Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 № 830 "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ"

Санаи амалкуни: 27.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226, аз 17.06.2026 № 2266)

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226, аз 17.06.2026 № 2266)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, инчунин тартиби гузарондан, нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии № 2266 оскопиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меҷӯянд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266);

- муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647аз 17.06.2026 № 2266);

- кофтукови шахсоне, ки бе ному нишон гум шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266);

муайян намудани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226);

- мақсадҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266).

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳаёт ва саломатии инсон дошта бошад, шаъну шарафи ӯро паст кунад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

...

Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопии зерин гузаронида мешаванд 2266:

а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;

б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.

Моддаи 3. Принсипҳои ба амал баровардани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- қонуният;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- инсондӯстӣ;

- махфият;

- ихтиёрӣ (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647).

Моддаи 5. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд буда, бе маҳдудияти синну сол бо изҳори ризоияти шахсони мазкур ё ки намояндагони қонунии онҳо гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266).

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ

Бо бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266):

- шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ садди роҳи муайян кардани шахсият мегарданд;

- шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти онҳо ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд аст, тибқи номгӯйи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

- шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат барои гирифтани рухсатнома барои нигоҳ доштани силоҳ муроҷиат мекунанд;

- шахсоне, ки дар ҳудуди минтақаҳои фавқулодаи хавфноки дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паноҳ ҷустан меоянд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

- шахсоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд;

- ҷасадҳои шахсияташон шинохтанашуда (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266).

Моддаи 7. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 8. Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 8(1). Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647)

Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647).

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1143)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1143).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 

 3 сентябри соли 1999 № 830