ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТУРИЗМ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд ():
- туризм - шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад ();
- туризми дохили - ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд ();
- туризми сайёр - ташкили саёҳат (тур) ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд (;
- туризми ташрифи - ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими надоранд ();
- туризми иҷтимои - саёҳате (туре), ки аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимои ҷудогардида, пардохта мешавад ();
- туризми худфаъолияти - саёҳат (тур) бо истифодаи воситаҳои фаъоли ҳамлу нақл, ки саёҳон мустақилона ташкил мекунанд ();
- туризми варзишию кӯҳгарди - намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкили хатсайрҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст ();
- кӯҳнаварди (алпинизм) - намуди ғайриоддии туризм, ки бо баромадан ба кӯллаҳои кӯҳи алоқаманд аст ();
- турист - шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад ();
- саёҳат (тур) - сафари туристи бо хатсайрҳои муайян дар мӯҳлатҳои муайян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокуни, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсиони, инчунин хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешаванд ();
- маҳсулоти туристӣ - маҷмӯи хизматрасониҳои туристӣ, ки бо назардошти вазъи бозори туристӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи турист дар асоси шартнома дастрас мебошанд ();
- фаъолияти танзими туризм - фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристи, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеи ё ҳуқуқи (минбаъд - танзимгари туризм) амалӣ карда мешавад ();
- фаъолияти агентии туризм - фаъолият оид ба пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристи, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеи ё ҳуқуқи (минбаъд - агентии туристӣ) амалӣ карда мешавад ();
- Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон - номгӯи объектҳои табии ва таърихию фарҳангӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ();
- саноати туристи - маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиршави, нақлиёт, муассисаҳои хӯроки умуми, тамошо, шиносои, хизмати, солимгардони, варзиши ва воситаҳои таъиноти дигар, ташкилотҳое, ки фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амали месозанд ();
- пешбурди маҳсулоти туристи - маҷмӯи тадбирҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти туристи (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, ташкили марказҳои иттилоотии туристи оид ба фурӯши маҳсулоти туристи, нашри феҳристҳо, буклетҳо ва ғ.) нигаронида шудаанд;
- захираҳои туристи - маҷмӯи захираҳои экологи, табиию иқлими, фарҳангию таърихи ва солимгардони ва захираҳои дигари истироҳатию фароғатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъ гардонидани маҷмӯи талаботи гуногуни туристон мувофиқ мебошанд ();
- квотаи туристӣ - маҳдудияти миқдории ташриф ба объектҳои туристию сайёҳӣ ё хатсайрҳо, ки ба таркиби захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, бо зарурати нигоҳдорӣ аз вайроншавӣ ва дигар шартҳои истифодаи он алоқаманд мебошанд ();
- субъекти фаъолияти туристи - шахсони ҳуқуқи ва воқеи, аз он ҷумла шахсони воқеи ё ҳуқуқии хориҷи, ё шахсони бе шаҳрванди, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд ();
- истироҳат - барқарорсозӣ ва инкишофи қувваи ҷисмонию маънавии инсон дар шароити табиӣ тавассути дамгирӣ, аз ҷумла туризм ();
- роҳхати туристӣ - ҳуҷҷати инфиродии тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба гирифтани хизматрасониҳои сайёҳӣ ();
- шикори байналмилалӣ - яке аз намудҳои фаъолияти туристӣ, ки бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектони фаъолияти туристии дорои иҷозатномаи дахлдор ташкил карда мешавад ();
- таъмини амнияти туристон - таъмини амнияти шахсии туристон, ҳимояи молу мулки онҳо, маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо мақсади муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва транзит ба давлатҳои сеюм, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳрвандон ;
- хизматрасонии туристӣ - амалӣ гардидани фаъолияти танзимгари туристӣ ё агенти туристӣ аз рӯи салоҳдиди худ ва ё талаботи аниқи дархосткунанда, ки барои таъмин ва барқароркунии қувваи ҷисмонии турист, нигоҳдории фаъолияти ҳаёти мӯътадил, барқароркунии робитаҳои корӣ, инчунин қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва зеҳнии ӯ равона шудааст ().
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад ().
Моддаи 4. Истифодаи захираҳои туристи
1. Захираҳои туристи, ки аҳамияти милли ва байналмилалиро доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Барои бақайдгирӣ ва истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристи тартиб дода шуда, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад ().
2. Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст ().
