Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 № 521 "Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа"

Санаи амалкуни: 22.07.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1168 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ЭКСПОРТИ АСЛИҲА, ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ ВА МАҲСУЛОТИ ДУҲАДАФА

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986)

Ин Қонун, бо дарназардошти таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи ҷумҳури иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналхалқи ва таҳкими низоми паҳн накардани силоҳи қатли ом, асосҳо ва тартиби татбиқи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарби, ашёи хом, масолеҳ, таҷҳизот, технология, иттилооти илмию техникӣ ва хизматрасониро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986).

Моддаи 1. Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун истифода мешаванд

Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун истифода мешаванд, мазмуни зайлро доранд:

маҳсулот - молҳо, технология, таҷҳизот, корҳо, хизматрасониҳо ва иттилооте, ки таҳти амали назорати экспорти қарор мегиранд;

маҳсулоти дуҳадафа - маҳсулоте, ки барои истифода бо мақсадҳои ҳарби пешбини нашудааст, вале зимни сохтани силоҳи ядрои, кимиёви за навъҳои дигари силоҳи қатли ом ва воситаҳои интиқоли онҳо истифода шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

феҳристи маҳсулоте, ки таҳти назорати экспорти қарор мегирад рӯйхатҳои назорати, номгӯи аслиҳа ва техникаи ҳарби, маҳсулоти дуҳадафа, аз ҷумла маводи ядрои ва маводи махсуси ғайриядрои, навъҳои алоҳидаи ашёи хом, масолеҳ, таҷҳизот, иттилооти техники ва илмию техники ва хизматрасониҳое, ки зимни сохтани силоҳи қатли ом истифода мешаванд ва ё истифода шуда метавонанд, воситаҳои гуногуни интиқколи он (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

экспорт - баровардани маҳсулот аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нигаҳдории доими ё истифода дар хориҷи ин қаламрав, ба шахсони хориҷи расондани хизматҳои вобаста ба аслиҳа ва техникаи ҳарби, маҳсулоти дуҳадафа;

реэкспорт - экспорти маҳсулот аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз худуди он истеҳсол шудааст ё худ экспорти маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда аз қаламрави гумрукии давлати дигар ба мамлакатҳои сеюм;

транзит - интиқоли маҳсулот таҳти назорати гумруки аз тариқи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

экспорткунандагон - шахсони юридики ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони юридики ва воқеии хориҷи, ҳамчунин шахсони бешаҳрвандие, ки экспорткунандаи маҳсулотанд;

маводи ядрои ва маводи махсуси ғайриядрои - маводе, ки мутобиқи талаботи низоми байналхалқии паҳн накардани силоҳи ядрои ҳамин тавр муқаррар шудаанд;

назорати экспорти - маҷмӯи тадбирҳо доир ба аз тарафи мақомоти давлати татбиқ намудани тартиботи бо ин Қонун, қонунҳои дигар ва асноди дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи экспорт, реэкспорт ва транзити маҳсулоти таҳти амали назорати экспорти қароргирифта, ҳамчунин ошкор намудан, пешгири кардан ва барҳам додани вайронкуниҳои чунин тартибот;

хизматрасони - фаъолияте, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсони дигар равона шудааст.

Барои мақсадҳои ин Қонун мафҳумҳои "назорати экспорти" ва "назорати давлатии экспорти" ҳаммаъноянд.

Моддаи 2. Принсипҳои амали намудани назорати экспорти

Назорати экспорти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зерин амали мегардад:

риояи ӯҳдадориҳои байналхалқии мамлакат доир ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва навъҳои дигари силоҳ (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

афзалияти манофеъи сиёси ва амнияти давлат дар амали намудани назорати экпорти;

санҷиши истифодаи ниҳоии маҳсулоте, ки дар доираи низоми паҳннашави таҳти назорат қарор гирифтааст;

дастрас будани иттилооти оид ба қонунгузори, ки муносибатҳои назорати экспортиро ба танзим медароранд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарби ва маҳсулоти дуҳадафа

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарби ва маҳсулоти дуҳадафа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳури, ки мувофиқи ҳамин Қонун қабул шудаанд ва инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо аст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи назорати экспорти

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

системаи назорати экспортиро таъсис ва инкишоф медиҳад;

санадҳои меъёриро доир ба танзими назорати экспорти, аз ҷумла тартиби амали намудани онро интишор медиҳад, рӯйхати маҳсулоти таҳти назорати экспорт қарордоштаро тасдиқ мекунад;

ба фаъолияти мақомоти давлатии назорати экспорти роҳбари мекунад ва ваколати онҳоро дар соҳаи назорати экспорти бо дарназардошти салоҳияташон муайян менамояд;

барои экспорт намудан мутобиқи феҳристи муайяни маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордошта иҷозат медиҳад;

барои транзити маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордошта иҷозат медиҳад.

