×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 № 750 "Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ"

Санаи амалкуни: 21.11.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 702 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ муҳосибӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Моддаи 1. Мақсади ҳамин қонун

Ҳамин қонун асосҳои ҳуқуқи ташкил ва пешбурди баҳисобгирии мухосибиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Мақсадҳои ҳамин Қонун иборатанд аз:

таъмини якхелаи пешбурди баҳисобгирии амвол, ӯҳдадориҳо ва муомилоти хоҷаги, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (минбаъдкорхонаҳо) анҷом медиҳанд;

мураттаб кардан ва пешниҳод намудани иттилооти муқоисави ва саҳеҳ оид ба вазъи моли, даромад ва хароҷоти корхонаҳо, ки барои истифодабарандагони ҳисоби мухосиби зарур аст (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 2. Баҳисобгирии мухосиби, объектҳо ва вазифаҳои асосии он

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Баҳисобгирии мухосиби системаи мураттаби ғункардан, бақайдгири ва ҷамъбасти ахбор дар шакли пул доир ба амвол, ӯҳдадориҳои корхонаҳо, ва гардиши онҳоро бо роҳи ҳисоби пурра, мунтазам ва ҳуҷҷатии тамоми муомилоти хоҷаги ифода мекунад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Амволи корхона, ӯҳдадориҳои онҳо ва муомилоти хоҷаги, ки дар раванди фаъолияташон корхонаҳо амали месозанд, объектҳои баҳисобгирии мухосиби мебошанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Вазифаҳои асосии баҳисобгирии мухосиби иборат аст (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212):

- аз тартиб додани ахбори пурра ва асосноккардашуда доир ба фаъолияти ташкилот ва вазъи амволи онҳо, ки барои роҳбарон, муассисон, иштирокчиён ва соҳибони амволи корхона ва инчунин барои истифодабарандагони беруна - инвесторҳо, қарздиҳандаҳо ва дигар истифодабарандагони ҳисоботи мухосиби зарур аст (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

- аз таъмини истифодабарандагони дохили ва берунии ҳисоботи мухосиби бо ахбори зарури барои назорат бурдан аз болои риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз тарафи корхона амали гаштани муомилоти хоҷаги, мақсаднокии онҳо ва дар бораи мавҷудият ва гардиши амвол, истифодаи захираҳои модди, мехнатй ва молияви, мутобиқи меъёрҳо, нормативҳо ва сметаҳои тасдиқгардида (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

- аз пешгири кардани натиҷаҳои манфии фаъолияти хоҷаги ва пайдо намудани захираҳои дохили хоҷаги ва таъмини устувории молиявии он.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд

Барои мақсадҳои ҳамин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:

1) ҳисоби синтетики - ҳисоби нишондиҳандаҳои ҷамъбастии ҳисоби мухосиби дар бораи намудҳои амвол, ӯҳдадориҳо ва муомилоти хоҷаги аз рӯи нишонаҳои муайяни иқтисоди, ки дар ҳисоби синтетикии ҳисоби бухгалтери бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

2) ҳисоби аналитики - ҳисобе мебошад, ки дар ҳисобҳои шахси, модди ва дигар ҳисобҳои аналитикии ҳисоби мухосиби бурда шуда, маълумоти муфассалро оид ба амвол, ӯҳдадориҳо ва муомилоти хоҷагии дохили ҳар кадом ҳисоби синтетики, дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

3) нақшаи ҳисобҳои ҳисоби мухосиби - феҳрасти ба система даровардашудаи ҳисобҳои синтетикии ҳисоби мухосиби мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

4) ҳисоботи мухосиби - системаи ягонаи нишондиҳандаҳои вазъи амволи ва молиявии корхона ва натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии он мебошад, ки дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисоби мухосиби дар шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 5. Соҳаи амали ҳамин Қонун

Амали ҳамин Қонун ба ҳамаи корхонаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба ғайр аз системаи бонки), инчунин ба шуъбаҳо ва намояндагии корхонаи хориҷи, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигареро муқаррар накарда бошад, ҷори карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Шахсе, ки бе таъсиси ашхоси ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкори машғуланд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби даромад ва хароҷотро пеш мебаранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 6. Танзими баҳисобгирии мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Роҳбарии умумии методологии баҳисобгирии мухосибиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали месозад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои танзими ҳисоби мухосиби бо мувофиқаи Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи корхонаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ҳатми мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Дар нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби, дигар санадҳои меъёри бояд, ки системаи соддакардашудаи баҳисобгирии мухосиби барои субъектҳои соҳибкории хурд пешбини гардад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Корхонаҳо сиёсати баҳисобгирии худро дар асоси сохтор, соҳа ва дигар хусусияти фаъолияти худ мустақилона ташкил медиҳанд.