Моддаи 5. Мақсад, самтҳо ва роҳҳои танзими давлатии фаъолияти туристи
1. Мақсадҳои асосии танзими давлатии фаъолияти туристи инҳо мебошанд:
- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат, ҳаракати озод ва дигар ҳуқуқҳо дар мавриди саёҳат (тур) ();
- ҳифзи муҳити зист;
- муайян намудани номгӯи ҳарсолаи объектҳои табии, таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ки тамошои онҳо дар асоси квота муқаррар карда мешавад ();
- ривоҷ додани саноати туристи, ҳамчун таъминкунандаи талаботи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат (тур) ();
- ривоҷ додани робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;
- истифодаи оқилонаи дастовардҳои табии ва фарҳанги.
2. Самтҳои афзалиятноки танзими давлатии фаъолияти туристӣ дастгирӣ ва инкишофи туризми дохилӣ, воридотӣ, иҷтимоӣ ва худфаъолиятӣ мебошанд ().
3. Танзими давлатии фаъолияти туристи бо роҳҳои зайл амали гардонида мешавад ():
-таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба ташаккули муносибатҳо дар соҳаи саноати туристи равона карда шудаанд ();
-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат дар соҳаи туризм ();
-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таъмини амнияти онҳо ();
-муқаррар намудани тартиби стандартонӣ, сертификатсия ва иҷозатномадиҳи дар соҳаи туризм ();
-ҳавасмандкунии маблағгузории милли ва хориҷи барои инкишофи фаъолияти туристи;
- фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бозори хизматрасонии туристӣ, дастгирии инкишофи рақобат, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи мазкур ();
-вусъат додани ҳамкори бо мамлакатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои байналмилалии туризм, таҳия ва бастани шартномаҳои байналмилалии дутарафа ва бисёртарафа дар соҳаи туризм ва муайян кардани тартиби амали намудани онҳо ().
Моддаи 6. Намудҳои асосии фаъолияти туристи
Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи туризм инҳо мебошанд:
- ташкили қабул ва хизматрасони дар чаҳорчӯбаи маърифати, экологи, туризми варзишию куҳи, кӯҳнаварди, шикори байналмилалӣ, фиристодани туристон ба хориҷа ба мақсади истироҳат, таҳсил, муолиҷа, зиёрати дини ва тиҷорат ();
- ташкили чорабиниҳои оммавии туристи-тандурусти, шавқовар, махсус гардонидашуда ва дигар чорабиниҳо, ки бо туризм алоқаманданд ().
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар соҳаи туризм дохил мешаванд:
- муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ();
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ();
- қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд ();
- муқаррар намудани тартиби воридоту содироти хизматрасонии туристи;
- бастани созишномаҳои байниҳукумати дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбиқи онҳо ();
- тасдиқи барномаҳои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристи равона шудаанд, иштирок дар иҷрои барномаҳои байналмилалӣ ();
- муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои туристи бо мақсади туризм ва ҷуброни зарарҳои ба онҳо расонидашуда ();
- Банди 6 моддаи 7 хориҷ карда шуд ().
- фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя ба соҳаи туризм ();
- ташкили низоми давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва таъминоти илмии соҳаи туризм ();
- муайян намудани тарифҳои ягона барои баромадан ба қуллаҳои кӯҳи, пардохти наҷоти кӯҳи, боҷи экологи;
- ҳалли дигар масъалаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он вобастаанд ().
- хориҷ карда шуд ().
Моддаи 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ва ваколатҳои он
1. Сиёсати давлати ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи туризм ба амал мебарорад ().
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ():
- амали намудани барномаи давлатии туризм дар Тоҷикистон, таъмини иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм ();
- намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии туристи;
- таҳияи меъёрҳо ва муайян кардани стандартҳои давлатии хизматрасонии туристон дар ҷумҳури;
- ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методи ба субъектҳои фаъолияти туристи;
- роҳбари ба намояндагиҳои дар хориҷа будаи худ;
- бо тартиби муқарраршуда амали намудани иҷозатномадиҳи ба фаъолияти туристи ();
- муқаррар намудани квотаи туристии мутаносибан баробар дар байни субъектҳои фаъолияти туристӣ барои тамошои объектҳои туристию экскурсионӣ, ки бинобар зарурияти муҳофизати онҳо аз вайроншавӣ ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ();
- назорат аз рӯи сифати хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда ва иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳи ва сертификатсия дар соҳаи туризм ();
- амалӣ намудани интихоб, тайёр кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти туристии ғайридавлати), гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти дар соҳаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристи ();
- робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм ();
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст ().
Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи ва сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристи
Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Моддаи 10. Суғуртакуни ҳангоми иҷрои фаъолияти туристи
1. Дар ҳолате, агар қонунгузории кишвари (макони) будубоши муваққатӣ талаботи кафолати пардохти ёрии тиббиро ба ашхосе, ки дар ҳудуди он муваққатан иқомат доранд муқаррар намуда бошад, танзимгари (агенти) туристи вазифадор аст, чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристи дар мавриди бемории тасодуфи ва ҳодисаҳои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатҳо мебошад ().
