×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 908 "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 22.07.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1326 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 31, аз 28.12.2005 № 142, 22.07.2013 № 1013)

Шартномаҳои байналмилали асоси ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳанд, барои ҳимояи сулҳ ва амният, инкишофи ҳамкории байналмилали, мутобиқи мақсад ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мусоидат менамоянд. Шартномаҳои байналмилали дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, дар таъмини манфиатҳои қонунии давлат нақши муҳим бози мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иҷрои бечунучарои шартномаҳои байналмилали буда, пуштибонии худро ба Принсипи иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои байналмилали эълон медорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Моддаи 1. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Қонуни мазкур тартиби бастан, қабул, тасдиқ, бақайдгири, нашр, иҷро намудан, бекор кардан ва боздоштани шартномаҳои байналмилалиро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 22.07.2013№ 1013).

Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулу меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали, нуқтаҳои худи шартномаҳо ва Қонуни мазкур баста мешаванд, иҷро мегарданд ва бекор карда мешаванд.

Амали Қонуни мазкур нисбати шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз хусусият (байнидавлати, байниҳукумати ва байниидорави) ва номашон (шартнома, созишнома, қарордод, протокол, аҳднома, мубодилаи мактубҳо ё ёддоштҳо ва ғайра) бо кишварҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилали паҳн мегардад.

Моддаи 2. Тарзҳои изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаҳои байналмилали

Ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаҳои байналмилалӣ бо роҳи имзои шартномаҳо, қабул, тасдиқ, ҳамроҳшавӣ ба онҳо, мубодилаи ҳуҷҷатҳое, ки шартномаҳоро ташкил медиҳанд ва ё бо роҳи дигаре, ки тарафҳо паймон кардаанд, изҳор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 22.07.2013№ 1013).

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013):

1) "шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - шартномае, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномаи байнидавлати), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномаи байниҳукумати) ва ё вазорат, кумитаи давлати ё мақоми дигари идоракунии давлати (шартномаи байниидорави) бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи ё созмонҳои байналмилали дар шакли хатти баста шудааст, сарфи назар аз он ки чунин шартнома дар як ҳуҷҷат ва ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳам алоқаманд зикр ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142);

2) "имзокуни" - зинаи ҷараёни бастани шартнома ё тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, агар он бо худи шартнома ё паймони тарафҳо ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба имзо додани чунин қувва пешбини шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142);

3) тасдиқ, қабул ва ҳамроҳшави - тарзҳои изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31);

а) "тасдиқ" - тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст ва тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали, ки ба ҷуз имзо тарзи дигари тасдиқи иловагии онро пешбини мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142);

б) "қабул" - тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилалие, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст,- вале мавриди амал қарор нагирифтааст (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31);

в) хориҷ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31);

4) "ваколатнома" - ҳуҷҷатест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаги кардани як ё якчанд шахсон дар гузаронидани гуфтушунидҳо, қабули матни шартнома ё муайян кардани мувофиқати матнҳои он, изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартнома, содир кардани амали дигари ба шартнома дахлдорро тасдиқ менамояд;

5) "тавзеҳот" - изҳори яктарафае, ки ҳангоми изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаи байналмилали бо мақсади истисно кардан ё тағйир додани амали ҳуқуқии муқаррароти алоҳидаи шартномаи байналмилали дар мавриди татбиқи онҳо нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон арз ёфтааст;

6) "бекор кардан" - изҳори ақидаи яктарафае, ки ба манзури истисно кардани амали ҳуқуқии шартномаи байналмилали ё нуқтаҳои алоҳидаи он дар мавриди татбиқашон нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён ёфта ва ба таври лозим расми карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013);

7) "созмони байналмилали" - созмони байнидавлати, байниҳукумати;

8) "маҳфуздоранда" - давлат, созмони байналмилали ё мақомоти асосии иҷроия ва ё шахси мансабдори он, ки ба зиммаашон иҷрои вазифаҳои бо ҳуқуқи байналмилали нисбати шартномаи байналмилали пешбинигашта вогузор шудаанд.

Моддаи 3(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013).

Моддаи 4. Мавқеи шартномаҳои байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон мутобиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии он ба шумор мераванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142, аз 22.07.2013№ 1013).

Агар қонунҳои ҷумҳури ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои шартномаҳои байналмилали амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142).

Меъёрҳои расман интишоршудаи шартномаҳои байналмилалӣ, ки татбиқи онҳо қабули қонунҳоро талаб намекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита амал менамоянд. Барои амали меъёрҳои дигари шартномаҳои байналмилалӣ ҳангоми зарурат санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013).

БОБИ 2. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Моддаи 5. Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилали аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи бастани шартномаҳои байналмилали доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил аст, бо мувофиқати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз инҳо иборат бошанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013):

лоиҳаи шартнома;

асосноккунии зарурияти имзои шартнома;

хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқати он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзёбии натиҷаи сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва дигар натиҷаҳо пас аз бастани шартнома (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013).

