ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, назорат ва тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешбурди коргузорӣ ва идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро танзим менамояд ().
Моддаи 1. Хазинаи бойгонии милли
Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ, ҳамчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, ҷои таъсис ва шакли моликият маҷмӯи ҳуҷҷатҳое дохил мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он маҳфуз мебошанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии халқҳоро инъикос намуда, арзиши илмӣ, таърихию фарҳангӣ доранд .
Хазинаи бойгонии милли таҳти муҳофизати давлат қарор дошта, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилооти, иҷтимоию фарҳанги, илми ва эҳтиёҷоти дигари ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон муқаррар гардидааст. Давлат шароит барои нигоҳдорӣ, ҳифз, ғанигардони ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллиро кафолат дода, ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи ҷаҳони дар рушди кори бойгони мусоидат менамояд .
Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-бойгонӣ - муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;
-ҳуҷҷати бойгонӣ - ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;
-ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир - ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст;
-хазинаи бойгонӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;
-кори бойгонӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо бойгонӣ;
-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мӯҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;
-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории бемӯҳлат (доимӣ);
-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;
-муассисаҳои бойгонӣ - бойгониҳои давлатӣ, бойгониҳои соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро таъмин менамоянд ).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз ҷониби Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Моддаи 4. Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир
Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир он санади Хазинаи бойгонии милли ба ҳисоб мераванд, ки дорои арзиши хосаи таърихию фарҳанги мебошанд.
Тартиби ба ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир мансуб донистани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, инчунин нигоҳдории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир бояд ба таври ҳатми суғурта кунонида шаванд.
Шахсоне, ки ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодирро нигоҳ медоранд, ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои бойгонии давлати имконияти тайёр кардан ва истифода бурдани нусхаҳои эҳтиётии ин ҳуҷҷатҳоро диҳанд
Моддаи 5. Ба Хазинаи бойгонии милли мансуб донистани ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ таҳти баҳисобгирии ҳатмии давлат қарор доранд. Ворид намудани ҳуҷҷатҳо ба Хазинаи бойгонии миллӣ ё аз он хориҷ кардани ҳуҷҷатҳо дар асоси экспертизаи арзиши онҳо бо тартиби муайяннамудаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Баҳсҳои байни муассисаҳои бойгони ва молики ҳуҷҷатҳо дар бораи масъалаҳои ба Хазинаи бойгонии милли ворид намудани ҳуҷҷатҳо ё аз он хориҷ кардани ҳуҷҷатҳо бо тартиби суди ҳал карда мешаванд.
Моддаи 6. Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хориҷ карда шуд
Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд :
Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
бойгониҳои марказии давлати;
бойгониҳои соҳавии давлати;
муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати;
бахшҳои бойгонии муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати;
бахшҳои бойгонии мақомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлати;
бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати.
Моддаи 7. Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақоми ваколатдори бойгони) Мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатии махсус ваколатдоргардидаест, ки кори бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора менамояд .
Ба зиммаи Мақоми ваколатдори бойгони назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузори ва кори бойгони дар мақомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон гузошта мешавад .
Низомномаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Моддаи 8. Бойгониҳои марказии давлати
Бойгониҳои марказии давлати барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии аҳамияти умумидавлати дошта мутобиқи соҳаи худ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Онҳо дар соҳаи кори бойгони марказҳои илмию методи ба ҳисоб мераванд.
Низомномаи бойгониҳои марказии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамояд .
Моддаи 9. Бойгониҳои соҳавии давлати
Бойгониҳои соҳавии давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои геологи, метеорологи, картографи ва дигар навъҳои махсуси ҳуҷҷатҳои бойгони, ки шароити хосаи нигоҳдори ва истифодабариро талаб менамоянд, таъсис дода мешаванд.
Низомномаҳои бойгониҳои соҳавии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамояд .
Моддаи 10. Муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати
Ба муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ шӯъбаҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ки дар ҳудуди дахлдор фаъолияти бойгонидориро идора менамоянд ва бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, филиалҳои Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд, тааллуқ доранд .
