ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
Боби I. Қоидаҳои умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Ин Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирӣ ва қатъи коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ равона шудааст.
Моддаи 2. Мафҳуми коррупсия
Дар ин Қонун зери мафҳуми коррупсия ҳаракати (беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, ки истифодаи мақоми худ ва имкониятҳои онро барои ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва неъмату имтиёзҳои дигари пешбинӣ накардаи қонунҳо равона мекунанд, инчунин ба онҳо ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъмату имтиёзҳои мазкур аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
Таҳти вазифаҳои давлат вазифаҳое фаҳмида мешаванд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, мансуб донистаанд.
Моддаи 3. Субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд
Субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда мебошанд.
Шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор инҳо мебошанд:
шахсоне, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро ишғол мекунанд;
шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидории давлатӣ.
Ба шахсоне, ки ба иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор шудаанд, инҳо баробар карда мешаванд:
шахсони мансабдори мақомоти худидораи маҳаллӣ;
шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ ва сохторҳои дигари ғайридавлатӣ;
шаҳрвандоне, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун ба сифати номзад ба ишғоли вазифаҳои давлатии интихобӣ ва аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мансубанд, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддӣ, дигар неъматҳо ва хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд.
Моддаи 4. Доираи амали Қонун
Ин Қонун дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амал мекунад. Қонун берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидаанд амал мекунад, ба шарте, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 5. Манбаъҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия
Мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани шароити покдоманӣ барои шахсоне, ки дар қисми якуми моддаи 3 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси зерин ба амал бароварда мешавад:
а) танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти онҳо, қонунӣ ва ошкорбаёнӣ, назорати давлатӣ ва ҷамъиятии он;
б) такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл мекунанд;
в) эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳо дар бораи мубориза бар зидди коррупсия мутобиқи принсипҳои баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун ва суд;
д) барқарор намудани ҳуқуқӣ манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барҳам додан ва пешгирӣ намудани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;
е) аз тарафи давлат муҳофизат карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзоте, ки ба онҳо ва оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунад;
ж) норавоии ба танзими давлати ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ваколатдор кардани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ин гуна фаъолиятро ба амал мебароранд;
з) пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва фош намудан, қатъ намудани ҷиноятҳои бо коррупсия алоқаманд, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ;
и) таъмини амнияти шахсии шаҳрвандоне, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ кӯмак менамоянд.
Моддаи 6. Мақомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд
Бар зидди коррупсия дар доираи салоҳияти худ бояд ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамаи шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдоранд, мубориза баранд. Ба муборизаи зидди коррупсия шахсони воқеӣ, аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум ҷалб карда мешаванд.
Ошкор ва фош намудани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, полиси андоз, мақомоти гумрук, мақомоти идораи ҳарбӣ ва хадамоти сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар дар доираи ваколатҳои муайянкардаи қонун гузошта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мақоми давлатии ҳамоҳангсозро дар мубориза бар зидди коррупсия таъсис диҳад, статусу ваколатҳои онро муайян намояд.
Моддаи 7. Кафолати дахлнопазирии ашхосе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат менамоянд
Шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Хабар дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ мебошад ва фақат бо дархости мақомоте, ки дар қисми дуюми моддаи 6 ҳамин Қонун зикр шудаанд, ё суд ба тартиби муқаррарнамудаи қонун, бо ризоияти онҳо пешниҳод карда мешавад. Фош намудани ин хабар боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегардад.
Дар ҳолати зарурӣ мақомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, амнияти шахсонеро, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат мекунанд, таъмин менамоянд.
Қоидаҳои ин модда ба шахсоне, ки дидаву дониста ахбори дуруғро расонидаанд ва мутобиқи қонун барои он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, дахл надоранд.
Боби II. Пешгирӣ намудани коррупсия
Моддаи 8. Талаботи махсус нисбати шахсони довталаби иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ
Шахсони довталаби иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ маҳдудиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонуниро ба мақсади роҳ надодан ба амале, ки боиси истифодаи статуси дахлдор ва обрӯи ӯ ба манфиати шахси, гурӯҳӣ ва дигар манфиати ғайрихизматӣ шуда метавонанд, ихтиёран ба зимма мегиранд. Дар айни ҳол онҳо аз оқибати ҳуқуқии кирдорҳои манъшавандаи дахлдор огоҳ карда мешаванд.
Қабул кардани ин маҳдудиятҳо дар ӯҳдадории хаттӣ зикр карда мешавад. Қабул накардани (пурра ё қисман) маҳдудиятҳо боиси даст кашидан аз тавсияи шахси мазкур ба иҷрои вазифаҳои дахлдори давлатӣ мегардад.
