ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муҳоҷират" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1004) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "мақоми" ба калимаи "мақомоти" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати бисту дуюм калимаи "муҳоҷирати" ба калимаи "муҳоҷири" иваз карда шавад;
- сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- муҳоҷирати экологӣ - ҷараёни маҷбурии кӯчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ;
- субъектҳои хоҷагидорӣ - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд.".
3. Дар моддаи 4:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони хориҷиро мегиранд.";
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ" хориҷ карда шуда, дар тамоми матни Қонун калимаҳои "статуси" ва "вазъи" ба калимаҳои "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум калимаи "Шахсе" ба калимаи "Шахсоне" иваз карда шавад.
4. Ба қисми якуми моддаи 7 бандҳои 8), 9) ва 10) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
...