Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993, № 901 "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он"

Санаи амалкуни: 13.11.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 503 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ДОДАНИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, 13.11.1998 № 710)

Додани хуну ҷузъҳои таркибии он ҳодисаи ба худ хоси биологи ва иҷтимои буда, дар таърих дар натиҷаи эҳтиёҷоти тандурусти, ки бо наҷот додани ҳаёти шаҳрвандон дар шароити мушкил вобаста аст ва бо роҳи гузаронидани хуну ҷузъҳои он ба мақсади муолиҷа пайдо шудааст.

Манбаи ягонаи ба даст овардани хуни донори ва ҷузъҳои таркибии он донорҳо, яъне шахсоне мебошанд, ки хуни худро медиҳанд.

Хундиҳи (донори) ба ихтиёран ҷалб кардани аҳоли барои супурдани хун ва ҷузъҳои он нигаронида шуда, зуҳуроти воқеии инсонпарвари, иқдоми ихтиёрии кӯмаки рафиқона ва иштироки мустатақиме мебошад дар наҷоти ҳаёту сиҳатии шаҳрвандон, аз ҷумла хешавандони худи ӯ, ки гирифтори мусибат шудаанд.

Ҳамин Қонун ҷихатҳои ҳуқуқии ҳаракати донори ва додани хуну ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Моддаи 1. Принсипҳои донори

Принсипҳои асосии донори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки вазифаи донори барои инсон зиён надошта, истифодаи хуни донори ва ҷузъи таркибҳои он бехатар мебошад.

Шакли асосии иштироки аҳоли дар ҳаракати донори хунсупории беҳдош аст.

Ҳар шаҳрванди (ҳам зану ҳам марди) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 60-сола, ки аз муоинаи тибби гузашта, мубталои бемориҳое нест, ки хилофи донори бошанд, донори хундеҳ шуда метавонад.

Шаҳрвандони ҷумҳуриҳою давлатҳои дигаре, ки изҳори хоҳиш намудаанд, хуни худ ё ҷузъҳои таркибии онҳоро ба муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд, тибқи тартибoти муқарраршуда муоина гардида, ба имтиёзу замонатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда доранд.

Моддаи 2. Навъҳои донори

Гурӯҳҳои иҷтимоии зайли донорҳо мавҷуданд:

Донорҳои фаъол - шахсоне мебошанд, ки изҳори хоҳиш кардаанд ва ба муассисаҳои хунгири муроҷиат намудаанд, то бо ташаббуси мунтазам хун супоранд ва соле чандин бор хун медиҳанд. Чунин шахсон пас аз муоинаи лозимаи тибби ба ҷумлаи донорҳои фаъол дохил карда, хуни онҳо танҳо дар муассисаҳои хунсупори гирифта мешавад. Донорҳои фаъол метавонанд, хуни бепул диҳанд ё ба ивази он ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пул гиранд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223):

Донорҳои эҳтиёти - шахсоне, ки барои соле як маротиба хун дода, муташаккилона ба донори ҷалб гардида, дар сурати зарура ба хундиҳии минбаъда рози буда, дар қайди муассисаҳои хунгири мебошанд.

Хуни донорҳои эҳтиёти бевосита дар корхонаю идораҳо, муасиссаҳои таълими, колхозҳо ва ташкилотҳои дигар ё мустақиман дар муассисаҳои хунсупори гирифта мешавад; ин гурӯҳи шахсон, ки изҳори хоҳиши хундиҳи кардаанд, ба идораи хундиҳи муташаккилона мераванд. Донорҳои эҳтиёти ройгон хун медиҳанд:

донорҳои хешованд - шахсоне, ки маъмулан дар муассисаҳои табобати ё шӯъбаҳои хунгузарони муассисаҳое, ки хешону наздикон, дӯсту рафиқони онҳо таҳти муолиҷа қарор доранд, як маротиба хун медиҳанд. Донорҳои хешованд ройгон хун медиҳанд;