Моддаи 7. Ташкили баҳисобгирии мухосиби дар корхонаҳо

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Роҳбарони корхонаҳо барои ташкили баҳисобгирии мухосиби дар корхонаҳо ва риояи қонунҳо дар мавриди иҷрои муомилоти хоҷаги масъул мебошанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Роҳбарони корхонаҳо вобаста ба ҳаҷми кори баҳисобгири вазифадоранд:

а) хизмати мухосибиро ҳамчун сохтори таркиби, ки онро сарбухгалтер (муҳосиб) роҳбари мекунад, таъсис диҳанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

б) дар штат вазифаи мухосибиро дохил намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

в) дар асоси шартномави пешбурди баҳисобгирии мухосибиро ба бухгалтерияи маркази, ташкилоти махсусгардонидашуда, ё ба мутахассис-сармухосиб супоранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

г) баҳисобгирии мухосибиро ҳангоми зарурат шахсан пеш баранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Сиёсати баҳисобгирии қабулкардаи корхона бо фармон ё амри ашхоси барои корхона ва ҳолати баҳисобгирии мухосиби масъул тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Дар айни замон тасдиқ карда мешаванд:

- нақшаи кории ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби, ки ҳисоби синтетики ва аналитикии заруриро барои пешбурди баҳисобгирии мухосиби мутобиқи талаботи саривақти ва пуррагии баҳисобгири ва ҳисобот дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

- шакли ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири, ки барои барасмиятдарории муомилоти хоҷаги истифода бурда мешаванд, ки барои онҳо шаклҳои намунавии ибтидоии ҳуҷҷатҳои баҳисобгири пешбини нашудаанд ва инчунин шаклҳои ҳуҷҷатҳо барои ҳисоботи дохили мухосиби (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

- тартиби гузаронидани инвентаризатсия ва усулҳои нархгузории (баҳодиҳии) намуди амвол ва ӯҳдадориҳо;

- қоидаи гардиши ҳуҷҷатҳо ва технологияи коркарди ахбори мухосиби (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212);

- тартиби назорат аз болои муомилоти хоҷаги ва инчунин дигар карорҳои барои ташкили баҳисобгирии мухосиби лозима (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Сиёсати баҳисобгирии дар корхона қабулшуда ба таври мунтазам ва сол ба сол пеш бурда мешавад. Сиёсати баҳисобгири метавонад дар ҳолатҳои тағйир ёфтани қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ки санадҳои меъёрии мақомоте, ки танзими баҳисобгирии мухосибиро амали месозанд, аз ҷониби корхона таҳия гаштани усулҳои нави пешбурди баҳисобгирии мухосиби, ё ки ба таври қатъи тағйир ёфтани шароити фаъолияти онҳо метавонад тағйир ёбад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ба мақсади таъмини муқоисаи нишондодҳои ҳисоби мухосиби тағйироти сиёсати баҳисобгири аз аввали соли молияви ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 8. Сармухосиб