Низомномаи намунавии муассисаҳои маҳаллии бойгониҳои давлатиро Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамояд .
Моддаи 11. Бахшҳои бойгонии муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати
Муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати ҳуқуқ доранд барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии дар анборҳои ин муассисаҳо ҷамъшуда шӯъбаҳои дастхатҳо ва дигар бахшҳои сохтори таъсис диҳанд, инчунин хазина ва коллексияҳои худро бо ҳуҷҷатҳои соҳави пурра созанд.
Низомномаи бахшҳои зикргардидаи бойгониҳоро муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлатии дахлдор бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамоянд .
Моддаи 12. Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ барои нигохдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгони, истифодаи онҳо бо мақсадҳои хизмати, истеҳсоли, илми, инчунин барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бахшҳои бойгони таъсис медиҳанд. Шахсони зикргардидаи ҳуқуқи ӯҳдадоранд ҳуҷҷатҳои қонунгузории ҷориро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Мақоми ваколатдори бойгони ба бахшҳои бойгонии худ супоранд .
Мӯҳлати нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳоро дар бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Мақоми ваколатдори бойгони, бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти мақомот, корхона, муассиса ё ташкилоти давлатии дахлдор муайян менамояд .
Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати ӯҳдадоранд пас аз гузаштани мӯҳлати нигоҳдории соҳавии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, аз ҷумла аксу овоз ва синамо онҳоро барои нигоҳдории доими ба муассисаҳои маркази, соҳави ё маҳаллии бойгонии давлати супоранд.
Низомномаи намунавии бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати аз ҷониби мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ карда мешавад .
Моддаи 13. Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати метавонанд барои нигоҳдории доими ё муваққатии ҳуҷҷатҳояшон бойгониҳо (бахшҳои бойгони) таъсис диҳанд.
Низомномаи намунавии бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати аз ҷониби Мақоми ваколатдори бойгони тартиб дода мешавад.
Моддаи 14. Барҳамдиҳи ва боздоштани фаъолияти муассисаҳои бойгони
Муассисаҳои бойгонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд .
Фаъолияти муассисаҳои бойгоние, ки бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро таъмин намекунанд ё талаботи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад .
Моддаи 15. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли метавонанд моликияти давлати, коллективи, хусуси ва ғайра бошанд. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад .
Молик ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин модда соҳиби, истифода ва ихтиёрдори менамояд. Молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ҳуқуқ, надорад онҳоро нобуд созад.
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати мебошанд, наметавонанд объекти ғайридавлати ва хусусигардони, хариду фурӯш ё муомилоти дигари вобаста ба додани ҳуқуқи моликият бошанд ва танҳо барои истифода дода мешаванд.
Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати намебошанд, бо огоҳии Мақоми ваколатдори бойгони ё муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он дода мешаванд. Дар сурати фурӯхта шудани ин ҳуҷҷатҳо давлат барои бо нархи фурӯш харидори намудани онҳо ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Шартҳои хариду фурӯш бояд барои ҳамаи харидорон баробар бошанд .
Ҳуҷҷатҳои бойгонии милли ба хориҷиён фурӯхта намешаванд.
Молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки ба таври зарури бе осеб нигоҳ доштани онҳоро таъмин намекунад, суд метавонад бо ҳалномаи худ ин ҳуҷҷатҳоро бо пардохти маблағ ба фоидаи Мақоми ваколатдори бойгони мусодира намояд .
Моддаи 16. Таъмини беосебнигоҳдории Хазинаи бойгонии милли
Моликони ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ӯҳдадоранд бе осеб нигоҳ доштани онҳоро бо тартиби пешбининамудаи Мақоми ваколатдори бойгони таъмин намоянд .
Ҳамаи дорандагони бойгониҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ҳуқуқ, надоранд ҳуҷҷатҳоро бе мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгони нобуд созанд .
