.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИ ВА ОБЪЕКТҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 39)
Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи тадбирҳои қонунгузори, ташкилию иқтисоди, технологи ва махсус, аз ҷумла шаклҳои ҳудудии ҳифзи табиат, ки ба воситаи системаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда амали мегарданд, муҳофизат карда мешавад. Таъсири рӯзафзуни антропогении ба биосфера зарурати боз ҳам гуногунтар ва васеътар кардани масоҳати ин ҳудудҳоро ва самарабахштар истифода шудани онҳоро муайян мекунад. Дар назди манфиатҳои иқтисоди ва иқтисодию иҷтимоии ҷамъияти ба танзим даровардани ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳаққи аввалият дорад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузори дар бораи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Муносибатҳои соҳаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, Қонунҳои ҳифзи табиат ва ҷангал, сарватҳои зеризамини, ҳифзи ҳавои атмосфера, муҳофизат ва истифодаи олами набототу ҳайвонот, кодексҳои ҷангал, замин, об, инчунин санадҳои меъёрии мувофиқи онҳо таҳияшавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли, шартномаҳои байналмилали ва байнидавлати танзим мегардад .
Моддаи 2. Мафҳум ва категорияи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қитъаҳои замин ва оби дорои аҳамияти махсуси экологию муҳофизати табии, илми, фарҳанги, эстетики ва санитарию солимгардони мебошанд, ки пурра ё қисман, ба таври доими ё муваққати аз истифодаи хоҷаги хориҷ монда, онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми муҳофизати махсус қарор додааст. Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи фаъоли барои ҳифзу таҳқиқи табиати гуногуншакл, нигаҳдории мувозинати экологи ва ба амал баровардани мониторинги биосфера пешбини гардида, инчунин ҳудудҳои шомили нақшаи умумии тараққиёт ва ҷойгиронии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи ин ҳудудҳо фонди табиию мамнӯъгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, истифодаи он танҳо бо риояи талаботи ҳамин Қонун равост .
Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилали, давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли бошанд.
Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ба категорияи объектҳои дорои аҳамияти байналмилали, давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури ва мақомоти ҳокимияти маҳалли мансуб мешаванд.
Категорияҳои зайли ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванд муқаррар мешавад:
мамнӯъгоҳҳои табии давлати, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳои давлатии биосфери;
боғҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳурияви (боғҳои милли) ва маҳалли (боғҳои музофоти);
парваришгоҳҳои давлатии дорои аҳамияти ҷумҳурияви ва маҳалли;
ёдгориҳои давлатии табиати дорои аҳамияти ҷумҳурияви ва маҳалли;
боғҳои ҳайвоноти давлатии дорои аҳамияти ҷумҳурияви ва маҳалли ;
минтақаҳои экологию этнографи;
боғҳои дендрологи ва ботаники;
минтақаҳои табии, курорти ва табобатию солимгардони.
минтақаҳои табиии дамгири.
Бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақомоти давлати дигар категорияҳои ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, инчунин дигар шаклҳои ҳудудии ҳифзи комплексу объектҳои табииро пешбини намудан мумкин аст. Ба мақсади ҳифзи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда аз таъсири номусоиди антропогени дар қитъаҳои ҳамшафати онҳо минтақаҳои муҳофизатии дорои режими танзиму назоратшавандаи фаъолияти хоҷаги ташкил кардан мумкин аст.
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи пешгӯиҳо, нақшаи тадбирҳо ва нақшаҳои дурнамои тараққиёти иқтисодию иҷтимои, нақшаҳои заминсози ва планкашии ноҳияви ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 3. Моликияти давлатии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти давлатисарвати умумии тамоми халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Амалҳое, ки ба таври ошкоро ё пинҳони ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро дар ҷумҳури вайрон мекунанд, манъ аст.
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Амалҳои зерин ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дохиланд:
таъмини амали ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ба манфиати насли имрӯза ва оянда;
танзими фаъолияти мақомоти давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
қабули қарори ташкил кардан ва барҳам додани ташкилотҳои давлати оиди ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
ба амал баровардани сиёсати давлати ва қабули санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқи ;
таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлати ;
ба амал баровардани назорати давлати ;
муқаррар кардани ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ;
ба роҳ мондани ҳамкории байналмилали .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи Қонун ваколатҳои дигар дошта бошад.
Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Амалҳои зерин ба салоҳияти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда шомиланд:
идораи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию техники дар ин соҳа;
ташкили мониторинг, таъсис ва таъмини кори умури давлатии назорати ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
даъво кардан оиди ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунҳои ҳифзи табиат расидааст;
тартиб додани протокол ва баррасии парвандаҳои қонуншикании маъмурии соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
Қарорҳои мақомоти давлатии махсус ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз рӯи масъалаҳое, ки шомили салоҳияти онҳо мебошанд, барои ҳамаи шахсиятҳои ҳуқуқи ва шаҳрвандон ҳатмианд ва оиди онҳо ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст .
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳалли дар танзими муносибатҳои соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ин амалҳо дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳаллии танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошанд:
муайян кардани соҳаҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ва тасдиқ намудани барномаҳои экологи ;
танзиму назорати фаъолияти ҳифзи табиати мақомоти маҳаллии идора, мусоидат намудан ба ихтиёран якҷоя кардани маблағ барои иҷрои тадбирҳои оид ба ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
баррасии дигар масъалаҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.
Моддаи 7. Мақомоти махсус ваколатдори давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Вазорати муҳофизати табиат ва мақомоти маҳаллии он, вазоратҳо, ташкилотҳо, идораҳо ва корхонаҳое, ки ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ба онҳо таалуқ доранд ваколатдори махсуси давлатии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махус муҳофизатшаванда мебошад (Қонун аз 22.05.98с. № 628).
Моддаи 8. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар нақшаҳои тараққиёти иқтисоди ва иҷтимои пешбини мешаванд. Ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда бо назардошт ва дар асоси мутобиқати илман асосноки манфиати иқтисодию экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.
Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар таркиби барномаҳо ва дурнамоҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимои дар асоси барномаҳои давлатии экологи ва нақшаи умумии тараққиёт ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда, соҳаҳои хоҷагии халқ бо назардошти захираҳои табиии ҷумҳури ва минтақаҳои алоҳидаи он ҳамасола ва ба муддати дароз ба нақша гирифта мешаванд.
Истифодаи табиат ва ҳифзи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, соҳа ба соҳа ба нақша мегиранд.
Моддаи 9. Таъминоти моддию техники ва ҷудо кардани маблағ барои тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳалли, вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарури меандешанд.
Барои тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, ба ғайр аз мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо маблағ аз ҳисоби манбаъҳои зайл ҷудо карда мешавад:
фондҳои ҷумҳурияви ва маҳаллии ҳифзи табиат;
фондҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, кредити банкҳо;
кумаки ихтиёрии аҳоли ва дигар маблағҳо.
Барои мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳалли, фондҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳоро ба мақсади лаборатори истифода мебаранд, инчунин аз ҳисоби кӯмакҳои ихтиёри, коллективи ва шахси маблағ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 10. Идораю назорати давлатии ташкил, ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ба ташкилу истифода ва ҳифзи мамнӯъгоҳҳои табиии давлати аз ҷумла боғу парваришгоҳҳои биосфери, милли ва табиии дорои аҳамияти ҷумҳурияви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлати роҳбарии давлати мекунанд.
Дар соҳаи банақшагири, таъсису ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мақомотҳои махсус ваколатдори давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда назорати давлати мекунанд (Қонун аз 22.05.98с. № 628).
Моддаи 11. Кадастри давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Кадастри давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда маълумотро дар бораи статуси ҳуқуқии ин ҳудудҳо, мавқеи ҷуғрофи, режим ва истифодабарандагони табиат, хусусияти миқдории комплекси табии, қадру қимати экологи, илми, маърифати, иқтисоди ва фарҳангиро дарбар мегиранд.
Кадастри давлатии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба мақсади арзёби кардани вазъи фонди табиии мамнӯъгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани дурнамои тараққиёти шабакаи ин ҳудудҳои ҷумҳури, таъмини ҳифзи онҳо ва гузаронидани тадқиқоти илми, назорати беҳтари давлатии ҳифзи генофонд ва риоя кардани режими дахлдор инчунин ба ҳисоб гирифтани аҳамияти ин ҳудудҳо ҳангоми ба нақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисоди ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии минтақа ба роҳ монда мешавад.
