ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 3, аз 30.07.2007 № 315)
Ин Қонун муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали ҳимояи ҳуқуқҳо, манфиату амволи иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, таъмин менамояд, барои якҷояшавии (интегратсияи) иқтисодиёти ҷумҳури бо низоми ҷаҳонии иқтисоди заминаи ҳуқуқи фароҳам меорад .
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Фаъолияти иқтисодии хориҷи
Фаъолияти иқтисодии хориҷи маҷмӯи амалҳои воқеии мақомоти давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, фирмаю корхонаҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳҳоми, консерну корхонаҳои муштарак, соҳибкоронро, ки минбаъд шахсони ҳуқуқию воқеи номида мешаванд дар бар мегирад ва мақсад аз ин амалҳо барпо намудан, ва рушди ҳамкории муфид бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналмилали мебошад .
Моддаи 2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи иқтисодиёти хориҷи, қонунан танзим мекунад;
сиёсати иқтисодии хориҷи, аз ҷумла арзию кредити, тартиби квотаю литсензиякунони, инчунин дигар муомилоти иқтисодии хориҷиро таҳия ва татбиқ менамояд;
созишномаҳои байнидавлати ва аҳдномаҳои байналмилалиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи ва тиҷорати хориҷи имзо ва иҷро мекунад ;
манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз марзи он ҳимоя менамояд ;
кафолатҳои ҳуқуқиро барои фаъолияти инвесторони (маблағгузорони) хориҷи дар қаламрави ҷумҳури муқаррар мекунад;
дар ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалии иқтисоди намояндаги мекунад ;
дигар ваколатҳоеро, ки аз Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амали мегардонад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи
Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амали мегардонад:
- ҳамкории муфид бо ҳамаи давлатҳо, шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷи, ташкилотҳои байналмилали , ;
- баробарии тарафҳо;
- мудохила накардан ба корҳои дохилии шарикони робитаҳои иқтисодии хориҷи;
- иҷрои ӯҳдадориҳои ҳамдигарие, ки тибқи созишномаҳо бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналхалқи ба ӯҳда гирифта шудаанд ;
- дигар меъёрҳо, қоидаю шартҳои байналмилали .
Моддаи 4. Объектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Ҷомеаи захираҳо, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ истеҳсол мешаванд, аз ҷумла захираҳои меҳнати, молу хизматрасониҳо, коғазҳои қиматдор, маҳсулоти илмию техники, инвеститсияҳо, арзишҳои зеҳни ва ғайра, ба ғайр аз объектҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳоро дар фаъолияти иқтисодии хориҷи манъ кардааст, объектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Моддаи 5. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шахсони воқеи ва ҳуқуқи, новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷи ва байналмилалие бошанд, ки дар қаламрави ҷумҳури ва берун аз он баъди ба қайдгирии давлатии онҳо ба сифати шахси ҳуқуқи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд .
Моддаи 6. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
II. АМАЛИ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияти иқтисодии хориҷиашон, дар амали гардонидани ин фаъолият ҳуқуқҳои баробар доранд.
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷи дар доираи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад намуд, шакл ва самти иштироки худро дар робитаҳои иқтисодии хориҷи мустақилона муайян намояд, бо тартиби муқарраргардида бо салоҳдиди худ дар асоси шартнома ё ба музд ё худ ба таври ройгон шахсони юридики ва воқеиро, ки барои фаъолияти иқтисодии хориҷии он заруранд, ҷалб намояд.
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷи ҳуқуқ дорад, ки натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии худ, аз ҷумла даромади худро ба пули хориҷи, мувофиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби, истифода ва ихтиёрдор намояд. Бо қарори субъект ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдори намудани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи метавонад мувофиқи тартиби муқаррар намудаи қонун ба дигар шахсони ҳуқуқиву воқеи дода ё бовари карда шаванд. Муносибати тарафҳо ҳангоми ба тариқи ёдшуда додани ҳуқуқҳо дар асоси қарордодҳо (созишномаҳо) танзим мегардад .
Моддаи 8. ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷи вазифадор аст, ки:
- меъёрҳои қонунгузори ва дигар меъёрҳои ҳуқуқиеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, инчунин меъёрҳои ҳуқуқи ва қоидаҳои байналмилалиро риоя намояд;
- дар хусуси ба талаботи санитарию гигиени, экологи ва ғайра мувофиқ будани корҳо, тадқиқоту лоиҳаҳои дар доираи ҳамкориҳои байналмилали иҷрошаванда хулосаҳои экспертизаро дошта бошад ;
- барои амалигардонии намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки номгӯи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар намудааст, иҷозатнома дошта бошад .