Моддаи 17. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Мӯҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 18. Имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз лаҳзаи ворид шуданашон барои нигоҳдори ба муассисаҳои бойгони барои истифода дода мешаванд.
Таъсис додани бойгониҳои пинҳони ё бо роҳи дигар махфи тайёр кардани маълумот дар бораи ҷойҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлат мебошанд, манъ аст.
Ҳамаи шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ё нусхаҳои онҳоро истифода баранд.
Шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд тибқи шартҳое, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, аз ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли истифода мебаранд .
Моддаи 19. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли дар муассисаҳои бойгонии давлати
Мақоми ваколатдори бойгони ҳуқуқ дорад истифодаи ҳуҷҷатҳои нодирро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо маҳдуд созад ва нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳоро барои истифода диҳад .
Ба шахсоне, ки ҳуҷҷати тасдиқгардидаро барои зарурати истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгони надоранд, нусхаҳои онҳо дода мешаванд
Ба манфиати ҳифзи сирри давлати ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ки дар ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли маҳфуз мебошанд, муассисаи бойгонии давлати мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонун истифодаи ин ҳуҷҷатҳоро маҳдуд месозад.
Иҷозати истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки мазмуни онҳо ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дахл дорад, бо розигии ин шаҳрвандон ё намояндагони қонунии онҳо дода мешавад.
Дар сурати ба муассисаҳои давлати додани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки пештар моликияти коллективи ё хусуси буданд, шартҳои истифодаи минбаъдаи онҳо бо моликони пештара мувофиқа кунонида мешаванд. Тартиби зикргардида метавонад ҳамчун дар ҳолатҳои ба нигоҳдории давлати додани ҳуҷҷатҳо бидуни тағйир додани ҳуқуқи моликият ба онҳо муқаррар карда шавад.
Моддаи 20. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонии милли дар бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати
Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати ҳуқуқ доранд имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои моликони ҳуҷҷатҳо ё дигар шахсони манфиатдор ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо огоҳонии Мақоми ваколатдори бойгони маҳдуд созанд .
Моддаи 21. Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки таҳти нигоҳдории давлат қарор доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки дар бойгониҳои ғайридавлатӣ ва идоравӣ маҳфуз мебошанд, аз ҷониби моликони ҳуҷҷатҳо бо мувофиқаи Идораи кулли бойгони муайян карда мешавад .
Моддаи 22. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Моддаи 22(1). Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Мақомоти ваколатдор, муассисаҳои бойгонӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомот ва муассисаҳои бойгонии хориҷӣ ҳамкориҳои байналмилалиро метавонанд ба роҳ монанд, агар ин ҳамкориҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд .
Моддаи 23. Маблағгузори ва таъмнноти моддию техникии муассисаҳои бойгони
Маблағгузории муассисаҳои давлатии бойгони аз ҳисоби буҷети дахлдор ва воситаҳои худи, муассисаҳои бойгонии дигар бошад - аз ҳисоби маблағҳои муассисони онҳо сурат мегирад.
Таъминоти моддию техникии муассисаҳои бойгони ба зиммаи моликони онҳо гузошта мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд муассисаҳои бойгониеро, ки ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро нигоҳ медоранд, бо иморат, таҷҳизоти техники ва захираҳои моддии дахлдор таъмин созанд .
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлати ҳангоми лоиҳакаши ва сохтмони биноҳои умуми ӯҳдадоранд барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли иншооти ба талаботи бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо мувофиқбударо пешбини намоянд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов
ш.Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 704
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ
Моддаи 1. Хазинаи бойгонии миллӣ
Хазинаи бойгонии милли қисми таркибии осори таърихию фарҳангии ватани ва ҷаҳони ва захираи иттилоотии ҷомеа мебошад, ки ба таркиби он маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, сарфи назар аз навъ, ҷои офариниш ва шакли моликияташон дохил мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин берун аз қаламрави он маҳфуз буда, таърихи ҳаёти маънави ва моддии халқи он ва дигар халқҳоро, ки арзиши илми, таърихию фарҳанги доранд, инъикос менамояд.