Кадастри давлати аз рӯи системаи ягонаи муайянкардаи мақомоти махсус ваколатдори давлати бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор ба роҳ монда, ба зиммаи идораҳое, ки ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон мебошанд, гузошта мешавад. Тартиби кадастри давлати кардани ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 12. Иштироки аҳли ҷомеа дар ташкилу ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, ҷамъиятҳои илми ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти, коллективҳои меҳнати, инчунин шаҳрвандони алоҳида дар амали гардонидани тадбирҳои ташкилу ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оинномаҳо (низомномаҳои) ташкилотҳои ҷамъияти иштирок мекунанд.
ФАСЛИ II. МАМНӯЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТИ
Моддаи 13. Қоидаҳои умуми
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлати муассисаҳои тадқиқоти илмии ҳифзи табиат буда, мақсадашон ҳифзу омӯзиши ҷараёни табиии протсессу ҳодисаҳои табиат, генофонди микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвонот, системаҳои маъмулу нодир мебошад.
Замину об, маъдан, олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлати пурра ва ройгон барои истифодаи доими ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Тартиби истифодаро мақомоте, ки ин мамнӯъгоҳҳо дар ихтиёрашон мебошад, муайян мекунанд. Ба иҷора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст.
Моддаи 14. Вазифаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлати
Ба зиммаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлати вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:
ҳифзи гуногуншаклии биологи бо роҳи дар ҳолати табии нигоҳ доштани тамоми хусусиятҳои табиии мамнӯъгоҳ;
ба роҳ мондани мониторинги биологи;
гузаронидани тадқиқоти илми;
иштирок дар экспертизаи давлатии экологи, лоиҳаю нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷаги ва дигар объектҳо, ки татбиқи онҳо метавонад ба хусусиятҳои табиии мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири бад расонад;
кӯмак кардан ба таълими кормандони илми ва мутахассисони соҳаи ҳифзи табиат;
тарғиби донишҳои экологи.
Моддаи 15. Мамнӯъгоҳҳои давлатии биосфери
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлати, ки ба системаи байналмилалии мамнӯъгоҳҳои биосфери дохил шуда ба мониторинги экологии умуми мепардозанд ва сертификати ЮНЕСКО-ро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ин ташкилоти байналмилали ба даст овардаанд, статуси мамнӯъгоҳҳхои табиии биосферии давлати доранд.
Моддаи 16. Тартиби ташкили мамнӯьгоҳҳои табиии давлати
Дар бораи ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлати ва тасдиқи Низомномаи онҳо, инчунин васеъ кардани ҳудуди онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатии ҳифзи табиат, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва ташкилотҳои манфиатдори давлати қарор қабул мекунад .
Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлати розигии идораю корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳое, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷаги ва истифодаи табиат машғуланд, лозим нест.
Дар сурати зарурат ҳудудҳои мамнӯъгоҳ, ки дар таҳти тасарруф ё истифодаи корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо қарор доранд, замини ин ҳудудҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
Дар асоси нақшаи умумии тараққиёт ва ҷойгиронии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ё нақшаи ҳудудии ҳифзи табиат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ кардааст, мақомоти ҳокимияти маҳалли дар бораи эҳтиёт карда мондани қитъаҳои замине, ки бояд ба мамнӯъгоҳ табдил дода шаванд, қарор қабул мекунанд. Онҳо дар ин ҳудуд фаъолияти хоҷагиро то вақти қабул шудани қарори ташкили мамнӯъгоҳ маҳдуд менамоянд.
Моддаи 17. Идораи мамнӯьгоҳҳои табиии давлати
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатиро мақомоти махсус ваколатдори давлати идора мекунанд. Мамнӯъгоҳҳои давлати мувофиқи моддаи 7-уми ҳамин Қонун дар ихтиёри мақомоти махсус ваколатдори давлати мебошанд.
Ҳар мамнӯъгоҳ дар асоси Низомномаи худ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.
Моддаи 18. Режими мамнӯъгоҳҳои табиии давлати
Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлати фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолияте, ки тараққиёти муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табии таҳдид мекунад, инчунин бо иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.
Ба обу ҳавои ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлати ва минтақаҳои муҳофизатшавандаи онҳо акклиматизатсияи растанию ҳайвонот манъ аст.
Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлати андешидани тадбирҳои зайл равост:
муҳофизат барқарор ва пешгири намудани тағйироти комплексҳои табии дар натиҷаи таъсири антропогени, инчунин иҷрои вазифаҳои тадқиқоти илмие, ки ба зиммаи мамнӯъгоҳанд;
тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитари, инчунин навъҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷаги ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлати заруранд.