2. Бо талаби турист танзимгари (агенти) туристӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба суғуртакунии дигар хатарҳои ба саёҳат (тур) вобастабуда мусоидат менамояд ().
3. Суғуртаи хатарҳо дар туризм, ки бо хавфи зиёд ба ҳаёту саломатии туристон алоқаманд буда, хароҷоти зиёдро барои наҷотдиҳӣ талаб мекунанд, аз тарафи субъекти фаъолияти туристӣ бо ризоияти туристон амалӣ мегардад ().
4. Суғуртаи дигар хатарҳо ихтиёри буда, аз ҷониби туристон ба таври мустақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти туристи амалӣ карда мешавад ().
5. Туристони маҳаллӣ ва хориҷие, ки ба намудҳои ғайриоддии (экстремалии) туризм машғул мешаванд, бояд дорои полиси суғуртавии дараҷаи байналмилалӣ бошанд ().
Моддаи 11. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти туристи
1. Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти туристӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ().
2. Субъектҳои фаъолияти туристи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, вазифадоранд:
- барои ҳуқуқи машғул будан ба фаъолияти туристи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома, инчунин сертификати мутобиқат ба маҳсулот ва хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда дошта бошанд ();
- оид ба хизматрасонӣ ба туристон бо тартиби муқарраргардида ҳисоботи ҳуҷҷатӣ пеш баранд ();
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм тибқи намунаҳои муқарраршуда маълумот ва ҳисобот, аз ҷумла дар хусуси баҳисобгирии дақиқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани туристони ба хориҷа рафтаро пешниҳод намоянд (, );
- ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани саёҳат (тур) маълумоти пурра ва дақиқ дода, ба турист барои хизматрасониҳо мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда роҳхати туристии намунаи ягона фурӯшанд ();
- амнияти туристон ва нигоҳдории молу мулки онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристи, омӯзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд ();
- масъалаҳои ба эҳёи индустрияи туристи (сохтмони меҳмонхонаҳо, базаҳои туристи, кемпингҳо, марказҳои истироҳати ва г.) вобастаро бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа кунанд ();
- субъекти фаъолияти туристи ҳангоми ташкил ва амали сохтани саёҳат (тур), дар назди муштари, чи барои амали худ ва чи барои амали шарикони хеш оид ба ташкили саёҳат (тур) (пешниҳоди хизматрасонии ҷойгиркуни, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роҳхат зикр шудаанд) ва фурӯши он ҷавобгар мебошад ().
Моддаи 12. Роҳбари гурӯҳи туристи
1. Роҳбари гурӯҳи туристи дар рафти саёҳат (тур) ва мӯҳлати сафар дар сафари туристии гурӯҳи туристи намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристи мебошад. Роҳбари гурӯҳи туристи аз ҷониби субъекти фаъолияти туристи дар асоси шаҳодатномаи тахассуси, ки бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дода мешавад, таъин мегардад ().
2. ӯҳдадориҳои роҳбари гурӯҳи туристиро субъекти фаъолияти туристи муайян мекунад ().
Моддаи 13. Шартнома, роҳхат ба саёҳат (тур) ва хизматрасониҳои туристи
1. Субъектҳои фаъолияти туристи ҳангоми ташкили сафари туристи ба турист роҳхати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо муҳри корхонаи мазкур (субъект) тасдиқ карда шудааст, ба расмият дароварда, медиҳанд. Шартнома дар ҳолате басташуда ҳисобида мешавад, ки агар корхонаи туристи роҳхат дода бошад ва муштари пардохти дахлдорро мувофиқи шартҳои шартнома супурда бошад ().
2. Субъекти фаъолияти туристӣ бе ҷуброни зарар шартномаро бекор карда метавонад, ба шарте ки далели бекор кардан, ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои рафънопазири ба иродаи ӯ вобастанабуда ва ба амалишавии саёҳат (тур) ё пешниҳоди хизматрасонӣ монеъшаванда, ба иттилои турист шахсан на дертар аз 15 рӯз то санаи оғози сафар расонида шуда бошад. Дар ин ҳолат ҳамаи маблағе, ки қаблан ҳамчун пешпардохт гирифта шудааст, ба турист баргардонида мешавад ().
3. хориҷ карда шуд ().
Моддаи 14. Роҳхат
1. Туристон барои саёҳат (тур) кардан роҳхати намунавиро, ки бастани шартномаро ба саёҳат (тур) тасдиқ мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва муҳри тасдиқкардаи фурӯшанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роҳхат дар фурӯшандаи саёҳат (тур) боқи мемонад ().