Моддаи 9. Тадбирҳои назорати молиявӣ
Шахсони довталаби иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ дар статуси шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро ишғол мекунанд, ба мақомоти андози ҷои истиқоматашон маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
дар бораи даромад (чи даромади шахсии худ ва чи даромади аъзои оила), аз он ҷумла арзиши тамоми хизматрасониҳои моддӣ ва дигар хизматрасониҳо, мадохилоте, ки аз тамоми манбаъҳо гирифта шудаанд;
дар бораи амволи ғайриманқул ва амволи манқули арзишаш зиёда аз ду ҳазор маоши ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонун, аз ҷумла молу мулке, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, ё худ муваққатан дар ихтиёри шахси дигар мебошад, бо зикри арзиш ва суроғаи он;
дар бораи пасандозҳои бонкӣ, аз он ҷумла бонкҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зикри бонкҳо, дар бораи маблағе, ки шахсан ё ҳамроҳи дигар шахс ҳуқуқи ихтиёрдории онро дорад;
дар бораи коғазҳои қимматноке, ки шахсан ё ҳамроҳи дигар шахс ҳуқуқи ихтиёрдории онро дорад;
дар бораи иштироки мустақим ва ғайримустақим ба сифати саҳмгузор ё шариксоҳиби ширкатҳо, фондҳо бо нишон додани фоизи моликият ва маълумоти дақиқи бонкӣ, маълумоти дигари ташкилоти мазкур;
унвони трастҳо, давлатҳое, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудаанд, бо зикри бонкҳо, агар шахс ё аъзои оилаи вай бенефитсиарҳои ин трастҳо бошанд;
дар бораи қарзе, ки бештар аз панҷсад маоши ҳадди ақал мебошад ва дигар ӯҳдадориҳои дорои хусусияти молиявӣ, аз ҷумла дар хориҷа.
Шахсоне, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро ишғол мекунанд ва шахсони мансабдори мақомоти худидораи маҳаллӣ ӯҳдадоранд ба мақомоти андоз маълумот дар бораи мукофотҳои қимматноке, ки ба сифати шахси расмӣ чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи берун аз он гирифтаанд, бо нишон додани санади тасдиқкунандае, ки онҳоро давлат ба ӯ супоридааст, пешниҳод намоянд.
Шахсони мазкур ба ҷои кор тасдиқномаи мақомоти андозро дар бораи вазъияти амволашон пешниҳод мекунанд.
Пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти нопурраю носаҳеҳе, ки дар ҳамин модда номбар шудааст, ба шарте ки дар ин рафтор аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятӣ мавҷуд набошад, барои рад кардани додани ваколатҳои дахлдор асос мебошад ё боиси аз иҷрои вазифаҳои мазкур ё худ вазифаҳои дигар озод кардан мегардад.
Таҳти аъзои оилаи ашхоси дар ҳамин модда зикршуда волидайн, бародарон, хохарон, зану шавҳар, фарзандон, инчунин волидайн, бародарон, хохарон ва фарзандони зану шавҳар, аз ҷумла дигар ашхосе, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд ва хоҷагии муштарак мебаранд, фаҳмида мешавад.
Моддаи 10. Фаъолияте, ки ба иҷрои вазифаҳои давлати номувофиқ мебошад
Барои шахсони мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ва мансаби давлатии хизмати давлатиро ишғолнамуда, ки тартиби таъин ва интихоби онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим меоранд, ҳама гуна фаъолияти муштарак ва кори муздноки шартномавӣ (қарордодӣ), ғайр аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ манъ аст.
Барои шахсони ваколатдори иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти худидораи маҳаллӣ ишғолӣ ду мансаби роҳбарикунанда, инчунин дигар кори муздноки муштараки штатӣ манъ аст, ғайр аз иҷрои кори илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, ки чун воситаи пора додан ё сарватмандшавии беасоси ин шахс истифода бурда намешавад.
Шахсоне, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро ишғол мекунанд ва шахсони мансабдори мақомоти худидораи маҳаллӣ ӯҳдадоранд, ки мутобиқи қонун ҳиссаи (маҷмӯи саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи корашон таҳти кафолат ба идораи эътимоднок диҳанд.
Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба ӯ баробар кардашудае, ки бо фаъолияти ба иҷрои ин вазифаҳои номувофиқи дар ҳамин модда зикршуда машғул аст, бояд аз кор ё аз иҷрои вазифаҳои дахлдор бо тартиби пешбиникардаи қонун озод карда шавад; шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда, ки ба сабаби машғул шудан ба фаъолияти бо иҷрои ин вазифаҳо номувофиқ аз вазифаашон сабукдӯш гардида буданд, наметавонанд аз нав барои иҷрои ин вазифаҳо ваколатдор карда шаванд, то замони даст кашидан аз ин фаъолият.