Ба мамнӯъгоҳҳои биосфери ҳудудҳоро бо роҳи дар онҳо ҷудо кардани минтақаҳои дорои режими зайл ҳамроҳ намудан мумкин аст:
минтақаи фаъолияти маҳдуди хоҷаги (полигони биосфери), ки дар ҳудуди он тадқиқоти илмии таҷрибавии ба мақсадҳои мамнӯъгоҳ мутобиқ гузаронида, натиҷаи онҳо татбиқ карда мешаванд;
минтақаи мобайни (буфери), ки режими он ба кам кардани таъсири фаъолияти хоҷаги дар маркази мамнӯъгоҳ нигаронда шудааст.
Режими мушаххаси минтақаҳои мамнӯъгоҳи биосфери мувофиқи соҳаи илми ва мақсади таъсиси он муқаррар ва бо Низомномаи он муайян карда мешавад.
Дар мамнӯъгоҳҳои биосферие, ки дар маҳалҳои зисти аҳоли таъсис дода мешаванд, қитъаҳои истифодабарии анъанавии табиатро ҷудо кардан мумкин аст.
Ба ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлати омаду рафт кардани шаҳрвандон ва мансабдороне (ба ғайр аз онҳое, ки назорати давлати мебаранд), ки кормандони мамнӯъгоҳ ё мақомоте намебошанд, ки мамнӯъгоҳҳо дар ихтиёрашон аст, фақат дар сурати доштани иҷозатномаи ин мақомот ва маъмурияти мамнӯъгоҳҳо раво мебошад.
Дар ҳудуди қитъаҳои муҳофизати фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолияте, ки ба объектҳои табиии комплекси мамнӯъгоҳҳо таъсири манфи мерасонанд, манъ аст.
Дар атрофи мамнӯьгоҳҳои табиии давлати сохтани объектҳои нави хоҷаги ва пеш гирифтани дигар фаъолияте, ки ба режими мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, обу ҳаво ва хоки онҳоро аз ҳад беш олуда месозанд, режими гидрологиро дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои давлати тағйир медиҳанд, фақат бо розигии мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат мумкин аст.
Моддаи 19. Фаъолияти тадқиқоти илми дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлати
Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлати фаъолияти тадқиқоти илми бо роҳи тадқиқоти стасионарии доимии бисёрсолаи комплекси ба роҳ монда, ба омӯзиши комплексҳои табии ва назорати дурударози ҷараёни равандҳои табиии бо мақсади муайян ва пешгӯи кардани вазъи экологи, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи табиат, эҳтиёт кардани шаклҳои гуногуни биосфера, афзун гардонидан ва самарабахш истифода намудани протсессҳои табии равона шудааст. Барои тамоми мамнӯъгоҳҳои давлати навиштани "Солномаи табиат" ҳатмист.
Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлати Шӯроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати Шӯрои олимон ва Низомномаи онро мақоме, ки мамнӯъгоҳ дар ихтиёри он мебошад, тасдиқ мекунад.
Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлат бояд бе мӯҳлат ҳифз карда шаванд.
Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлати ҳуқуқи нашри асарҳои илми дода мешавад.
Хусусиятҳои мушаххас, режим ва соҳаи илмии мамнӯъгоҳҳои давлати бо Низомномаи ҳар мамнӯъгоҳ муқаррар карда мешавад. Ин Низомномаро мақоме, ки мамнӯъгоҳ тобеаш мебошад, тасдиқ мекунад.
ФАСЛИ III. БОҒҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТИ
Моддаи 20. Қоидаҳои умуми
Боғҳои табиии давлати муассисаҳои ҳифзи табиат буда, ҳудуди (ҳавзаи) онҳо комплексҳои табиии дорои аҳамияти хоси экологи, таърихи ва эстетикиро дар бар мегиранд. Онҳо ба мақсадҳои ҳифзи табиат, дамгири, илму маърифат ва фарҳанг истифода карда мешаванд.
Ҳудуди боғҳои табиии давлати дар заминҳое, ки барои соҳиби ё истифода кардан дода мешаванд, инчунин дар заминҳои моликону истифодабарандагони дигар воқеъ мегарданд.
Ба зиммаи боғҳои табиии давлати вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:
ҳифзи комплексҳои табиии қитъаю объектҳои табиии намунавию нодир;
ҳифзи мероси фарҳанги (объектҳои этнографи, меъмори, таърихи, ландшафтҳои таърихи ва фарҳанги);
ба роҳ мондани маърифати экологии аҳоли;
таҳия ва татбиқ кардани методҳои илмии ҳифзи табиат;
муҳайё кардани шароит барои туризму истироҳати танзимшаванда дар шароити табии.