Дигар мақомоти иҷроия:

сиёсати давлатиро дар соҳаи назорати экспорти бевосита татбиқ менамоянд;

тадбирҳои яксонсозии қоидаву тартиботи назорати экспортиро таҳия ва амали мегардонанд ва онҳоро тасҳеҳ менамоянд;

рӯйхати назорати ва номгӯи маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордоштаро тартиб медиҳанд;

экспорт, реэкспорт ва транзити маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордоштаро аз тариқи мақомоти ваколатдор назорат менамоянд;

қарордод ва шартномаҳоро барои экспорт тадқиқ (экспертиза) менамоянд;

дар сурати зарурат ба дархосткунандагон дар бораи ба ҷумлаи маҳсулоти таҳти назорати экспорти мансуб гардонидани маҳсулоти экспортшаванда хулоса медиҳанд;

интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордоштаро аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгири менамоянд.

Моддаи 5. Маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордошта

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналхалқие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, категорияҳои маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордоштаро муайян карда, рӯйхат ва номгӯи онҳоро тасдиқ менамояд.

Ба маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордошта мутобиқи талабот ва шартҳои ҳамин Қонун ашё ва маводи зайл мансубанд:

силоҳи маъмули ва техникаи ҳарби, ашёи хом, масолеҳ, таҷҳизоти махсус ва технология, хизматрасониҳои вобаста ба истеҳсоли онҳо;

маводи ядрои, технология, таҷҳизот, дастгоҳҳо, модаҳои махсуси ғайриядрои, маҳсулот, таҷҳизот ва технологияи дуҳадафа, манбаи афканишоти редиоактиви ва маҳсулоти изотопи;

маводи кимиёви ва технологияи дуҳадафа, ки зимни сохтани силоҳи кимиёви истифода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

барангезандагони касалиҳо, шаклҳои тағйирдодаи генетикии онҳо ва ҷузъҳои моддаҳои генетики, ки зимни сохтани силоҳи бактериологи (биологи) ва заҳрнок истифода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

таҷҳизот, масолеҳ ва технологияе, ки зимни сохтани силоҳи ракети истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

иттилооти илмию техники, хизматрасониҳои вобаста ба маҳсулоти дорои ҳадафи ҳарби;

Маҳсулоти дар ҳамин модда зикрёфта, новобаста ба соҳиби он, маҳал ва замони истеҳсоли он, таҳти назорати экспорти қарор мегирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад низоми назорати экспортиро ҳамчунин ба намудҳои дигари маҳсулот муқаррар намояд.

Моддаи 6. Назорати экспорти ва тартиби амали намудани он

Маҳсулоти таҳти назорати экспорти қароргиранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, навъҳои дигари силоҳ ва технологияи сохтани он, ҳамчунин дигар шартномаҳои байналхалқие, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо аст, экспорт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986).

Маҳсулоти таҳти назорати экспорти қароргиранда мутобиқи литсензияи додаи мақоми ваколатдори давлатии (минбаъд - макоми ваколатдор) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида экспорт карда мешаванд.

Мақоми ваколатдоре, ки литсензия медиҳад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи ҳуҷҷатҳои зайлро пешниҳод менамояд:

аризаи субъектҳои хоҷагии бо мақомоти давлатии дахлдор мувофиқашуда, ки ба онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи назорати экспорти вогузошта шудааст;

қарордод ва сертификати импортии истифодабарандаи ниҳои, ки мақомоти ваколатдори давлати додаасту он ӯҳдадории мамлакати қабулкунандаро оиди истифодаи маҳсулоти аз Ҷумҳурии Тоҷикистон импортшавандаи таҳти назорати экспорти қароргиранда, фақат барои эҳтиёҷоти мамлакат ва дар бораи норавоии реэкспорти он ва ё бе розигии тарафи Тоҷикистон ба кишвари сеюм додани онро дар бар мегирад.

Нусхаи аслии литсензия, қарордод бо қайди мақоми ваколатдор аз тарафи субъекти хоҷаги ба мақоми гумруки пешниҳод мегардад.

Ҳангоми экспорти маводи ядрои ва маводи махсуси ғайриядрои ва маҳсулоти дуҳадафа дар шартҳои қарордод бояд ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи онҳо назорати экспорти гузошта шудааст, додани ҳуқуқи санҷиши истифодаи ниҳои пешбини карда шавад.