Моддаи 11. Норавоии хизмати якҷояи хешовандон ё авлодон
Шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлат ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифаҳоеро ишғол карда наметавонанд, ки таҳти тобеияти бевосита ё назорати вазифавие қарор дошта бошанд, ки онро хешовандони наздик ё авлодонашон (волидайн, зану шавҳар, бародарону хохарон, фарзандон, инчунин бародарон, хохарон, падару модар ва фарзандони зану шавҳар) ишғол кардаанд, инчунин дар тобеият ва таҳти назораташон ин гуна шахсро дошта наметавонанд.
Шахсоне, ки талаботи ҳамин моддаро риоя намекунанд, агар онҳо дар давоми се моҳ ин қонуншиканиро бартараф накунанд, бояд ба вазифае гузаронида шаванд, ки ин гуна тобеият надорад ва дар сурати имконнопазирии чунин вазифаивазкунонӣ яке аз ин хизматчиён бояд аз кор озод карда шавад.
Моддаи 12. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоварад ва ҷавобгарӣ барои онҳо
Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит муҳайё месозанд, кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлат ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда мебошанд:
а) дахолат ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ба шарте, ки ин ба доираи ваколатҳои онҳо дохил нагардад ва асоси қонунӣ надошта бошад;
б) истифодаи статуси худ ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба манфиати шахсӣ, ё манфиати хешовандони наздик ё авлодони онҳо дахл мекунанд;
в) ҳангоми таҳия ва қабул кардани қарорҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ғайриқонунӣ бартарӣ додан;
г) иштирок ба сифати вакили ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз рӯи корҳои мақоме, ки онҳо дар он ҷо кор мекунанд, ё ба ӯ тобеанд, ё онҳо фаъолияти онро назорат мекунанд;
д) ба манфиати шахси ё гурӯҳӣ истифода кардани иттилооте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба даст омадааст, агар ин иттилоот набояд расман паҳн карда шавад;
е) ҳангоми ҳалли масъалаҳои шахси истифода кардан аз экспертизаҳое, ки хароҷоташон аз ҳисоби маблағҳои ғайридавлатӣ мебошад, аз он ҷумла маблағи фондҳои махсуси ғайридавлатие, ки барои ёрӣ расонидан ба мақомоти давлатӣ барпо карда мешаванд;
ж) надодани иттилоот ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки додани ин иттилоотро қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ пешбинӣ кардаанд, боздоштани он, додани иттилооти нодуруст ё нопурра;
з) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб кардани иттилооте, ки аз тарафи ин шахс пешниҳод намудани он дар қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ пешбинӣ нашудааст;
и) захираҳои давлатии молиявӣ ва моддиро ба хазинаҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гузаронидан;
к) вайрон кардани тартиби қонунан муқарраршудаи баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари салоҳияти онҳо;
л) ба шахси боломақом пешниҳод намудани тӯҳфаҳо ва расонидани хизмат берун аз доираи фаъолият, ба истиснои нишони эҳтиром ва пешкаши армуғони рамзӣ ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар;
м) иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё дигар қиморбозиҳои амволӣ бо шахси боломақом ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳати хизматӣ ва кор тобеъ;
н) ба корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ додани захираҳои молиявӣ ва моддии фондҳои давлатӣ, субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ, инчунин ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи умумии моликияти давлатӣ ё коммуналӣ на камтар аз нисфро ташкил медиҳад;
о) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани мамониатҳои сунъӣ.
Аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлат ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, содир кардани ягон ҳуқуқвайронкунӣ, ба шарте, ки он таркиби амали сазовори ҷазои ҷиноятӣ надошта бошад, боиси ба тартиби муқарраркардаи қонун додани ҷазои зерини интизоми мегардад: танбеҳ ба мансаби пасттар гузаронидан, аз кор озод намудан.
Боби III. Ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо
Моддаи 13. Ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ки бо ғайриқонунӣ гирифтани неъмату бартариҳо алоқаманданд
Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ҳуқуқвайронкунии коррупсионии зерин мебошанд:
а) барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилоти ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ, дар шакли пул, хизматрасонӣ ва дар дигар шаклҳо гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, ба шарте, ки қонун тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
б) қабул кардани тӯҳфа ва дигар хизматҳои вобаста бо иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё вазифаҳои ба онҳо баробар кардашуда ё аз шахси аз рӯи вазифа ба онҳо тобеъ, ба истиснои нишони эҳтиром ва пешкаши армуғони рамзӣ ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар. Арзиши умумии тӯҳфаҳо ва хизматҳои дар муддати як сол қабулкарда набояд зиёда аз 50 маоши ҳадди ақал бошад;
в) қабул кардани таклифи сафари дохилидавлатӣ ва хориҷии саёҳатӣ, муолиҷавию солимгардонӣ ва дигар сафарҳо аз ҳисоби шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ, ғайр аз сафарҳои зерин, ки:
бо таклифи хешовандони наздик аз ҳисоби онҳо;
сафарҳое, ки мувофиқи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асосҳои тарафайн мувофиқи созиши байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағи мақомоти давлатии дахлдор, ташкилотҳои байналхалқӣ сурат мегиранд;
бо розигии мансабдорони болоӣ ё мақомоти идораи коллегиалӣ барои иштирок дар чорабиниҳои байналхалқӣ ва хориҷии илмӣ, спортӣ, эҷодӣ, касбӣ, башардӯстӣ аз ҳисоби маблағи ташкилот ва фондҳои дахлдори ҷамъиятӣ, инчунин сафарҳое, ки дар доираҳои фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо таклифи шарикони хориҷии онҳо сурат мегиранд;
г) ба мақсадҳои шахси ва гурӯҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайриҳатматӣ истифода кардани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, техникаи ҳисоббарори электронӣ, маблағ ва дигар амволи давлатие, ки барои адои вазифаҳои давлатӣ ба онҳо дода мешаванд, ба шарте, ки дар қонун пешбинӣ нашуда бошад ва ба манфиати давлат зарар расонад;
д) истифодаи бартариҳои пешбининакардаи қонун дар гирифтани кредит, қарз, харидани коғазҳои қимматнок, амволи ғайриманқул ва амволӣ дигар.