Боғҳои табиии давлати метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳурияви (боғҳои милли) ва маҳалли (боғҳои музофоти) бошанд.
Моддаи 21. Тартиби ташкил додани боғҳои табиии давлати
Қарори ташкил намудани боғҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳурияви (боғҳои милли) ва тасдиқи Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи дархости мақомоти махсус ваколатдори давлати қабул мекунад.
Дар бораи ташкили боғҳои табиии дорои аҳамияти маҳалли (бо музофоти) мақомоти Ҳукумати маҳалли дар асоси дархости мақомоти махсус ваколатдори давлати қарор қабул мекунад.
Ҳудудҳои эҳтиёти барои ташкил кардани боғҳои табиии давлати мутобиқи тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлати ҷудо карда шавад.
Моддаи 22. Режими боғҳои табиии давлати
Дар ҳудудҳои боғҳои табиии давлати режими гуногуни муҳофизат ва истифода, ки Низомномаи боғи табиии давлати бо назардошти хусусиятҳои маҳаллии табии ва иҷтимои муайян намудааст, муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи он дар ҳудуди боғҳои табиии милли минтақаҳои муҳофизатии дорои режиме, ки барои мамнӯъгоҳҳои давлати пешбини шудаанд, минтақаҳои мамнӯъ, минтақаҳои ҳифзи объектҳои таърихию фарҳанги, минтақаҳои дамгири, хоҷаги ва ғайра барпо карда мешавад. Дар ин боғҳо корҳое ба сомон расонда мешаванд, ки хилофи вазифаҳои боғҳои табиии давлати нестанд. Имконият ва салоҳияти ба минтақаҳо тақсим кардани ҳудуди боғҳои табиии давлатии маҳаллиро мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат муайян менамоянд.
Дар ҳудуди боғҳои табиии давлати ин корҳо манъ аст:
Корҳое, ки ба комплексҳои табии ва объектҳои таҳти муҳофизат гирифташудаи таърихию фарҳанги хатар доранд;
ҷустуҷӯи геологи ва коркарди маъдан;
буридани дарахтон, буттазор, бетартибона истифода бурдани олами набототу ҳайвонот;
фаъолияти корхонаҳое, ки хавфи азими экологи дорад (саноати селлюлозаю коғаз ва химия);
корҳое, ки режими гидрологиро тағйир медиҳанд;
сохтани шоҳроҳҳо, трубопроводҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншоотҳое, ки ба кори боғҳо вобаста нестанд;
ҷойгиронии организмҳои зинда бо мақсади одат кунонидани онҳо ба обу ҳавои он ҷо.
Мувофиқи Низомномаи боғҳои табиии давлати дигар шаклҳои фаъолиятеро, ки қимати табии, илми, эстетики, ва фарҳангии ҳудудҳояшонро паст карда метавонанд, манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.
ФАСЛИ IV. ПАРВАРИШГОҲҲОИ ДАВЛАТИ
Моддаи 23. Қоидаҳои умуми
Парваришгоҳҳои давлати ҳудудҳоеро дар бар мегиранд, ки бо мақсади ҳифзу барқарор кардани комплексҳои табии ё қисматҳои онҳо дар давраи барои иҷрои ин вазифа зарури ҷудо карда шудаанд.
Парваришгоҳҳои давлати метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳурияви ва маҳалли бошанд.
Парваришгоҳҳои давлатии дорои аҳамияти ҷумҳурияви тобеи мақоми давлатии махсуси ваколатдор буда, барояшон аз буҷети ҷумҳурияви маблағ ҷудо карда мешавад.
Ба парваришгоҳҳо мақомоте, ки ҳудуди махсус муҳофизатшавандаи табии ба онҳо вобаста карда шудааст, роҳбари карда метавонанд.
Тобеият ва тартиботи ба парваришгоҳҳои маҳалли ҷудо кардани маблағҳоро мақомоте муайян менамоянд, ки дар бораи таъсиси онҳо қарор қабул мекунанд.
Моддаи 24. Тартиби ташкил кардани парваришгоҳҳои давлати
Парваришгоҳҳои давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлати ташкил мекунад.
Парваришгоҳҳои давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилояти ва ноҳияви таъсис медиҳад.