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Сармухосиб корхона (бухгалтер дар сурати дар штат набудани вазифаи сарбухгалтер) аз тарафи мақомоте, ки шахсони роҳбарони корхонаҳоро таъин намудаанд, бо пешниҳоди роҳбарони корхонаҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Сармухосиб бевосита ба роҳбари корхона итоат намуда, барои ташкили сиёсати мухосиби, пешбурди баҳисобгирии мухосиби, саривақт, пурра ва ба таври боэътимод пешниҳод кардани ҳисоботи мухосиби масъул аст (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ба вазифаи сармухосиби дастгоҳи вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне таъин карда мешаванд, ки маълумоти олии иқтисоди дошта, собиқаи кории касбиашон аз 5 сол камтар нест, ба вазифаи сарбухгалтери корхонаҳо бошад шахсоне, ки маълумоти на камтар аз миёнаи махсус дошта ва собиқаи кории касбиашон аз 3 сол камтар набуда, таъин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Сарухосиб мувофиқат кардани муомилоти хоҷагиро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назоратро аз болои ҳаракати амвол ва иҷрои ӯҳдадориҳо таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Талаби сарбухосиб дар бораи ба расмият даровардани муомилоти хоҷаги ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозими ва маълумотҳо ба мухосиби барои ҳамаи кормандони ташкилот ҳатми мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ҳуҷҷатҳои пули ва ҳисобу китоб, ӯҳдадориҳои молияви ва қарзи бе имзои сармухосиб ғайриқонуни буда, набояд ки иҷро карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Таъин кардан, озод намудан ва аз як ҷои ба ҷои дигар гузаронидани ашхоси масъули молии корхона дар мувофиқат бо сармухосиб сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Дар сурати вуҷуд доштани ихтилофи ақидаҳо миёни роҳбари ташкилот ва сармухосиб дар мавриди амали кардани баъзе муомилоти хоҷаги, ҳуҷҷатҳо танҳо дар сурати супориши хаттии роҳбари корхона, ки вай барои оқибатҳои амали кардани чунин муомилот пурра масъул аст, барои иҷро кардан қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ҳангоми аз вазифа озод кардани сармухосиб ҳуҷҷатҳо ба сармухосиби навтаъингашта (дар сурати набудани он - ба корманди бо фармони дахлдор таъиншуда) супурда шуда, дар раванди он ҳолати баҳисобгирии мухосиби, боэътимодии нишондиҳандаҳои ҳисоботи тафтиш карда шуда, акти дахлдор тартиб дода мешавад ва онро роҳбари корхона тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 9. Талаботи асоси барои пешбурди баҳисобгирии мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Баҳисобгирии мухосибии амвол, ӯҳдадориҳо ва муомилоти хоҷагии корхонаҳо бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рубл сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Амволе, ки моликияти корхона ба ҳисоб меравад ва амволи дигар ашхоси ҳуқуқии дар ин корхона буда, ба таври алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Баҳисобгирии мухосиби дар корхона доими ва лаҳзаи бақайдгирии он ба сифати шахси ҳуқуқӣ пеш бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Корхона баҳисобгирии мухосибии амвол, ӯҳдадориҳо ва муомилоти хоҷагиро бо роҳи қайди дутарафаи ба ҳам алоқаманди ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби пеш мебарад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Нишондиҳандаҳои баҳисобгирии аналитики бояд, ки ба гардишҳо ва боқимондаҳои ҳисобҳои баҳисобгирии синтетики мувофиқат намоянд.

Тамоми муомилоти хоҷаги ва натиҷаҳои инвентаризатсия бояд, ки саривақт, бо пурраги ва бе истисно (бекоркуни) дар ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Хароҷоти ҷори барои истеҳсоли маҳсулот ва маблағгузориҳои асоси дар баҳисобгирии мухосиби ба таври ҷудогона ба ҳисоб гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 10. Ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири

Тамоми муомилоти хоҷаги, ки корхона онро амали месозад, бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда шаванд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири буда, дар асоси онҳо баҳисобгирии мухосиби пеш бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири он вақт қабул карда мешаванд, агар онҳо аз рӯи шакли дар альбомҳои шаклҳои якхела кардашудаи ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири тартиб дода шуда бошанд ва ҳуҷҷатҳое, ки шакли онҳо дар ин гуна альбомҳо пешбини нашудаанд, бояд, ки маълумотҳои ҳатмии зеринро дар бар гиранд:

а) номи ҳуҷҷатҳо;

б) рӯзи (санаи) тартиб додани ҳуҷҷатҳо;

в) унвони корхонае, ки аз номи он ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;

г) мундариҷаи муомилоти хоҷаги;

д) ченаки муомилоти хоҷаги дар шакли натурави ва пули;

е) ному насаб ва мансаби ашхоси роҳбарикунанда, ки барои анҷом додани муомилоти хоҷаги ва дурустии барасмиятдарории онҳо масъул ва имзои шахсии онҳо (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Феҳрасти (номгӯи) ашхосеро, ки ҳуқуқи имзо кардани ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгириро доранд, роҳбари корхона дар мувофиқа бо сарбухгалтер тасдиқ мекунад.

Ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо муомилоти хоҷаги бо воситаҳои пули ба расмият дароварда мешаванд, аз тарафи роҳбари корхона, сармухосиб ё ки шахси аз тарафи онҳо ваколатдор карда шуда , имзо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ҳуҷҷати ибтидоии баҳисобгири бояд, ки дар лаҳзаи анҷом ёфтани муомилот тартиб дода шавад ва агар имконияти он набошад, бевосита баъди хатм ёфтани он тартиб дода шавад.

Барасмиятдарории саривақти ва сифатноки ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири, дар мӯҳлати муқарраркардашуда супурдани онҳоро барои дар баҳисобгирии мухосиби инъикос кардан ва инчунин дурустии маълумотҳои дар онҳо овардашударо ашхосе, ки ин ҳуҷҷатҳоро имзо кардаанд, таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Даровардани ислоҳ дар ҳуҷҷатҳои кассави ва бонки манъ аст. Дар дигар ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири танҳо дар мувофиқа бо иштирокчиёни муомилоти хоҷаги ислоҳ оварда мешавад, ва ин ислоҳи даровардашуда бояд, ки бо имзои он ашхосе, ки ҳуҷҷатҳоро имзо кардаанд бо нишон додани таърихи даровардани ислоҳ тасдиқ карда шавад.

Барои амали кардани назорат ва ба тартибдарории маълумотҳо сиди муомилоти хоҷаги дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири, ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии баҳисобгири тартиб дода мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои ибтидои ва ҷамъбастии баҳисобгирии мухосиби метавонанд дар коғаз ва хотираи компютер тартиб дода шаванд. Корхона дар ҳолати дигар барои иштирокчиёни дигари муомилоти хоҷаги ва инчунин бо талаби мақомоти бо қонун ваколатдор кардашуда аз ҳисоби худашон вазифадоранд, ки нусхаи чунин ҳуҷҷатҳоро дар коғаз тайёр намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири мутобиқи қонун ситонида мешаванд.

Сармухосиб, ё ки мансабдори дигари корхона ҳуқуқ дорад дар ҳузури шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро меситонанд, аз ҳуҷҷатҳо нусха бардоранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 11. Дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби бо мақсади системакунони ва гуноварии ахбори дар ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирии қабулгашта, барои дар ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби ва дар ҳисоби мухосиби инъикос кардан пешбини шудааст (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби дар китобҳои махсус (журналҳо), дар варақаҳои алоҳида ва варақаҳо дар шакли мошинаграмма (сабти мошини), ки ҳангоми истифодаи техникаи ҳисоббарор гирифта шудаанд, инчунин дар лентаҳои магнити, дискҳо, дискетҳо ва дигар сабтҳои мошини пеш бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Муомилоти хоҷаги бояд, ки дар дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби бо пайдарпаии хронологи ва мутобиқи ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби гурӯҳбанди карда шавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Инъикоси дурусти муомилоти хоҷагиро дар дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби ашхосе, ки онро тартиб дода ва имзо кардаанд, таъмин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Зимни нигоҳдори дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби бояд, ки аз ислоҳ кардани ғайриқонуни ҳифз карда шавад. Ислоҳ кардани хатоиҳо дар дафтари (регистри) баҳисобгирии мухосиби бояд ки асоснок карда шуда, бо имзои шахсе, ки ин ислоҳро даровардааст, бо нишон додани таърихи даровардани ислоҳ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Мундариҷаи дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби ва ҳисоботи мухъосибии дохили сирри тиҷорати ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Шахсе, ки барои гирифтани ахбори дар дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби ва ҳисоботи мухосибии дохили роҳ дода шудаанд, вазифадоранд сирри тиҷоратии онро маҳфуз доранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 12. Нархгузории амвол ва ӯҳдадориҳо

Нархгузории амвол ва ӯҳдадориҳо барои инъикос кардани онҳо дар баҳисобгирии мухосиби ва ҳисоботи мухосиби аз тарафи корхона дар шакли пули анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Нархгузории амвол ба таври зерин муайян карда мешавад:

барои амволи бо пул харидашуда - бо роҳи ҷамъ кардани хароҷотҳои воқеии барои хариди вай сарфшуда;

барои амволи бо тарзи ройгон гирифташуда - бо арзиши бозори дар рӯзи ба дафтари мадохил даровардан;

барои амволи дар худи ташкилот истеҳсолшуда - бо арзиши тайёр кардани он.