Хазинаи бойгонии милли таҳти муҳофизати давлат қарор дошта, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилооти, иҷтимоию фарҳанги, илми ва ғайраи ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон таъин гардидааст. Давлат шароити ҳифз, ғанигардони ва истифодаи Хазинаи бойгонии миллиро кафолат дода, ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи ҷаҳони дар рушди кори бойгони мусоидат менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисаҳои бойгони
Қонунгузори дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисаҳои бойгони ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он қабул мегарданд ва инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз ҷониби Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 4. Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир
Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир он санади Хазинаи бойгонии милли ба ҳисоб мераванд, ки дорои арзиши хосаи таърихию фарҳанги мебошанд.
Тартиби ба ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир мансуб донистани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, инчунин нигоҳдории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир бояд ба таври ҳатми суғурта кунонида шаванд.
Ашхосе, ки ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодирро нигоҳ медоранд, ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои бойгонии давлати имконияти тайёр кардан ва истифода бурдани нусхаҳои эҳтиётии ин ҳуҷҷатҳоро диҳанд.
Моддаи 5. Ба Хазинаи бойгонии милли мансуб донистани ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли таҳти баҳисобгирии ҳатмии давлат қарор доранд. Ворид намудани ҳуҷҷатҳо ба Хазинаи бойгонии милли ё аз он хориҷ кардани ҳуҷҷатҳо дар асоси экспертизаи арзиши онҳо бо тартиби муайяннамудаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Баҳсҳои байни муассисаҳои бойгони ва молики ҳуҷҷатҳо дар бораи масъалаҳои ба Хазинаи бойгонии милли ворид намудани ҳуҷҷатҳо ё аз он хориҷ кардани ҳуҷҷатҳо бо тартиби суди ҳал карда мешаванд.
Моддаи 6. Муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва системаи онҳо
Муассисаҳои бойгони - ин бойгониҳои давлати, соҳави, идорави (байниидорави) ва хусуси буда, дорои ҳуқуқҳои шахсони юридики буда ё воҳидҳои сохтории ташкилотҳои баҳисобгири, нигоҳдори ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгони, ташаккулдиҳии Хазинаи бойгонии миллиро таъминкунанда ё ба фаъолияти илми-тадқиқоти ва иттилооти роҳбарикунанда мебошанд.
Системаи муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:
Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
бойгониҳои марказии давлати;
бойгониҳои соҳавии давлати;
муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати;
бахшҳои бойгонии муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати;
бахшҳои бойгонии мақомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлати;
бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати.
Моддаи 7. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Идораи кулли бойгони) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатии махсус ваколатдоргардидаест, ки кори бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора менамояд.
Ба зиммаи Идораи кулли бойгони назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузори ва кори бойгони дар мақомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон гузошта мешавад.
Низомномаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 8. Бойгониҳои марказии давлати
Бойгониҳои марказии давлати барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии аҳамияти умумидавлати дошта мутобиқи соҳаи худ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Онҳо дар соҳаи кори бойгони марказҳои илмию методи ба ҳисоб мераванд.
Низомномаи бойгониҳои марказии давлатиро Идораи кулли бойгони тасдиқ менамояд.
Моддаи 9. Бойгониҳои соҳавии давлати
Бойгониҳои соҳавии давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои геологи, метеорологи, картографи ва дигар навъҳои махсуси ҳуҷҷатҳои бойгони, ки шароити хосаи нигоҳдори ва истифодабариро талаб менамоянд, таъсис дода мешаванд.
Низомномаҳои бойгониҳои соҳавии давлатиро Идораи кулли бойгони тасдиқ менамояд.
Моддаи 10. Муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати
Ба муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати шӯъбаҳои бойгонии мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва бахшҳои онҳо, бойгониҳои байнисоҳавии мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо мансуб мебошанд, ки барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии маҳалли ва идоракунии кори бойгони дар қаламрави дахлдор таъсис дода мешаванд.