2. Роҳхат бояд маълумоти зеринро дар бар гирад (
- ном, суроға, тамғаи тиҷоратии ташкилоти туристи, дар фурӯшанда мавҷуд будани иҷозатнома, рақам ва санаи дода шудани он ();
- насаб, ном ва номи падари турист, ки роҳхат гирифтааст, рақами шиносномаи хориҷи, агар роҳхат номи бошад;
- тасниф ва стандартҳои тамоми хизматрасониҳо бо дарназардошти ҷойгиркуни, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавҷудияти шартҳои суғурта;
- арзиши умумии саёҳат (тур) ва шартҳои пардохти он аз ҷониби муштари (пешпардохти пурра, қисман, аванс, тибқи далели хизматрасонии дастрасшуда) ();
- тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онҳо турист аз сафар даст кашида метавонад (бе ҷуброни зарар, қисман ҷуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи саёҳат (тур)) ();
- тавсифи шакл ва ҳаҷми ҷуброн ба турист барои вайрон кардани шартҳои сафари ӯ, ки дар роҳхат нишон дода шудаанд ва бо айби субъектҳои фаъолияти туристи, ки саёҳат ва хизматрасониро ташкил кардаанд, роҳ дода шудаанд ();
- дигар шартҳо тибқи мувофиқаи байни муштари ва ташкилкунандаи саёҳат (тур) ().
Моддаи 15. Роҳхати гурӯҳи
1. Ҳангоми сафар дар ҳайати гурӯҳи туристи, ба роҳбари гурӯҳи туристи роҳхати умуми дода мешавад.
2. Роҳхати умуми бояд маълумоти дар моддаҳои 13 ва 14 ҳамин Қонун зикргардидаро дошта бошад ().
3.Дар роҳҳати умуми маълумот дар бораи роҳбар ва ҳайати миқдории гурӯҳ, навишта мешавад ().
4. Маълумот дар бораи аъзои гурӯҳ дар замима (рӯйхат), ки қисми ҷудонашавандаи роҳхати умумӣ мебошад, дода мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии роҳбари гурӯҳи туристӣ бо шартномаи байни ӯ ва субъекти фаъолияти туристӣ муайян карда мешаванд (
Моддаи 16. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои туристон
1. Ҳуқуқҳои туристон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешаванд ().
2.Туристон ӯҳдадоранд ():
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;
- нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;
- қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро риоя намоянд;
- шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;
- зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;
- зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат (тур) расонидашударо ҷуброн намоянд ();
- қоидаҳои амнияти шахсиро ҳангоми саёҳат (тур) риоя намоянд ().
Моддаи 17.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд
1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд, бо қонунгузории кишвари будубош танзим карда мешаванд.
2. Турист ӯҳдадор аст мӯҳлатҳои муқарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роҳҳат зикр гардидаанд, риоя намояд ().
Моддаи 17(1). Таъмини амнияти туристон
1. Таъмини амнияти туристони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туристон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҳимоя ва пуштибониро кафолат медиҳад.
2. Мақомоти корҳои хориҷӣ ӯҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба туристон дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм маълумот диҳанд. Дар навбати худ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ӯҳдадор аст туристон ва субъектони фаъолияти туристиро оид ба ин хатарҳои эҳтимолӣ хабардор намояд.
3. Субъекти фаъолияти туристӣ се рӯз пеш аз оғози саёҳат (тур) ба туристон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид гаштан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати (ҷои) будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросимҳои динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои намоишҳои туристии таҳти назорати махсус қарордошта, пешниҳод менамоянд. Субъекти мазкур ҳамчунин ба туристон оид ба хатарҳое, ки мумкин аст дар вақти саёҳат (тур) ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳад ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти туристон равона шуда бошанд, татбиқ менамояд. Субъекти фаъолияти туристӣ маълумотро дар бораи туристоне, ки аз хориҷа барнагаштаанд, дар мӯҳлати се рӯз баъд аз ба охир расидани саёҳат (тур) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм пешниҳод менамояд.
4. Субъекти фаъолияти туристӣ оид ба ҳодисаи фавқулоддае, ки бо турист дар вақти саёҳат (тур) рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи туристию фавран огоҳ менамояд .
Моддаи 18. Намояндагии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар хориҷа
Намояндагии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар хориҷа манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои дахлдор намояндаги намуда, дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳои оид ба рушди ҳамкори, инчунин мубодилаи иттилоот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро дар соҳаи туризм ба роҳ мемонад ().
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов
ш.Душанбе,
аз 3 сентябри соли 1999 № 824