Моддаи 9. Иштироки бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амали гардонидани фаъолияти иқтисодии хориҷи
Тартиби муомилоти арзию кредити ва ҳисобрасии байналмилалии танзими баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб ва истифодаи пули хориҷиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд , .
Муомилоти ҳисобрасию кредитӣ, кассавӣ ва муомилоти дигари адои хизмати субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар бонкҳо, инчунин муасиссаҳои бонкие, ки ба кушодани суратҳисобҳо бо арзи миллӣ ва хориҷӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохиливу хориҷӣ ҳуқуқ доранд, тибқи иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ, ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешаванд, анҷом медиҳанд .
Моддаи 10. Намояндагиҳои давлатҳои хориҷи доир ба масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёт
Давлатҳои хориҷи намояндагиҳои худро доир ба масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёт таъсис дода метавонанд. Тартиби фаъолияти онҳо аз ҷониби давлатҳои марбутаи хориҷи, фаъолияташон бошад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Намояндагиҳои ташкилоту корхонаҳои давлатҳои хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои он дар хориҷа доир ба масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёт
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони юридики ва воқеии он дар хориҷа ва шахсони воқеию ҳуқуқии давлатҳои хориҷи намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода метавонанд. Тартиби кушодани намояндагиҳо ва фаъолияти онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 12. Фаъолияти иқтисодии хориҷи бо иштироки субъектҳои хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалии иқтисодию молияви бо иштироки инвеститсияҳои хориҷи, инчунин ассотсиятсияҳо бо иштироки шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи метавонанд таъсис дода шаванд , .
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодие, ки шароити фаъолияти хориҷиашонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, таъсис ёфта метавонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя мувофиқи созишномаҳои байнидавлати савдои наздисарҳадиро ба роҳ монда метавонад.
III. АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ ТАНЗИМ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ
Моддаи 13. Шаклҳои аз ҷониби давлат танзим кардани фаъолияти иқтисодии хориҷи
Аз ҷониби давлат танзим кардани фаъолияти иқтисодии хориҷи дар шакли зайл сурат мегирад: қисми якум хориҷ карда шуд .
- муқаррар намудани системаи андозу имтиёзҳои тафриқанок, аз ҷумла арзи;
- бунёд кардани системаи давлатии таъминоти иттилоотии фаъолияти иқтисодии хориҷи;
- расонидани кӯмаки молияви дар шакли дотатсияҳо, субсидияҳо, субвенсияҳо, қарзҳои буҷети, кредитҳои бонк, ки ба амали гардонидану равнақ додани фаъолиятии иқтисодии хориҷии минтақа, соҳаю корхонаҳои алоҳида ва шаҳрвандони ҷудогона вобаста мебошанд;
- таҳия, бо пул таъмин кардан ва таҳқиқ намудани барномаҳои соҳавии комплексии инкишофи шаклҳои равобити иқтисодии хориҷии ҷумҳури;
- таҳқиқ кардани қарордод, аҳднома, созишнома ва дигар асноди ҳуқуқии ба имзорасидае, ки ба манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- декларатсия кардани молҳо ва амволи дигаре, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегарданд;
- муқаррар намудани тартиби содироту воридоти маҳсулот (кору хизматрасони);
- ташаккул додан ва истифода намудани фондҳои арзи ва фондҳои дигар.
Моддаи 14. Роҳбари ва идораи фаъолияти иқтисодии хориҷи
Ба фаъолияти иқтисодии хориҷи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умуми мекунад .
Мақоми ваколатдор Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳамчунин кӯмаки иқтисодии ташкилотҳои хориҷи, шахсони воқеи ва ҳуқуқиро ба ҷумҳури ташкилу мутобиқ месозад ва назорат мекунад .
Моддаи 15. Худкифоии арзи
Тамоми хароҷоти арзии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи аз ҳисоби даромади арзии онҳо, инчунин аз дигар манбаъҳои ба даст овардани арзи хориҷи мебошад, ки қонун иҷозат додааст.
Қарзи хориҷи бояд аз ҳисоби даромади фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳо баргардонида шавад.
IV. КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚ ВА МАСЪУЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ
Моддаи 16. Кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиати субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро кафолат медиҳад
Агар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳое қабул кунанд, ки ҳуқуқи дар ин қонун муайянгардидаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро поймол месозанд, зарари ба онҳо расонидаро аз тариқи суд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали талофи менамоянд .