Бидуни аз истифодабарандагон ва соҳибони замин ситонидани заминашон парваришгоҳҳои давлати эълон кардани ин масоҳат раво мебошад.
Моддаи 25. Режими парваришгоҳҳои давлати
Дар ҳудуди парваришгоҳҳои давлати ҳамагуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ бояд қатъ гардонида ё маҳдуд карда шавад.
Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои режими ҳар парваришгоҳи давлати бо Низомнома муайян карда мешавад. Ин Низомномаро мақомоте, ки дар бораи ташкили парваришгоҳи давлати қарор қабул мекунад, тасдиқ менамояд.
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи давлати ташкил карда шудааст, вазифадоранд режими дар парваришгоҳҳои давлати муқарраргардидаро риоя кунанд.
ФАСЛИ V. БОҒҲОИ ҲАЙВОНОТИ ДАВЛАТИ
Моддаи 26. Қоидаҳои умуми
Боғҳои ҳайвоноти давлати - муассисаҳои дорои мақоми ҳифзи табиат ва илми - тадқиқотии ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мебошанд, ки барои ҳифз, афзоиши олами ҳайвонот ва истифодаи онҳо муайян шудаанд.
Боғҳои ҳайвоноти давлати метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳурияви ва маҳалли бошанд .
Моддаи 27. Ташкили боғҳои ҳайвоноти давлати, ба минтақаҷудокуни ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо
Боғҳои ҳайвоноти давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлати ташкил мекунад.
Боғҳои ҳайвоноти давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилояти ва ноҳияви таъсис медиҳанд.
Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои ҳайвоноти давлати, мутобиқи қонунгузори барои истифодабарии доими дода мешаванд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлати барои нигоҳдори ва афзоиши ҳайвонот минтақаи намоиши, барои гузаронидани тадқиқоти илми минтақаи илми, барои хизматрасонии тамошобинон минтақаҳои ҷамъияти, маъмури ва хоҷагию истеҳсоли ҷудо карда мешаванд .
Моддаи 28. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои ҳайвоноти давлати
Дар боғҳои ҳайвоноти давлати намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳонро ҷамъ меоваранд ва ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлати воридоту содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо бо дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиноси (зоологи) тибқи тартиботи муқарраршуда анҷом дода мешавад.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлати хадамоти байтори ва зоотехники, ҷои махсуси инкишоф додани насли ҳайвоноти нодир, ки ба онҳо нобудшави таҳдид мекунад, таъсис дода мешавад .
Моддаи 29. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои ҳайвоноти давлати
Боғҳои ҳайвоноти давлати ба мақсадҳои илми, мадани ва таълими истифода мешаванд. Тадқиқотҳои илми дар боғҳои ҳайвоноти давлати дар соҳаи нигоҳдори ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимкушода гузаронида мешавад.
Боғҳои ҳайвоноти давлати метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо таъсис диҳанд, вобаста ба фаъолияти онҳо адабиёти илми, илмию оммави ва ғайраро нашр намоянд, инчунин ба аҳоли дар соҳаи байтори, кори селексиони ва зотгири хизмати пулаки расонанд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлати мутобиқи тахассуси ин муассисаҳо хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологи ва дигар объектҳоро, ки барои фаъолияти хоҷагидории онҳо зарур аст, таъсис додан мумкин аст .
ФАСЛИ VI. ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТИ
Моддаи 30. Қоидаҳои умуми
Объектҳои табиии муқаррари ва сунъии аз ҷиҳати экологи, илми, фарҳанги ва эстетики нодиру пурқиммат ёдгориҳои табиии давлат мебошанд.
Ёдгориҳои табиии давлати метавонанд ҷумҳурияви ва маҳалли бошанд.
Моддаи 31. Тартиби ёдгории табиии давлати эълон кардани объектҳои табиат
Объектҳои табиатро бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти вилояти ва ноҳияви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлати эълон менамояд.
Дар бораи ёдгории табиии давлатии маҳалли эълон кардани объектҳои табиат мақомоти ҳокимияти маҳалли бо ризояти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қарор қабул мекунанд.
Бидуни аз соҳибони замин ва заминистифодабарандагон гирифтани қитъаҳои заминашон объектҳои онро эълон кардани объектҳои ёдгории табиии давлати раво мебошад.
Моддаи 32. Режими ёдгориҳои табиии давлати
Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлати, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки онҳоро хароб карда метавонад, манъ аст.
