ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ»
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 октябри соли 2025,
№ 189қабул карда шудааст
бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025,
№ 108ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» аз 3 сентябри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 234; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 809; с. 2014, №11, мод. 652) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддима бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, инчунин тартиби гузарондан, нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопиро муайян менамояд.».
2. Сархати чоруми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муайян намудани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда.».
3. Дар қисми дуюми моддаи 2 калимаҳои «бошад, ору номус ва шаъну эътибори» ба калимаҳои «дошта бошад, шаъну шарафи» иваз карда шаванд.
4. Матни моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- қонуният;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- инсондӯстӣ;
- махфият;
- ихтиёрӣ.».
5. Аз матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 2226
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОЙ ДАКТИЛОСКОПИЧЕСКОЙ РЕГИСТРАЦИИ»
Принят постановлением МН МО РТ
от 08 октября 2025 года,
№189Одобрен постановлением ММ МО РТ
от 15 декабря 2025 года, №108 Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О государственной дактилоскопической регистрации» от 3 сентября 1999 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., №9, ст. 234; 2010 г., №12, ч.1 ст. 809; 2014 г., №11, ст. 652) следующие изменение и дополнение:
1. Дополнить преамбулой следующего содержания:
«Настоящий Закон определяет правовые, экономические и организационные основы государственной дактилоскопической регистрации, а также порядок проведения, хранения, обработки, систематизации и уничтожения материальных носителей государственной дактилоскопической регистрации.».
2. Текст статьи 3 изложить в следующей редакции:
«Государственная дактилоскопическая регистрация осуществляется на основе следующих принципов:
- уважение, соблюдение и защита прав и свобод человека и гражданина;
- законность;
- равенство всех перед законом;
- гуманизм;
- конфиденциальность;
- добровольность.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 17 декабря 2025 года, №2226