Моддаи 17. Боздоштан ва қатъ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷи
Фаъолияти субъектҳои иқтисодии хориҷи дар сурати ҷой доштани рақобати бевиҷдонона ё ҳангоме, ки фаъолияти онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён мерасонад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад .
Фаъолияти субъектҳои иқтисодии хориҷи дар сурати вайрон карда шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфлисшави ва дигар сабабҳо, ки номгӯяшонро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад, мустақилона бо қарори суд қатъ гардида метавонад .
Норизои ба қарори боздошт ва ё қатъ гардидани фаъолияти иқтисодии хориҷи аз тариқи суд ҳал мешавад .
Моддаи 18. Масъулияти субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Давлат нисбати ӯҳдадориҳои субъектҳои иқтисодии хориҷи масъулият надорад. Субъектҳо нисбати ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Дар сурати риоя нашудани ӯҳдадориҳои шартномави субъектҳои иқтисодии хориҷи масъулияти модди ё масъулияти дигаре доранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилали ва шартномаҳои имзошуда муайян кардаанд.
Пардохти ҷаримаҳо барои вайрон намудани шартҳои аҳднома, ҳамчунин талофии зарари расондашуда тарафи гунаҳкорро аз иҷрои ӯҳдадориҳо, агар дар қонун ё аҳднома чораи дигаре пешбини нашуда бошад, озод намекунад.
Моддаи 19. Ҳалли мубоҳисаҳо
Мубоҳисаҳое, ки дар натиҷаи амали гардидани фаъолияти иқтисодии хориҷи ба вуқӯъ меоянд, аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали барраси мегарданд .
Моддаи 20. Ҷавобгарии вайрон намудани қонунгузори нисбати фаъолияти иқтисодии хориҷи
Барои вайрон намудани нуқтаҳои ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузори дар бобати фаъолияти иқтисодии хориҷи гунаҳкорон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
27 декабри соли 1993
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонун аз 28.02.2004 № 3)
Ин Қонун муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқи ҳимояи ҳуқуқҳо, манфиату амволи иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, таъмин менамояд, барои якҷояшавии (интегратсияи) иқтисодиёти ҷумҳури бо низоми ҷаҳонии иқтисоди заминаи ҳуқуқи фароҳам меорад.
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Фаъолияти иқтисодии хориҷи
Фаъолияти иқтисодии хориҷи маҷмӯи амалҳои воқеии мақомоти давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, фирмаю корхонаҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳҳоми, консерну корхонаҳои муштарак, соҳибкоронро, ки минбаъд шахсони ҳуқуқию воқеи номида мешаванд дар бар мегирад ва мақсад аз ин амалҳо барпо намудан, ва рушди ҳамкории муфид бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналхалқи мебошад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи иқтисодиёти хориҷи, қонунан танзим мекунад;
сиёсати иқтисодии хориҷи, аз ҷумла арзию кредити, тартиби квотаю литсензиякунони, инчунин дигар муомилоти иқтисодии хориҷиро таҳия ва татбиқ менамояд;
созишномаҳои байнидавлати ва аҳдномаҳои байналхалқиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи ва тиҷорати хориҷи имзо ва иҷро мекунад;
манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз марзи он ҳимоя менамояд (Қонун аз
28.02.04с. № 3);
кафолатҳои ҳуқуқиро барои фаъолияти инвесторони (маблағгузорони) хориҷи дар қаламрави ҷумҳури муқаррар мекунад;
дар ташкилоту иттиҳодияҳои байналхалқии иқтисоди намояндаги мекунад;
дигар ваколатҳоеро, ки аз Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амали мегардонад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи (Қонун аз 28.02.04с. № 3)
Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амали мегардонад:
- ҳамкории муфид бо ҳамаи давлатҳо, шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷи, ташкилотҳои байналхалқи (Қонун аз 28.02.04с. № 3);
- баробарии тарафҳо;
- мудохила накардан ба корҳои дохилии шарикони робитаҳои иқтисодии хориҷи;
- иҷрои ӯҳдадориҳои ҳамдигарие, ки тибқи созишномаҳо бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналхалқи ба ӯҳда гирифта шудаанд (Қонун аз 28.02.04с. № 3);
- дигар меъёрҳо, қоидаю шартҳои байналхалқи.