Моддаи 6. Қабули қарорҳо оид ба гузаронидани гуфтушунидҳо дар хусуси бастан ва имзои шартномаҳои байналмилалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Қарорҳо оид ба гузаронидани гуфтушунидҳо дар хусуси бастан ва дар бораи имзои шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд ва инчунин қарорҳо дар бораи додани ваколат ба гузаронидани гуфтушунид ва имзои онҳо мувофиқан аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31).

Қарорҳо дар бораи гузаронидани гуфтушунидҳо дар хусуси бастани шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи додани ваколати амали гардонидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Шахсони зерин вобаста аз вазифаҳояшон бе зарурати пешниҳоди ваколаташон муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142):

а) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ҳамаи амалҳое, ки бо бастани шартномаҳо вобастаанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013);

б) Сарвари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷи ё сарвари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмони байналмилали - барои гузаронидани гуфтушунид ҷиҳати қабули матни шартнома мутобиқан бо давлати маскуният ва ё дар доираи созмони байналмилалии дахлдор (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013).

БОБИ 3. ТАРТИБИ ҚАБУЛ ВА ТАСДИҚИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҲАМРОҲШАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ОНҲО

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Моддаи 7. Тасдиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31аз 28.12.05с. № 142).

Моддаи 8. Шартномаҳои байналмилалие, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Шартномаҳои зерин мавриди тасдиқ қарор мегиранд:

1. Шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи сулҳ, дусти, ҳамкори ва ёрии мутақобил, ҳамчунин шартномаҳо дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлати (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013);

2. Шартномаҳо дар бораи масъалаҳое, ки ба иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбутанд;

3. Шартномаҳо дар бораи масъалаҳои халъи силоҳ ё назорати байналмилали аз болои силоҳдори;

4. Шартномаҳо дар бораи масъалаҳои таъмини сулҳ ва амнияти байналмилали;

5. Шартномаҳо дар бораи сулҳ;

6. Шартномаҳо дар бораи амнияти дастаҷамъи;

7. Шартномаҳо дар бораи марзбандии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар;

8. Шартномаҳо дар бораи додугирифти қарзҳои давлати, ёрии иқтисоди, имтиёзҳои андозбанди ва кӯмакҳои дигар бо давлатҳои хориҷи (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142);

9. Шартномаҳо дар бораи ҳавасмандгардони ва ҳимояи сармоягузориҳо;

10. Шартномаҳое, ки мавзуъашон ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошанд;

11. Шартномаҳо дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттиҳодияҳои байнидавлати, созмонҳои байналмилали ва иттиходияҳои байналмилалии дигар, агар чунин шартномаҳо ба онҳо додани қисми ваколатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбини кунанд ва ё аз лиҳози ҳуқуқи хатми будани қарорҳои мақомоти онҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд.

12. Шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи захираҳои табии аз тарафи дигар субъектҳои ҳуқуқии байналмилали баста мешаванд:

13. Шартномаҳо дар бораи додани қарзҳо ба давлате, ки ӯҳдадории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст;

14. Шартномаҳое, ки қоидаҳои дигареро, нисбат ба онҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд муқаррар мекунанд:

15. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тарафҳо ҳангоми бастани онҳо оид ба тартиби тасдиқи минбаъдаашон (ратификатсия) қарор қабул кардаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142).

Қисми дуюм хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142).

Моддаи 9. Пешниҳоди шартномаҳои байналмилалӣ барои тасдиқ

(Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 22.07.2013№ 1013)

Шартномаҳои байналмилалӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 28.12.05с. № 142, аз 22.07.2013№ 1013).

Таклифҳо оид ба пешниҳоди шартномаҳои байналмилалӣ барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ё дар мувофиқа бо дигар мақомоти давлатӣ, ки шартнома ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дахл дорад, пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013).

Таклиф дар бораи тасдиқ шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз инҳо иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31):

- нусхаи тасдиқшудаи матни расмии шартномаи байналмилали ва тарҷумаи расмии он (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013);

- асосноккунии зарурияти тасдиқи шартнома (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31);

- хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқати шартнома ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10. Омода сохтани тасдиқнома дар бораи тасдиқи шартномаи байналмилалӣ

Дар асоси Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи шартномаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқномаро имзо мекунад, ки он бо муҳри вай ва имзои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31аз 28.12.05с. № 142, аз 22.07.2013№ 1013).

Моддаи 11. Мубодилаи тасдиқномаҳо ва супурдани онҳо ба маҳфуздорандагон

(Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31)

Мубодилаи тасдиқномаҳо ва супурдани онҳо барои нигаҳдори ба маҳфуздорандагон, агар дар ин бора паймони дигаре мавҷуд набошад, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз тарафи намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати хориҷи ва ё намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмони байналмилали сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31).

Моддаи 12. Тартиби тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ бо тариқи зайл ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013):

1) шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавандаз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013);

2) шартномаҳое, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, инчунин шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013).