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, дигар истифодабарандагону моликоне, ки ёдгориҳои табиии давлати дар замини онҳо воқеъ гардидаанд, ӯҳдадоранд ёдгориҳои табиии давлатиро муҳофизат намоянд. Мақоме, ки дар бораи ёдгории табиии давлати эълон кардани объекти табии қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ӯҳдадориҳои муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он режими ҳифзи ёдгории табиат муайян мегардад, ба расмият медароранд. Хароҷоти таъмини режими ҳифзи ёдгориҳои табиии давлати аз ҳисоби фондҳои ҷумҳурияви ва маҳаллии ҳифзи табиат буда, ба ин маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлати, кооперативи ва дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кардан мумкин аст .
ФАСЛИ VII. МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФИ
Моддаи 33. Қоидаҳои умуми
Минтақаҳои экологию этнографи маҳалҳои зисти аҳолии буми буда, бо мақсади ҳифзу барқарор намудани захираҳои табиии биологи, муҳити сукунат ва тарзи ҳаёти анъанавии ин аҳоли режими махсуси истифодаи табиатро талаб мекунад.
Минтақаҳои экологию этнографиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ҳокимияти вилояти ва ноҳияви ташкил менамояд.
Моддаи 34. Режими минтақаҳои экологию этнографи
Дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографи ба фаъолияти хоҷагие, ки муҳити зисти аҳоли ва захираҳои биологиро хароб месозанд, набояд роҳ дода шавад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҷои (маркази минтақаҳои экологию этнографи) фақат ба фаъолияти хоҷагии анъанавии маҳдуди ин аҳоли роҳ дода мешавад.
Минтақаҳои экологию этнографи дар ихтиёри Ҳукумати ҷумҳури мебошанд, ки он барои ҳар минтақаи экологию этнографи Низомномаи алоҳида тасдиқ менамояд.
ФАСЛИ VIII. БОҒҲОИ ДЕНДРОЛОГИ ВА БОТАНИКИ
Моддаи 35. Қоидаҳои умуми
Боғҳои дендрологи ва ботаники таъсисотеанд, ки ба мақсади дар шароити сунъи муҳофизат кардану омӯхтан ва мукаммал намудани объектҳои олами наботот ташкил карда шудаанд. Боғҳои дендрологи ва ботаники метавонанд ҳам шахсиятҳои ҳуқуқии мустақиме бошанд, ки таъминоташон аз ҳисоби буҷети давлат сурат мегирад ва ҳам ба таркиби муассисаҳои тадқиқоти илми ва таълими шомил гардида, дар баланси онҳо бошанд.
Замини боғҳои дендрологи ва ботаники аз ҳисоби истифодаи хоҷаги хориҷ карда, барои истифодаи доими ба боғҳои дендрологи ва ботаники дода мешавад.
Моддаи 36. Тартиби ташкил кардан, режими боғҳои дендрологи ва ботаники
Боғҳои дендрологи ва ботаникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти ҳокимияти вилоятию ноҳияви ва ё мақомоти ҳокимияти вилоятию ноҳияви бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил мекунанд.
Дар ҳудуди боғҳои дендрологи ва ботаники ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҷудияти набототи худрӯи табии ва боғи таҳдид мекунад, манъ аст.
Ҳудуди боғҳои дендрологи ва ботаникиро ба минтақаҳои зайл тақсим кардан мумкин аст:
минтақаи намоиши, ки ба тамошои он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;
минтақаи илмию таҷрибави, ки ба он фақат кормандони илмии боғи дендрологи ва ботаники, инчунин мутахассисони дигар муассисаҳо даромада метавонанд;
минтақаи мамнӯъгоҳҳое, ки дар он комплексҳои муқаррарию нодир ва объектҳои растаниҳои табии ҳифз карда мешаванд;
минтақаи маъмури.
Вазифаҳои мушаххас, соҳаи илми, статуси ҳуқуқи, сохти ташкили, хусусиятҳои режим ва муҳофизати ҳар боғи дендрологи ва ботаники дар низомномаҳои алоҳидаи онҳо муайян карда мешавад. Ин Низомномаҳоро мақоме, ки боғҳо дар ихтиёраш аст, тасдиқ мекунад.