донорҳои посдор - шахсоне аз гурӯҳи донорҳои фаъоли мунтазам муоинашаванда, ки тахти ҳисоби махсуси идораи хунгири қарор дошта, дар ҳолатҳои таъҷилию ногаҳоми ҳар вақти шабонарӯзе, ки бошад, ба муассисаи табобати даъват шуда, хун месупоранд;

донорҳои хунгузаронии мустақим - донорҳои фаъол аз ҷумлаи нигаҳбонон, ҳамчунин хешону дӯстони беморон ва зиёндидагон.

Моддаи 3. Вазифаҳои ташкили ҳаракати донори

Мундариҷаи мушахасси вазифаҳои ташкили ҳаракати донориро Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Вазорати тандурусти бо ризояти федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 4. Муоинаи тиббии донорҳо

Донорҳо ҳатман муоинаи тибби карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки барои додани хуни худ ва ҷузъҳои таркибии он изҳори хоҳиш кардаанд, бояд зимни муоинаи тибби аз ҳамаи касалиҳои аз сар гузаронидаашон хабар диҳанд.

Тартиби муоинаи тиббии донорҳо, бо сабабе манъ будани донори, меъёру мизони хундиҳи ва фосилаи байни ҳар бори хундиҳиро Вазорати тандурусти муқаррар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 5. Масъулияти мақомоти тандурусти барои ҳифзи сиҳатии донорҳо

Мақомоти тандурусти ҳифзи сиҳати донорҳоро таъмин намуда, ба хотири ин маҷмӯи чорабиниҳо (интихоби донорҳо, риояи шартҳои санитарию гигиении хунгири, омодасозии лозимаи кормандони тиб)-ро, ки мақсад аз онҳо безарарии донори, пешгирии имкони пайдоиши нуқсону авориз ё сирояти касалиҳои инфексиони ҳангоми иҷрои вазифаи донори мебошад, ба амал мебароранд.

Баъд аз гирифтани хуни донорҳо идораи тандурусти ба онҳо дар ҷои кору истиқоматашон назорату мурокибат мекунад.

Дар сурати иҷро нашудани ҳамин тадбирҳо мақомоти тандурусти мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 6. Дар бораи хӯроки донорҳо

Донорҳо пас аз ҳар бори хундиҳи аз таъоми гарму қавии яккарата дар ҷое таъмин карда мешаванд, ки мувофиқи ҳамин Қонун аз онҳо хун гирифта шудааст. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) хӯроквории мавриди заруратро ҷудо ва таъомро ташкил менамоянд. Андозаи манбаи пули таъоми гарму қавии яккаратаро, ки баъд аз ҳар бори хунсупори дода мешавад, бо назардошти индексатсияи (афзоиши) нархи маҳсулот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Донорҳо ҳақ доранд, ки пас аз хундиҳи барои хурдани ғизои хубу қави ба ивази хӯрок ба андозаи муқарраршуда пул гиранд.

Моддаи 7. Иштироки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар ташкили донори

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223)

Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) якҷоя бо мақомоти маҳаллии Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоту чорабиниҳои ташкил ва рушди ҳаракати донориро тибқи моддаи 3 ва барои донорҳо васеъ намудани доираи имтиёзҳоеро, ки дар моддаҳои 11, 12, 13-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 8. Иштироки корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ривоҷу равнақи донори

Роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияту хоҷагидориашон, колхозу совхозҳо, таҳсилгоҳҳо, командирону сардорони қисмҳои ҳарби вазифадоранд, ки:

барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафи донорҳо кӯмак расонда, қисми марбуташон ба донорҳо додани имтиёзҳоро таъмин намоянд, ки ҳамин Қонун муқаррар кардааст;