Моддаи 13. Қабули шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013№ 1013)

Қабули шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ба тариқи зайл амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013):

1) шартномаҳое, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбини шудаанд, мутобиқи тартиби барои тасдиқи шартномаҳои байналмилали муқарраршуда (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 22.07.2013№ 1013);

2) шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, ба ғайр аз шартномаҳои дар моддаи 8 Қонуни мазкур зикршуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013);

3) шартномаҳои байналмилалии дигар - аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 14. Таклифҳо дар бораи тасдиқ ва қабули шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳшави ба онҳо

Таклифҳо дар бораи тасдиқ ва қабули шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳшави ба онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаи 5 Қонуни мазкур пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 15. Эътибор пайдо кардани шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки худи шартнома ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд, эътибор пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 16. Тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Ҳангоми имзокуни, тасдиқ, қабули шартномаи байналмилалӣ ё ҳамроҳшави ба он, дар қоидаҳои худи шартнома ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тавзеҳот изҳор кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31).

Изҳори тавзеҳоте, ки ба мақсаду мароми шартномаҳои байналмилали мухолиф аст, манъ мебошад.

Агар шартномаи байналмилали қоидаи дигаре пешбини накарда бошад, тавзеҳот ҳар вақт мутобиқи тартибе, ки онҳо изҳор шуда буданд, метавонанд бозпас хонда шаванд.

Қабули тавзеҳоти аз ҷониби тарафҳои дигари шартномаи байналмилали изҳоршуда ё эътироз нисбати онҳо мутобиқи шартҳои худи шартнома ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали аз ҷониби мақоме, ки дар бораи ризоият ба ҳатми будани шартномаи байналмилали барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142).

БОБИ 4. БАҚАЙДГИРӢ ВА НАШРИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Моддаи 17. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии шартномаҳои байналмилалиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Нусхаҳои шартномаҳои байналмилалӣ барои дохил кардан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 18. Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалӣ дар созмонҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалиро дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дахлдори созмонҳои байналмилалии дигар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 19. Нигоҳдории нусхаҳои аслии шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Нусхаҳои аслии (нусхаҳои тасдиқшуда, тарҷумаҳои расми) шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, барои нигоҳдори ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду ҳафтаи баъди имзокуни (гирифтани нусхаи тасдиқшуда, тарҷумаи расмӣ) супурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Нусхаҳои аслии шартномаҳои байналмилалии байниидоравӣ дар бойгонии мақомоти дахлдори давлати нигоҳ дошта шуда, нусхаҳои тасдиқшудаи он дар давоми ду ҳафта аз рӯзи ба имзо расидани онҳо (гирифтани нусхаи тасдиқшуда аз маҳфуздоранда, тарҷумаи расмӣ) ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 20. Иҷрои вазифаҳои маҳфуздоранда

Вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии чандҷониба, дар сурати ба ӯҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуданашон, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Моддаи 21. Нашри расмии шартномаҳои байналмилалӣ, ки эътибор пайдо кардаанд

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо кардаанд, ба ғайр аз шартномаҳои байниидорави, дар "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 22.07.2013 № 1013).

Шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмии мақомоти дахлдор нашр карда мешаванд.

БОБИ 5. ИҶРОИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Моддаи 22. Принсипҳои иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Шартномаҳои байналмилалӣ аз лаҳзаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо карданашон мавриди иҷро қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

То эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилалӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳое, ки хилофи мақсаду мароми шартнома мебошанд, худдори менамояд (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31).

Моддаи 23. Ташкили иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ чораҳои зарури андешида, шахси мансабдор ё идораеро, ки ба зиммаи он вазифаи назорат аз болои рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ вогузор мешавад, муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Назорати умумии иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тарафи кишвари хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.05с. № 142, аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 24. Чораҳое, ки ҳангоми вайрон кардани шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни он татбиқ карда мешаванд

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Дар сурати вайрон кардани ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ё якҷоя бо мақомоти манфиатдори давлати ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба амал овардани иқдомоти зарури мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи худи шартнома таклифҳо пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

БОБИ 6. БЕКОР КАРДАН ВА БОЗДОШТАНИ АМАЛИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Моддаи 25. Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 6.08.01с. № 31, аз 28.12.05с. № 142, аз 22.07.2013 № 1013).

Таклифҳо оид ба бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ё дар мувофиқа бо дигар мақомоти давлатӣ, пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Таклифҳо дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд инҳоро дар бар гирад:

а) нусхаи тасдиқшудаи матни расмии шартномаи байналмилали;

б) асосноккунии зарурияти бекор кардан ё боздоштани амали шартнома;

в) арзёбии натиҷаи молиявӣ, иқтисодӣ ва сабабҳои дигари бекор кардан ё боздоштани амали шартнома (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 26. Бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартҳои худи шартнома ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз тарафи мақоме, ки қарорро дар бораи ризоият ба ҳатми будани шартнома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Бекор кардани шартномаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар шартнома қоидаи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ӯҳдадориҳои иҷрои минбаъдаи шартнома озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Боздоштани амали шартномаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар шартнома қоидаи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз иҷрои ӯҳдадориҳо дар давраи боздоштани шартнома озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Моддаи 27. Хабари расмӣ дар бораи бекор кардан ва ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013)

Хабари расмӣ дар бораи бекор кардан ё боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбинишудаи моддаи 21 Қонуни мазкур нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1013).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Рахмонов

ш. Душанбе

аз 11 декабри соли 1999 № 908