Маводи ядрои, маводи махсуси ғайриядрои, маҳсулоти дуҳадафа, технология, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли онҳо ба кишварҳое, ки силоҳи ядрои надоранд, фақат дар сурати мавҷудияти тасдиқномаи (кафолати) расмии мақомоти босалоҳияти давлатии ин кишварҳо экспорт мешавад, ки ашёи экспортии гирифтаи онҳо, инчунин моддаҳои ядрои ва ё модаҳои махсуси ғайриядрои, маҳсулоти дуҳадафа, дастгоҳҳо, таҷҳизоти дар асоси онҳо ва ё дар натиҷаи истифодаи онҳо ба даст омада (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986):

а) барои истеҳсоли силоҳи ядрои ва механизмҳои дигари таркандаи ядрои ва ё барои расидан ба ҳар гуна ҳадафҳои ҳарби истифода бурда нашаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986);

б) дар ҷараёни тамоми муддати истифодаи амалиашон мутобиқи созишномаҳо дар бораи кафолатҳои байни мамлакати қабулкунанда ва Агентии байналхалқи оид ба энергияи атом (МАГАТЭ) таҳти назорати (кафолати) МАГАТЭ бошанд;

в) бо тадбирҳои муҳофизати физики дар сатҳи на камтар аз тавсияҳои МАГАТЭ ва ё шартномаҳои байналхалқи пешбинигардида таъмин карда шаванд;

г) танҳо мувофиқи шартҳои дар бандҳои а, б, в, қисми 6 моддаи мазкур пешбинигардида реэкспорт (экспорт) карда ва ё аз юрисдиксияи кишвари қабулкунанда таҳвил дода шаванд; дар ҳолатҳои зиёда аз 20 фоиз уран доштани таркиби онҳо, дар таркиби онҳо будани плутонии ё оби вазнин ашёи экспорти танҳо бо розигии хаттии мақоми давлатии ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт ё таҳвил карда мешаванд.

Масъулияти баэътимодии маълумоти барои гирифтани литсензия пешниҳодшуда ба зиммаи шахсе мебошад, ки барои гирифтани литсензия ариза додаст.

Мақоми ваколатдори литсензиядода ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи экспорткунанда вайрон карда шудани тартиби гузаронидани амалиёти экспорти ҳуқуқ доранд, амали литсензияро боз доранд.

Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тафтиши маҳсулоти таҳти назорати экспорти қароргирандаро пеш аз бор кардани он анҷом диҳанд.

Намунаҳои аслиҳа, техникаи ҳарби, ашёи таълими ва ёридиҳандаи ҳарбии ватани, аз ҷумла қисмҳои таркибии онҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори мақоми давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоркардашуда бо мақсади таъмир интиқол дода мешаванд.

Содироти маҳсулоти таҳти назорати экспорти қароргиранда аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Моддаи 7. Реэкспорт ва транзит

Реэкспорт маҳсулоти таҳти назорати экспорти қароргиранда бо тартиби барои экспорт муқаррарнамудаи ҳамин Қонун сурат мегирад.

Реэкспорти маҳсулоти ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва таҳти назорати экспорти қароргиранда бо иҷозати мақоми босалоҳияти давлатии кишвари истеҳсолкунандаи мол ва мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад эътибори юридикии иҷозатномаи аз тарафи мақоми босалоҳияти давлатии кишвари молистеҳсолкунанда додашударо муайян намояд.

Транзити маҳсулоти таҳти назорати экспорти қароргиранда бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 8. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҷозоти байналхалқии вобаста ба назорати экспорти

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҷозоти байналхалқии вобаста ба назорати экспорти нисбат ба як ё якчанд давлатҳо ва ҷори намудани ин муҷозот дар амал тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид ё созмонҳои дахлдори дигари байналхалқи муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чунин муҷозотро ба таври якҷониба татбиқ намояд.

Тартиби додани товони зарар ба экспорткунандагон дар сурати эълони муҷозоти байналхалқии иқтисоди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 9. Маҳдудияти экспорт

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба экспорти маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордошта нисбат ба мамлакатҳои хориҷие, ки ӯҳдадориҳои дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулкардаи худро вайрон кардаанд, ҳамчунин бо қарори созмонҳои байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, маҳдудият то ба ҳадди таҳрим ҷори намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти давлат ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқи рӯйхати давлатҳоеро муайян менамояд, ки аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспорт кардани маҳсулоти таҳти назорати экспорти қарордоштаро, маҳдуд карда метавонад.

Моддаи 10. Ҳифзи иттилоот

Мақоми давлати ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ваколатдори амали намудани назорати экспортиро ба зимма доранд, вазифадоранд маҳфи будани иттилооти аз экспорткунандагони маҳсулот гирифтаашонро риоя намоянд.

Муқаррароти қисми якуми моддаи мазкур дар ҳолате, ки низоми махфи будани иттилоот ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфи дошта бошад, татбиқ намегардад.

Моддаи 11. Иштирок дар фаъолияти созмонҳои байналхалқи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналхалқии дар соҳаи назорати экспорти амалкунанда, чи дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва чи дар дигар созмонҳои байналхалқии вобаста ба таъмин ва таҳкими низоми паҳн накардани силоҳи қатли ом, иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 986).

Моддаи 12. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони юридики ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони юридики ва воқеии хориҷи, ҳамчунин шахсони бешаҳрванд дар сурати аз тарафи онҳо вайрон карда шудани ин Қонун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 13 декабри соли 1997 № 521