коргарону хизматчиён, колхозчию студентон, хизматчиёни ҳарбиро дар мавриди муоина ва дар рӯзи супурдани хун ва ҷузъҳои таркибии он барои хунгузарони ба муассисаҳои тандурусти бемамониат иҷозат дода, маоши миёнаи онҳоро дар ҷои корашон маҳфуз доранд;

дар сурати хунсупори ҳангоми рухсати ё рӯзи ғайрикори (рӯзи истироҳат ё ид) ба донор рӯзи дигари истироҳат дода, пули он рӯзро аз рӯи шартҳои рӯзҳои рухсати пардозанд;

ба коргарону хизматчиён, ҳарбиёну колхозчиён ва студентон баъд аз ҳар рӯзи супурдани хуну ҷузъҳои таркибии он рӯзи истироҳат диҳанд, ки он бо хоҳиши донор метавонад ба рухсатии навбати ҳамроҳ карда, ё вақти дигар дар давоми соли баъд аз хунсупори истифода бурда шавад;

музди рӯзи иловагии истироҳатро ба донор аз ҳисоби музди миёнаи кор аз ҷои кори асоси пардозанд.

Даъватнома ва справкаи муассисаи тандурусти, ки дар муоина ҳузур доштани донор ва аз ӯ гирифта шудани хунро тасдиқ менамояд, барои рӯзҳои муоина ва хундиҳи аз кор озод кардани кормандони донор ва барои дар ин рӯзҳо ва рӯзҳои дигари истироҳат боқи мондани музди миёнаи онҳо далелу асос мебошанд.

Корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва фондҳои ҷамъияти ҳак доранд барои пардохти музди рӯзи супурдани хуну ҷузъҳои таркибии он ва рӯзи иловагии истироҳат маблағ дода, барои ривоҷу равнақи ҳаракати донори аз ҳисоби ҳар фонду манбаи даромад пул ҷудо кунанд.

Тадбирҳои ташкили донори ва иштироки кормандони худ дар он ба плани тараққии иҷтимоии корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шакли моликияташон давлати дохил карда мешаванд, вале дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шакли моликияташон ғайридавлати ин масъала аз рӯи савобдиди моликони он ҳал мегардад.

Моддаи 9. Имтиёзи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо барои иштироки кормандон дар хунсупори

Корхонаҳои шакли моликияташон давлати ба андозбандии имтиёзнок ҳақ доранд, ба шарте ки камаш 30 фоизи кормандонашон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳури дар бобати ҷудо намудани маблағи ба ҳисоби буҷети ҷумҳурияви даровардашаванда дар донори ширкат варзанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 10. Масъулияти роҳбарони мақомоту муассисаҳои тандурусти барои ҳифз ва дуруст истифода кардани хуни донори ва ҷузъҳои он

Хуни донори ва ҷузъҳои он дороию сарвати милли мебошад.

Истифодаи хуни донори, ҷузъҳо ва таркиботи он ба мақсади ба даст овардани даромади молияви, ҳамчунин ба сифати мол ба ҷумҳурию давлатҳои дигар фурӯхтани онҳо манъ аст.

Хуни донори, ҷузъҳо ва таркиботи онро танҳо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мадади билоивази инсондӯстона ба шахсони аз офатҳои табии ва дигар ҳодисаҳо зарардида ё ба бадали таркиботи хун ва таҷҳизоти муассисаҳои хунгири дода метавонад.

Моддаи 11. Ҳимояи иҷтимоии донорҳо

Ба донорҳое, ки мунтазам (занон камаш соле 3 маротиба, мардон камаш соле 5 маротиба) хун месупоранд, замонат дода мешавад, ки дар сурати ҳар навъ беморию латхуриҳо, сарфи назар аз собиқадории меҳнатию касабави, музди корашон дар вақти муваққатан аз даст додани қобилияти кори 100 фоиз пардохта мешавад.

Агар бемори ё латхури ба иллати истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва заҳрдор рӯй дода бошад, нуқоти ҳамин модда татбиқ намешавад.