Аъзои оилаи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробар кардашуда ҳақ надоранд, ки тӯҳфаҳо, хизматрасонӣ, таклифи сафарҳои саёҳатӣ, муолиҷавию солимгардонӣ ва дигар таклифи сафарҳоро аз ҳисоби шахси ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷие, ки шахси мазкур бо онҳо аз рӯи хизмат алоқаманд мебошад, қабул намоянд.
Дар сурати ягон ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ содир намудани шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда, ба шарте ин кирдор аломати ҷинояткорӣ надошта бошад, ҳамчун ҷазодиҳии интизоми ӯ аз кор, аз иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун сабукдӯш карда мешавад.
Моддаи 14. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ додани подоши моддӣ ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда
Ба шахси воқеӣ барои ғайриқонунӣ додани подоши моддӣ ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдоркардашуда ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, агар ин кирдор таркиби ҷиноятро ташкил накунад бо пешниҳоди мақомоте, ки дар моддаи 6 ҳамин Қонун номбар шудаанд, аз ҷониби суд бо тартиби маъмурӣ ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахси воқеӣ, ки ба шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда ғайриқонунӣ подоши моддӣ додааст, ба шарте, ки шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда тамаъҷӯӣ карда ихтиёран ба мақомоте, ки дар моддаи 6-и ҳамин Қонун зикр шудаанд, хабар дода бошад, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Моддаи 15. Ҷавобгарии роҳбарони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо барои соҳибкории ғайриқонунӣ
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷет, фондҳои мақсадноки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсисёфта маблағгузорӣ карда шудаанд, бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ё неъматҳои моддӣ, ҳар гуна неъматҳои дигар ва хизматрасониҳоро, ғайр аз сарчашмаҳои мазкури маблағгузорӣ қабул мекунанд, бо пешниҳоди мақомоти дар моддаи 6 ҳамин Қонун зикргардида, аз ҷониби суд бо тартиби маъмурӣ ҷазо дода мешаванд.
Боби IV. Бартараф кардани оқибати ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ
Моддаи 16. Ситонидани амволи ғайриқонунӣ гирифташуда ё арзиши хизматҳои ғайриқонунӣ расонидашуда
Дар ҳамаи мавридҳои сарватмандшавии беасос дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бо коррупсия алоқаманданд, амволи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва арзиши хизматҳои ғайриқонунӣ расонидашуда бояд бо тартиби муайяннамудаи қонун ба фоидаи давлат ситонида шавад.
Моддаи 17. Бекор кардани санади бо коррупсия алоқаманд
Санадpое, ки дар натиҷаи ҳуқуқайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд қабул гардидаанд аз тарафи мақомот ба қабул ё бекор кардани санадҳои дахлдор ваколатдор, ё аз тарафи суд аз рӯи даъвои шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё прокурор бекор карда мешаванд.
Моддаи 18. Ҷавобгарии роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо барои қабул накардани тадбирҳои мубориза зидди коррупсия
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар доираи салоҳияти худ дар ҳаққи шахсони зердасташон, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ гуннаҳкоранд чораҳои пешбиникардаи ҳамин Қонунро намебинанд, ё чораҳои мазкурро бо риоя накардани қоидаҳои ҳамин Қонун ба кор мебаранд, ё ба мақомоти андози ҷои истиқомат маълумоти дахлдор намедиҳанд, ба шарте, ки кирдор амали ҷинояткорӣ надошта бошад, бо пешниҳоди мақомоте, ки дар моддаи 6-уми ҳамин Қонун номбар шудаанд, аз ҷониби суд ба тариқи маъмурӣ ҷазо дода мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
10 декабри соли 1999 № 875