Низомномаи намунавии муассисаҳои маҳаллии бойгониҳои давлатиро Идораи кулли бойгони тасдиқ менамояд.
Моддаи 11. Бахшҳои бойгонии муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати
Муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати ҳуқуқ доранд барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии дар анборҳои ин муассисаҳо ҷамъшуда шӯъбаҳои дастхатҳо ва дигар бахшҳои сохтори таъсис диҳанд, инчунин хазина ва коллексияҳои худро бо ҳуҷҷатҳои соҳави пурра созанд.
Низомномаи бахшҳои зикргардидаи бойгониҳоро муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлатии дахлдор бо мувофиқаи Идораи кулли бойгони тасдиқ менамоянд.
Моддаи 12. Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатй барои нигохдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгони, истифодаи онҳо бо мақсадҳои хизмати, истеҳсоли, илми, инчунин барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бахшҳои бойгони таъсис медиҳанд. Шахсони зикргардидаи ҳуқуқи ӯҳдадоранд ҳуҷҷатҳои қонунгузории ҷориро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Идораи кулли бойгони ба бахшҳои бойгонии худ супоранд.
Мӯҳлати нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳоро дар бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Идораи кулли бойгони, бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти мақомот, корхона, муассиса ё ташкилоти давлатии дахлдор муайян менамояд.
Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати ӯҳдадоранд пас аз гузаштани мӯҳлати нигоҳдории соҳавии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, аз ҷумла аксу овоз ва синамо онҳоро барои нигоҳдории доими ба муассисаҳои маркази, соҳави ё маҳаллии бойгонии давлати супоранд.
Низомномаи намунавии бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати аз ҷониби Идораи кулли бойгони тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 13. Бойгониҳо (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати метавонанд барои нигоҳдории доими ё муваққатии ҳуҷҷатҳояшон бойгониҳо (бахшҳои бойгони) таъсис диҳанд.
Низомномаи намунавии бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати аз ҷониби Идораи кулли бойгони тартиб дода мешавад.
Моддаи 14. Барҳамдиҳи ва боздоштани фаъолияти муассисаҳои бойгони
Муассисаҳои бойгони бо қарори мақомоте, ки онҳоро таъсис додаанд ё бо дигар асосҳои пешбинишудаи қонунҳо барҳам дода мешаванд. Дар ин ҳолатҳо молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ӯҳдадораст бе осеб нигоҳ доштани онҳоро таъмин намояд.
Фаъолияти муассисаҳои бойгоние, ки бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро таъмин намекунанд ё талаботи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузори боздошта мешавад.
Моддаи 15. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли метавонанд моликияти давлати, коллективи, хусуси ва ғайра бошанд. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз ҷониби қонун ҳифз карда мешавад.
Молик ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин модда соҳиби, истифода ва ихтиёрдори менамояд. Молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ҳуқуқ, надорад онҳоро нобуд созад.
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати мебошанд, наметавонанд объекти ғайридавлати ва хусусигардони, хариду фурӯш ё муомилоти дигари вобаста ба додани ҳуқуқи моликият бошанд ва танҳо барои истифода дода мешаванд.
Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати намебошанд, бо огоҳии Идораи кулли бойгони ё муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он дода мешаванд. Дар сурати фурӯхта шудани ин ҳуҷҷатҳо давлат барои бо нархи фурӯш харидори намудани онҳо ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Шартҳои хариду фурӯш бояд барои ҳамаи харидорон баробар бошанд.
Ҳуҷҷатҳои бойгонии милли ба хориҷиён фурӯхта намешаванд.
Молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки ба таври зарури бе осеб нигоҳ доштани онҳоро таъмин намекунад, суд метавонад бо ҳалномаи худ ин ҳуҷҷатҳоро ба таври пулаки ба фоидаи Идораи купли бойгони мусодира намояд.
