ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТУРИЗМ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 "Дар бораи туризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 228; с. 2005, №12, мод. 641; с.2009, №5, мод. 337; с.2012, №12, қ.1, мод. 1016) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати бисту сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- таъмини амнияти туристон - таъмини амнияти шахсии туристон, ҳимояи молу мулки онҳо, маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо мақсади муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва транзит ба давлатҳои сеюм, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳрвандон;".
2. Ба сархати сеюми қисми 2 модцаи 11 пас аз калимаи "ҳисобот" калимаҳои ", аз ҷумла дар хусуси баҳисобгирии дақиқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани туристони ба хориҷа рафтаро" илова карда шаванд.
3. Моддаи 17(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 17(1). Таъмини амнияти туристон
1. Таъмини амнияти туристони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туристон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҳимоя ва пуштибониро кафолат медиҳад.
2. Мақомоти корҳои хориҷӣ ӯҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба туристон дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм маълумот диҳанд. Дар навбати худ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ӯҳдадор аст туристон ва субъектони фаъолияти туристиро оид ба ин хатарҳои эҳтимолӣ хабардор намояд.
3. Субъекти фаъолияти туристӣ се рӯз пеш аз оғози саёҳат (тур) ба туристон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид гаштан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати (ҷои) будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросимҳои динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои намоишҳои туристии таҳти назорати махсус қарордошта, пешниҳод менамоянд. Субъекти мазкур ҳамчунин ба туристон оид ба хатарҳое, ки мумкин аст дар вақти саёҳат (тур) ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳад ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти туристон равона шуда бошанд, татбиқ менамояд. Субъекти фаъолияти туристӣ маълумотро дар бораи туристоне, ки аз хориҷа барнагаштаанд, дар мӯҳлати се рӯз баъд аз ба охир расидани саёҳат (тур) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм пешниҳод менамояд.
4. Субъекти фаъолияти туристӣ оид ба ҳодисаи фавқулоддае, ки бо турист дар вақти саёҳат (тур) рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи туристию фавран огоҳ менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 декабри соли 2013 № 1058
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2013, № 1318
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ТУРИЗМЕ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 3 сентября 1999 года "О туризме" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., № 9, ст.228; 2005 г., №12, ст.641; 2009 г., №5, ст.337; 2012 г., №12, ч.1, ст. 1016) следующие дополнения:
1. Статью 2 дополнить абзацем двадцать третьим следующего содержания:
"- обеспечение безопасности туристов - обеспечение личной безопасности туристов, защиты их имущества, комплекс мер, направленных на предотвращение использования туризма в целях незаконной миграции и транзита в третьи страны, сексуальной, трудовой и иной эксплуатации граждан;".
2. Абзац третий части 2 статьи 11 после слова "формам" дополнить словами ", в том числе о точном учёте возвращения в Республику Таджикистан туристов, выехавших за границу".
3. Дополнить статьей 17(1) следующего содержания:
"Статья 17(1) Обеспечение безопасности туристов
1. Обеспечение безопасности иностранных туристов на территории Республики Таджикистан гарантируется Таджикистаном. Республика Таджикистан гарантирует туристам - гражданам Республики Таджикистан, находящимся за пределами Республики Таджикистан, защиту и покровительство.
2. Органы иностранных дел обязаны предоставить сведения уполномоченному государственному органу в сфере туризма о возможных опасностях, угрожающих туристам в стране временного пребывания. В свою очередь уполномоченный государственный орган в сфере туризма обязан проинформировать туристов и субъектов туристической деятельности об этих возможных опасностях.
3. Субъект туристической деятельности за три дня до начала путешествия (тура) в письменной форме предоставляет туристам необходимую информацию о правилах въезда, выезда и пребывания в стране (месте) временного пребывания, о законодательстве, обычаях местного населения, религиозных обрядах, святынях, историко культурном наследии, природных объектах и других объектах туристического показа, находящихся под особой охраной. Данный субъект также информирует туристов об опасностях, с которыми они могут столкнуться во время путешествия (тура) и осуществляет предупредительные меры, направленные на обеспечение безопасности туристов. Субъект туристической деятельности предоставляет сведения о невернувшихся туристах в течение трех дней с момента окончания путешествия (тура) уполномоченному государственному органу в сфере туризма.
4. Субъект туристической деятельности незамедлительно оповещает уполномоченный государственный орган в сфере туризма, уполномоченный государственный орган в сфере чрезвычайных ситуаций, органы иностранных дел и семью туриста о чрезвычайном происшествии, произошедшим с туристом во время путешествия (тура).".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 декабря 2013 года, № 1058
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О туризме"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О туризме".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г. Душанбе, 23 октября 2013 года, №1318
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О туризме"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О туризме", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О туризме".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 16 декабря 2013 года, №613