Моддаи 4. Объектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Ҷомеаи захираҳо, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ истеҳсол мешаванд, аз ҷумла захираҳои меҳнати, молу хизматрасониҳо, коғазҳои қиматдор, маҳсулоти илмию техники, инвеститсияҳо, арзишҳои зеҳни ва ғайра, ба ғайр аз объектҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳоро дар фаъолияти иқтисодии хориҷи манъ кардааст, объектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Моддаи 5. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шахсони воқеи ва ҳуқуқи, новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷи ва байналмилалие бошанд, ки дар қаламрави ҷумҳури ва берун аз он баъди ба қайдгирии давлатии онҳо ба сифати шахси ҳуқуқи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 6. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонун аз
28.02.04с. № 3).
II. АМАЛИ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияти иқтисодии хориҷиашон, дар амали гардонидани ин фаъолият ҳуқуқҳои баробар доранд.
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷи дар доираи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад намуд, шакл ва самти иштироки худро дар робитаҳои иқтисодии хориҷи мустақилона муайян намояд, бо тартиби муқарраргардида бо салоҳдиди худ дар асоси шартнома ё ба музд ё худ ба таври ройгон шахсони юридики ва воқеиро, ки барои фаъолияти иқтисодии хориҷии он заруранд, ҷалб намояд.
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷи ҳуқуқ дорад, ки натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии худ, аз ҷумла даромади худро ба пули хориҷи, мувофиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби, истифода ва ихтиёрдор намояд. Бо қарори субъект ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдори намудани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи метавонад мувофиқи тартиби муқаррар намудаи қонун ба дигар шахсони ҳуқуқиву воқеи дода ё бовари карда шаванд. Муносибати тарафҳо ҳангоми ба тариқи ёдшуда додани ҳуқуқҳо дар асоси қарордодҳо (созишномаҳо) танзим мегардад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 8. ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷи вазифадор аст, ки:
- меъёрҳои қонунгузори ва дигар меъёрҳои ҳуқуқиеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, инчунин меъёрҳои ҳуқуқи ва қоидаҳои байналмилалиро риоя намояд;
- дар хусуси ба талаботи санитарию гигиени, экологи ва ғайра мувофиқ будани корҳо, тадқиқоту лоиҳаҳои дар доираи ҳамкориҳои байналхалқи иҷрошаванда хулосаҳои экспертизаро дошта бошад;
- барои ҳуқуқи амалигардонии намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодии хориҷи, ки номгӯи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, литсензия дошта бошад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 9. Иштироки бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амали гардонидани фаъолияти иқтисодии хориҷи
Тартиби муомилоти арзию кредити ва ҳисобрасии байналхалқии танзими баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб ва истифодаи пули хориҷиро Шӯрои Оли ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Муомилоти ҳисобрасию кредити, кассави ва муомилоти дигари адои хизмати субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо литсензияҳои Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои тиҷорати ва дигар бонкҳо, муассисаҳои бонкие, ки ба кушодани суратҳисобҳо бо арзи милли ва хориҷи барои шахсони ҳуқуқиву воқеии дохиливу хориҷи ҳуқуқ доранд, анҷом медиҳанд (Қонун аз 28.02.04с. №
3).
Моддаи 10. Намояндагиҳои давлатҳои хориҷи доир ба масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёт
Давлатҳои хориҷи намояндагиҳои худро доир ба масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёт таъсис дода метавонанд. Тартиби фаъолияти онҳо аз ҷониби давлатҳои марбутаи хориҷи, фаъолияташон бошад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Намояндагиҳои ташкилоту корхонаҳои давлатҳои хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои он дар хориҷа доир ба масъалаҳои тиҷорату иқтисодиёт
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони юридики ва воқеии он дар хориҷа ва шахсони воқеию ҳуқуқии давлатҳои хориҷи намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода метавонанд. Тартиби кушодани намояндагиҳо ва фаъолияти онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 12. Фаъолияти иқтисодии хориҷи бо иштироки субъектҳои хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқии иқтисодию молияви бо иштироки инвеститсияҳои хориҷи, инчунин ассотсиятсияҳо бо иштироки шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи метавонанд таъсис дода шаванд (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодие, ки шароити фаъолияти хориҷиашонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, таъсис ёфта метавонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя мувофиқи созишномаҳои байнидавлати савдои наздисарҳадиро ба роҳ монда метавонад.
III. АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ ТАНЗИМ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ
Моддаи 13. Шаклҳои аз ҷониби давлат танзим кардани фаъолияти иқтисодии хориҷи
Аз ҷониби давлат танзим кардани фаъолияти иқтисодии хориҷи дар шакли зайл сурат мегирад: қисми якум хориҷ карда шуд (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
- муқаррар намудани системаи андозу имтиёзҳои тафриқанок, аз ҷумла арзи;
- бунёд кардани системаи давлатии таъминоти иттилоотии фаъолияти иқтисодии хориҷи;
- расонидани кӯмаки молияви дар шакли дотатсияҳо, субсидияҳо, субвенсияҳо, қарзҳои буҷети, кредитҳои бонк, ки ба амали гардонидану равнақ додани фаъолиятии иқтисодии хориҷии минтақа, соҳаю корхонаҳои алоҳида ва шаҳрвандони ҷудогона вобаста мебошанд;
- таҳия, бо пул таъмин кардан ва таҳқиқ намудани барномаҳои соҳавии комплексии инкишофи шаклҳои равобити иқтисодии хориҷии ҷумҳури;
- таҳқиқ кардани қарордод, аҳднома, созишнома ва дигар асноди ҳуқуқии ба имзорасидае, ки ба манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- декларатсия кардани молҳо ва амволи дигаре, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегарданд;
- муқаррар намудани тартиби содироту воридоти маҳсулот (кору хизматрасони);
- ташаккул додан ва истифода намудани фондҳои арзи ва фондҳои дигар.
Моддаи 14. Роҳбари ва идораи фаъолияти иқтисодии хориҷи
Ба фаъолияти иқтисодии хориҷи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умуми мекунад. (Қонун №3 аз 28.02.04с.)
Мақоми ваколатдор Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳамчунин кӯмаки иқтисодии ташкилотҳои хориҷи, шахсони воқеи ва ҳуқуқиро ба ҷумҳури ташкилу мутобиқ месозад ва назорат мекунад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 15. Худкифоии арзи
Тамоми хароҷоти арзии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи аз ҳисоби даромади арзии онҳо, инчунин аз дигар манбаъҳои ба даст овардани арзи хориҷи мебошад, ки қонун иҷозат додааст.
Қарзи хориҷи бояд аз ҳисоби даромади фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳо баргардонида шавад.
IV. КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚ ВА МАСЪУЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ
Моддаи 16. Кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиати субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро кафолат медиҳад
Агар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳое қабул кунанд, ки ҳуқуқи дар ин қонун муайянгардидаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро поймол месозанд, зарари ба онҳо расонидаро аз тариқи суд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали талофи менамоянд (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 17. Боздоштан ва қатъ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷи
Фаъолияти субъектҳои иқтисодии хориҷи дар сурати ҷой доштани рақобати бевиҷдонона ё ҳангоме, ки фаъолияти онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён мерасонад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Фаъолияти субъектҳои иқтисодии хориҷи дар сурати вайрон карда шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфлисшави ва дигар сабабҳо, ки номгӯяшонро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад, мустақилона бо қарори суд қатъ гардида метавонад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Норизои ба қарори боздошт ва ё қатъ гардидани фаъолияти иқтисодии хориҷи аз тариқи суд ҳал мешавад (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 18. Масъулияти субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи
Давлат нисбати ӯҳдадориҳои субъектҳои иқтисодии хориҷи масъулият надорад. Субъектҳо нисбати ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Дар сурати риоя нашудани ӯҳдадориҳои шартномави субъектҳои иқтисодии хориҷи масъулияти модди ё масъулияти дигаре доранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилали ва шартномаҳои имзошуда муайян кардаанд.
Пардохти ҷаримаҳо барои вайрон намудани шартҳои аҳднома, ҳамчунин талофии зарари расондашуда тарафи гунаҳкорро аз иҷрои ӯҳдадориҳо, агар дар қонун ё аҳднома чораи дигаре пешбини нашуда бошад, озод намекунад.
Моддаи 19. Ҳалли мубоҳисаҳо
Мубоҳисаҳое, ки дар натиҷаи амали гардидани фаъолияти иқтисодии хориҷи ба вуқӯъ меоянд, аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали барраси мегарданд (Қонун аз 28.02.04с. № 3).
Моддаи 20. Ҷавобгарии вайрон намудани қонунгузори нисбати фаъолияти иқтисодии хориҷи
Барои вайрон намудани нуқтаҳои ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузори дар бобати фаъолияти иқтисодии хориҷи гунаҳкорон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
аз 27 декабри соли 1993