Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 № 830 "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ"

Санаи амалкуни: 27.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226, аз 17.06.2026 № 2266)

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226, аз 17.06.2026 № 2266)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, инчунин тартиби гузарондан, нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии № 2266 оскопиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меҷӯянд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266);

- муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647аз 17.06.2026 № 2266);

- кофтукови шахсоне, ки бе ному нишон гум шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266);

муайян намудани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226);

- мақсадҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2266).

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳаёт ва саломатии инсон дошта бошад, шаъну шарафи ӯро паст кунад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва ё паноҳгоҳ, меҷӯянд;

- муқаррар кардани шахсияти беморони гирифтори касалиҳои рӯҳӣ, ки қобилияти дар бораи худ маълумоти анкетӣ доданро надоранд, ҷасади номаълуми шаҳрвандон, ки дар натиҷаи фалокат, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё ин ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ҳалок гардидаанд;

- кофтукови шаҳрвандоне, ки бе ному нишон гум шудаанд.

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расмӣ нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳаёт ва саломатии инсон бошад, ору номус ва шаъну эътибори ӯро паст кунад.

Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:

а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;

б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.

Моддаи 3. Принсипҳои ба амал баровардани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ мувофиқи принсипҳои қонуният, инсондустӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, махфият, ихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 4. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647)

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошанд. 

Моддаи 5. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бе маҳдудияти синну сол бо изҳори ризоияти шаҳрвандон ё ки намояндагони қонунии онҳо гузаронида мешавад.

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ

Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ шахсоне қарор мегиранд, ки:

- ҳангоми содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, дар содир кардани ҷиноятҳои қасдона айбдор шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо садди роҳи муайян кардани шахсият мегарданд;

- ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо режими махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгӯи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

- ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқоматашон барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии яроқи оташфишон муроҷиат мекунанд;

- бо тартиби муқарраргардида ҳамчун беморони гирифтори касалиҳои рӯҳӣ эътироф шудаанд ва дар бораи худ маълумоти анкетӣ дода наметавонанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи паноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ ҷасади номаълуми шаҳрвандон, ки дар натиҷаи фалокат, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё ин ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ҳалок гардидаанд, қарор мегиранд.

Моддаи 7. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 8. Нигоҳдорm, такмилдиҳm, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони гунаҳкор мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 

 3 сентябри соли 1999 № 830