатриант, муҳоҷири иҷбори ва реэмигрант эътироф нашудани шахс метавонад дар тули як моҳи баъди гирифтани огоҳномаи хатти ба мақоми ваколатдори болои тибқи тартиби суди шикоят арз намояд.
Қарори дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷбори, реэмигрант эътироф нашудани шахс, ки эътибори қонуни пайдо кардааст, ҳамчунин ба мақоми дахлдори корҳои дохили ҷиҳати ташкили аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани шахсе, ки ҷавоби рад гирифтааст, фиристода мешавад.
Моддаи 16. Мухочирати оилавии хоричиён
Ашхосе, ки оилаи муҳоҷири хориҷиро ташкил медиҳанд - шавҳар (зан), волидайни онҳо ва фарзандони таҳти таъминоти шавҳар (зан) қарордошта, аз ҷумла писархондҳо (духтархондҳо), инчунин бародарону хоҳарони ноболиғи бе падару модар ё худ бе васи ва дигар хешу табори корношоями таҳти таъминоти шавҳар (зан) буда, ки барои таъмини онҳо дар маҳалли пештараи истиқомат ӯҳдадор буданд, мебошанд.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиҷрат намудани кӯдакони то синни ҳаждахсола бо розигии волидайн ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони) онҳо ҳал карда мешавад. Дар айни замон барои кӯдакони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола розиномаи ба тариқи нотариали тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 17. Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён
Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муташаккилона кӯчонидани ашхосе, ки хоҳиши ба тариқи коллективона ба ватани аҷдодиашон баргаштанро изҳор кррдаанд, сурат мегирад.
Моддаи 18. Тартиби ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
Моддаи 19. Асосҳои ба шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванди рад кардани ҳиҷрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳиҷрати шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) агар ӯ зидди сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир карда бошад;
2) агар ӯ хусумати байнидавлати, байналмилли ва диниро барангезад;
3) агар ӯ дидаву дониста муқобили соҳибихтиёри ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад;
4) агар ӯ барои амали террористи маҳкум ё худ барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини қаблан содиркардааш доғи суди дошта бошад;
5) агар ӯ ҳангоми пешниҳоди дархост дар хусуси ҳиҷрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
6) агар ӯ қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда бошад;
7) агар дар вақти будубоши қабли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ӯ ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида бошад;
8) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад.
Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳо барои ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрвандие, ки барои истиқомати доими дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати мақоми ваколатдорро гирифтаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохили барои истиқомати шаҳрванди хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат ва ба ашхоси бешаҳрванди бошад шаҳодатномаи шахси бешаҳрванди дода мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 21. Асосҳо барои надодани иҷозат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванди ҷиҳати истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Додани иҷозат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванди барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси зерин рад шуданаш мумкин аст:
1) ба муҳоҷири ғайриқонунии хориҷи;
2) ба ашхосе, ки аз ҳабс озод шуданду маҳалли истиқомати доимии онҳо то содир кардани ҷиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд;
3) ба шахсе, ки зидди инсоният ҷиноят содир кардаанд;
4) ба ашхоси мубталои беморие, ки он метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад;
5) ашхосе, ки қонунгузориро дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, дар асоси қарори дахлдори мақомоти ваколатдор, мақомотҳои корҳои дохили ва вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Оид ба радди додани иҷозат ба шаҳрванди хориҷи ва шаҳодатнома ба шахси бешаҳрванди барои истиқомат ба мақоми ваколатдори болои ё суд шикоят арз кардан мумкин аст.
Моддаи 22. Ашхосе, ки репатриант мебошад
Статуси репатриант ба гурӯҳи ашхоси миллати таҳҷои, ки қурбони ҷазоҳои оммавии сиёси мебошанд, ҳамчунин ба хешу авлоди онҳо дода мешавад.
Ашхоси зайл хешу авлоди репатриантҳо дониста мешаванд:
- фарзандон (аз ҷумла писархондҳо), шавҳари (зани) репатриант;
- бародарон ва хоҳарони репатриант;
- набера ва аберагони репатриант;
- оилаҳое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиғи репатриант бунёд кардаанд. Қарори репатриант эътироф намудани шахсро мақоми ваколатдор дар давоми си рӯзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс қабул мекунад.
Моддаи 23. Имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳое, ки ба репатриантҳо дода мешаванд
Давлат барои репатриатсияи ашхоси воқеи ба ватани аҷдоди, ҷобаҷокуни, мутобиқшавии онҳо шароити имтиёзнок муҳайё мекунад ва таъминоти зайлро анҷом медиҳад:
1) худашон ва амволи онҳоро бепул ба маҳалли истиқомати маваққатии муҳоҷирон ё маҳалли истиқомати доими мерасонад;
2) ҳифзи давлатии интиқоли маблағи пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи мерос гирифтани онро таъмин менамояд;
3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати ғайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз мӯҳлати истиқомат вобаста ба бекори ба гирифтани кӯмакпули кӯмак мерасонад;
4) пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
5) пардохти кӯмакпулиҳои яквақта, ҷудо намудани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагиҳоро тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад;
6) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар имтиёзҳоро фароҳам меорад.
Моддаи 24. Тартиби ба расмият даровардан ва маблағгузории ҳиҷрати эмигрантҳо
Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати эмигрантҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Маблағгузории хароҷоти ҳиҷрати шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доими ба дигар кишварҳо аз ҳисоби маблағи худи эмигрантҳо сурат мегирад ва инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо низ анҷом додан мумкин аст агар он хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истиқомати доими ба дигар давлатҳо баромада мераванд, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби хеш амволи худ ва амволи аъзоёни оилаашонро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд.
Аз ҷониби шаҳрвандон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ашъёҳое, ки аҳамияти фарҳанги ва таърихи барои давлат доранд, баровардани онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байнидавлати танзим мегардад.
Моддаи 25. Асосҳои рад кардани ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҳиҷратро рад кардан мумкин аст, агар ӯ:
1) аз маълумоти дорои сирри давлати ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
2) дар содир кардани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда ҷалб шуда бошад - то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд;
3) барои содир намудани чиноят махкум шуда бошад - то адои мухлати чазо;
4) дар хизмати ҳарбии ҳатми бошад - то анҷоми мӯҳлати адои ин хизмат;
5) ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода бошад - то аз ҷониби мақоме, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
6) аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи ӯ гузоштааст саркаши кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;
7) нисбат ба ӯ ба суд даъвои шаҳрванди пешниҳод шуда бошад - то анҷоми истеҳсолоти парванда.
Моддаи 26. Масъулият барои ғайриқонуни даромадан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайри қонуни баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъулият барои ғайриқонуни дохил шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрванди ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ғайриқонуни аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Масъулият барои риоя накардани Қонуни мазкур
Барои риоя накардани Қонуни мазкур ашхоси гунаҳкор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 11 декабри соли 1999 № 881