Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ферврали соли 1996, № 77 "Дар бораи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)

Бо мақсади ба тартиб даровардани пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ҳангоми ба вазифа таъин карданашон ва ё бо онҳо бастани шартномаҳои /қарордодҳои/ меҳнатӣ тасдиқ карда шавад.

2. Шартҳои пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатиро мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатие, ки ваколатҳои моликро ба ӯҳда дошта /ё мақомоти ваколатдори онҳо/, барои бастани шартномаҳои /қардрдодҳои/ меҳнатӣ ҳуқуқ доранд, муайян мекунанд.

Шартномаҳои меҳнатӣ бо роҳбарони корхонаҳои дорои шаклҳои дигари моликият, ки дар онҳо саҳми моликияти давлатӣ 50 ва ё бештар аз 50 фоизро ташкил мекунад, дар асоси Низомномаи мазкур баста мешаванд.

3. Шартномаҳои /қарордодҳои/ меҳнатии қаблан бо роҳбарони корхонаҳои давлатӣ басташуда, агар онҳо мутобиқи Низомномаи бо Қарори мазкур тасдиқшуда набошанд, таҷдиди назар хоҳанд шуд.

4. Ба роҳбари мақоме, ки дорои ҳуқуқи молик буда, шартнома /қарордод/ бо ӯ баста мешавад, ҳуқуқ дода шавад, ки барои иҷрои кори махсусан муҳим ба роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ба андозаи то 50 фоизи маоши хизматӣ иловапулӣ муқаррар намояд. Ин иловапулӣ дар сурати саривақт иҷро накардани супоришҳо, бад шудани сифати кор, инчунин дар сурати вайрон кардани интизоми меҳнат бекор ва ё кам карда мешвад.

5. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  методикаи муайян намудани касби асосии коргарро дар корхона таҳия намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 21 феврали соли 1996, № 77

ш.Душанбе