Дар ҳолатҳои дигари баробар донор ва хешовандони мустақими вай дар сурати зарурати истифодаи хун, ҷузъҳои таркибии он аз ин чизҳо дар навбати аввал таъмин карда мешаванд.

Моддаи 12. Имтиёзҳои донорҳо

Ҳини тақсими путёвкаҳои истироҳатгоҳу санаторияҳо, пансионатҳо, ва пансионатҳои дорои муолиҷа, курсовкаҳои табобати санаторию-курорти ба коргарону хизматчиён, колхозчиён, донишҷӯёну талабагон путёвка (курсовка)-ҳои имтиёзнок дар навбати аввал барои донорҳое ҷудо карда мешаванд, ки мунтазам хун ё ҷузъҳои онро месупоранд.

Ба донорҳои донишҷӯи мактабҳои оли ва мухассили мактабҳои махсуси миёна, ки мунтазам хун месупоранд, стипендияи воқеиашон иловатан 25 фоиз зиёд намуда, рафтуомади бепули онҳо аз маҳалли итиқомати то ҷои таҳсил тавассути нақлиёти шаҳри, автобусу троллейбус аз ҳисоби ҳуҷҷати сафар харидани муассисаи таълими таъмин карда мешавад.

Моддаи 13. Додани унвони фахрии "Донори ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ба шахсоне, ки мувофиқи ҳамин Қонун - мардон камаш бист литр ва занон камаш понздаҳ литр хун ё плазма супоридаанд, қатъи назар аз собиқаи донори, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо унвони фахрии "Донори ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 710).

Барои шахсоне, ки унвони "Донори ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дода шудааст, имтиёзу бартарии зайл муқаррар карда мешавад:

- ҳуқуқи дар навбати аввал хизмат расонидан дар муассисаҳои тандурусти, дар навбати аввал сохтану таъмир кардани протезҳо, ҳамчунин аз протезҳою маснуоти дигари протезию ортопеди таъмин намудан;

- ҳуқуқи дар давраи нафақахӯри истифода бурдан аз поликлиникаҳо, сарфи назар аз ин ки онҳо тобеи кадом идораанд;

- ҳуқуқи дорухари аз рӯи ретсептҳои муассисаҳои табобати бо пардохтани 50 фоизи арзиши дорӯ;

- ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани путёвкаи (аз ҷумла путёвкаи бепул ва қисман пардохташавандаи) санатория, пансионат, пансионати дорои муолиҷа, хонаи истироҳат ва курсовкаи табобати санаторию курорти;

- ҳуқуқи навбати аввал гузаронидани телефон, ҳамчунин имтиёз ҳини дохил шудан ба ширкати (кооперативи) боғдори;

- ҳуқуқи навбати аввал харидани билети нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои, оби ва автомобилии байнишаҳри, ҳамчунин харидани билет аз кассаи муассисаҳои маданияту тамошо;

- ҳуқуқи гирифтани рухсати дар вақти дилхоҳ;

- ҳуқуқи рафтуомади бепул дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркашони шаҳри (ба ғайр аз такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ба истиснои такси) маҳалҳои деҳоти дар худуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳури муайян намудааст, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздики шаҳр (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);

- шахсоне, ки муҳтоҷи бехбуди шароити манзили мебошанд, дар навбати аввал бо хона таъмин карда мешаванд;

- зимни ҳисоб кардани нафақаи пиронсоли, маъюби ё нафақаи дигар ба нафақаи муқарраргардида 10 фоиз иловапули таъин карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди ҳифзи сиҳати шахсоне, ки унвони "Донори ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон" доранд, тадбирҳои иловаги меандешанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 14. Таблиғи донори

Мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурусти якҷоя бо мақомоти Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари ҷамъияти таблиғи донориро таъмин менамоянд.

Раиси

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 27 декабри соли 1993 № 901