Ҳисоб кардани амортизатсияи (камшавии) воситаҳои асоси ва активҳои ғайримодди сарфи назар аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷаги дар давраи ҳисоботи гузаронида мешавад.

Истифодаи усулҳои дигари нархгузори, аз ҷумла бо роҳи захиракунони, дар он ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда бошанд.

Баҳисобгирии мухосибави аз рӯи ҳисобҳои асъории корхона ва амалиётҳо бо асъори хориҷи бо сомонӣ дар асоси аз нав ҳисоб кардани асъори хориҷи бо қурби мубодилавии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани амалиёт амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 13. Инвентаризатсияи амвол ва ӯҳдадориҳо

Барои таъмини боэътимоди нишондиҳандаҳои баҳисобгирии мухосиби ва ҳисоботи мухосиби корхонаҳо ӯҳдадоранд, ки амвол ва ӯҳдадориҳоро инвентаризатсия кунанд, ки ҳангоми он мавҷудияти онҳо, ҳолат ва нархгузории онҳо санҷида шуда, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Тартиб ва мӯҳлати гузаронидани инвентаризатсияро роҳбари корхона муайян мекунад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки агар гузаронидани инвентаризатсия ҳатми бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Дар чунин ҳолатҳо гузаронидани инвентаризатсия ҳатми мебошад:

- ҳангоми супурдани амвол ба иҷора, харид, фурӯш;

- пеш аз тартиб додани ҳисоботи солонаи бухгалтери;

- ҳангоми дигар шудани ашхоси масъули модди;

- ҳангоми ошкор кардани фактҳои дузди, суъистифода ва ё хароб кардани амвол;

- ҳангоми офатҳои табии, сӯхтор ва ё ҳолатҳои дигари фавқулодда;

- ҳангоми азнавташкилшудан, ҷудо шудан ё барҳам хӯрдани корхона;

- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун .

Ҳангоми инвентаризатсия фарқи пайдокардашудаи миёни мавҷудияти воқеии амвол ва нишондиҳандаҳои баҳисобгирии мухосиби дар ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби аз рӯи тартиби зерин инъикос карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212):

амволи зиёдати ба дафтари мадохил навишта шуда, маблағи дахлдор ба натиҷаҳои молиявии корхона гузаронида мешаванд, дар муассисаи буҷети бошад, ба зиёдшавии маблағгузориҳо (фондҳо) гузаронида мешаванд.

камбудии (норасоии) амвол ва вайроншавии он дар ҳудуди меъёри камшавии табии ба хароҷоти истеҳсолот ё гардиши дохил карда шуда, зиёда аз меъёр - ба ҳисоби ашхоси гунаҳкор дохил карда мешавад. Агар ашхоси гунаҳкор муайян нашуда бошанд, ё ки суд гирифтани товонро аз ҳисоби онҳо рад намояд, пас товони норасоии амвол ва вайроншавии он аз натиҷаҳои молиявии корхона аз ҳисоб бароварда мешаванд, дар корхонаи буҷети бошад - ба камшавии маблағгузориҳо (фондҳо) навишта мешавад.

Ҳангоми ошкор гардидани дузди, камомад, қасдан нобуд намудан ва ё қасдан хароб намудани арзишҳои модди, қиммати зиёни овардаи шахси гунаҳкор аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи ошкоршави амалкунанда (на пасттар аз қиммати харид) сарфи назар аз мӯҳлати дохилшавии арзишҳо ба ҳисоби шахси масъули модди, муайян карда мешавад.