ФАСЛИ IХ. МИНТАҚАҲОИ ТАБИИ, КУРОРТИ ВА ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНИ
Моддаи 37. Қоидаҳои умуми
Ба сифати минтақаҳои табиию курорти ва табобатию солимгардони ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда эътироф карда мешаванд, ки дорои хусусиятҳои табии (дорои ҳавои хеле хушк, фитонсиду гили табобати ва обҳои маъдании фаровон) буда, барои табобату пешгирии касалиҳо мусоидат менамоянд.
Тартиби минтақаҳои курорти ва табобатию солимгардони эълон кардани ҳудудҳои табии ва режими муҳофизати онҳо бо Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
Моддаи 38. Режими минтақаҳои табии, курорти ва табобатию солимгардони
Ба мақсади ҳифзи хосиятҳои табии ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардони, ҳифзи онҳо аз харобшавию олудаги ва пеш аз мӯҳлат хароб шудани онҳо ҳавзаҳои муҳофизати санитари муқаррар карда мешаванд.
Дар ҳавзаҳои муҳофизати санитари анҷом додани корҳое, ки хоку манбаъҳои об, ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба ҷангалзор зиёну ба хосиятҳои муолиҷави ва табобати санатори таъсири манфи мерасонанд, манъ аст.
ФАСЛИ Х. МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ДАМГИРИ
Моддаи 39. Қоидаҳои умуми
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ё қитъаҳои обе, ки барои дамгирии оммавии муташаккилонаи аҳоли ё туризм пешбини шудаанд, минтақаҳои дамгири дониста мешаванд.
Минтақаҳои табиии дамгири бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи пешниҳоди мақомоти ҳокимияти маҳалли бо мувофиқаи истифодабарандагони манфиатдори обу замин ва ҷангал минтақаҳои табиии дамгири эълон карда мешавад.
Моддаи 40. Режими минтақаҳои табиии дамгири
Дар ҳудуди минтақаҳои дамгири фаъолияти хоҷаги ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири бад расонида, манзараҳои табиатро хеле тағйир медиҳад ва дигар амале, ки ба истифодаи ин минтақаҳо аз рӯи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.
Минтақаҳои табиии дамгири барои истироҳати муташаккилонаи аҳоли ва туризм мувофиқи шартномаҳое истифода карда мешаванд, ки коллективҳои меҳнати, ташкилотҳои иттифоқи касаба, муассисаҳои туристи бо истифодабарандаи асосии захираҳои табиии ин ҳудудҳо ва бо розигии мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат мебанданд.
Режими минтақаи табиии дамгири бо Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
ФАСЛИ ХI. ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 41. Муҳофизати мамнӯъгоҳҳои давлати ва боғҳои табиии давлати
Мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати аз тарафи хадамоти махсуси муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати ҳифз намуда, бо Низомномаи тасдиқнамудаи мақоме, ки мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати дар ихтиёрашон мебошад, танзим карда мешавад.
Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз ҷумлаи кормандони мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати мебошанд.
Директори мамнӯъгоҳу боғи табиии давлати ва муовинони ӯ саринспектори давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.
Моддаи 42. Ҳуқуқи инспекторони давлатии муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати
Кормандони мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати, ки инспекторони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд, ҳақ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои инспекторони давлатии муҳофизати табиат ва ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Кормандони муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлати ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон силоҳ гирифта гарданд.
Силоҳ мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида дода, нигоҳ дошта, гирифта гашта ва истифода бурда мешавад.
Моддаи 43. Муҳофизати боғҳои табиии давлатии маҳалли, парваришгоҳҳои давлати ва дигар ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Боғҳои табиии давлатии маҳалли, парваришгоҳҳои давлати ва дигар ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин боғу ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешаванд.
ФАСЛИ ХII. ҶАВОБГАРИ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ РЕЖИМИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 44. Ҷавобгари барои риоя накардани режими ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Шаҳрвандон ва мансабдороне, ки барои риоя накардани режими ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда гуннаҳкоранд, аз рӯи қонунҳои мавҷуда ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, шахсиятҳои ҳуқуқии байналмилалии хориҷи, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд товони зиёнеро, ки дар натиҷаи риоя накардани режими ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда расондаанд, ба андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд.
ФАСЛИ ХIII. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 45. Шартномаҳои байналмилали
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи созишномаҳои байналмилали ба рӯйхати мероси умумиҷаҳони ва дигар категорияҳои объектҳои байналмилали дохил кардан мумкин аст.
Агар дар шартномаи байналмилали оиди ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда нисбат ба қоидаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардидаанд, қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилали мавриди истифода қарор мегиранд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 декабри соли 1996 № 328