Моддаи 16. Таъмини беосебнигоҳдории Хазинаи бойгонии милли
Моликони ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ӯҳдадоранд бе осеб нигоҳ доштани онҳоро бо тартиби пешбининамудаи Идораи кулли бойгони таъмин намоянд.
Ҳамаи дорандагони бойгониҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ҳуқуқ, надоранд ҳуҷҷатҳоро бе мувофиқаи Идораи кулли бойгони нобуд созанд.
Моддаи 17. Додани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ба нигоҳдории давлати
Мӯҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 18. Имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз лаҳзаи ворид шуданашон барои нигоҳдори ба муассисаҳои бойгони барои истифода дода мешаванд.
Таъсис додани бойгониҳои пинҳони ё бо роҳи дигар махфи тайёр кардани маълумот дар бораи ҷойҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлат мебошанд, манъ аст.
Ҳамаи шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ё нусхаҳои онҳоро истифода баранд.
Шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд тибқи шартҳое, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбини намудааст, аз ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли истифода мебаранд.
Моддаи 19. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли дар муассисаҳои бойгонии давлати
Идораи кулли бойгони ҳуқуқ дорад истифодаи ҳуҷҷатҳои нодирро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо маҳдуд созад ва нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳоро барои истифода диҳад.
Ба ашхосе, ки ҳуҷҷати тасдиқгардидаро барои зарурати истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгони надоранд, нусхаҳои онҳо дода мешаванд.
Ба манфиати ҳифзи сирри давлати ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ки дар ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли маҳфуз мебошанд, муассисаи бойгонии давлати мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонун истифодаи ин ҳуҷҷатҳоро маҳдуд месозад.
Иҷозати истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки мазмуни онҳо ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дахл дорад, бо розигии ин шаҳрвандон ё намояндагони қонунии онҳо дода мешавад.
Дар сурати ба муассисаҳои давлати додани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки пештар моликияти коллективи ё хусуси буданд, шартҳои истифодаи минбаъдаи онҳо бо моликони пештара мувофиқа кунонида мешаванд. Тартиби зикргардида метавонад ҳамчун дар ҳолатҳои ба нигоҳдории давлати додани ҳуҷҷатҳо бидуни тағйир додани ҳуқуқи моликият ба онҳо муқаррар карда шавад.
Моддаи 20. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонии милли дар бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати
Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати ҳуқуқ доранд имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои моликони ҳуҷҷатҳо ё дигар шахсони манфиатдор ба ғайр аз ҳолатҳои бо қонун пешбинишуда бо огоҳонии Идораи кулли бойгони маҳдуд созанд.
Моддаи 21. Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки таҳти нигоҳдории давлат қарор доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки дар дигар ҷойҳо маҳфуз мебошанд, аз ҷониби моликони ҳуҷҷатҳо бо мувофиқаи Идораи кулли бойгони муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Моддаи 23. Маблағгузори ва таъмнноти моддию техникии муассисаҳои бойгони
Маблағгузории муассисаҳои давлатии бойгони аз ҳисоби буҷети дахлдор ва воситаҳои худи, муассисаҳои бойгонии дигар бошад - аз ҳисоби маблағҳои муассисони онҳо сурат мегирад.
Таъминоти моддию техникии муассисаҳои бойгони ба зиммаи моликони онҳо гузошта мешавад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли ӯҳдадоранд муассисаҳои бойгониеро, ки ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро нигоҳ медоранд, бо иморат, таҷҳизоти техники ва захираҳои моддии дахлдор таъмин созанд.
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлати ҳангоми лоиҳакаши ва сохтмони биноҳои умуми ӯҳдадоранд барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли иншооти ба талаботи бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо мувофиқбударо пешбини намоянд.
Моддаи 24. Ҷавобгари барои вайронкунии қонунҳо оид ба Хазинаи бойгонии милли ва муассисаҳои бойгони
Барои вайрон кардани қонунҳо оид ба Хазинаи бойгонии милли ва муассисаҳои бойгони гуннаҳгорон мутобиқи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
аз 13 ноябри соли 1998 № 704