Моддаи 14. Таркиби ҳисоботи мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Ҳамаи корхонаҳо вазифадоранд дар асоси маълумотҳои баҳисобгирии синтетики ва аналитики ҳисоботи мухосибиро тартиб диҳанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Таркиб ва ҳаҷми ҳисоботи мухосибиро барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халк ва муассисаҳои буҷети Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ба корхонаҳои тайёркунандаи маҳсулоти чопи дар матбааҳо зиёд кардан ва тайёр намудани бланкаҳои шаклҳои ҳисоботи мухосиби ва фурӯши онҳо бидуни иҷозати хаттии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 15. Соли ҳисоботи

Барои ҳамаи корхонаҳо соли тақвими - аз 1 январ то худи 31 декабр соли ҳисоботи дониста мешавад.

Барои корхонаҳои азнавташкилшуда соли аввали ҳисоботи давраи аз рӯзи бақайдгирии давлати то 31 декабри соли дахлдор ҳисоб мешавад.

Ҳисоботи ҳармоҳа ва семоҳа мобайни буда, бо ҷамъбасти афзоиши аз аввали соли ҳисоботи тартиб дода мешавад.

Моддаи 16. Тартиб ва мухлатхои пешниход кардани хисоботи мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Ҳамаи корхонаҳо (ба ғайри буҷети) ҳисоботи солонаи мухосибиро мутобиқи санадҳои оинномавии муассисон, иштирокчиёни корхонаҳо ё соҳибони амволи онҳо пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Вазоратҳо, комитетҳо ва дигар идораҳои ҷумҳурияви ҳисоботи ҷамъбастии мухосибии семоҳа ва солонаро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори пешниҳод мекунанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Ба мақомоти дигари ҳокимияти иҷроия, бонкҳо ва дигар истифодабарандагон ҳисоботи мухосиби мутобиқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Корхонаҳо (ба ғайри буҷети) вазифадоранд ҳисоботи семоҳа ва солонаи мухосибиро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд. Ҳисоботи солонаи бухгалтери дар вазоратҳо, комитетҳо ва дигар идораҳои ҷумҳурияви бояд, ки дар комиссияҳои балансии (мувозинаи) ин сохторҳо дида баромада ва бо фармон тасдиқ карда шаванд, ҳисоботи солонаи мухосибавии дигар субъектҳо бошад, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои оинномавии корхона бояд тасдиқ гарданд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Корхонаҳои буҷети ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солонаи бухгалтериро ба мақоми болои дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи онҳо месупоранд.

Моддаи 17. Нашр намудани ҳисоботи мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Ҷамъиятҳои саҳҳомии тарзи озод, бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарздиҳи, корхонаҳои суғуртави, биржаҳо, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои инвеститсиони ва дигар фондҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои (саҳм, аъзопулиҳои) шахси, ҷамъияти ва давлати ташкил шудаанд, вазифадоранд, ки ҳисоботи солонаи мухосибиро дар мӯҳлати на дертар аз 1 июни соли баъд аз соли ҳисоботи аз ҳисоби худашон дар воситаҳои ахбори омма нашр намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 18. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии мухосиби

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Корхонаҳо вазифадоранд мутобиқи қонун ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгири, дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби ва ҳисоботи мухосибиро нигоҳ доранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Нақшаи кории ҳисобҳои баҳисобгирии мухосиби, дигар ҳуҷҷатҳои сиёсати баҳисобгири, қоидаи кодгузори, барномаҳои коркарди мошини маълумотҳо (бо нишон додани мӯҳлати истифодаи онҳо) аз тарафи корхона дар муддати на камтар аз 5 сол, баъди соле, ки охирон маротиба барои тартиб додани ҳисоботи мухосиби истифода шудаанд, бояд нигоҳ дошта шаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Барои ташкили нигаҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгири, дафтари қайди (регистри) баҳисобгирии мухосиби ва ҳисоботи мухосиби роҳбар ва сармухосиби корхона масъул мебошанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Моддаи 19. Масъулият барои вайрон кардани қонунҳои дар бораи баҳисобгирии мухосибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212)

Роҳбарони корхонаҳо ва дигар ашхоси барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии мухосиби масъул барои вайрон кардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии мухосиби мувофиқи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 212).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

ш. Душанбе 

 14 майи соли 1999 № 750