Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади татбиқ Аҳдномаи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизстон аз 29 марти соли 1996, инчунин ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи Иттиҳоди гумрукӣ аз 6 ва 20 январи соли 1995, мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Тарифи гумрукӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Аз 10 январи соли 1999 Тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.
2. Андозаҳои боҷи воридотии гумрукии Тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Замимаи № 1 тасдиқ карда шаванд.
3. Андозаҳои боҷи воридотии гумрукӣ ҳангоми воридоти молҳо аз давлатҳое, ки бо онҳо низоми мусоидтар муқаррар гардидааст, истифода бурда шаванд.
Ҳангоми ворид намудани молҳо аз давлатҳое, ки бо онҳо низоми мусоидтари тиҷоратӣ муқаррар карда нашудааст, андозаҳои боҷи воридотии нисбат ба тарифи гумрукии ҷорӣ ду маротиба зиёдкардашуда истифода бурда шаванд.
4. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- низоми савдои озодро бе мусодиракунӣ ва маҳдудият ҷорӣ намуда, ҳангоми ворид кардани молҳои истеҳсоли давлатҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ - Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия - аз рӯзи эътибор пайдо намудани Аҳдномаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи Иттиҳоди гумрукӣ андозаи сифриро истифода баранд.
- дар бобати ҷорӣ намудан ва аз нав дида баромадани преференсияҳои тарифӣ ҳангоми воридоти молҳои истеҳсоли давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки иштирокчии Созишномаи Иттиҳоди гумрукӣ намебошанд, пешниҳодот таҳия ва аз 1 июли соли 1999 барои баррасӣ ба Ҳукумат ирсол намоянд.
5. Аз 10 январи соли 1999 ҷорӣ намудани преференсияҳо пешбинӣ гардида, андозаи сифрии боҷи воридотии гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳои истеҳсоли давлатҳои камтар тараққикарда, мутобиқи Замимаи № 2 муқаррар карда шавад.
6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 1997 № 518 "Дар бораи андозаҳои боҷу хироҷи воридотии гумрукӣ" ва аз 31 марти соли 1998 № 99 "Дар хусуси қисман тағйир додани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии аз 17 декабри соли 1997 № 518 "Дар бораи андозаҳои боҷу хироҷи воридотии гумрукӣ" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 январи соли 1999 №1
ш. Душанбе
* Замима дар матни забони русӣ оварда шудааст.